Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 300 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 600"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 600

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №600 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар сархати нӯҳуми банди 7 калимаи "фармону" ба калимаҳои "фармоишҳо, қарорҳо ва" иваз карда шавад;

- дар сархати нӯҳуми банди 11 калимаҳои "фармону супоришҳо медиҳад" ба калимаҳои "фармоишу супоришҳо медиҳад, инчунин" иваз карда шаванд;

- дар банди 12 калимаи "фармонҳои" ба калимаи "фармоишҳои" иваз карда шавад.

2. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №600 тасдиқ шудааст, сархати ҳафтум хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2013, № 300

ш. Душанбе