ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 520; с.2014, №11, мод.662)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона оид ба додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандонро танзим менамояд ().
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- гаравхона - шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти махсусгардонидашуда), ки ба додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст ();
- ҳудуди гаравхона - ҳудуди махсуси таҳти муҳофизат қарордоштаи бинои асосӣ, ки барои қабули молгузорон, додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат, нигаҳ доштани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, пули нақд, молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда таъин гардидааст;
- молу мулки хурдҳаҷм - маснуоти заргариву ҷавоҳирот ва ҳамчунин дигар молу мулки манқул, ки дар сандуқҳои (сейфҳои) насӯзандаи дар ҳудуди гаравхона ҷойгиркардашуда нигаҳ дошта мешаванд;
- молу мулки калонҳаҷм - молу мулки манқул, ки дар ҳудуди гаравхона нигаҳ дошта мешавад;
- мавзӯи гарав дар гаравхона - молу мулки манқули аз муомилот бароварданашуда ва молу мулки манқуле, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд карда нашудааст ;
- ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт- шартномаи қарз, шартномаи нигаҳдошт, чиптаи (билети) гарав, квитансияи номии нигаҳдошт, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шартномаи қарз - шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба мӯҳлати муайян бо додани чиптаи (билети) гарав;
- шартномаи нигаҳдошт - шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба мӯҳлати муайян барои нигаҳдошти молу мулки манқул бо пардохти подош ва додани квитансияи номии нигаҳдошт;
- чиптаи (билети) гарав (минбаъд - чиптаи гарав) - ҳуҷҷати ҳисоби гараве, ки зимни бастани шартномаи қарз ба молгузор дода мешавад;
- квитансияи номии нигаҳдошт - ҳуҷҷати ҳисоби гараве, ки зимни бастани шартномаи нигаҳдошт ба молгузор дода мешавад;
- молу мулки дархостнашуда - молу мулки ба гаравхона супурдашудаи молгузор, ки дар мӯҳлати муайяннамудаи шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт дархост нашудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гаравхона
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гаравхона ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад
Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхона
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхона тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.
Моддаи 3(1). Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо мансубанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- амалӣ намудани дигар салоҳияти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
Моддаи 3(2). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- мониторинги фаъолияти гаравхонаҳо;
- натиҷагирӣ аз таҷрибаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхонаҳо;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
Моддаи 4. Шарт ва талаботҳои асосӣ ба фаъолияти гаравхона
1. Гаравхона бояд мӯҳр дошта, номаш ба забони давлатӣ дарҷ гардида бошад ва дар матни он калимаҳои "гаравхона" ва ишорае ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ифода ёбанд ().
2. Гаравхона дар раванди фаъолияташ метавонад маблағҳои худӣ ва қарзӣаз ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаашро мавриди истифода қарор диҳад. Сармояи оинномавии гаравхона бояд на камтар аз се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд ва дар шакли пул ташаккул дода шавад
3. Гаравхона ҳуқуқ дорад аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди синнашон ба 18 расида дар асоси шиноснома ва (ё) ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти молгузор бо мақсади додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат молу мулки манқулро ба гарав гирад ва нигаҳдошти онро таъмин намояд, ба истиснои молу мулке, ки аз муомилот бароварда шудааст ва инчунин молу мулке, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташ маҳдуд карда шудааст.
4. Гаравхона ба намудҳои зерини фаъолият машғул шуда метавонад:
-додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон;
-қабул ба гарав, нигаҳдошт ва хариду фурӯши молу мулки манқул, аз ҷумла хариду фурӯши молу мулке, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо доранд ва ашёи атиқа;
-хизматрасонӣ оид ба нигаҳдошти ҳуҷҷатҳо ва маводи арзишноки шаҳрвандон;
-фурӯши молу мулки багаравмонда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-баҳодиҳии молу мулки пешниҳодшуда мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартҳои шартнома ();
-муайян намудани намуд, навъ ва хусусиятҳои молу мулки ба гаравхона пешниҳодгардида;
- фаъолияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст .
5. Гаравхона ба додани қарзи молӣҳуқуқ надорад.
6. Гаравхона ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинигардида, надорад.
7. Гаравхона ӯҳдадор аст молу мулки хурдҳаҷми багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо дар сандуқи (сейфи) насӯзандаи гаравхона ва (ё) тибқи шартнома дар ташкилотҳои қарзие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва молу мулки калонҳаҷмро дар бинояш ва (ё) дар биноҳои иҷорагирифтааш, ки ҷавобгӯи талаботи қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, нигаҳ дорад.
