Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура)
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Намунаи дипломи дараҷаи доктори фалсафа (РhD) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию илмии ҷумҳурӣ нақшаю барномаҳои таълимӣ, риштаҳои тахассусӣ ва стандартҳои фанниро мутобиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура) таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 августи соли 2013, № 341
ш. Душанбе