Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, № 1010 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ АҲОЛӢ"

Моддаи 1. Моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №12, мод.677; с.2008, №10, мод.822; №12, қ.2, мод.1015; с.2011, №12, мод.857) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 48. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани шахсони мансабдори хадамоти санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Ба зиммаи сардори раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ӯҳдадории муовини сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

22 июли соли 2013, № 1010

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 29 майи соли 2013, №1206

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ҷонибдорӣ карда шавад

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 4 июли соли 2013, № 543

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБЕСПЕЧЕНИИ САНИТАРНО-ЭПИДЕМИОЛОГИЧЕСКОЙ БЕЗОПАСНОСТИ НАСЕЛЕНИЯ"

Статья 1. Статью 48 Закона Республики Таджикистан от 8 декабря 2003 года "Об обеспечении санитарно-эпидемиологической безопасности населения" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №12, ст.677; 2008 г., №10, ст.822; №12, ч.2, ст. 1015; 2011г., №12, ст.857) изложить в следующей редакции:

"Статья 48. Порядок назначения на должность и освобождения от должности должностных лиц санитарно-эпидемиологической службы Республики Таджикистан

Главный государственный санитарный врач Республики Таджикистан заместитель министра здравоохранения Республики Таджикистан назначается на должность и освобождается от должности Правительством Республики Таджикистан.

На начальника санитарно-эпидемиологического управления Министерства здравоохранения Республики Таджикистан и руководителя Службы государственного санитарноэпидемиологического надзора возлагаются обязанности заместителя главного государственного санитарного врача Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 22 июля 2013 года, № 1010

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "Об обеспечении санитарно - эпидемиологической безопасности населения"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "Об обеспечении санитарно -эпидемиологической безопасности населения".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                       Ш. ЗУХУРОВ

г. Душанбе, 29 мая 2013 года, №1206

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "Об обеспечении санитарно-эпидемиологической безопасности населения"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "Об обеспечении санитарно-эпидемиологической безопасности населения", Маджлиси милли Мадж-лиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "Об обеспечении санитарно-эпидемиологической безопасности населения".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                     М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 4 июля 2013 года, №543