8. Дар ҳудуди гаравхона бояд барои нигаҳ доштани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда шароите муҳайё карда шавад, ки барои нигаҳдошти молу мулки мазкур мувофиқ буда, ба он осеб нарасад ва (ё) дастраси шахсони бегона набошад.
9. Дар ҷойҳои нигаҳдошти молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда нигаҳдошти дигар молу мулк манъ аст.
10. Муносибатҳои байни гаравхона ва молгузор бо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт танзим карда мешаванд.
11. Гаравхона метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо ва намояндагиҳо таъсис диҳад.
12. Зимни анҷом додани фаъолият гаравхона бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом"-ро риоя намояд
13. Гаравхона фавран ва бе огоҳонидани пешакӣ бояд ҳама гуна амалиётро бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ, ки дар рӯйхати шахсони алоқаманд бо терроризм. ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил гардидаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намояд
14. Гаравхона оид ба ошкорсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳои зарурӣ меандешад ва мунтазам оид ба хавфҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдори танзим ва назорат ва мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар медиҳад ва бояд ин маълумотро ба мӯҳлати на кам аз панҷ сол нигоҳ дорад
15. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар якҷоягӣ бо мақомоти танзим ва назорат ва ё мустақилона бо мақсади ошкор кардани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санҷиши фаъолияти гаравхонаҳоро мегузаронад
Моддаи 4(1). Мавзӯи гарав ва нигаҳдошт дар гаравхона
Мавзӯи гарав ва нигаҳдошт дар гаравхона, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 моддаи 4 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, метавонад ҳама гуна молу мулки манқул бошад, аз ҷумла:
- молу мулке, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;
- воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти маишӣ;
- ҳуҷҷат ва маводи арзишнок барои нигаҳдошт;
- телефони мобилӣ, компютер, планшет ва таҷҳизоти дигари электронӣ;
- ашёи атиқа;
- молу мулки манқули дигари арзишнок
Моддаи 5. Баҳодиҳии молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда
Молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда бо мувофиқаи тарафҳо аз рӯи нархҳои дар савдо истифодашаванда нисбат ба чунин намуду сифати молу мулк дар вақт ва маҳалли қабули он ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ муқарраршуда баҳодиҳӣ карда мешавад ().
Моддаи 5(1). Талабот оид ба ҳудуди гаравхона ва ҷойи махсуси нигоҳдории молу мулки гаравхона
1. Гаравхона бояд дар биноҳо, иншоот ва иморатҳое, ки объектҳои асосии сохтмонӣ мебошанд, ҷойгир карда шавад ва ба талаботи бехатарӣ ва муҳофизат ҷавобгӯ бошад.
2. Гаравхона дар ҷойҳои зерин ҷойгир карда намешавад:
- дар объектҳои сохтмонашон нотамом, сохтмони муваққатӣ, дӯконҳо, дар зери айвонҳо ва иншооти дигари монанд;
- дар биноҳо, иншоот ва иморатҳое, ки дар онҳо муассисаҳои кӯдакона, таълимӣ, тандурустӣ, динӣ, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ ҷойгиранд;
- дар иншооти инфрасохтори нақлиётӣ
Моддаи 6. Суғурта кардани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда
1. Гаравхона ӯҳдадор аст молу мулки ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт гирифтаашро ба манфиати молгузор аз ҳисоби худ бо арзиши пуррааш аз рӯи нархҳои чунин молу мулк ва чунин сифати дар савдо истифодашавандаи он ҳангоми ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт гирифтан муайян карда мешавад, суғурта намояд.
2. Гаравхона ҳуқуқи аз ҳисоби молгузор маҷбуран суғурта кардани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашударо надорад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ ҚАРЗДИҲӢВА НИГАҲДОШТИ МОЛУ МУЛК ДАР ГАРАВХОНА
Моддаи 7. Шартномаи қарз
1. Шартномаи қарз мутобиқи моддаҳои 10 ва 13 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани чиптаи гарав ба молгузор аз ҷониби гаравхона ба расмият дароварда шуда, дар ҳар як ҳолати додани қарз чиптаи гарави нав тартиб дода мешавад.
2. Гаравхона тибқи шартҳои шартномаи қарз ба молгузор ба мӯҳлати муайян бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи кӯтоҳмӯҳлат медиҳад.
