Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" баъд аз ҷумлаи якум ҷумлаи нав ба мазмуни зайл илова карда шавад: "Пардохти андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар замини лалмӣ фаъолият менамоянд, дар як соли тақвимӣ ҳафт моҳ муқаррар карда шавад.".
2. Ба Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шавад:
- дар банди 16 калимахои "тақрир гаштани" ба калимаҳои "татбиқ намудани" иваз карда шавад;
- дар банди 18 калимаҳои "ҳолати пешниҳод гардидани" ба калимаи "асоси" иваз карда шавад;
- дар ҷумлаи дуюми банди 23 баъд аз калимаи "фаъолияткунанда" калимаҳои "бо назардошти татбиқи коэффитсиентҳои минтақавӣ" илова карда шавад;
- дар зербанди "б" банди 28 калимаи "воридоти" ба калимаҳои "воридот ва содироти" иваз, зербанди "е" хориҷ, аз зербанди "ж" калимаҳои "ва хизматрасониҳои варзишӣ" хориҷ карда, тартиби ҳарфгузориҳо аз "а" то "ж" дониста шавад.
3. Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, инчунин андозаҳои пардохт барои патент, ки бо замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 451 тасдиқ шудааст, тибқи замима дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад.
4. Дар банди 5 Коэффитсиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохтро барои патент дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танзим менамояд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 тасдиқ шудааст, калимаи "Табошар" ба калимаи "Истиқлол" иваз карда шавад.
5. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода шавад, ки аз соли 2014 сар карда бо дарназардошти сатҳи таваррум андозаҳои пардохт барои патентро индексатсия намуда, муқаррар кунанд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ба қайди давлатӣ гиранд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 августи соли 2013, № 361
ш. Душанбе
Ниг. ба Замима