Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 340 "Дар бораи барҳам додани Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ваҳдат"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳам додани Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ваҳдат"

Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ваҳдат" барҳам дода шавад.

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, мутобиқи қонунгузории амалкунанда оид ба барҳам додани Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ваҳдат" чораҳои зарурӣ андешад.

3. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ваҳдат" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 августи соли 2013, № 340

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ликвидации Государственного учреждения "Дом-интернат престарелых и инвалидов города Вахдат"

В соответствии со статьей 62 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Ликвидировать Государственное учреждение "Дом-интернат престарелых и инвалидов города Вахдат".

2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с Министерством труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан создать ликвидационную комиссию и согласно действующему законодательству принять необходимые меры по ликвидации Государственного учреждения "Дом-интернат престарелых и инвалидов города Вахдат".

3. Исключить из Перечня организаций системы Государственного агентства социальной защиты, занятости населения и миграции Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №102 слова "Государственное учреждение "Дом-интернат престарелых и инвалидов города Вахдат".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 августа 2013 года, № 340