Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 1014 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 408; с. 1998, №10, мод. 76; с. 1999, №6, мод. 166; с. 2000, №11, мод. 521; с. 2001, №7 мод. 481; с. 2004, №2, мод. 39; с. 2006, №4, мод. 197) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Бобҳои Қонун бо ҳарфҳои калон ва рақамҳои арабӣ ифода карда шуда, пас аз рақами бобҳо аломати нуқта гузошта шавад.

3. Дар моддаи 1:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ";

- дар матни модда калимаи "истилоҳоти" ба калимаҳои "мафҳумҳои асосии" иваз карда шавад;

- дар сархатҳои дуюм, сеюм, панҷум ва ҳаштум калимаҳои "паҳн" ва "паҳнкунии" мувофиқан ба калимаҳои "пахш" ва "пахшкунии" иваз карда шаванд.

4. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

5. Дар матни моддаи 5(1), матни моддаи 13, қисми якуми моддаи 16, қисми дуюми моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 27 ва қисми якуми моддаи 34 калимаҳои "Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро" мувофиқан ба калимаҳои "Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.

6. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои "созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида" ба калимаҳои "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд.

7. Дар матни моддаи 10 ва сархати якуми қисми якуми моддаи 17 калимаҳои "тибқи Қонуни мазкур" ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

8. Дар қисми якуми моддаи 16, қисми дуюми моддаи 17 ва қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

9. Номи БОБИ 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ".

10. Моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

22 июли соли 2018, № 1014

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 24 апрели соли 2013, №1163

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 547