Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
Мутобиқи моддаҳои 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пардохти кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоатро бе ситонидани хароҷот барои хизматрасонии бонкӣ амалӣ намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, №347 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2013, № 293
ш. Душанбе