3. Ҳангоми бастани шартномаи қарз гаравхона бо шарти дар мӯҳлати на бештар аз як сол баргардонидан ба молгузор бо подош маблағ қарз медиҳад. Молгузор бошад, ба гаравхона молу мулкеро месупорад, ки мавзӯи гарав аст
4. Шартномаи қарз ба таври хаттӣ тартиб дода шуда, аз лаҳзаи имзо шуданаш, инчунин ба молгузор додани маблағи қарз ва ба гаравхона додани молу мулки багаравмонда басташуда ҳисоб меёбад.
5. Шартҳои муҳими шартномаи қарз номгӯйи молу мулки багаравмонда, тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур маблағи баҳододашудаи он, маблағи қарз, меъёри фоизи қарз ва мӯҳлати супурдани он маҳсуб мешаванд ().
Моддаи 8. Шартномаи нигаҳдошт
1. Молгузор тибқи шартҳои шартномаи нигаҳдошт молу мулкашро ба гаравхона барои нигаҳдошт месупорад. Гаравхона дар навбати худ ӯҳдадор мешавад, ки молу мулки барои нигаҳдошт супурдашударо аз рӯи шартҳои дар моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда бо подош нигаҳдошт кунад.
2. Гаравхона тибқи моддаи 11 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз молгузор гирифтани молу мулк квитансияи номии нигаҳдоштро ба расмият медарорад.
3. Шартҳои муҳими шартномаи нигаҳдошт номгӯйи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда, тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур маблағи баҳододашудаи он, мӯҳлати нигаҳдошти он, андозаи подоши нигаҳдошт ва тартиби пардохти он ба ҳисоб мераванд ().
4. Шартномаи нигаҳдошт мутобиқи моддаҳои 11 ва 14 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани квитансияи номии нигаҳдошт ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 9. Махфияти ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт
1. Гаравхона махфияти маълумоти ҳуҷҷатҳои қарздиҳии зимни бастани шартномаи қарз ва (ё) шартномаи нигаҳдошт аз молгузор гирифтаашро, ки фош гардидани он метавонад ба молгузор зиёни моддӣ ва (ё) маънавӣ расонад, кафолат медиҳад.
2. Гаравхона ва кормандони он вазифадоранд махфияти маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршударо риоя намоянд ва дар сурати фош гардидани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
3. Гаравхона ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт ва (ё) маълумоти дар онҳо дарҷёфтаро дар мавридҳои пешбини намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба мақомот ва шахсони зерин пешниҳод мекунад:
- ба мақомоти давлатии дахлдор бинобар зарурати иҷрои ваколатҳои назоратӣ;
- ба суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омоид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ;
- ба шахсони ваколатдорнамудаи молгузор ва идораи нотариали оид ба масъалаҳои мерос.
4. Мақомот ва шахсони дар қисми 3 моддаи мазкур зикршуда махфияти маълумоти бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо пешниҳодшударо кафолат медиҳанд.
Моддаи 10. Тартиби ба расмият даровардани чиптаи гарав
1. Чиптаи гарав аз ҷониби гаравхона дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар нусхаи чиптаи гарав рақамгузорӣ гардида, ба он мӯҳри гаравхона гузошта мешавад. Як нусхаи чиптаи гарав дар гаравхона нигаҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба молгузор дода мешавад.
2. Чиптаи гарав бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ному суроғаи (маҳалли ҷойгиршавии) гаравхона;
- насаб, ном ва номи падари молгузор, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти ӯро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- номгуй ва тавсифи молу мулки багаравмонда, ки имкон медиҳанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳаммонанд карда шавад;
- маблағи баҳододашудаи молу мулки багаравмонда ();
- маблағи қарзи додашуда;
- сана ва мӯҳлати қарзи додашуда бо зикри санаи пардохти он;
- фоизи қарз (бо зикри ҳатмии фоизи қарзе, ки барои як рӯзи тақвимӣҳисоб карда шудааст).
3. Чиптаи гарав метавонад дигар маълумотеро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар бар гирад.
4. Чиптаи гарав тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда, ҳар нусхааш аз ҷониби намояндаи гаравхона ва молгузор имзо ва ба онҳо мӯҳри гаравхона гузошта мешавад.
