Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2013 № 460, аз 13.03.2015 № 152, аз 25. 09.2015 № 600)
Мутобиқи моддаи 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ" таъсис дода, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда шавад ().
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.
3. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2013, № 289
ш. Душанбе