Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" июли соли 2013 № 288
тасдиқ шудааст
Консепсияи мақсадноки миллии илмию таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Консепсияи мақсадноки миллии илмию таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ, таъмини мақоми сазовори инсон дар ҷомеа, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, муайян кардани дурнамоҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, омӯзиши раванди иҷтимоикунонии шахсият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
I. Муқаррароти умумӣ
1. Консепсияи мақсадноки миллии илмию таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028 дар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 167 тасдиқ шудаааст, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 114 тасдиқ шудааст ва мутобиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2011 масъалаҳои зарурати таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ, таҳлилу баррасии масъалаҳои бунёдӣ бо мақсади таъмини мақоми сазовори инсон дар ҷомеа ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ, мушкилию пешомадҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии он, омӯзиши раванди иҷтимоикунонии шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шуда буд.
2. Дар маркази Консепсияи мазкур инсон ва тамоми таҳаввулоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсие, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба амал омадаанд, барои беҳбудии ҳаёти одамон равона шудаанд. Навсозии ҷомеа амалӣ гардида истодааст, ки дар он инсон ҳамчун субъекти асосии таҳаввулоти муосир муайян мегардад. Шиори асосии Консепсияи мазкур "Ҳама чиз барои инсон ва барои зиндагии шоистаи ӯ" мебошад. Консепсияи мазкур масъулияти давлат, ҷомеаи шаҳрвандиро нисбат ба шахсият ва шахсро нисбат ба давлат ва ҷомеа, эътирофу эҳтироми волоияти қонун, арзишҳои волои демократӣ ва масъулияти инсонро ба ояндаи ҷомеа муайян менамояд. Эътирофи масъулияти тарафайни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз мақсадҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Дар шароити муосир раванди навсозӣ ва рушди устувор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ногузир мебошад. Зимнан пешравӣ ва рушди иқтисод бештар аз ҳисоби содироту фурӯши ашёи хом, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ва ғайра таъмин мешавад. Дар ин раванд тараққиёти технологияҳои пешқадам, дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна муҳим мебошад.
4. Рушди устувор барои расидан ба ҳадафҳои "Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015", иҷрои супоришҳое, ки дар паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, инчунин дар асоси татбиқи барномаҳои байналмилалӣ дар бахши паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра амалӣ мегардад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои ғании табиӣ ва зеҳнӣ мебошад, истифодаи босамар ва дурусти онҳо метавонад сатҳу сифати зиндагии аҳолиро ба маротиб боло бардошта, ба рушди инфрасохтор, таъмини амнияти мамлакат, рушди муносибатҳои озодонаи бозорӣ, инчунин баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
5. Ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, ки ба рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, дар навбати худ ба устувор намудани принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак мекунанд.
6. Дар чаҳорчӯбаи Консепсияи мазкур таҳқиқоти бунёдӣ дар самтҳои афзалиятноки илм, ки аслан барои таъмини ҳамаҷонибаи рушди инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди устувори давлату ҷомеа равона шудааст, дастгирӣ меёбанд.
7. Давлати дунявии Тоҷикистони муосир намунаи хуби муносибати таҳаммулпазирона бо ислом, ҳамзистии ҳизбҳои гуногун, ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои мухталиф мебошад. Тоҷикистон дар амал нишон дод, ки дар муддати хеле кӯтоҳ низои дохилиро бартараф карда, ба рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузаштан мумкин аст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёбад ва ба амнияти озуқаворию мустақилияти энергетикӣ ноил гардида, ин мақсадҳоро барои рушди инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ махсусан муҳим арзёбӣ намуд.
8. Дар марҳилаи имрӯза рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши ашёи хом ва маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мегардад. Зарур аст, ки истеҳсолот аз ҳисоби коркарди ашёи хоми ватанӣ ба роҳ монда шавад. Ба ғайр аз ин, барои пешрафти инсон роҳҳои алтернативии рушди иқтисодиёти кишвар муҳим мебошад.
9. Тафовут дар сатҳҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи демографӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ, сатҳи пасти фарҳанг ва забондонӣ, махсусан дар байни муҳоҷирон, боиси паст гаштани шаъну шараф ва поймол кардани ҳуқуқҳои онҳо дар хориҷа гаштааст.
10. Сабаби пурра ҳал нагаштани чунин мушкилот пеш аз ҳама набудани таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷонибаи илмии масъалаҳои зикршуда, равшан набудани мақсадҳо, вазифаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо, маҳдудияти ҷаҳонбинӣ, сатҳи пасти маърифату шуур ва нигилизми ҳуқуқию сиёсӣ дар байни як қисми ҷомеа мебошад.
11. Аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардан, таҳқиқ ва таҳияи механизмҳои ҳалли масъалаҳои зикргардида, муайян намудани вазифа ва марҳилаҳои татбиқи пешниҳодҳои дахлдор дар фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои ба ҳаёт татбиқ намудани назарияи амалии барномаҳои мушаххаси давлатӣ мусоидат мекунад.
12. Дар Консепсияи мазкур усулҳо, роҳҳо, вазифаҳо ва механизмҳои асосии ба даст овардани мақсадҳои таҳияшуда муайян мегарданд. Барои татбиқи Консепсия сафарбар намудани нерӯҳои ақлонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне олимони соҳаҳои таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сотсиологӣ, адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ лозим аст.
13. Дар Консепсияи мазкур мақсаду вазифаҳо, самтҳо, механизмҳо ва давраҳои пешравии фаъолияти таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои рушди инсон, таҳкими принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2028 муайян гардидаанд.
14. Мушкилот ва вазифаҳои зикршуда асоси таҳия ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ доир ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.
15. Дар асоси Консепсияи мазкур маҷмӯи чорабиниҳо барои рушди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда мешавад. Дар иҷрои чорабиниҳои мазкур ҳам муассисаҳои давлатӣ ва ҳам хусусию давлатӣ ва корхонаҳою муассисаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият, ки ин муштарак дар таҳкими принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор мебошанд, иштирок мекунанд.
16. Таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ӯҳдаи муассисаву ташкилотҳои давлатӣ, пеш аз ҳама ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мешавад .
II. Вазъи кунунии таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ
17. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ оид ба масъалаи эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар сатҳи конститутсионӣ, мутобиқ сохтани сохторҳои давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ бо принсипҳои демократӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ба низои шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва оқибатҳои он нигоҳ накарда, дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ як қатор ислоҳот гузаронида шуданд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ ва принсипҳои тақсимоти ҳокимият на танҳо яккаҳокимиятии давлати Шӯравиро иваз намуд, балки воқеан низоми ҳуқуқиро комилан дигаргун карданд. Ин заминаи кафолати таҳқиқоти самараноки илмӣ оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони бешаҳрванд гардид. Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва таъсиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 ҳамчун мақоми қонунгузор ба сифати қонунҳои қабулшаванда таъсири мусбат расонида, сатҳи онҳоро хеле баланд бардошт. Таъсиси Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва умумӣ, ки фаъолияти онҳо барои дар сатҳи баланд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ баррасӣ шудани арзу шикоятҳои мардум равона шудааст, барои амалӣ намудани принсипҳои демократии давлат ва рушди инсон мусоидат менамоянд.
18. Таҳқиқоти илмии гузаронидашуда нишон дод, ки раванди демократикунонии ҷомеа ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият бахшида, дар даҳсолаи аввали қарни XXI ҳизбҳои сиёсию ташкилотҳои гуногуни ғайритиҷоратӣ дар асоси манфиат муттаҳидшавии шаҳрвандонро таъмин намуда, дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии гурӯҳҳои аҳолӣ дар сатҳи давлатӣ ва маҳаллӣ саҳми худро мегузоранд. Масъалаҳои рушди мактаб, дастгирии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, кӯмаки ҳуқуқӣ ба занони бекор, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, дастгирии ислоҳот дар соҳаҳои гуногун ба пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намудаанд.
19. Ҳоло дар Тоҷикистон институтҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунанд, ки онҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ кӯмак намуда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо, чорабиниҳои ҳукуматиро баррасӣ менамоянд ва таклифҳои худро барои такмили онҳо пешниҳод мекунанд. Онҳо ташаббускори таъсиси марказҳои гуногун, мактабҳои касбомӯзӣ, забономӯзӣ, азхудкунии компютер ва ғайра мебошанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар самти мазкур масъалаҳое вуҷуд доранд, ки баррасӣ ва ҳалли онҳо дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла: ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди инсон, таъмини принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қатори чунин масъалаҳо дохил мегарданд.
20. Пешравии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминагузории иқтисодии рушди инсон ва таҳкими принсипҳои демократӣ вобаста мебошад. Дар баробари ин чандин масъалаҳои молиявӣ, фарҳангӣ, психологӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ низ вуҷуд доранд. Таъсири омилҳои беруна, вазъи ҷаҳони имрӯза ва минтақа низ дар ҳалли ин масъалаҳо нақши муайян доранд. Бешубҳа ҳокимияти давлатӣ бо такя ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди инсон қодир аст. Асоси натиҷаҳо ва ҳалли масъалаҳои зикршуда ва хулосаҳои илмию таҳқиқотӣ бояд заминаи назариявии мушаххаси олимонӣ бошад. Талаби асосӣ дар ин самт дуруст ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар татбиқи вазифаҳои Консепсияи мазкур мебошад.
21. Бо назардошти масъалаҳои мазкур зарур аст, ки дар самти арзёбии мутақобилаи омилҳои таърихӣ, фалсафӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, динӣ ва дигар омилҳо таҳқиқот гузаронида шавад, ки онҳоро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд, ба роҳ монда шавад. Яке аз омилҳои маҳдудсозандаи рушди ин масъала тараққӣ накардани илми сотсиология ва соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рушди илмҳои ҳуқуқӣ ва фалсафӣ дар ҷумҳурӣ идома ёфта, таҳқиқот дар ин самт аҳамияти муҳим доранд. Дар баробари илмҳои зикршуда воҳидҳои дигари илмие, ки ба омӯзишу баррасии масоили рӯзмарраи ҷомеашиносӣ машғуланд, масъалаҳои дурнамои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ бояд ҳамаҷониба таҳлил намоянд.
22. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри XX баъди аз байн рафтани режимҳои тоталитарӣ ва авторитарӣ ба арзишҳои низоми демократӣ рӯй овард. Дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати роҳи демократияро пешгирифта эътироф гардидааст.
23. Далелҳои таърихӣ собит мекунанд, ки демократияро бо роҳи инқилоб, зӯроварӣ ва диктатура амалӣ сохтан ғайриимкон аст. Ин раванд ба тадриҷ ва мунтазам амалӣ мегардад, аз ин рӯ бояд дар ҷомеа шароитҳои муайян ба вуҷуд оварда шавад, ки ба татбиқи раванди демократикунонӣ мусоидат намоянд.
24. Дар асоси дигаргуниҳои мусоид дар Тоҷикистон омилҳои зарурии иҷтимоӣ ташаккул ёфта, сатҳи таъмини моддии шаҳрвандон баланд мегардад ва нобаробарии иҷтимоӣ хеле коҳиш меёбад. Дар сохтори иҷтимоии ҷомеа синфи миёна ташаккул меёбад, ки намояндагии он дар институтҳои давлатӣ таҳияи механизмҳои роҳбарии демократиро ба вуҷуд меорад. Ҳамзамон, чунин заминаи зарурии раванди демократикунонӣ, ҳамчун сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, ки ба дарк ва арзёбии равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равона шудааст, аҳамияти муҳим пайдо мекунад.
25. Дар натиҷаи ҳамаи ин дигаргуниҳо, фарҳанги сиёсии ҷомеа дар умум ва сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа баланд гардида, боиси мустаҳкам гардидани таҳкурсии демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад.