5. Чиптаи гарав бояд на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ дошта шавад
Моддаи 11. Тартиби барасмиятдарории квитансияи номии нигаҳдошт
1. Квитансияи номии нигаҳдошт бевосита ҳангоми ба нигаҳдошт супурдани молу мулк дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар нусхаи квитансияи номии нигаҳдошт аз рӯи тартиб рақамгузорӣгардида, ба он мӯҳри гаравхона гузошта мешавад. Як нусхаи квитансияи номии нигаҳдошт дар гаравхона нигаҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба молгузор дода мешавад.
2. Квитансияи номии нигаҳдошт бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ному суроғаи (маҳалли ҷойгиршавии) гаравхона;
- насаб, ном ва номи падари молгузор, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияташро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- номгуй ва тавсифи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда, ки имкон медиҳанд мутобиқи талаботи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳаммонанд карда шавад;
- маблағи баҳододашудаи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда ();
- санаи ба нигаҳдошт супурдани молу мулк ва мӯҳлати нигаҳдошт;
- шартҳои технологии нигаҳдошт;
- подоши нигаҳдошт ва тартиби пардохти он.
3. Квитансияи номии нигаҳдошт метавонад ҳамчунин маълумоти дигареро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣнамудаанд, дошта бошад.
4. Квитансияи номии нигаҳдошт тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда, ҳар нусхааш аз ҷониби намояндаи гаравхона ва молгузор имзо ва ба онҳо мӯҳри гаравхона гузошта мешавад.
БОБИ 3. МАҶБУРАН ГИРИФТАНИ МОЛУ МУЛКИ БАГАРАВМОНДА ВА (Ё) БАРОИ НИГАХДОШТ СУПУРДАШУДА ВА РӯЁНДАНИ ҚАРЗ АЗ МОЛУ МУЛКИ ДАРХОСТНАШУДА
Моддаи 12. Маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда
1. Маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда танҳо дар асоси талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣкарда мешавад.
2. Дар мавриди маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда амали шартномаи қарз ва (ё) шартномаи нигаҳдошт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад.
3. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур гаравхона дар давоми се рӯзи корӣ баъд аз маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ӯҳдадор аст ба молгузор огоҳиномаи хаттӣ ва (ё) электронӣ фиристад. Агар дар шартномаи қарз ва (ё) нигаҳдошт тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, огоҳиномаи хаттӣ тавассути почта ҳамчун мактуби фармоишӣ бо лифофа ва зикри номгӯйи замима ба огоҳинома дар бораи супурдан фиристода мешавад. Дар огоҳиномаи хаттӣ ва (ё) электронӣ маълумоти зерин дарҷ мегардад
4. Молгузор аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи шартҳои шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт дар рӯзи маҷбуран гирифтан ё ёфта гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ва (ё) дар рӯзи гузаштани муҳлати имтиёзноки муқаррарнамудаи моддаҳои 13 ва 14 Қонуни мазкур, дар назди гаравхона ӯҳдадор мегардад.
5. Гаравхона дар мавриди ӯҳдадориҳои тибқи талаботи қисми 3 моддаи мазкур ба зиммааш гузошташударо иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардан, аз ҳуқуқи қонеъ кардани талаби худ нисбат ба молгузор маҳрум мешавад.
6. Агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани молу мулки маҷбуран гирифташуда шарт бошад, он бояд ба молгузор баъди иҷро кардани ӯҳдадориҳои дар назди гаравхона доштааш баргардонида шавад.
7. Агар молгузор ӯҳдадориҳояшро иҷро накарда бошад ва (ё) номатлуб иҷро карда бошад, талаби гаравхона дар бораи рӯёндани қарз аз молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ, ё бо тартиби ғайрисудӣқонеъ гардонида мешавад.
8. Гаравхона барои гум кардан ва осеб дидани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда масъулият дорад, агар исбот карда натавонад, ки гум кардан ва (ё) осеб дидани он ба қувваи рафънопазир вобаста аст.
Моддаи 13. Мӯҳлати имтиёзноки шартномаи қарз
1. Агар молгузор қарзашро дар мӯҳлати муқарраргардида пардохт накарда бошад, гаравхона ҳуқуқ надорад онро дар давоми мӯҳлати имтиёзноки якмоҳа аз молу мулки багаравмонда рӯёнад.
2. Рӯзи оғози мӯҳлати имтиёзноки якмоҳа рӯзе ба шумор меравад, ки баъди рӯзи пардохти қарзи дар чиптаи гарав зикршуда фаро мерасад.
