Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 287 "Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017

Бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, моликияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иншооти таъиноти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар иншоот аз сӯхтор, мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазифаи иҷрокунандаи давлатии Барнома ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шаванд:

- маблағгузориро барои амалигардонии Барномаи мазкур дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ мегардад, амалӣ намоянд;

- барномаҳои мақсадноки дохилӣ ва минтақавиро оид ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор қабул ва татбиқ намоянд".

4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад:

- ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони депоҳои оташнишониро омода намуда, ташхиси давлатӣ гузаронад;

- барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхторҳо дар заминаи Маркази таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷиҳати таъсис додани Маркази илмию таҳқиқотии Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ масъалаи тайёр намудани мутахассисонро дар муассисаҳои таълимӣ дар доираи квотаҳои барои Вазорат муқарраргардида ҳал намояд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017 дар анҷоми ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2013, № 287

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе обеспечения пожарной безопасности на 2013-2017 годы

В целях обеспечения соблюдения противопожарных правил и охраны жизни, здоровья и имущество граждан, собственности предприятий, учреждений и организаций, объектов производственного, социального, культурного назначения и других объектов от пожаров и в соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постанавляет:

1. Утвердить Программу обеспечения пожарной безопасности на 2013-2017 годы (прилагается).

2. Возложить на Министерство внутренних дел Республики Таджикистан функции государственного исполнителя Программы.

3. Обязать министерства, ведомства и местные исполнительные органы государственной власти:

- финансирование на реализацию данной Программы осуществить в рамках средств, ежегодно предусматриваемых в государственном бюджете;

- принять и осуществить внутренние и региональные целевые программы по обеспечению пожарной безопасности.

4. Обязать Министерство внутренних дел Республики Таджикистан:

- подготовить проектно-сметную документацию на строительство пожарных депо и провести государственную экспертизу;

- для проведения научно-исследовательских работ по предупреждению и ликвидации пожаров на базе Учебного центра Главного управления государственной противопожарной службы принять необходимые меры для организации Научно- исследовательского центра Государственной противопожарной службы Республики Таджикистан;

- по договорённости с соответствующими министерствами и ведомствами иностранных государств решить вопрос о подготовке специалистов в учебных заведениях в пределах установленных для Министерства квот.

5. Контроль за ходом исполнения данного постановления возложить на Министерство внутренних дел Республики Таджикистан.

6. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан о ходе выполнения Плана мероприятий Программы обеспечения пожарной безопасности на 2013-2017 годы в конце каждого года представить информацию Правительству Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 2 июля 2013 года, № 287