26. Ин раванд аз олимони соҳаҳои ҳуқуқ, фалсафа, таърих, сотсиология ва сиёсатшиносии муосири тоҷик талаб менамояд, ки паҳлӯҳои мухталифи демократикунониро омӯхта, муваффақиятҳо ва камбудиҳои онро ошкор созанд. Ба масъалаҳои зайл бояд аҳамияти махсус дода шавад:
-хусусиятҳои баёни иродаи сиёсии халқ ҳангоми гузаронидани интихоботи озод дар асоси таъмини имконияти баробар ба тамоми ҳизбҳои сиёсӣ;
-тибқи моддаи 8 Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва ғоявӣ инкишоф меёбад. Бинобар ин дар давлати демократӣ ҳизбҳои расман дар қайди давлатибуда, тавассути барномаҳои худ ҳуқуқи тарғиб ва ҳимояи ғояҳои худро доранд;
-демократия бо конститутсионализм ва волоияти қонун алоқамандии бевосита дорад;
-демократия ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ менамояд;
-риояи қонунҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро таъмин мекунад, инчунин барои таҳаммулпазирӣ нисбат ба дину мазҳабҳо мусоидат менамояд;
- хусусияти ҷудонопазири ҷомеаи демократӣ дар тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад;
-ҳамчунин ба демократия принсипҳои дигар, аз қабили шаффофият, поквиҷдонӣ ва ғайра хос мебошанд. Тамоми хусусиятҳои зикршуда дар маҷмӯъ моҳияти демократияро ташкил медиҳанд.
27. Дар шароити ҳозираи Тоҷикистон зарурати омӯзиши ҳамаҷониба ва таҳқиқоти давомдори илмии принсипҳои демократия, аз он ҷумла, принсипҳои зерини он ба миён омадааст:
- амалишавии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда;
- кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- гузаронидани интихоботи шаффоф ва озод;
- волоияти қонун;
- адолати судӣ;
- маҳдудияти конститутсионии ҳокимият;
- таҳаммулгароӣ, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ, ба вуҷуд овардани имкониятҳо ҳамчун арзишҳои асосии ҷомеа.
28. Амалӣ гаштани принсипҳои мазкур барои пешравии ҳамаи ҷабҳаҳои ҷомеа, яъне такомулёбии шахсият ва озодии он шароит фароҳам меорад. Риояи принсипи баробарии сиёсӣ яке аз заминаҳои асосии низоми демократӣ ба ҳисоб меравад. Риоя нашудани он бошад, метавонад ба оқибатҳои пешбининашудаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварда расонад. Принсипи баробарӣ пеш аз ҳама имкониятҳои баробарро барои тамоми шаҳрвандон ифода мекунад.
29. Шарти зарурии ин принсип чунин аст, ки идоракунии демократӣ ҳамчун институте мебошад, ки дар он сиёсатмадорон ба манфиати халқ амал намуда, ба он такя менамоянд ва ҳатман бояд иродаи халқро ба инобат гиранд. Принсипи зикршуда бо принсипи дигар, яъне риояи ҳуқуқи ақаллият алоқаманд мебошад ва он мушкилотеро низ ба вуҷуд меорад, зеро ҳокимият нуқтаи назари аксариятро бояд дастгирӣ намояд.
30. Гуфтаҳои боло далели онанд, ки дар шароити ҳозираи ҷомеаи Тоҷикистон зарурат ба вуҷуд омадааст, ки тамоми паҳлӯҳои низоми демократӣ аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони касбӣ бо дарназардошти ҳуввият ва манфиати миллӣ, хусусиятҳои равонӣ ва таърихиву фарҳангии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ шаванд.
31. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон назарияҳое мавҷуданд, ки барои таҳқиқи илмии воқеияти сиёсӣ, таърихӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
32. Паҳлӯҳои дигари масъала ин аст, ки рушди илмҳои ҷомеашиносӣ бо супоришҳои истеҳсолӣ алоқаманд мебошад. Вале дар ҷумҳурӣ барои чунин таҳқиқоти илмӣ фармоишот вуҷуд надорад.
33. Вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистон ба таври фаъолона боло бурдани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеаро талаб мекунад.
34. Ҳамчунин, масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳи ҷиддии илмиро металабанд:
- дар ҷомеа ақидае ҷой дорад, ки мувофиқи он муносибати институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳокимият бояд дар асоси принсипҳои иерархӣ ба роҳ монда шавад. Вале таҷрибаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакатҳои демократияи пешрафта ин ақидаро инкор менамояд. Мутобиқ ба таҷрибаи онҳо муносибатҳои байни ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ принсипи шарикии эътирофшудаи умумиро ба вуҷуд меорад;
- масъалаҳои дигаре, ки ба таҳқиқот эҳтиёҷ доранд, ин ба роҳ мондани созиши муносибатҳои сеҷонибаи байни ташкилотҳои ғайридавлатӣ, соҳибкорон ва давлат мебошад;
- асоси муносибатҳои иҷтимоии шарикии мазкурро бояд таъсири мутақобилаи се қувваи иҷтимоӣ ташкил диҳад: сохторҳои давлатӣ (бахши аввал), ташкилотҳои тиҷоратӣ (бахши дуюм), ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ (бахши сеюм). Ҳамин тавр, принсипи иштироки ҳамаҷониба дар муносибатҳои мутақобилаи се бахш ифодаи худро меёбад. Таҳқиқот бояд ҳар се бахшро дар бар гирад то моҳияти онҳо аз нигоҳи илмӣ ошкор гардад.
35. Яке аз масъалаҳои асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор гардидани арзишҳо дар фарҳанг ва ҳуввияти миллии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падидаҳои иҷтимоии он, ба монанди мафҳумҳои "ҳуқуқи инсон", "волоияти қонун", "таҳаммулпазирӣ" ва ғайра ба шаҳрвандони Тоҷикистон фаҳмо мебошанд. Дарки амиқи ин мафҳумҳо дар ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон барои ворид шудан ба тамаддуни умумибашарӣ иқдоми ҷиддӣ хоҳад шуд.