З.Дар давоми мӯҳлати имтиёзноки якмоҳа ва минбаъд то рӯзи ба фурӯш баровардани молу мулки багаравмонда, гаравхона ҳуқуқ надорад фоизи қарзи дар шартномаи қарз пешбинишударо зиёд кунад, шароити нигаҳдошти молу мулки багаравмондаро бадтар кунад, инчунин подоши нигаҳдоштро ситонад.
Моддаи 14. Мӯҳлати имтиёзноки шартномаи нигаҳдошт
1. Агар молгузор молу мулки ба нигаҳдошт супурдашударо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи нигаҳдошт дархост накарда бошад, гаравхона вазифадор аст онро дар давоми мӯҳлати имтиёзноки семоҳа нигаҳдошт кунад.
2. Рӯзи оғози мӯҳлати имтиёзноки семоҳа рӯзе ҳисоб меёбад, ки баъди рӯзи анҷоми мӯҳлати нигаҳдошти дар квитансияи номии нигаҳдошт зикршуда фаро мерасад.
3. Гаравхона ҳуқуқ надорад дар давоми мӯҳлати имтиёзноки семоҳа, инчунин дар мӯҳлати нигаҳдошти минбаъда то ба фурӯш баровардани молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда шароити нигаҳдошти онро бадтар кунад. Барои нигаҳдошти молу мулк дар муддати зикргардида подоши мутаносиб ситонида мешавад.
4. Гаравхона дар мавриди ба фуруш рафтани молу мулки дархостнашуда аз маблағи аз фурӯши он бадастомада метавонад хароҷоти нигаҳдошт ва дигар пардохтҳои марбут ба гаравхонаро пӯшонад ва ӯҳдадор аст маблағи боқимондаро ба молгузор баргардонад.
Моддаи 15. Рӯёндани қарз аз молу мулки дархостнашуда
1. Бо анҷом ёфтани мӯҳлати имтиёзноки муқаррарнамудаи моддаҳои 13 ва 14 Қонуни мазкур, ба шарте ки молгузор ӯҳдадории пешбининамудаи шартномаҳои қарз ва нигаҳдоштро дар назди гаравхона иҷро накарда бошад ва (ё) молу мулки барои нигаҳдошт супурдаашро дархост накарда бошад, ин гуна молу мулк дархостнашуда ҳисоб меёбад.
2. Гаравхона ҳуқуқ дорад қарзи додашударо аз ҳисоби молу мулки дархостнашуда рӯёнад.
3. Қарз аз молу мулки дархостнашуда дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус рӯёнда мешавад. Дар шартномаи қарз имконияти аз молу мулки дархостнашуда бе навиштаҷоти иҷроияи нотариус рӯёндани қарзро пешбинӣ кардан мумкин аст.
4. Молгузор ҳуқуқ дорад ҳар вақт пеш аз ба фурӯш баровардани молу мулки дархостнашудааш ӯҳдадориҳояшро дар назди гаравхона, ки мутобиқи муқарарроти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, иҷро карда, аз молу мулки ӯ рӯёндани қарзро қатъ гардонад.
Моддаи 16. Фурӯши молу мулки дархостнашуда
1. Фурӯши молу мулки дархостнашудаи молгузор мутобиқи шартҳои шартномаҳои қарз ва (ё) нигаҳдошт дар рӯзи ба фурӯш баровардани молу мулк амалӣ карда мешавад.
