Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 289
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 289 "Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ" пас аз калимаи "дода" аломат ва калимаҳои ", се воҳиди кории он дар солҳои 2013-2015 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда" илова карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2013, № 460
ш. Душанбе