Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз 4 октябри соли 2013 № 440

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2013, № 440

тасдиқ шудааст

Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Аҳамияти оламшумули таърихии Ғалаба бар фашизмро дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба назар гирифта, бо мақсади нигоҳ доштани хотираи муҳофизони Ватан, таъмини сатҳи зиндагии арзандаи онҳо, абадӣ гардонидани хотираи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мутобиқи қарори Шӯрои Сарони давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5-уми декабри соли 2012 (ш. Ашқобод) дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои зерин гузаронида шавад:

1. Рӯзи 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 - 9 майи соли 2015 ҳамчун Иди халқҳои давлатҳои аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад.

Дар санаи 9 майи соли 2015 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гузаронида шавад.

2. Соли 2015 соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг эълон карда шавад.

3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи баланд бардоштани нафақаи маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, ҳамсарони бесаробонмондаи дар ин ҷанг ҳалокгардида, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг, ки бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонда шуда буданд, ё на кам аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, баррасӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - то охири соли 2014

4. Аз сабаби он ки синну соли кулли маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони босаробонмондаи дар ин ҷанг ҳалокгардида, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг аз 88 гузаштааст ва шумораи онҳо кам шуда истодааст, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дода шавад, ки роҳхатҳоро ба осоишгоҳҳо ва дигар табобатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, барои барқарор намудани саломатии онҳо бе маҳдудият таъмин намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро- солҳои 2014-2015

5. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияҳои илмиро дар мавзӯи "Аҳамияти оламшумули таърихии Ғалаба бар фашизм дар замони" муосир" омода намуда, дар шаҳри Душанбе гузаронанд ва маводҳои он дар шакли маҷмӯаи алоҳида нашр карда шаванд.

Ҳамин гуна конференсияҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар таълимгоҳҳо гузаронида шавад.

                                      Мӯҳлати иҷро - соли 2014

6. Вазорату идораҳо, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр", Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷараёни таъмини имтиёзҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ветеранҳо" аз тарафи муассисаҳои тобеи онҳо буда, мавриди санҷиш қарор диҳанд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - нимсолаи дуюми соли 2014

                                                   - нимсолаи якуми соли 2015

7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани ордени ягонаи фахрии "70-соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945", медали ягонаи фахрии "70- соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945", дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ овардани ордену медалҳо ва ба ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда супоридани онҳоро якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияхо иштироки вакилони собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро аз ҷумҳурӣ дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Москва ва ҷашнвораҳои идона бахшида ба калонтарин муҳорибаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки таҳкурсии Ғалабаро гузоштаанд, таъмин намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

9. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмир ва васеъ намудани гулгашти Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва насб намудани силсилаи дорандагони се ордени "Шараф"-ро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ғалаба таъмин намояд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

10. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва шабакаи "Интернет" оид ба омодагӣ ва ҷашн гирифтани Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иттилооти муфассалро мунтазам инъикос намояд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014 - 2015

11. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Трҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оид ба мукофоти ҳарсолаи соҳавӣ "Барои муваффақиятҳо дар омодагӣ ва таҷлили ҷашнвораи 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои кормандони фарҳанг, санъат, маориф ва васоити ахбори омма" озмун эълон намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014- 2015

12. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) ҷиҳати доир намудани озмуни театрҳо, клубҳо, хонаҳои фарҳанг, эҷодиёти халқ, коллективҳои касбӣ ва худфаъолиятӣ, иҷрокунандагони беҳтарин сурудҳо, намоишномаҳо ва асарҳои мусиқӣ бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҷанговарон ва заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг чораҳои амалӣ андешад;

б) абадӣ гардонидани қаҳрамониҳои ҳамватанон - иштирокчиёни ҷанг дар муҷассамаҳо, сутунҳои ёдбуд ва лавҳаҳои хотиравӣ тадбирҳо андешанд;

в) масъалаи дар фестивали санъати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти шиори "Ҳамбастагӣ" иштирок намуданро баррасӣ намояд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014 - 2015

13. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи ба таври ройгон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ирсол намудани мактубҳоро ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар тӯли солҳои 2014 - 2015 ва ҳамчунин гуфтугӯйҳои телефонӣ дар рӯзҳои пеш аз ҷашн ва рӯзҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор дода, барои ҳалли мусбати он мусоидат намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - нимсолаи аввали

                                                     солҳои 2014-2015

14. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тарбияи ватандӯстӣ ва байналмилалии ҷавононро тақвият дода, спартакиадаи ҷавонони Тоҷикистонро гузаронида, дар спартакиада ҷавондухтарони деҳотро, бисёртар ҷалб намоянд, барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси техникӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - апрели солҳои 2014-2015

15. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои варзишии сарҳадбононро бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гузаронад.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

16. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эстафетаи Ғалабаро дар хати сарҳади давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ташкил намояд.

                                      Мӯҳлати иҷро - феврал-майи соли 2015

17. Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 барномаҳои рангину беҳтаринро бахшида ба қаҳрамониҳои халқи тоҷик, асарҳои эҷоднамудаи нависандагон ва шоирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, филмҳои ватании таҳиянамудаи синамогарони тоҷик, номҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандагони се ордени "Шараф", тавассути телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мунтазам пахш намояд, бахшида ба ин ҷашни таърихӣ сабқати телевизионии хайрия (телемарафон) ташкил намуда, маблағи аз телемарафон воридшударо ба хазинаи Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад.