2. Молу мулки дархостнашудае, ки аз он маблағи қарз рӯёнда мешавад, бо роҳи фурӯши он, аз ҷумла савдои умумӣ сурат мегирад. Савдои умумӣ оид ба фурӯши молу мулки дархостнашуда дар шакли музоядаи ошкоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
3. Пас аз фурӯши молу мулки дархостнашуда талаботи гаравхона ба молгузор, новобаста ба нокифоягии маблағи фурӯши молу мулки дархостнашуда барои пардохти қарз, қонеъгардида ҳисоб меёбад.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣбарои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани
Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
22 июли соли 2013 №992
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2013 № 1090
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)"- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 4 июли соли 2013 № 525
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА (ЛОМБАРД)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 520; с.2014, №11, мод.662)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона (ломбард) оид ба додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандонро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- гаравхона (ломбард, минбаъд - гаравхона) - шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти махсусгардонидашуда), ки ба додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст;
- ҳудуди гаравхона - ҳудуди махсуси таҳти муҳофизат қарордоштаи бинои асосӣ, ки барои қабули молгузорон, додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат, нигаҳ доштани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, пули нақд, молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда таъин гардидааст;
- молу мулки хурдҳаҷм - маснуоти заргариву ҷавоҳирот ва ҳамчунин дигар молу мулки манқул, ки дар сандуқҳои (сейфҳои) насӯзандаи дар ҳудуди гаравхона ҷойгиркардашуда нигаҳ дошта мешаванд;
- молу мулки калонҳаҷм - молу мулки манқул, ки дар ҳудуди гаравхона нигаҳ дошта мешавад;
- мавзӯи гарав дар гаравхона - молу мулки манқули аз муомилот бароварданашуда ва молу мулки манқуле, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташон маҳдуд карда нашудааст ;
- ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт- шартномаи қарз, шартномаи нигаҳдошт, чиптаи (билети) гарав, квитансияи номии нигаҳдошт, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шартномаи қарз - шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба мӯҳлати муайян бо додани чиптаи (билети) гарав;
- шартномаи нигаҳдошт - шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба мӯҳлати муайян барои нигаҳдошти молу мулки манқул бо пардохти подош ва додани квитансияи номии нигаҳдошт;
- чиптаи (билети) гарав (минбаъд - чиптаи гарав) - ҳуҷҷати ҳисоби гараве, ки зимни бастани шартномаи қарз ба молгузор дода мешавад;
- квитансияи номии нигаҳдошт - ҳуҷҷати ҳисоби гараве, ки зимни бастани шартномаи нигаҳдошт ба молгузор дода мешавад;
- молу мулки дархостнашуда - молу мулки ба гаравхона супурдашудаи молгузор, ки дар мӯҳлати муайяннамудаи шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт дархост нашудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гаравхона (ломбард)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гаравхона (ломбард) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад
Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхона
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхона тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.
Моддаи 4. Шарт ва талаботҳои асосӣ ба фаъолияти гаравхона
1. Гаравхона бояд мӯҳр дошта, номаш ба забони давлатӣ дарҷ гардида бошад ва дар матни он калимаҳои "гаравхона (ломбард)" ва ишорае ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ифода ёбанд.
2. Гаравхона дар раванди фаъолияташ метавонад маблағҳои худӣ ва қарзӣаз ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаашро мавриди истифода қарор диҳад. Сармояи оинномавии гаравхона бояд на камтар аз се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд ва дар шакли пул ташаккул дода шавад
3. Гаравхона ҳуқуқ дорад аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди синнашон ба 18 расида дар асоси шиноснома ва (ё) ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти молгузор бо мақсади додани қарзи кӯтоҳмӯҳлат молу мулки манқулро ба гарав гирад ва нигаҳдошти онро таъмин намояд, ба истиснои молу мулке, ки аз муомилот бароварда шудааст ва инчунин молу мулке, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоташ маҳдуд карда шудааст.
4. Гаравхона ба намудҳои зерини фаъолият машғул шуда метавонад:
-додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон;
- қабул ба гарав, нигаҳдошт ва хариду фурӯши молу мулки манқул, аз ҷумла хариду фурӯши молу мулке, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо доранд ва ашёи атиқа;
-хизматрасонӣ оид ба нигаҳдошти ҳуҷҷатҳо ва маводи арзишноки шаҳрвандон;
-фурӯши молу мулки багаравмонда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-нархгузории молу мулки пешниҳодшуда мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартҳои шартнома;
-муайян намудани намуд, навъ ва хусусиятҳои молу мулки ба гаравхона пешниҳодгардида;
- фаъолияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст .
5. Гаравхона ба додани қарзи молӣҳуқуқ надорад.
6. Гаравхона ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинигардида, надорад.
7. Гаравхона ӯҳдадор аст молу мулки хурдҳаҷми багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо дар сандуқи (сейфи) насӯзандаи гаравхона ва (ё) тибқи шартнома дар ташкилотҳои қарзие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва молу мулки калонҳаҷмро дар бинояш ва (ё) дар биноҳои иҷорагирифтааш, ки ҷавобгӯи талаботи қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, нигаҳ дорад.
8. Дар ҳудуди гаравхона бояд барои нигаҳ доштани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда шароите муҳайё карда шавад, ки барои нигаҳдошти молу мулки мазкур мувофиқ буда, ба он осеб нарасад ва (ё) дастраси шахсони бегона набошад.
9. Дар ҷойҳои нигаҳдошти молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда нигаҳдошти дигар молу мулк манъ аст.
10. Муносибатҳои байни гаравхона ва молгузор бо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт танзим карда мешаванд.
