Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 338 "Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии Парваришгоҳи "Баҳри Норак"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии Парваришгоҳи "Баҳри Норак"

Мутобиқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии Парваришгоҳи "Баҳри Норак" таъсис дода шавад.

2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии Парваришгоҳи "Баҳри Норак"-ро ҳал намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

3. Маблағгузории Муассисаи давлатии Парваришгоҳи "Баҳри Норак" дар доираи маблағҳои барои хоҷагиҳои ғайритиҷоратии системаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда амалӣ карда шавад.

4. Дар қисмати хоҷагиҳои ғайритиҷоратии Номгӯи хоҷагиҳои системаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №371 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии Парваришгоҳи "Баҳри Норак".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 августи соли 2013, № 338

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения Заказника "Бахри Норак"

В соответствии со статьей 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьями 6 и 13 Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение Заказник "Бахри Норак".

2. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения Заказника "Бахри Норак" и привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.

3. Финансирование Государственного учреждения Заказника "Бахри Норак" производить за счет средств, предусмотренных для некоммерческих хозяйств системы Государственного учреждения лесного хозяйства и охоты Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

4. Раздел некоммерческих хозяйств Перечня хозяйств системы Государственного учреждения лесного хозяйства и охоты, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №371 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"Государственное учреждение Заказник "Бахри Норак".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 августа 2013 года, № 338