                                      Мӯҳлати иҷро - апрел -майи соли 2015

18. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дар ҳамаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус, донишгоҳу донишкадаҳо, гимназияҳо, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ гузаронидани дарсҳоро оид ба мавзӯи "Аҳамияти оламшумули таърихии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва саҳми Тоҷикистон дар торумор намудани фашизм" таъмин намояд, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ фаъолияти осорхонаҳо ва гӯшаҳои Шарафи ҷангию меҳнатӣ барқарор кунад.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

19. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солиму бардам нигоҳ доштани маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои бесаробонмондаи дар ҷанг ҳалокгаштагон, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар мамлакатҳо, собиқадорони хизмати давлатӣ, зарардидагони садамаи Чернобил ва собиқадорони меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии тиббиро ба ин гурӯҳҳои собиқадорон беҳтар намуда, сари вақт гузаронидани муоинаи тиббии собиқадорон, муайян намудани дараҷаи маъюбии онҳо, бо маводҳои ортопедӣ таъмин намудани маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм, ба таври ройгон гузаронидани ҷарроҳии собиқадорони ҷангу меҳнат ва бо дорувориҳои ройгон таъмин намудани ҳамаи гурӯҳҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳуриро ба роҳ монанд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

20. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои собиқадорони ҷумҳурӣ, дар қисмҳои ҳарбӣ, донишкадаҳои ҳарбии мамлакат санаҳои хотиравии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хусусан торумор намудани фашистон дар назди Москва, Сталинград, Курск, Днепр, рахнаи муҳосираи Ленинград, озод намудани Украина, Белорусия, мамлакатҳои Аврупои шарқӣ ва муҳорибаи Берлинро ба таври васеъ қайд намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

21. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ ва маишӣмадании ҳамаи гурӯҳҳои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил намудани истироҳати онҳо мутобиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 206 аз 8 майи соли 2006 дар шаҳри Душанбе "Хонаи собиқадорон" бунёд карда шавад.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

22. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- оид ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 70 - солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 нақшаи чорабиниҳо тартиб диҳанд;

- оид ба шароити зисту зиндагонӣ, вазъи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва дигар гурӯҳҳои собиқадорони санҷиш гузаронида, аз рӯйи натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- вазъи таъминоти собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо манзили истиқоматӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар ҳолати ниёзманд будани онҳо ба беҳтар намудани шароити манзилӣ, бо навбат, гирифтани хонаҳои истиқоматӣ, ё дар ин хусус муроҷиат намуданашон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиати онҳо қонеъ карда шавад. Ҳамчунин хонаҳои истиқоматии таъмирталаби онҳо, аз таъмири асосӣ бароварда шавад;

- ҷиҳати ба тартиб овардани муҷассамаҳо, сутунҳои ёдбуд (обелискҳо) ва қабристонҳои сарбозон, барои абадӣ гардонидани номи қаҳрамонони фавтида дар ҷанг ба номи онҳо номгузорӣ намудани кӯчаҳо, боғҳои фарҳангию гулгаштҳо, майдонҳо, таълимгоҳҳою мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар иншоотҳо чорабиниҳои зарурӣ андешанд;

- ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи май "Ҳафтаи поси хотир" гузаронида, зимни он аёдати оилаҳои иштирокчиёни ҳалокшуда ва фавтидагони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои - 1941 - 1945 - ро таъмин намоянд;

- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои - 1941 - 1945, оилаҳои бесаробонмондае, ки ҳамсарони онҳо дар ҷанг ҳалок шудаанд, ҳамчунин заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг, барои расонидани кӯмаки хайрия, хизматрасонии тиббӣ ва супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ ба корхонаҳо, идораҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиатсияҳо, созмонҳо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, вобаста карда шаванд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

23. Ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, дар давраи омодагӣ ба ҷашни Ғалабаи бузург ҷиҳати ба аҳолӣ ва хусусан ба ҷавонон фаҳмонда додани қаҳрамониҳои насли калонсол барои ҳимояи Ватан, беҳтар намудани тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва наврасон, саҳми Тоҷикистон дар торумор намудани фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дӯстии халқҳое, ки дар торумор намудани фашизм қаҳрамониҳои бузург нишон додаанд, чорабиниҳо доир намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014-2015

24. Рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, таблиғу ташвиқоти анъанаҳои ҷангӣ ва меҳнатии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳои қаҳрамонони ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳро тақвият диҳанд.

Барномаҳои пурмазмуни гуногунро бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат тавассути телевизион ва радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, Интернет ва инчунин рафти омодагии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои собиқадорони ҷумҳуриро ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба таври васеъ инъикос намоянд.

                                      Мӯҳлати иҷро - солҳои 2014 - 2015

25. Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, роҳбарияти шаҳри Душанбе, роҳбарони ташкилотҳо, идораю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳар се моҳ, роҷеъ ба рафти иҷрои барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намоянд.

                                       Мӯҳлати иҷро - ҳар семоҳаи солҳои

                                                      2014-2015

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе подготовки и празднования 70-летия Победы в Великой Отечественной войне 1941- 1945 годов

В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу подготовки и празднования 70-летия Победы в Великой Отечественной войне 1941- 1945 годов и ввести её в действие с 1 января 2014 года (прилагается).

2. Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти принять действенные меры по полной и своевременной реализации данной Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                               Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 4 октября 2013 года, № 440

* прилагается на тадж. языке