11. Гаравхона метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо ва намояндагиҳо таъсис диҳад.
12. Зимни анҷом додани фаъолият гаравхона бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом"-ро риоя намояд
13. Гаравхона фавран ва бе огоҳонидани пешакӣ бояд ҳама гуна амалиётро бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ, ки дар рӯйхати шахсони алоқаманд бо терроризм. ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дохил гардидаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намояд
14. Гаравхона оид ба ошкорсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳои зарурӣ меандешад ва мунтазам оид ба хавфҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдори танзим ва назорат ва мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар медиҳад ва бояд ин маълумотро ба мӯҳлати на кам аз панҷ сол нигоҳ дорад
15. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар якҷоягӣ бо мақомоти танзим ва назорат ва ё мустақилона бо мақсади ошкор кардани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, санҷиши фаъолияти гаравхонаҳоро мегузаронад
Моддаи 4(1). Мавзӯи гарав ва нигаҳдошт дар гаравхона
Мавзӯи гарав ва нигаҳдошт дар гаравхона, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 моддаи 4 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, метавонад ҳама гуна молу мулки манқул бошад, аз ҷумла:
- молу мулке, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;
- воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти маишӣ;
- ҳуҷҷат ва маводи арзишнок барои нигаҳдошт;
- телефони мобилӣ, компютер, планшет ва таҷҳизоти дигари электронӣ;
- ашёи атиқа;
- молу мулки манқули дигари арзишнок
Моддаи 5. Нархгузории молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда
Молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда бо мувофиқаи тарафҳо аз рӯи нархҳои дар савдо истифодашаванда нисбат ба чунин намуду сифати молу мулк дар вақт ва маҳалли қабули он ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ё тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда нархгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 5(1). Талабот оид ба ҳудуди гаравхона ва ҷойи махсуси нигоҳдории молу мулки гаравхона
1. Гаравхона бояд дар биноҳо, иншоот ва иморатҳое, ки объектҳои асосии сохтмонӣ мебошанд, ҷойгир карда шавад ва ба талаботи бехатарӣ ва муҳофизат ҷавобгӯ бошад.
2. Гаравхона дар ҷойҳои зерин ҷойгир карда намешавад:
- дар объектҳои сохтмонашон нотамом, сохтмони муваққатӣ, дӯконҳо, дар зери айвонҳо ва иншооти дигари монанд;
- дар биноҳо, иншоот ва иморатҳое, ки дар онҳо муассисаҳои кӯдакона, таълимӣ, тандурустӣ, динӣ, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳ ҷойгиранд;
- дар иншооти инфрасохтори нақлиётӣ
Моддаи 6. Суғурта кардани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда
1. Гаравхона ӯҳдадор аст молу мулки ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт гирифтаашро ба манфиати молгузор аз ҳисоби худ бо арзиши пуррааш аз рӯи нархҳои чунин молу мулк ва чунин сифати дар савдо истифодашавандаи он ҳангоми ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт гирифтан муайян карда мешавад, суғурта намояд.
2. Гаравхона ҳуқуқи аз ҳисоби молгузор маҷбуран суғурта кардани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашударо надорад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ ҚАРЗДИҲӢВА НИГАҲДОШТИ МОЛУ МУЛК ДАР ГАРАВХОНА
Моддаи 7. Шартномаи қарз
1. Шартномаи қарз мутобиқи моддаҳои 10 ва 13 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани чиптаи гарав ба молгузор аз ҷониби гаравхона ба расмият дароварда шуда, дар ҳар як ҳолати додани қарз чиптаи гарави нав тартиб дода мешавад.
2. Гаравхона тибқи шартҳои шартномаи қарз ба молгузор ба мӯҳлати муайян бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи кӯтоҳмӯҳлат медиҳад.
3. Ҳангоми бастани шартномаи қарз гаравхона бо шарти дар мӯҳлати на бештар аз як сол баргардонидан ба молгузор бо подош маблағ қарз медиҳад. Молгузор бошад, ба гаравхона молу мулкеро месупорад, ки мавзӯи гарав аст .
4. Шартномаи қарз ба таври хаттӣ тартиб дода шуда, аз лаҳзаи имзо шуданаш, инчунин ба молгузор додани маблағи қарз ва ба гаравхона додани молу мулки багаравмонда басташуда ҳисоб меёбад.
5. Шартҳои муҳими шартномаи қарз номгӯйи молу мулки багаравмонда, тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур маблағи нархгузоришудаи он, маблағи қарз, меъёри фоизи қарз ва мӯҳлати супурдани он маҳсуб мешаванд.