36. Таҷрибаи воқеии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии мамлакатҳои Ғарб нишон медиҳад, ки барои бунёди низоми институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз заминаҳои зерин истифода намуд:
- таҳияи механизми таъсирбахши амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фароҳам овардани шароиту имкониятҳои воқеии иқтисодӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ барои инкишофи моликияти хусусӣ;
- ташаккули шароити мувофиқи иҷтимоию фарҳангии муосир барои пешравии ҷомеаи Тоҷикистон бо дарназардошти тағйироти бунёдӣ дар фарҳанги умумӣ ва сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, ки бояд мавриди таҳқиқи васеи илмӣ қарор гирад.
37. Барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароит ҷиҳати фаъолияти эҷодкоронаи шахс нақши муҳим мебозад. Таъсиси унсурҳои заминавии ҷомеаи шаҳрвандӣ чандон мушкил нест, лекин онҳоро нигоҳ доштан ва такмил додан хеле душвор аст.
38. Барои рушди демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки давлат ва мақомоти дахлдори давлатӣ қабул мекунанд, аҳамияти бузург доранд. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ барои таъмини принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми босазо мегузоранд.
39. Барои он ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун институти самарабахш ва пешрафта эътироф гардад, дар навбати аввал бояд намояндагони он, яъне шаҳрвандон фаъол бошанд. Зеро агар шаҳрванд аз як тараф ҳамчун омили таъсиррасонанда ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият кунад, аз тарафи дигар субъекти ташаккулёбии он мебошад.
40. Раванди иҷтимоисозӣ ин ҷараёни ташаккулёбии шаҳрванд бо роҳи азхуд кардани мафҳумҳо, меъёрҳо ва арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин малакаҳои амалисозии онҳо дар шароити мушаххаси таърихӣ ва давлатию миллӣ мебошад. Раванди мазкур бояд ба вазифаҳои мушаххаси иҷтимоӣ ва азнавсозии сиёсии ҷомеа комилан мувофиқ бошад.
41. Таҳқиқоти махсусгардонидашудаи илмӣ бояд омили муҳимтарини фарогири иҷтимоигардонии шаҳрвандон, яъне омӯзиши шаҳрвандон бошад. Низоми махсуси таълиму тарбия бояд таҳия ва такмили курсҳои омӯзишӣ, омода сохтани омӯзгорон, таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ, ба низом даровардани андеша ва мавқеи сиёсии дигар намояндагони ин раванд (оилаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, институтҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма, гурӯҳҳои касбӣ, гурӯҳҳои манфиатдор) ва таъсири мутақобилаи шахсият, ҷомеа ва давлатро дар бар гирад.
42. Қобили зикр аст, ки дар давлатҳои мутараққии демократӣ низоми институтсионалии самараноки иҷтимоигардонии шаҳрвандӣ ҷиҳати рушди донишу малакаҳои инсон таъсис дода шудаанд. Барномаҳои омӯзишии шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ ба гурӯҳҳои расмии махсус (ба мавзӯъ бевосита - бахшидашуда) ва ғайрирасмӣ (масоили мавзӯи шаҳрвандӣ, ки ба ҷараёни умумии таълим дохил мебошанд) ҷудо мешаванд.
43. Дар таҳқиқоти илмӣ дар марҳалаи ибтидоӣ қарор доштани рушди имрӯзаи таҳсилоти шаҳравандӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба назар гирифта шавад. Дар ҷумҳурӣ низоми институтсионалии иҷтимоигардонии шаҳрвандон таъсис дода нашудааст, бинобар ин ташаккулёбии ин институт ба низом дароварда нашудааст. Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соли таҳсили 2006 ба ивази фанни "Инсон ва ҷомеа", ки барои ташаккули донишҳои махсус ва пешрафти ҳаёти иҷтимоии шаҳрванд мусоидат мекард, фанни "Ҳуқуқи инсон" чорӣ гардидааст, ки бо таълими донишҳои ҳуқуқӣ маҳдуд шудааст. Албатта омӯзиши ин фан низ муҳим аст, лекин барои тавсеа додани донишҳои зарурии хонандагон дар самти ҳаёти шаҳрвандӣ, ахлоқ ва тамоюли равонии онҳо омӯзиши фанни "Инсон ва ҷомеа" низ зарур мебошад.
44. Таҳсилоти шаҳрвандӣ ҳоло асосан ба дӯши сохторҳои ғайридавлатӣ қарор дорад. Созмонҳои байналмилалӣ низ дар доираи лоиҳаҳои худ ташкилотҳои ғайридавлатии ватаниро дастгирӣ менамоянд. Аммо ба дастгирии онҳо нигоҳ накарда то ҳол аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ омода нагардидааст.
45. Ҳоло вақти он расидааст, ки ба бунёди пояи инфраструктураи шаҳрвандӣ, ки:
а) низоми таҳсилоти шаҳрвандӣ;
б) низоми амалисозӣ: технологияи интихобот (фаъол ва ғайрифаъол), иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо ва механизмҳои дигари сиёсӣ, иҷтимоӣ ва инфиродиро барои иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат дар бар мегирад, таваҷҷӯҳи махсус дода шавад.
III. Мақсадҳо, самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
46. Мақсади асосии таҳқиқоти рушди инсон қабл аз ҳама аз он иборат аст, ки он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бояд ҳамчун заминаи ҳарчи бештари илмии пешравии ақлонӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии инсон, ташаккули фарҳангу маърифат ва болоравии сатҳи таъминоти молиявӣ, ташаккули дарки масъулиятшиносӣ хизмат намояд.
47. Мақсади Консепсия - таҳлили илмии заминаҳои ба даст овардани мизони муносиби рушди самтҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун заминаи рушди устувори ҷамъият, инсон, давлат, болоравии сатҳи зиндагӣ, таъмини принсипҳои демократия мебошад.
48. Дар алоқамандӣ бо ин мақсад асоси Консепсия аз он иборат аст, ки сатҳи некӯаҳволии мардум набояд аз рӯи даромади ҳар як аъзои оила, балки аз нигоҳи таъмини шароити каноатбахши ҳаётӣ арзёбӣ гардад. Дар чунин ҳолат даромад мақсади ниҳоӣ набуда, ҳамчун воситаи интихобии хизматрасонии озод дар соҳаҳои тандурустӣ, дониш ва малакаи иқтисодию иҷтимоии шахс мешавад. Интихоби васеъ ва озод дар чунин ҳолат маънои кифоякунандаи интихоби озод барои мақсад ва тарзи зиндагии муносибро дорад. Аз нигоҳи илмӣ се нишондиҳандаи асоситарини рушди инсонро метавон ҷудо кард: дарозумрӣ, сатҳ ва сифати дониш, сатҳи зиндагӣ. Ҳар яке аз ин нишондиҳандаҳо дар навбати худ ба инсон имкониятҳои муайянеро ба вуҷуд меорад. Масалан, дарозумрӣ метавонад нишондиҳандаи ҳаёти хуб ва солим гардад. Сифат ва тарзи ҳаёт метавонад омили ҳавасмандии ғанигардонии дониш, муоширати мақсаднок ва иштироки фаъоли шахс дар ҳаёти ҷомеа гардад.
49. Аз мавқеи овардашуда бояд як қатор масъалаҳои илмии марбут ба рушди минбаъдаи инсон мавриди таҳқиқ қарор гиранд:
- таҳлил ва таҳқиқи қобилияти маърифатии дарки олам, ки асоси ҷаҳонбиниро ташкил медиҳад ва худ бунёди ақлонии рушди инсон ба ҳисоб меравад;
- муайян сохтани сабабҳои фаъолнокӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа ё ғайрифаъол будани инсон ва ё рафтори бепарвоёна доштан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсии худ;
- дуруст муайян намудани сатҳи тафаккури талабагон ва донишҷӯён, ки дар ояндаи наздик ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангии ҷомеаро идора мекунанд (масалан, тавассути санҷиш дар мактабҳои ибтидоӣ, таҳсилоти умумӣ, миёна ва мактабҳои олии касбӣ);
- таҳлил ва ошкор намудани натиҷаҳои татбиқи Консепсияи рушди маориф, ки ҳамчун роҳнамои бевоситаи рушди инсон маҳсуб мегардад.
50. Мақсади чунин таҳлил аз он иборат аст: кадом усули таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (фарҳангӣ ё антропологӣ) ба роҳ монда шудааст, Одатан ҳар ду усул дар таълиму тарбия истифода мешаванд, вале натиҷагирӣ аз ҳар кадоми онҳо гуногун мебошад. Бинобар ин принсипи асосиро бояд маълум намуд, ки таҳлили илмии дахлдорро талаб менамояд.
51. Дар ҷараёни таълиму тарбия нуқтаҳои зеринро ба назар гирифтан зарур аст:
- низоми маълумотгирӣ набояд шарти такмили ихтисос ва таҷрибаи истеҳсолӣ ҳисобида шавад;
- донишомӯзӣ бояд ҳамчун қисми таркибии фарҳанги ҷомеа эътироф гардад;
- усулҳои фаъолсозии ҳаёти занон берун аз истеҳсолот бояд мавриди таҳқиқ қарор гирад;
- мақоми зан дар ҷомеа бояд аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ гардад;
- афзалияти соҳаҳое, ки ба тарғибу тавсеаи тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд, асоснок карда шавад;
- дар асоси таҳқиқоти илмӣ аҳамияти ҳамкорӣ бо институтҳои ғайридавлатии ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд исбот карда шаванд;
- ба ӯҳдаи Академияи илмҳои тиббӣ вазифаи муҳими дуруст ба роҳ мондани ташкили таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ вогузор шавад;
- дар барномаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии соҳаи тандурустӣ зери мафҳуми "саломатӣ" на танҳо "бемор набудан", балки ҳолате мебошад, ки инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ худро хушбахт ҳис намояд. Бинобар ин, таҳлили тиббию антропологии усулҳои ноил шудани инсон ба чунин ҳолат зарур аст;
- таъмини ҳамаҷонибаи шароитҳои моддӣ ва маънавӣ дар раванди рушди инсон бояд ба рушди ҳаматарафаи қобилияти ҳар як фарди ҷомеа оварда расонад.
52. Нақши асосии рушди инсонро, ки бо тағйирот дар рушди иқтисодӣ, принсипҳои демократӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд аст, дар чаҳор рукни моддӣ ва маънавӣ баррасӣ кардан мумкин аст: "самарбахшӣ", "баробарӣ", "устуворӣ" ва "масъулиятнокӣ".
Самарбахшӣ. Одамон барои афзоиши маҳсулнокии фаъолият ва зиёд кардани даромади худ бояд имконият дошта бошанд. Аз ин рӯ рушди иқтисодӣ ва афзоиши музди меҳнат яке аз усулҳои рушди инсон ба ҳисоб мераванд.
Баробарӣ. Ҳамаи одамон дар оғози фаъолият бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд. Тамоми маҳдудиятҳое, ки ба ҷинс, нажод, миллат, пайравӣ ба дину мазҳаб, мавқеи иҷтимоӣ, ҷои истиқомат, дараҷаи некӯаҳволӣ, хешу таборӣ, аз нигоҳи минтақа ва ғайра вобастагӣ дошта садди роҳи ба даст овардани имконот дар ҳаёти иҷтимоӣ мегарданд, бояд аз байн бардошта шаванд.
Устуворӣ. Асоси ин мафҳумро асли "умумияти ҳуқуқи инсон" ташкил медиҳад, ки мутобиқи он дастрасӣ ба имконот на танҳо барои насли имрӯза, балки барои наслҳои оянда кафолат дода мешавад. Устуворӣ тақсимоти одилонаи тамоми неъматҳои моддӣ ва маънавиро барои наслҳои имрӯза ва фардо талаб мекунад. Чунин адолат ҳамчун баробарии имконот маънидод мегардад. Татбиқи имконот масъалаи интихоби шахсии ҳар як насл ба ҳисоб меравад.
Масъулиятнокӣ. Тараққиёт бояд на танҳо ба нафъи мардум, балки бо кӯшиши онҳо низ амалӣ гардад. Одамон бояд дар раванди қабули қарорҳои барои зиндагии ояндаашон муҳим фаъолона иштирок намоянд. Дар ҳалли ин мушкилот нақши сиёсати иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ хеле бузург аст. Бинобар ин вусъати имкониятҳо масъулиятро дар назди оила, ҷомеа ва инсоният зиёдтар мекунад.
53. Аз ҳамин сабаб, рушди инсон ҳамчун раванди ташаккулёбии имкониятҳо ва қобилияти ӯ бояд мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор гирад. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқи илмии ин раванд бояд аз масъалаҳои зерин иборат бошад:
- асосҳои илмии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инсон;
-омӯзиши вазъи ҳуқуқии инсон, омилҳои ахлоқию равонии эътироф, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, ташаккули афкори ҷомеа оид ба арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ;
- мафҳум, моҳият ва намудҳои принсипҳои демократӣ;
- таърих, ташаккул, таркиб, моҳият, мақсад ва вазифаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- усул ва воситаҳои татбиқ ва такмили принсипҳои мушаххаси демократӣ дар ҳаёти ҷомеа;
- омилҳо ва воситаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии он;
- ҷанбаҳои фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию таърихии рушди ғояҳои демократӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- таносуби ҷомеаи анъанавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: умумият ва тафовутҳои мазмун ва моҳияти онҳо;
- таҳлили тарҷеии (ретроспективии) таърихи давлатдорӣ ва воқеияти ҳуқуқии ҷомеаҳои таърихии тоҷикон;
- ошкор ва таҳлил намудани назария ва ғояҳои демократӣ, инчунин ғояҳои оид ба ҷомеаи намунавӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон;
- таҳлили таълимоти фалсафӣ, таърихӣ, зебоишиносӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, экологии ниёгон вобаста ба фаъолияти ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, боло бурдани шуур ва худшиносии миллӣ;
- пешниҳоди барномаҳои ҷадид оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, шаклҳои нави хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори минтақаҳо, роҳҳо ва меҳмонхонаҳо, шаклҳои нави туризм, кӯҳнавардӣ, соҳаҳои мувофиқи варзиш, тарбияи қаҳрамонҳои варзиш;
- таҳияи моделҳои устувори истеҳсолот ва истеъмолот;
- истифодаи технологияҳои бехатари экологӣ;
- рушди устувори низоми нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- навъҳои самарабахши истифода ва сарфаи захираҳо дар мамлакат;
- мушкилоти рушди баробар ва устувори минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи афзалиятҳои ҳар як минтақа ба манфиати аҳолии он ва Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мушкилоти баланд бардоштани дараҷаи амнияти иҷтимоии аҳолӣ, таҳкими мубориза бо камбизоатӣ ва нобаробарии гендерӣ;
- дастгирӣ ва рушди илму маориф барои ба даст овардани рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани вазифаҳои консепсия;
- мушкилоти нигоҳдорӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии аҳолии мамлакат;
- дарёфти механизмҳои пешгирӣ ва кам кардани хатари экологӣ ба саломатии аҳолӣ;
- омӯзиши мушкилоти нигоҳдории гуногунии биологии табиат; -таҳияи технологияҳои монеъкунандаи хуруҷи буғу газҳое, ки қабати озонии атмосфераро вайрон мекунанд;
- таҳқиқ ва пешниҳоди технологияҳо оид ба гирифтани оби ошомидании босифат;
- таҳқиқ ва ҳалли мушкилоти экологии байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- таҳқиқи мушкилоти амнияти радиатсионӣ ва биохимиявӣ;
- муайян намудани таъсири институтҳои гуногун ба раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани хусусиятҳои муносибати мутақобилаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои дигар;
- муайян намудани талабот ва мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон;
- дарёфти имконот ва дурнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ.
54. Принсипҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ оид ба татбиқи Консепсияи мазкур аз инҳо иборатанд:
- аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани ҷалби тамоми ҷомеа ба раванди расидан ба рушди устувори инсон ва таъсиси заминаи сиёсии рушди устувор дар Тоҷикистон;
- ҳамгироии муассиса ва ташкилотҳо, таъмини мураттабӣ дар идораи давлат, баланд бардоштани натиҷаи пешгӯӣ, банақшагирӣ ва танзими илмии мушкилоти ҳалталаб;
- ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ба даст овардани рушди иқтисодӣ дар натиҷаи ба амал ҷорӣ намудани технологияҳои нав, пешниҳод ва хулосаҳои илмӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ;
- таъмини рақобатпазирии илм ва маориф;
- дарёфти роҳ ва воситаҳои беҳдошти вазъи саломатии аҳолӣ, тарбияи ҷисмонӣ, вазъи демографӣ дар натиҷаи татбиқи талаботи ҷомеаи солим;
- таҳлилу пешниҳод ҷиҳати ташаккули шуури аҳолӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист, дарёфт ва тарбияи ҷавонони лаёқатманд, кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот;
- таъини соҳаҳо ва усулҳо барои рушди минтақаҳо дар заминаи рушди инфрасохторӣ;
- истифодаи ғоя ва назарияҳои ниёгон дар ташаккули идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи принсипҳои демократӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- такмили қонунгузорӣ дар заминаи омӯзиши таърихи давлатдорӣ ва ҳуқуқ, таҷрибаи ниёгон ва амалияи давлатҳои пешрафтаи Шарқ ва Ғарб;
- принсипи банақшагирӣ ва идораи барномавии мақсадноки татбиқи лоиҳаҳо;
- принсипи маблағгузории стратегии рушди инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- принсипҳои озодии иттилоот, мухторият, ҳамкорӣ ва мавҷудияти низоми муайян дар таҳқиқот.
55. Барои ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда ҳалли вазифаҳои зерин лозим аст:
а) Тайёрӣ барои гузаронидани таҳқиқот вобаста ба самтҳои афзалиятнок:
- қабули Стратегияи нави рушди илм;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқот, ки аз буҷет ва фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегарданд;
- фармоишоти давлатӣ ба институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва воҳидҳои илмии вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва муқаррар намудани мӯҳлати иҷрои кор;
- таҳияи нақшаҳои панҷсола ва бисёрсолаи илмию таҳқиқотӣ;
- гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои пешниҳодшуда;
- мусоидат ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос;
- дастгирии мутахассисон ва ташкилотҳое, ки ба таҳқиқоти сотсиологӣ машғуланд;
- дуруст ба роҳ мондани назорати ҷиддии мавзӯи таҳқиқоте, ки ба иҷрои Консепсия равона шудаанд, ислоҳ ва андешидани чораҳои ҳавасмандсозии муассиса ва ходимони илмии пешқадам;
- ба даст овардани натиҷа ва хулосаҳои таҳқиқот;
- таҳияи пешниҳодҳо барои такмили қонунгузорӣ, таҳияи механизмҳои амалисозӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ;
б) Таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди инсон, аз ҷумла боло бурдани дарозумрӣ. Барои амалӣ намудани ин вазифа иҷрои корҳои зерин зарур мебошанд:
- баланд бардоштани дараҷаи амнияти иҷтимоӣ ва ҷорӣ намудани фарҳанги бехатарии фаъолият;
- омода намудани пешниҳодҳо оид ба таъмини пурраи аҳолӣ бо оби ошомидании хушсифат, ки ба талаботи меъёрҳои физиологӣ мувофиқ мебошад;
- таҳияи механизмҳои пешгирӣ ва кам кардани хатарҳои экологӣ ба солимии аҳолӣ;
- такмили воситаҳои мубориза бо камбизоатӣ;
- паст кардани сатҳи зарарҳои ҷисмонӣ (травматизм) аз садамаҳои нақлиётӣ, роҳҳо, садамаҳо дар истеҳсолот ва соҳаҳои маишӣ;
- ҳавасмандсозии аҳолӣ бо роҳи тарғиби стандартҳои ҳаёти солим аз байн бурдани норасоии унсурҳои гуногуни барои ҳаёт зарур (калтсий, йод, селен ва дигар микроэлементҳо);
- пешниҳоди чорабиниҳои иқтисодӣ барои устувории оила, таваллуди кӯдак, беҳдошти низоми ҳифзи модар ва кӯдак, банақшагирии оила;
- таҳияи нақшаҳои рушди инфрасохторӣ дар шаҳр ва деҳоти мамлакат;
- баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва муассисаҳои олии касбӣ;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарғиби фарҳанги муошират;
- рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзоиши марҳилавии маоши кормандон, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, махсусан гурӯҳи камбизоати он.
в) Беҳтар намудани сифати муҳити зист. Асоси амалисозии ин вазифа дар таҳқиқи илмии масъалаҳои зерин аст:
- таҳияи воҳидҳои рушди истеҳсолоти корхонаҳои бузург, гузариш ба технологияҳои беҳтари мутобиқ ба талаботи экологияи маҳал;
- ҳифзи муҳити зист, манзара (ландшафт) ва гуногунии биологии маҳалҳо;
- ҷорӣ намудани механизми аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки ҳифзи муҳити зист;
- рушди объектҳои имконпазири энергетикӣ;
- истифодаи васеи механизмҳои шартномаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳо барои беҳтар кардани вазъи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тоза кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партовҳои радиоактивӣ ва ғайра.
г) Таъмини татбиқи самарабахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои Консепсия. Барои ҳалли вазифаҳои мазкур чунин корҳо бояд иҷро шаванд:
- муттаҳидсозии нерӯҳои сиёсии давлат бо мақсади рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди инсон, ваҳдати миллӣ, сулҳ ва тартиботи иҷтимоӣ;
- дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки манфиати миллати тоҷик ва тоҷикистониён, аз ҷумла насли ояндаро ҳимоя менамоянд;
- таъмини иштироки фаъол ва воқеии Тоҷикистон дар кори ташкилотҳои байналмилалӣ ва гузаронидани форумҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон;
- таҳияи механизмҳои рушди самараноки низоми худидоракунии маҳаллӣ;
- чорабиниҳо оид ба ҳимояи босамари шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла муҳоҷирон дар давлатҳои дигар;
- асосҳои қонунгузорию ташкилии таъсиси шароитҳои беҳтарини истиқомату кори шаҳрвандони тоҷик дар давлатҳои дигар;
- муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти бобарори иқтисодӣ ва тиҷоратии шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва берун аз он;
- тарғиби тарзи ҳаёти солим, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, принсипҳои демократӣ, ташаккули ҳокимияти давлатӣ дар заминаи таҷзияи ҳокимият, мусоидат ба татбиқи принсипҳои волоияти қонун, волоияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба қонунҳои дигар;
- мусоидат ба ташаббуси шаҳрвандон дар ҳалли вазифаҳои муҳими ҷамъият ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ки давлат наметавонад дар шароити кунунӣ бо сабабҳои гуногун бевосита амалӣ намояд;
- муайян намудани хусусиятҳои муносибатҳои мутақобилаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- муайян намудани хусусиятҳои муносибатҳои тарафайни бахши соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- муайян намудани махсусиятҳои муносибатҳои тарафайни ташкилотҳои байналмилалӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- баҳодиҳии сарварони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рушди ин бахш дар Тоҷикистон.
IV. Идоракунии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ
56. Идоракунӣ ва назорати татбиқи Консепсияи илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи рушди инсон, таҳкими принсипҳои демократия ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатӣ, Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ мегардонад .
57. Дар қатори корҳои илмию таҳқиқотӣ маҷмӯи корҳои ташхису таҳлилӣ бурда мешаванд, ки барои таъмин намудани самтҳои муҳимтарини таҳқиқот, хоста гирифтани лоиҳаҳои беҳтарини таҳқиқотӣ, арзёбӣ, ислоҳи онҳо ва амалисозии натиҷаҳои бадастомада заруранд.
58. Нақши асосиро дар татбиқи мақсадҳои Консепсияинститутҳои таҳқиқотии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии таҳқиқотии илмӣ мебозанд. Академияҳо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дар амалия ҷорӣ намудани самараи корҳои таҳқиқотии илмиро таъмин месозанд.
59. Маркази ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
60. Барои идораи бевоситаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи рушди инсон, таҳкими принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад. Ба кори Шӯро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд. Шӯро механизми асосии ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии илмӣ оид ба масъалаҳои ташкилӣ, сохторӣ, касбӣ, буҷавӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи рушди инсон, таъмини принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
61. Ба ҳайати Шӯро намояндагони илм, мутахассисони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дохил мешаванд.
62. Дар назди Шӯро бояд Комиссияи ташхис таъсис дода шавад, ки барои баҳои илмӣ додан ва таъмини иттилоотии принсипҳои демократии рушди инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъул мебошад.
63.Фаъолияти институтҳои илмию таҳқиқотӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо дарназардошти афзалиятнокии масъалаҳои рушди инсон, таъмини принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои Консепсия равона карда шаванд.
64. Татбиқи натиҷаҳои Консепсия ва самтҳои асосии он бояд дар ҳамкорӣ бо ташкилоту иттиҳодияҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла тавассути таъсиси маркази ҳамоҳангсозии ғайридавлатӣ амалӣ гардонида шавад.
V. Механизмҳои татбиқи Консепсия
65. Азбаски Консепсияи мазкур илмию таҳқиқотӣ аст, механизми муҳимтарини амалисозии он гузаронидани таҳқиқот дар самтҳои муайяншуда ба шумор меравад. Татбиқи он бо усули лоиҳавию барномавии иҷрои кор, арзёбӣ, муносибсозии хароҷот бо истифодаи маблағгузории мақсаднок аз буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигар иҷро мегардад.
66. Усулҳои лоиҳавию барномавӣ, муносибатҳои байнисоҳавӣ ва байниидоравии сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, баъзан байналмилалиро фаъол мегардонад, ки он имконотро барои бурдани сиёсати ягона дар соҳаи рушди инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам меорад.
67. Корҳои илмию таҳқиқотӣ сарчашмаи муҳимтарини лоиҳаҳои инноватсионӣ буда, технологияҳои таҳия ва амалисозии сармоягузорӣ, таъмини иттилоотӣ, гузаронидани мониторинг ва ҳисобот оид ба натиҷаҳои ба нақша гирифташударо пешбинӣ менамояд.
68. Консепсияи мазкур тавассути таҳияи барномаҳои мақсаднок оид ба ҳар як самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ татбиқ мегардад.
69. Барои таъмини самараноки фаъолияти илмию таҳқиқотӣ инчунин барномаҳои мақсаднок, таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои таъминсозанда оид ба як қатор самтҳо (ки ҳар сол аниқ карда мешаванд), зарур аст.
70. Маблағгузории фаъолияти илмию таҳқиқотӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои тадқиқотҳои илмӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок, дастгирии шарикии иҷтимоӣ пешбинӣ карда мешаванд ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷавӣ, грантҳо ва сарчашмаҳои иловагӣ пешбинӣ мегардад.
VI. Меъёрҳои баҳодиҳии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ
71. Меъёрҳо, воҳидҳо ва индикаторҳои татбиқи Консепсияи мазкур мисли дигар лоиҳаҳои илмӣ муайян карда мешаванд.
72. Дар асоси Консепсия ва барои татбиқи он то охири соли 2013 Барномаи илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи рушди инсон, таҳкими минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия мегардад.
73. Татбиқи Консепсия се давраро дар бар мегирад:
а) Давраи гузариш (солҳои 2013-2014). Дар ин давра Барномаи давлатӣ қабул мешавад, барномаҳо таҳия мегарданд, гурӯҳҳои корӣ муайян карда мешаванд.
б) Давраи якум (солҳои 2013-2017):
- марҳилаи 1 - омӯзиши таърихи рушди инсон, демократия ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. Муқаррар намудани равишҳо дар назария ва усулҳои омӯзиш;
- марҳилаи 2 - мониторинги вазъи кунунии масъалаҳои вобаста ба соҳаи рушди инсон, таҳкими демократия ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- марҳилаи 3 - таҳдили асосҳои моддӣ, маънавӣ, равонӣ, фарҳангӣ ва заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди инсон, принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Давраи дуюм (солҳои 2018-2022):
- самти якум - таҳқиқи ҷанбаҳои фалсафию ҳуқуқии масъалаҳои рушди инсон, принсипҳои демократия ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давлатҳои хориҷӣ;
- самти дуюм - таҳқиқи ҷанбаҳои иқтисодии соҳаи рушди инсон, принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- самти сеюм - таҳқиқи масъалаҳои сиёсиву фарҳангии рушди инсон, принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
г) Давраи сеюм (солҳои 2023-2028):
- самти якум - таҳқиқоти муқоисавии фалсафию ҳуқуқии рушди инсон, принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- самти дуюм - таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ ва муайянсозии дурнамои рушди инсон, принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- самти сеюм - таҳқиқоти муқоисавии сиёсиву фарҳангии масъалаҳои рушди инсон, принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа.