Дастурамал оид ба тартиби индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ аз 3 августи соли 2013, № 343

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2015 № 588 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 343

тасдиқ шудааст

Дастурамал оид ба тартиби индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дастурамал оид ба тартиби индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ (минбаъд-Дастурамал) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ва "Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти болоравии нархҳо ба молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ" таҳия гардида, низоми афзоиши нафақаҳои суғуртавию меҳнатиро вобаста ба болоравии нархи молу хизматрасониҳои ниёзи мардум муайян месозад, инчунин:

- шартҳои фарорасӣ, тартиби индексатсияи нафақаҳои суғуртавию меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ;

- объект, ҳаҷм, даврият ва ҳадди ниҳоии индексатсия;

- манбаъҳои маблағгузорӣ барои индексатсия;

- аз нав дида баромадани андозаи нафақаҳои суғуртавию меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ.

2. Индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ бо мақсади дастгирии қобилияти харидории онҳо гузаронида мешавад.

3. Индексатсия дар шакли муқаррар намудани андозаҳои нави нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ амалӣ карда мешавад.

4. Бо мақсади гузаронидани индексатсия барои давраҳои аз 1 январи соли 2007 то 1 январи соли 2014 маълумот оид ба пардохти андози иҷтимоӣ ва пайдошавии қарзи суғуртакунанда аз ҷониби муассисаи суғурта дар якҷоягӣ бо мақомоти андоз муайян карда мешавад.

2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

5. Барои мақсадҳои Дастурамали мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

Индексатсия - усули зиёд кардани даромади пулӣ тавассути аз нав ҳисобикунӣ, ки барои қисман ё пурра ҷуброн намудани болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ имкон медиҳад;

Коэффитсиенти индексатсия - нишондиҳандаи махсус, ки афзоиши даромади расмишударо дар шароити болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар давраи муайян ба танзим медарорад.

3. ОБЪЕКТҲОИ ИНДЕКСАТСИЯ

6. Индексатсия ба даромадҳои пулии шахсони суғурташуда ва нафақагирон дахл дорад, ки дар шакли асъори миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд ва хусусияти пардохти яквақтаина надоранд, аз ҷумла:

- қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ;

- нафақаи меҳнатӣ бе дарназардошти иловапулию пардохтҳои иловагии муқарраршуда ба нафақа;

- сармояи шартии нафақавӣ, ки андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавиро муайян мекунад.

4. ШАРТҲОИ ФАРОРАСӢ ВА ҲАДДИ НИҲОИИ ИНДЕКСАТСИЯ

7. Индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, вақте ки ҳисоби шохиси нархҳои истеъмолӣ (таваррум), аз рӯи натиҷаи афзоянда, аз лаҳзаи индексатсияи охирин аз ҳадди ниҳоии индексатсия зиёд бошад.

8. Ҳадди ниҳоии индексатсия барои нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ 6 фоизро ташкил медиҳад.

5. ДАВРӢ БУДАНИ ИНДЕКСАТСИЯ

9. Индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ тибқи банди 7 дар як сол як маротиба гузаронида мешавад.

10. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ барои тамоми давраи собиқаи суғуртавӣ ҳангоми ҳисобӣ ё аз нав ҳисобӣ намудани қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯзи муроҷиати шахси суғурташуда гузаронида мешавад.

6. МУАЙЯН НАМУДАНИ АНДОЗАИ ИНДЕКСАТСИЯИ НАФАҚА

11. Андозаи индексатсияро муассисаи суғурта дар асоси маълумотҳои расмии оморӣ, ҳисобиҳои актуарӣ ва муқаррароти Дастурамали мазкур муқаррар менамояд.

12. Индексатсия гузаронида мешавад:

- барои нафақаҳои меҳнатӣ, ки андозаи онҳо ҳангоми гузаронидани индексатсия аз андозаи 28-каратаи нафақаи ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ зиёд набошад;

- барои қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ.

13. Андозаи индексатсияи қисми нафақавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ дар шакли маблағи муайяншуда, вобаста ба даромади буҷети муассисаи суғурта нисбат ба шумораи нафақагирони нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ дар соли ҷорӣ муайян карда мешавад.

7. КОЭФФИТСИЕНТИ ИНДЕКСАТСИЯИ САРМОЯИ ШАРТИИ НАФАҚАВӢ

14. Коэффитсиенти индексатсия барои сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи на бештар аз нишондиҳандаи таваррум, вобаста аз шохиси афзоиши музди миёнаи меҳнатии солона дар ҷумҳурӣ ва шохиси афзоиши даромади буҷети суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои давраи дахлдор муқаррар карда мешавад.

15. Коэффитсиенти индексатсия барои сармояи шартии нафақавӣ ҳамасола аз ҷониби муассисаи суғурта муқаррар карда мешавад.

8. ИНДЕКСАТСИЯИ САРМОЯИ ШАРТИИ НАФАҚАВӢ

16. Индексатсияи сармояи шартии нафақавии дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда баҳисобгирифташуда, бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин муайян карда мешавад:

- ҳисобӣ намудани қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ;

- аз нав ҳисобӣ намудани қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ.

17. Маблағи солонаи саҳмҳои суғурта барои ҳар як соли пардохти онҳо вобаста аз мӯҳлати пардохт, вуҷуд доштани қарз барои пардохт ва ҳисоби миёнаи коэффитсиенти индексатсия аз рӯзи пардохт то рӯзи баромадан ба нафақа индексатсия карда мешавад.

18. Дар сурати вуҷуд доштани қарз аз пардохти саҳмҳои нафақавӣ, индексатсияи саҳмҳои нафақавӣ бо тартиби зерин ба амал бароварда мешавад:

- қарзи умумии суғуртакунанда барои пардохти саҳмҳои нафақавӣ дар рӯзи гузаронидани индексатсия ҳамчун фарқияти маблағи умумии саҳмҳои ҳисоби шудаи нафақавӣ, ҷарима, фоизҳо ва маблағи умумии саҳмҳои нафақавии пардохтшуда бо ҷарима ва фоизҳо аз ҷониби муассисаи суғурта ба ҳисоб гирифта мешавад;

- агар суғуртакунанда қарздор набошад, пас индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда дар ҳаҷми пурра гузаронида мешавад;

- агар суғуртакунанда қарздор бошад, он гоҳ ҳисоби миёнаи коэффитсиенти индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ ба нишондиҳандаи қарзи умумӣ аз рӯи пардохти саҳмҳои нафақавӣ нисбат ба маблағи умумии саҳмҳои нафақавии гузаронидашуда баробар карда мешавад;

- дар сурати мавҷуд набудани иттилот оид ба қарздории суғуртакунанда аз рӯи пардохти саҳмҳои нафақавӣ индексатсия гузаронида намешавад;

- дар сурати пардохт намудани қарзи саҳмҳои нафақавӣ аз ҷониби суғураткунанда, қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ ҳангоми муроҷиати нафақагир аз нав ҳисобӣ карда мешавад.

9. АЗ НАВ ҲИСОБӢ НАМУДАНИ НАФАҚА

19. Дар ҳолати аз ҷониби нафақагир идома додани фаъолияти меҳнатӣ, нафақаҳои суғуртавию меҳнатӣ аз нав ҳисобӣ карда мешаванд.

20. Аз нав ҳисобӣ намудани нафақаҳои меҳнатӣ ва суғуртавӣ танҳо дар сурати пардохт гардидани саҳмҳои нафақавӣ гузаронида мешавад.

21. Ҳангоми аз нав ҳисобӣ намудани қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ, андозаи нав аз ҳисоби саҳмҳои нафақавии дар ин давра пардохтшуда бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

                            Н = Нт + СШН/Т,

дар ин ҷо

Н - нафақаи суғуртавӣ ё меҳнатӣ

Нт - нафақаи суғуртавӣ ё меҳнатии пеш аз нав ҳисобӣ намудаи ҳисобӣ таъиншуда;

СШН - сармояи шартии нафақавии аз ҷониби нафақагир пас аз таъин гардидани нафақаи суғуртавӣ ё меҳнатӣ ташаккулёфта;

Т - давраи пардохти пешбинишаванда баъди ба нафақа баромадан;

22. Аз нав ҳисобӣ намудани нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ баъди ду соли фаъолият ва ё пас аз анҷом додани фаъолияти меҳнатии нафақагир сурат мегирад.

10. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БАРОИ ИНДЕКСАТСИЯ

23. Манбаъҳои маблағгузории индексатсия барои нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ, маблағҳои буҷети суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мебошанд.

11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

24. Барои дурустӣ ва сари вақт аз рӯи индексатсия пардохт намудан масъулият ба зиммаи муассисаи суғурта гузошта шудааст.

25. Назорати дуруст ҳисобӣ намудан ва пардохти даромадҳои иловагӣ аз индексатсияро мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мекунад.

26. Баҳсҳо оид ба масоили индексатсия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.