Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013, № 253 "Дар бораи Номгӯи объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо таҳияи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2018 № 532 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯи объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо таҳияи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо таҳияи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, №464 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июни соли 2013, № 253

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2013, № 253

тасдиқ шудааст

НОМГӯИ объектҳо ва намудҳои фаъолият, ки барои онҳо таҳияи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад

1. Объектҳо ва намудҳои фаъолияте, ки ба гурӯҳи I таъсир ба муҳити зист мансубанд (дорои хавфи баланд):

- шоҳроҳҳо, метро, роҳҳои оҳан, шоҳроҳҳои суръатбаланд ва терминалҳои мошинҳои боркаши таъиноти ҷумҳуриявӣ;

- фурудгоҳҳои хатти парвозашон 2100 метр ва зиёда аз он;

- базаи нафт ва маҳсулотҳои нафтии гурӯҳи I ва II;

- обанборҳои ҳаҷмашон аз 200 млн.м(3) зиёд;

- фабрикаҳои маъдантозакунии кӯҳии иқтидори истеҳсолиашон аз 1 млн. тонна маъдан зиёд дар як сол;

- партовгоҳҳои партовҳои сахти маишии шаҳрӣ (барои шаҳрҳои аҳолиашон аз 200 ҳазор нафар зиёд);

- нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори аз 300 МВт зиёд;

- истихроҷи ашёи хоми маъданӣ ва кӯҳию химиявӣ бо ҳаҷми ҷинсҳои кӯҳии 200 млн. м(3)/сол ва зиёда аз он, рекултиватсияи карерҳои дар натиҷаи истихроҷ бавуҷудомада;

- истихроҷи захираҳои сӯзишворӣ (нафт, газ, ангишт ва ғайра);

- заводҳои металлургияи сиёҳ ва ранга;

- корхонаҳои пӯсту чарм;

- иншооти канализатсионии иқтидорашон зиёда аз 200 ҳазор м(3) дар як шабонарӯз;

- хатҳои интиқоли барқи таъиноти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- каналҳои магистралии қобилияти обгузарониашон зиёда аз 150 м(3) дар як сония ва коллекторҳо бо сарфи лоиҳавию ҳисобиашон зиёда аз 50 м(3) сония;

- саноати мошинсозӣ (ҳавопаймосозӣ, автомобилсозӣ, тракторсозӣ, муҳарриксозӣ ва ғайра);

- ҷойҳои нигоҳдорӣ ва ё гӯркунии партовҳои заҳрнок, ҳамчунин полоишгоҳҳо;

- заводҳои партовсӯзонӣ;

- қубурҳои нафт/гази таъиноти ҷумҳуриявӣ;

- корхонаҳои коркарди нафту газ;

- сарбандҳои категорияи I ва II;

- анборҳои зеризаминии нигоҳдории газ;

- полоишгоҳҳои зеризаминии ишқоркунонӣ;

- корхонаҳои истифодабарандаи технологияи ишқоркунонии тӯдагӣ;

- корхонаҳои коркарди партовҳои хатарноки гурӯҳи I ва II;

- корхонаҳои истифодабарандаи биотехнология;

- истеҳсоли аккумулятор ва батареяҳои галваникӣ;

- истеҳсоли асбест (сангпахта) ва маҳсулоти асбестӣ;

- истеҳсоли маводи тарканда;

- истеҳсоли таҷҳизот ва ё дастгоҳҳое, ки дар таркибашон моддаҳои заҳрнок дошта, тибқи шартномаҳои байналмилалӣ танзим карда мешаванд;

- истеҳсол, истифода ва нигоҳдории моддаҳои радиоактивӣ (изотопҳо);

- истеҳсоли резина ва маҳсулоти резинии техникӣ;

- истеҳсоли шишаи дорои омехтаҳои заҳрнок;

- истеҳсоли маҳсулоти тамоку;

- истеҳсоли семент;

- рекултиватсияи полоишгоҳҳои партовҳои заҳрнок;

- анборҳои моддаҳои химиявии таъиноти ҷумҳуриявӣ;

- нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳои сӯзонанда бо иқтидори ҳароратии 300 МВт ва зиёда аз он;

- корхонаҳои нассоҷӣ;

- завод ва фабрикаҳои дорубарорӣ;

- муҷтамаъ ва заводҳои химиявӣ;

2. Объектҳо ва намудҳои фаъолияте, ки ба гуруҳи II таъсир ба муҳити зист мансубанд (дорои хавфи миёна);

- роҳҳои автомобилгарди таъиноти вилоятӣ;

- заводҳои асфалту бетонбарорӣ;

- фурудгоҳҳои хатти парвозашон то 2100 метр;

- базаҳои нафту маҳсулоти нафтии гурӯҳи III;

- пармакунии чоҳҳои нафту газ;

- иншооти гидротехникии обгирии обҳои зеризаминии таъиноти байнивилоятӣ;

- обрасонҳои таъиноти ҷумҳуриявӣ ва байнивилоятӣ;

- обанборҳои ҳаҷмашон то 200 млн.м(3);

- нерӯгоҳҳои барқи обии иқтидорашон 30 МВт ва камтар аз он;

- партовгоҳҳои шаҳрии партовҳои сахти маишӣ (барои маҳалҳои аҳолинишини аҳолиашон аз 100 то 200 ҳазор нафар);

- фабрикаҳои маъдантозакунии иқтидори истеҳсолиашон то 1 млн. тонна маъдан дар як сол;

- депоҳои роҳи оҳан;

- истихроҷи ашёи хоми маъданӣ ва кӯҳию химиявӣ бо ҳаҷми ҷинсҳои кӯҳӣ то 200 млн. м(3) дар як сол ва рекултиватсияи карерҳои дар натиҷаи истихроҷ ҳосилшуда;

- истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул дар ҳаҷми зиёда аз 30 ҳазор м(3) дар як сол;

- роҳҳои оҳани таъиноти идоравӣ;

- иншооти канализатсионии тозакунанда бо иқтидори аз 50 то 200 ҳазор м(3) дар як шабонарӯз;

- муҷтамаъҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва иловагиҳои биологӣ;

- хатҳои интиқоли барқи таъиноти вилоятӣ;

- саноати нахресӣ;

- каналҳои магистралии иқтидори обгузарониашон аз 100 то 150 м(3) дар як сония ва коллекторҳои сарфи лоиҳавию ҳисобиашон зиёда аз 20 то 50 м(3) дар як сония;

- комбинат ва фабрикаҳои мебелбарорӣ;

- комбинатҳои ордбарорӣ;

- заводҳои коркарди партовҳо;

- қубурҳои нафт/гази таъиноти вилоятӣ;

- азхудкунии заминҳои нав дар майдони зиёда аз 100 гектар;

- сарбандҳои гурӯҳи III ва IV;

- корхонаҳои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ;

- корхонаҳои рангкунӣ ва локкунии пӯст;

- корхонаҳои коркарди пахта;

- корхонаҳои рангуборкунии матоъ ва коғаз бо локи ҳаҷмашон 300 тонна дар як сол;

- корхонаҳои коркарди партовҳои хатарнокии гурӯҳи III;

- корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, ғайр аз истеҳсоли асбест ва семент;

- истеҳсоли коғаз ва картон;

- истеҳсоли плитаҳои чӯбию парахагӣ ва чӯбию нахӣ;

- истеҳсоли нахи шишагӣ;

- истеҳсоли газҳои инертӣ;

- истеҳсоли маводи косметикӣ;

- истеҳсоли рангкунандаҳо;

- истеҳсоли маҳсулоти полимерӣ ва маводи синтетикӣ;

- истеҳсоли дастгоҳҳои электротехникӣ;

- фабрикаҳои ресмонресӣ ва бофандагии дорои сехҳои рангкунӣ ва коркардкунӣ;

- фабрикаҳои паррандапарварӣ;

- ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданоки марбут ба коркарди кӯҳӣ;

- саноати радиотехника ва электроника;

- таҷдид ва беҳдошти мелиоративии заминҳои обёришавандаи кӯҳна бо масоҳати зиёда аз 1000 гектар;

- анборҳои моддаҳои химиявии заҳрноки таъиноти вилоятӣ;

- нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳои сӯзонанда бо иқтидори ҳароратии аз 100 то 300 МВт;

- саноати коркарди пахта.

3. Объект ва намудҳои фаъолияте, ки ба гурӯҳи III таъсир ба муҳити зист мансубанд (дорои хавфи паст):

- роҳҳои автомобилгарди таъиноти маҳаллӣ;

- нуқтаҳои таъмири автомобилҳо, таваққуфгоҳҳо;

- нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории нафтӣ ва газ;

- иншооти гидротехникии обгирии обҳои зеризаминии таъиноти вилоятӣ;

- иншооти обрасонии таъиноти вилоятӣ ва ноҳиявӣ;

- хатҳои интиқоли гази таъиноти шаҳракӣ;

- истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул бо ҳаҷми камтар аз 30 ҳазор м(3) дар як сол;

- комплексҳои чорводорӣ;

- анборҳои ғалланигоҳдорӣ;

- хоҷагиҳо оид ба парвариши ҳайвонҳои ваҳшӣ;

- иншооти канализатсионии тозакунанда бо иқтидори камтар аз 50 ҳазор м(3) дар як шабонарӯз;

- фабрикаҳои қолинбофӣ;

- сехҳои хурди шаробпазӣ ва истеҳсоли нӯшокиҳои ферментдор;

- сехҳои хурди истеҳсоли масолеҳи гилӣ ва маводи сохтмонӣ;

- сехҳои хурди коркарди пӯст;

- каналҳои магистралии иқтидори обгузарониашон камтар аз 100 м(3) дар як сония ва коллекторҳои сарфи лоиҳавию ҳисобиашон камтар аз 20 м(3) дар як сония;

- нерӯгоҳҳои барқи обии хурд (бо иқтидори камтар аз 30 Мвт);

- саноати гӯшт (забҳ ва коркард);

- анборҳои маҳсулоти нафтии корхонаю ташкилотҳо;

- азхудкунии заминҳои нави масоҳаташон то 100 гектар;

- коркард ва консервкунонии маҳсулоти кишоварзӣ;

- партовгоҳҳои партовҳои сахти маишӣ барои маҳалҳои аҳолинишини аҳолиашон камтар аз 100 ҳазор нафар;

- корхонаҳои коркарди масолеҳи рӯшноиҳискунанда;

- корхонаҳои коркарди пашм;

- корхонаҳои коркарди партовҳои хатарнокиашон гурӯҳи IV;

- корхонаҳои коркарди нахи пахта;

- корхонаҳои рангуборкунии матоъ ва коғаз бо локи ҳаҷмашон то 300 тонна дар як сол;

- муассисаҳои хӯроки умумӣ бо зиёда аз 50 ҷойи нишаст;

- истеҳсоли асфалту бетон дар дастгоҳҳои ғайристатсионарӣ;

- истеҳсоли масолеҳи ороишие, ки дар сохтмон истифода бурда мешаванд;

- истеҳсоли пойафзол;

- истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво;

- истеҳсоли собун;

- истеҳсоли маҳсулот аз шишае, ки партовҳои заҳрнок надорад;

- истеҳсоли мебел;

- истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва кулолӣ;

- истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, корҳои тиллою оҳангарӣ ва рӯйпӯшкунӣ бо металлҳои қиматбаҳо;

- фабрикаҳои ресандагӣ ва бофандагии бе рангуборкунӣ ва сафедкунӣ;

- фермаҳои паррандапарварӣ;

- таҷдид ва беҳдошти мелиоративии заминҳои корам дар майдони аз 100 то 1000 гектар;

- таъмири муҳаррик ва мошинҳо, аз он ҷумла рангкунии онҳо;

- таъмири маҳсулоти резину техникӣ бо таъмири шина;

- хоҷагиҳои моҳипарварӣ, аз он ҷумла коркарди моҳӣ;

- бозорҳо бо зиёда аз 50 ҷойи нишаст;

- васлкунӣ ва таъмири асбобҳои барқӣ;

- анборҳои маҳсулоти кишоварзӣ;

- анборҳои заҳрхимикатҳои таъиноти ноҳиявӣ;

- объектҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

- матбааҳо;

- гармхонаҳои дегхонадор;

- стансияҳои барқии ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳо барои сӯзонидан бо иқтидори то 100 МВт;

- депоҳои трамвай ва троллейбус;

- стансияҳои базавӣ;

- фабрикаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ;

- нуқтаҳои пахтатайёркунӣ;

- дастгоҳҳои хлоронии об;

- комбинатҳои нонбарорӣ;

- хушкашӯйҳо;

- яхдонҳои ҳаҷмашон аз 50 тонна зиёд;

- сех ва устохонаҳои истеҳсол ва таъмири мебел;

- сехҳои истеҳсоли карбиди калтсий;

- фабрикаҳои чойбаркашӣ.

4. Объектҳо ва намудҳои фаъолияте, ки ба гурӯҳи IV таъсир ба муҳити зист мансубанд (дорои хавфи маҳдуд):

- ҳаммом ва саунаҳои ҷамъиятӣ;

- иншооти обрасонии таъиноти дохилихоҷагӣ;

- табобатхонаҳои байторӣ;

- вулканизатсия ва таъмири хурди нақлиёт;

- мошинсароӣ ва таваққуфгоҳҳои корхонаҳо, ташкилотҳо ва истифодаи ҷамъиятӣ;

- қабристонҳо;

- сехҳои хурди қолинбофӣ;

- сехҳои хурди бофандагӣ ва дӯзандагӣ;

- сехҳои хурди истеҳсоли мебел ва таъмири он;

- сехҳои хурди шонакунӣ (коркарди пашм, пахта);

- осиёбҳои хурд;

- корхонаҳои хурди дудкунии маҳсулоти гӯштӣ ва моҳигӣ;

- шустушӯи автомобилҳо;

- коркарди сангҳои ороишӣ;

- ҳудудҳои табиию истироҳатӣ (ландшафтиву рекреатсионӣ) ва иншооти таъиноти манзилию ҷамъиятӣ, аз ҷумла фарҳангию маишие, ки дегхонаи буғӣ ва иншооти тозакунӣ надошта, ба канализатсия пайвастанд;

- азхудкунии заминҳои дохилихоҷагӣ;

- майдончаҳои муваққатии нигоҳдории партовҳои сахти маишӣ;

- истеҳсоли инвентари варзишӣ;

- корхонаҳои хӯроки умумии дорои то 50 ҷойи нишаст;

- нуқтаҳои қабул ва нигоҳдории пилла;

- бозорҳои дорои то 50 ҷойи нишаст;

- таҷдид ва беҳсозии мелиоративии заминҳои корами истифодашаванда дар майдони то 100 гектар;

- анборҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;

- сохтмон ва таҷдиди шабакаҳои хоҷагии оби дохилихоҷагӣ;

- гармхона (бе истифодаи дегхона) ба ғайр аз гармхонаҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;

- нонвойхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва макаронӣ;

- сехҳои истеҳсоли оҳак;

- сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ;

- сехҳои истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ;

- фермаҳои чорвои калони шохдор, асппарварӣ ва гӯсфандпарварӣ.