Моддаи 8. Шартномаи нигаҳдошт
1. Молгузор тибқи шартҳои шартномаи нигаҳдошт молу мулкашро ба гаравхона барои нигаҳдошт месупорад. Гаравхона дар навбати худ ӯҳдадор мешавад, ки молу мулки барои нигаҳдошт супурдашударо аз рӯи шартҳои дар моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда бо подош нигаҳдошт кунад.
2. Гаравхона тибқи моддаи 11 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз молгузор гирифтани молу мулк квитансияи номии нигаҳдоштро ба расмият медарорад.
3. Шартҳои муҳими шартномаи нигаҳдошт номгӯйи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда, тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур маблағи нархгузоришудаи он, мӯҳлати нигаҳдошти он, андозаи подоши нигаҳдошт ва тартиби пардохти он ба ҳисоб мераванд.
4. Шартномаи нигаҳдошт мутобиқи моддаҳои 11 ва 14 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани квитансияи номии нигаҳдошт ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 9. Махфияти ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт
1. Гаравхона махфияти маълумоти ҳуҷҷатҳои қарздиҳии зимни бастани шартномаи қарз ва (ё) шартномаи нигаҳдошт аз молгузор гирифтаашро, ки фош гардидани он метавонад ба молгузор зиёни моддӣ ва (ё) маънавӣ расонад, кафолат медиҳад.
2. Гаравхона ва кормандони он вазифадоранд махфияти маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршударо риоя намоянд ва дар сурати фош гардидани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
3. Гаравхона ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт ва (ё) маълумоти дар онҳо дарҷёфтаро дар мавридҳои пешбини намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба мақомот ва шахсони зерин пешниҳод мекунад:
- ба мақомоти давлатии дахлдор бинобар зарурати иҷрои ваколатҳои назоратӣ;
- ба суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омоид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ;
- ба шахсони ваколатдорнамудаи молгузор ва идораи нотариали оид ба масъалаҳои мерос.
4. Мақомот ва шахсони дар қисми 3 моддаи мазкур зикршуда махфияти маълумоти бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо пешниҳодшударо кафолат медиҳанд.
Моддаи 10. Тартиби ба расмият даровардани чиптаи гарав
1. Чиптаи гарав аз ҷониби гаравхона дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар нусхаи чиптаи гарав рақамгузорӣ гардида, ба он мӯҳри гаравхона гузошта мешавад. Як нусхаи чиптаи гарав дар гаравхона нигаҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба молгузор дода мешавад.
2. Чиптаи гарав бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ному суроғаи (маҳалли ҷойгиршавии) гаравхона;
- насаб, ном ва номи падари молгузор, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти ӯро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- номгуй ва тавсифи молу мулки багаравмонда, ки имкон медиҳанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳаммонанд карда шавад;
- маблағи нархгузоришудаи молу мулки багаравмонда;
- маблағи қарзи додашуда;
- сана ва мӯҳлати қарзи додашуда бо зикри санаи пардохти он;
- фоизи қарз (бо зикри ҳатмии фоизи қарзе, ки барои як рӯзи тақвимӣҳисоб карда шудааст).
3. Чиптаи гарав метавонад дигар маълумотеро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар бар гирад.
4. Чиптаи гарав тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда, ҳар нусхааш аз ҷониби намояндаи гаравхона ва молгузор имзо ва ба онҳо мӯҳри гаравхона гузошта мешавад.
5. Чиптаи гарав бояд на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ дошта шавад
Моддаи 11. Тартиби барасмиятдарории квитансияи номии нигаҳдошт
1. Квитансияи номии нигаҳдошт бевосита ҳангоми ба нигаҳдошт супурдани молу мулк дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар нусхаи квитансияи номии нигаҳдошт аз рӯи тартиб рақамгузорӣгардида, ба он мӯҳри гаравхона гузошта мешавад. Як нусхаи квитансияи номии нигаҳдошт дар гаравхона нигаҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба молгузор дода мешавад.
2. Квитансияи номии нигаҳдошт бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ному суроғаи (маҳалли ҷойгиршавии) гаравхона;
- насаб, ном ва номи падари молгузор, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияташро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
- номгуй ва тавсифи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда, ки имкон медиҳанд мутобиқи талаботи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳаммонанд карда шавад;
- маблағи нархгузоришудаи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда;