×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2013, № 1019 "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"

Санаи амалкуни: 17.12.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №8-9, мод.652)

(Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268, аз 17.12.2020 № 1743)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти волонтёрӣ - фаъолияте, ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- волонтёр - шахси воқеие, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- дафтарчаи волонтёрӣ - ҳуҷҷати расмии бақайдгирии фаъолияти волонтёрӣ, ки дорои маълумот оид ба собиқаи меҳнатии волонтёрӣ, мукофотҳо ва тайёрии иловагӣ мебошад;

- шаҳодатномаи волонтёрӣ - ҳуҷҷати расмие, ки тасдиқкунандаи шахсияти волонтёр мебошад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ -  (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба фаъолияти волонтёрӣ ва рушди он амалӣ менамояд;

- ташкилоти ҷалбкунанда - шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратие, ки шахсони воқеиро барои амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷалб менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- маҷмӯи тадбирҳои ҷамъиятӣ - тадбирҳое, ки барои расидан ба мақсадҳои муайяни манфиатбахши ҷомеа амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- самтҳои фаъолияти волонтёрӣ - самтҳои дорои хусусияти иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, туризм, эҳсонкорӣ, ҳифзи муҳити зист, ки барои рушди онҳо фаъолияти волонтёрӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- истифодабарии фаъолияти волонтёрӣ - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки ба фоидаи волонтерӣ бидуни ғаразҳои сиёсӣ инчунин бе мақсади пайравӣ намудан ба дин ва паҳн кардани эътиқоди динӣ амалӣ карда мешавад;

- шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ - созиши хаттии байни волонтёр ва ташкилоти ҷалбкунанда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, дар он шартҳои амалишавии фаъолияти волонтёрӣ нишон дода мешаванд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1743).

Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо;

- муттаҳид намудани шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда;

- муҳайё намудани шароити мусоид барои иштироки мустақилона ва фаъолонаи шахс дар ҳаёти ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташкилотҳои ҷалбкунанда;

- ташаккули мавқеи фаъоли шахси ба фаъолияти волонтёрӣ машғулбуда дар ҷомеа;

- дастгирии иштироки волонтёр дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- муайян намудани мақоми ҳуқуқии волонтёр, ки он ба ӯҳдадориҳо, принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ ва риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ асос меёбад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268).

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ

Фаъолияти волонтёрӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ихтиёрӣ будани иштирок дар фаъолияти волонтёрӣ;

- интихоби озоди шакл, намуд ва усули амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ;

- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар фаъолияти волонтёрӣ;

- бемузд амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ;

- баробарҳуқуқии шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Моддаи 5. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ

1. Фаъолияти волонтёрӣ метавонад дар асоси шартнома оид ба фаъолияти волонтёрии байни волонтёр ва ташкилоти ҷалбкунанда басташуда амалӣ карда шавад.

2. Ташкилоти ҷалбкунанда ӯҳдадор аст бо волонтёр шартнома оид ба фаъолияти волонтёриро банданд, агар ӯ на кам аз 20 соат дар як моҳ ба фаъолияти волонтёрӣ машғул бошад.

3. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ дар ду нусха тартиб дода мешавад ва як нусхаи он дар ташкилоти ҷалбкунанда нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба волонтёр супорида мешавад.

4. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ мумкин аст бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони ба синни 16 расида низ баста шавад.

Моддаи 6. Мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ

1. Мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ шартҳои зеринро дар бар мегирад:

- тавсифи фаъолияте, ки волонтёр дар доираи қобилият ва имкониятҳои худ бояд амалӣ намояд;

- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои шартнома;

- аз тарафи ташкилоти ҷалбкунанда ҷуброн кардани сарфи маблағҳои барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрӣ зарурӣ;

- муқаррар намудани талаботи касбии бо шаҳодатномаи дахлдор ва ё бо ҳуҷҷати намунаи муқарраршуда тасдиқшуда, дар ҳолатҳои зарурӣ;

- таъмини бехатарии фаъолият ва шароит барои ҷуброни хароҷот, ки ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои волонтёр заруранд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- талабот оид ба вазъи саломатӣ, ки бо маълумотномаи тиббӣ тасдиқ шудааст;

- масъулияти тарафҳо, аз ҷумла барои расонидани зарари моддӣ, асосҳо ва тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартнома.

2. Агар дар рафти иҷрои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо сабабҳои новобаста ба иродаи тарафҳо ҳолатҳое ба вуҷуд оянд, ки амалӣ намудани ӯҳдадориҳои ба зиммаи волонтёр гузошташударо мушкил намоянд, шартнома бо иштироки тарафҳо аз нав дида баромада мешавад.

3. Агар дар рафти иҷрои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо сабабҳои новобаста ба иродаи тарафҳо ҳолатҳое ба вуҷуд оянд, ки иҷрои минбаъдаи шартномаро ғайриимкон мегардонанд, он аз ҷониби яке аз тарафҳо бекор карда мешавад.

4. Бекор намудани шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби яктарафа аз ҷониби волонтёр ва ё ташкилоти ҷалбкунанда бо шарти дар ин хусус 7 рӯз қабл огоҳонидани тарафи дигар бо нишон додани сабабҳояш амалӣ карда мешавад, агар дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волонтёр

Волонтёр ҳуқуқ дорад:

- самт ва намуди фаъолияти худро озодона интихоб намояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳое, ки дар асоси онҳо шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ баста шудааст, фаъолона иштирок намояд;

- дар соҳаи дахлдор дар доираи имкониятҳои худ ва мувофиқи қоидаҳои ҷории ташкилоти ҷалбкунанда фаъолият намояд;

- аз суғуртаи тиббии ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

- ҷуброни маблағҳоеро, ки барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрии дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинишуда заруранд, талаб намояд;

- ба воситаи ташкилоти ҷалбкунанда ва ё бевосита аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсияномаеро, ки амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ, таҷриба ва маҳорати бадастовардаашро тасдиқ мекунанд, дастрас намояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- аз ҳуқуқ ва кафолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, андоз, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ пешбинигардида истифода барад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- бо пешниҳоди шаҳодатномаи волонтёрӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд (Қонуни ҶТ  аз 17.12.2020 № 1743);

- ба фаъолияти меҳнатии бемузд машғул шавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- оид ба ташкилоти ҷалбкунанда, фаъолияти ташкилӣ ва барномаҳои он маълумоти воқеӣ ва дақиқ гирад;

- дар курсҳои омӯзишӣ, ки бо ташаббус ва ё тавсияи ташкилоти ҷалбкунанда барои иҷрои босифати фаъолияти волонтёрӣ доир мегарданд, иштирок намояд;

- тибқи талаботи қисми 4 моддаи 6 Қонуни мазкур роҳбари ташкилоти ҷалбкунандаро ба таври хаттӣ огоҳ намуда, фаъолияти худро қатъ намояд.

2. Волонтёр ӯҳдадор аст:

- дар доираи Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кунад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- супоришҳои ташкилоти ҷалбкунандаро дар доираи ӯҳдадориҳои шартномавӣ иҷро намояд;

- ҳангоми иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба роҳбари ташкилоти ҷалбкунанда итоат намояд;

- молу мулки дар раванди фаъолияти волонтёрӣ истифодашавандаро ҳифз намояд;

- қоидаҳои ифшо накардани маълумоти таъиноташ махфиро оид ба ташкилот риоя кунад;

- ӯҳдадориҳои тибқи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ ба зиммагирифтаашро бе розигии ташкилоти ҷалбкунанда ба дигар шахсон вогузор накунад;

- дар самти (соҳаи) интихобнамудаи фаъолияти волонтёрӣ дониш ва маҳорату малака аз худ намояд;

- дастурҳоро оид ба ҳифзи меҳнати волонтёр ва супоришҳои роҳбарии ташкилоти ҷалбкунандаро риоя ва иҷро намояд;

- фаъолияти худро ройгон амалӣ намояд;

- дар ҷаласаҳои умумӣ ва ташкилии гурӯҳи волонтёрон ширкат варзад.

Моддаи 8. ӯҳдадориҳои ташкилоти ҷалбкунанда

Ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:

- қабули волонтёронро амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- аз тарафи волонтёр амалӣ намудани фаъолияти волонтёриро дар шароити бехатар бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва дигар шароити барои иҷрои ӯҳдадориҳо зарурӣ таъмин кунад;

- ҳифзи маълумотро дар бораи ҳаёти шахсии истифодабарандагони фаъолияти волонтёрӣ, ки волонтёр онро истифода мебарад, таъмин намояд;

- ҷиҳати татбиқи шартҳои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тайёрии касбӣ, бозомӯзии касбӣ, такмили маҳорат ва таҷрибаи волонтёриро дар робита бо аз худ намудани воситаҳои муайяни техникӣ ва қоидаҳои бехатарии меҳнат амалӣ гардонад;

- ба волонтёр ҷиҳати иҷрои корҳои барои ҳаёт ва саломатиаш зараровар ё хатарнок иҷозат надиҳад;

- ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш ё беморие, ки дар натиҷаи иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба вуқӯъ омадааст, волонтёрро бо хизматрасонии тиббӣ таъмин намояд;

- ҷуброни хароҷотеро (роҳкиро, ҷойи хоб, хӯрок, суғуртаи тиббию иҷтимоӣ ва дигар), ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои волонтёр заруранд, таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- ба волонтёр дар сурати доштани собиқаи меҳнатии волонтёрии на кам аз 20 соат дар як моҳ барои таъмин гардидан бо дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур мусоидат намояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- дафтари бақайдгирии волонтёронро, ки дар он маълумот оид ба шахсияти ҳар як волонтёр, шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ, миқдори соатҳои кории волонтёр, роҳбари бевоситаи волонтёр дар ташкилоти ҷалбкунанда сабт карда мешавад, пеш барад ва мутобиқи ин сабтҳо ба волонтёр маълумотнома диҳад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- аз рӯи зарурат бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ дастрасии волонтёрро ба таҷҳизоти хизматӣ ва манбаъҳои иттилоотӣ таъмин намояд;

- ба волонтёрон оид ба намудҳои дигари фаъолият дар ташкилоти ҷалбкунанда иттилоъ диҳад;

- оид ба амалисозии самтҳо ва намудҳои фаъолияти волонтёрӣ, ҳайат, шумора ва натиҷаи фаъолияти волонтёрон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳар сол маълумот пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- ӯҳдадориҳои дигареро, ки шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.

Моддаи 9. Масъулияти тарафҳо ва ҳалли баҳсҳо

1. Ташкилоти ҷалбкунанда дар назди истифодабарандаи фаъолияти волонтёрӣ барои зиёни ба ӯ расонидаи волонтёр масъул аст, ба истиснои зараре, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ аз тарафи волонтёр содиршуда расонида шудааст.

2. Баҳсҳои марбут ба бастан, тағйир додан, иҷро ва ё қатъ намудани шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби судӣ баррасӣ мешаванд, агар онҳоро тарафҳои шартнома мустақилона ҳал карда натавонанд.

3. Тарафҳо барои иҷро накардан ва ё иҷрои номатлуби талаботи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тибқи муқаррароти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

БОБИ 3. АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ мансубанд:

- муайян намудани сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;

- тасдиқ намудани барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;

- тасдиқ намудани Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- тасдиқ намудани тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ (Қонуни ҶТ  аз 17.12.2020 № 1743);

- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

-  тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказ ва бо истифода аз усулҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла технологияи интернетӣ, ба қайд гирифтан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти волонтёрии шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- таъсиси Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар ташкилотҳо (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- мониторинг ва баҳодиҳии фаъолияти волонтёрӣ ва дар ҳолати зарурӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур қабул намудани қарорҳои дахлдор, аз ҷумла оид ба қатъ намудани фаъолияти волонтёрии шахс (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- тасдиқи шакл ва намунаи дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ(Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268);

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ;

- ташкил ва ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷалбкунанда оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба фаъолияти волонтёрӣ

Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳоро оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ амалӣ менамоянд.

Моддаи 13. Иштироки ташкилотҳои ҷалбкунанда дар рушди фаъолияти волонтёрӣ

Ташкилотҳои ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар иҷрои тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ ҳамкорӣ менамоянд.

БОБИ 4. ТАДБИРҲО ОИД БА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Моддаи 14. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ

1. Давлат рушди фаъолияти волонтёриро тавассути тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

2. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ бо назардошти қоидаҳои шаффофияти қабули қарорҳо ва риояи принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ таҳия мегарданд.

3. Тартиби татбиқи тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, тартиби додани дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ муайян карда мешаванд.

4. Давраи машғул шудан ба фаъолияти волонтёрии мувофиқ ба соҳаи таҳсилот ва ихтисоси таълимӣ, ки бо дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тасдиқ мегардад, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба эътибор гирифта мешавад.

5. Давраи машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқаи меҳнатии волонтерӣ эътироф карда мешавад, агар он шарти ҳатмии ба кор қабул кардан бошад ва волонтёр дар соҳаи ҷавобгӯӣ ба ихтисоси дахлдори гирифтааш кор карда, ин ҳолат бо дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тасдиқ карда шавад.

6. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳо ва фондҳои волонтёрӣ дар маҳалҳо аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тавассути амалӣ гардонидани фармоишҳои иҷтимоӣ, таъмин намудан бо бино, воситаи алоқа ва дигар хизматрасонӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1268).

Моддаи 15. Тадбирҳо оид ба эьтироф ва қадрдонии фаъолияти волонтёрӣ

Бо мақсади эътироф ва қадрдонии хизматҳо дар рушди фаъолияти волонтёрӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо мукофотҳои давлатӣ ва намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ сарфароз гардонида шаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 16. Фаъолияти байналмилалии волонтёрӣ

Фаъолияти байналмилалии волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

19 сентябри соли 2013, № 1019

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ" қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               А. Миралиев

ш. Душанбе, 19 июни соли 2013, №1241

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 29 августи соли 2013, № 563

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти волонтёрӣ - фаъолияти фоиданоки ҷамъиятии ихтиёрӣ, ки аз тарафи шахсони воқеӣ дар шакли кору хизматрасонӣ ба манфиати ҷомеа бемузд анҷом дода мешавад;

- волонтёр - шахси воқеие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба фаъолияти волонтёрӣ машғул мебошад;

- дафтарчаи волонтёрӣ - ҳуҷҷати расмии бақайдгирии фаъолияти волонтёрӣ, ки дорои маълумот оид ба собиқаи меҳнатии волонтёрӣ, мукофотҳо ва тайёрии иловагӣ мебошад;

- шаҳодатномаи волонтёрӣ - ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи шахсияти волонтёр, ки аз тарафи ташкилоти ҷалбкунанда ба ӯ дода мешавад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба фаъолияти волонтёрӣ ва рушди он амалӣ менамояд;

- ташкилоти ҷалбкунанда - ташкилоти ғайритиҷоратие, ки бидуни ба даст овардани даромад шахсони воқеиро бо мақсади амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома ҷалб менамояд;

- фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ - фаъолияти мақсадноки волонтёр, ки бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ба манфиати ҷомеа амалӣ карда мешавад;

- самтҳои фаъолияти волонтёрӣ - самтҳои дорои хусусияти иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, эҳсонкорӣ, ҳифзи муҳити зист, ки барои рушди онҳо фаъолияти волонтёрӣ амалӣ карда мешавад;

- истифодабарандаи фаъолияти волонтерӣ - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки ба фоидаи волонтерӣ бидуни ғаразҳои сиёсӣ инчунин бе мақсади пайравӣ намудан ба дин ва паҳн кардани эътиқоди динӣ амалӣ карда мешавад;

- шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ - созиши хаттии байни волонтёр ва ташкилоти ҷалбкунанда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, дар он шартҳои амалишавии фаъолияти волонтёрӣ нишон дода мешаванд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо;

- муттаҳид намудани шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда;

- муҳайё намудани шароити мусоид барои иштироки мустақилона ва фаъолонаи шахс дар ҳаёти ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ;

- андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташкилотҳои ҷалбкунанда;

- ташаккули мавқеи фаъоли шахси ба фаъолияти волонтёрӣ машғулбуда дар ҷомеа.

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ

Фаъолияти волонтёрӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ихтиёрӣ будани иштирок дар фаъолияти волонтёрӣ;

- интихоби озоди шакл, намуд ва усули амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ;

- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар фаъолияти волонтёрӣ;

- бемузд амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ;

- баробарҳуқуқии шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Моддаи 5. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ

1. Фаъолияти волонтёрӣ метавонад дар асоси шартнома оид ба фаъолияти волонтёрии байни волонтёр ва ташкилоти ҷалбкунанда басташуда амалӣ карда шавад.

2. Ташкилоти ҷалбкунанда ӯҳдадор аст бо волонтёр шартнома оид ба фаъолияти волонтёриро банданд, агар ӯ на кам аз 20 соат дар як моҳ ба фаъолияти волонтёрӣ машғул бошад.

3. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ дар ду нусха тартиб дода мешавад ва як нусхаи он дар ташкилоти ҷалбкунанда нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба волонтёр супорида мешавад.

4. Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ мумкин аст бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони ба синни 16 расида низ баста шавад.

Моддаи 6. Мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ

1. Мазмуни шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ шартҳои зеринро дар бар мегирад:

- тавсифи фаъолияте, ки волонтёр дар доираи қобилият ва имкониятҳои худ бояд амалӣ намояд;

- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои шартнома;

- аз тарафи ташкилоти ҷалбкунанда ҷуброн кардани сарфи маблағҳои барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрӣ зарурӣ;

- муқаррар намудани талаботи касбии бо шаҳодатномаи дахлдор ва ё бо ҳуҷҷати намунаи муқарраршуда тасдиқшуда, дар ҳолатҳои зарурӣ;

- талабот оид ба вазъи саломатӣ, ки бо маълумотномаи тиббӣ тасдиқ шудааст;

- масъулияти тарафҳо, аз ҷумла барои расонидани зарари моддӣ, асосҳо ва тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартнома.

2. Агар дар рафти иҷрои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо сабабҳои новобаста ба иродаи тарафҳо ҳолатҳое ба вуҷуд оянд, ки амалӣ намудани ӯҳдадориҳои ба зиммаи волонтёр гузошташударо мушкил намоянд, шартнома бо иштироки тарафҳо аз нав дида баромада мешавад.

3. Агар дар рафти иҷрои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо сабабҳои новобаста ба иродаи тарафҳо ҳолатҳое ба вуҷуд оянд, ки иҷрои минбаъдаи шартномаро ғайриимкон мегардонанд, он аз ҷониби яке аз тарафҳо бекор карда мешавад.

4. Бекор намудани шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби яктарафа аз ҷониби волонтёр ва ё ташкилоти ҷалбкунанда бо шарти дар ин хусус 7 рӯз қабл огоҳонидани тарафи дигар бо нишон додани сабабҳояш амалӣ карда мешавад, агар дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волонтёр

Волонтёр ҳуқуқ дорад:

- самти иштироки худро дар амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ озодона интихоб намояд;

- дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳое, ки дар асоси онҳо шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ баста шудааст, фаъолона иштирок намояд;

- дар соҳаи дахлдор дар доираи имкониятҳои худ ва мувофиқи қоидаҳои ҷории ташкилоти ҷалбкунанда фаъолият намояд;

- аз суғуртаи тиббии ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

- ҷуброни маблағҳоеро, ки барои амалӣ намудани баъзе намудҳои фаъолияти волонтёрии дар шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинишуда заруранд, талаб намояд;

- аз ташкилоти ҷалбкунанда дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсияномаеро, ки амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ, таҷриба ва маҳорати бадастовардаашро тасдиқ мекунад, дастрас намояд;

- аз ҳуқуқ ва кафолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат пешбинигардида истифода барад;

- оид ба ташкилоти ҷалбкунанда, фаъолияти ташкилӣ ва барномаҳои он маълумоти воқеӣ ва дақиқ гирад;

- дар курсҳои омӯзишӣ, ки бо ташаббус ва ё тавсияи ташкилоти ҷалбкунанда барои иҷрои босифати фаъолияти волонтёрӣ доир мегарданд, иштирок намояд;

- тибқи талаботи қисми 4 моддаи 6 Қонуни мазкур роҳбари ташкилоти ҷалбкунандаро ба таври хаттӣ огоҳ намуда, фаъолияти худро қатъ намояд.

2. Волонтёр ӯҳдадор аст:

- супоришҳои ташкилоти ҷалбкунандаро дар доираи ӯҳдадориҳои шартномавӣ иҷро намояд;

- ҳангоми иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба роҳбари ташкилоти ҷалбкунанда итоат намояд;

- молу мулки дар раванди фаъолияти волонтёрӣ истифодашавандаро ҳифз намояд;

- қоидаҳои ифшо накардани маълумоти таъиноташ махфиро оид ба ташкилот риоя кунад;

- ӯҳдадориҳои тибқи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ ба зиммагирифтаашро бе розигии ташкилоти ҷалбкунанда ба дигар шахсон вогузор накунад;

- дар самти (соҳаи) интихобнамудаи фаъолияти волонтёрӣ дониш ва маҳорату малака аз худ намояд;

- дастурҳоро оид ба ҳифзи меҳнати волонтёр ва супоришҳои роҳбарии ташкилоти ҷалбкунандаро риоя ва иҷро намояд;

- фаъолияти худро ройгон амалӣ намояд;

- дар ҷаласаҳои умумӣ ва ташкилии гурӯҳи волонтёрон ширкат варзад.

Моддаи 8. ӯҳдадориҳои ташкилоти ҷалбкунанда

Ташкилоти ҷалбкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:

- қабули волонтёронро танҳо барои фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ таъмин намояд;

- аз тарафи волонтёр амалӣ намудани фаъолияти волонтёриро дар шароити бехатар бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва дигар шароити барои иҷрои ӯҳдадориҳо зарурӣ таъмин кунад;

- ҳифзи маълумотро дар бораи ҳаёти шахсии истифодабарандагони фаъолияти волонтёрӣ, ки волонтёр онро истифода мебарад, таъмин намояд;

- ҷиҳати татбиқи шартҳои шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тайёрии касбӣ, бозомӯзии касбӣ, такмили маҳорат ва таҷрибаи волонтёриро дар робита бо аз худ намудани воситаҳои муайяни техникӣ ва қоидаҳои бехатарии меҳнат амалӣ гардонад;

- ба волонтёр ҷиҳати иҷрои корҳои барои ҳаёт ва саломатиаш зараровар ё хатарнок иҷозат надиҳад;

- ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш ё беморие, ки дар натиҷаи иҷрои фаъолияти волонтёрӣ ба вуқӯъ омадааст, волонтёрро бо хизматрасонии тиббӣ таъмин намояд;

- хароҷоти марбут ба баъзе намудҳои фаъолияти волонтёриро (хароҷоти нақлиёт, будубош, хӯрок, суғуртаи тиббӣ аз хатарҳои ба фаъолияти волонтёрӣ вобастабударо) пардохт намояд;

- ба волонтёр дар мавриди доштани собиқаи меҳнатии волонтёрии на кам аз 20 соат дар як моҳ дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсиянома диҳад;

- дафтари бақайдгирии волонтёронро, ки дар он маълумот оид ба шахсияти ҳар як волонтёр, шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ, миқдори соатҳои кории волонтёр, роҳбари бевоситаи волонтёр дар ташкилоти ҷалбкунанда сабт карда мешавад, пеш барад;

- аз рӯи зарурат бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ дастрасии волонтёрро ба таҷҳизоти хизматӣ ва манбаъҳои иттилоотӣ таъмин намояд;

- ба волонтёрон оид ба намудҳои дигари фаъолият дар ташкилоти ҷалбкунанда иттилоъ диҳад;

- ӯҳдадориҳои дигареро, ки шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.

Моддаи 9. Масъулияти тарафҳо ва ҳалли баҳсҳо

1. Ташкилоти ҷалбкунанда дар назди истифодабарандаи фаъолияти волонтёрӣ барои зиёни ба ӯ расонидаи волонтёр масъул аст, ба истиснои зараре, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ аз тарафи волонтёр содиршуда расонида шудааст.

2. Баҳсҳои марбут ба бастан, тағйир додан, иҷро ва ё қатъ намудани шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби судӣ баррасӣ мешаванд, агар онҳоро тарафҳои шартнома мустақилона ҳал карда натавонанд.

3. Тарафҳо барои иҷро накардан ва ё иҷрои номатлуби талаботи шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ тибқи муқаррароти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

БОБИ 3. АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти волонтёрӣ мансубанд:

- муайян намудани сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;

- тасдиқ намудани барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ;

- тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ;

- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти волонтёрӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо оид ба татбиқ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ;