Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013, № 261 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358 "Дар бораи танзими давлатӣ ва ташкили истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар банди 1:

дар сархати якум баъд аз калимаҳои "(Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ" калимаҳои "ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон)" илова карда шаванд;

дар сархати дуюм калимаҳои "(Департаменти авиатсияи гражданӣ)" ба калимаҳои "(Раёсати авиатсияи гражданӣ)" иваз карда шаванд;

- дар банди 21 Низомномаи системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358 тасдиқ шудааст, калимаҳои "(Департаменти авиатсияи ғайринизомии)" ба калимаҳои "(Раёсати авиатсияи граждании)" иваз карда шаванд;

- дар банди 6 Низомномаи комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбии ҳавоии" ба калимаҳои "Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи" иваз карда шаванд.

2. Ҳайати комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358 тасдиқ карда шудааст, мутобиқи замима дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июни соли 2013, № 261

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2013, №261

тасдиқ шудааст

ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ДОИР БА ИСТИФОДАБАРИИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси комиссия);

муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (назораткунандаи авиатсияи гражданӣ) (муовини раиси комиссия);

муовини якуми Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Сарситод (муовини раиси комиссия);

сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" (узви комиссия);

муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

сардори Раёсати алоқа ва технологияи иттилоотии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия).

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 сентября 2002 года, №358

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 сентября 2002 года, №358 "О государственном регулировании и организации использования воздушного пространства Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

- в пункте 1:

в абзаце первом после слов "(Управление Военно-воздушных сил" дополнить словами "и противовоздушной обороны Вооружённых Сил Республики Таджикистан)";

в абзаце втором слова "(Департамент гражданской авиации)" заменить словами "(Управление гражданской авиации)";

- в пункте 21 Положения о единой системе организации воздушного движения Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 сентября 2002 года, №358, слова "(Департамент гражданской авиации)" заменить словами "(Управление гражданской авиации)";

- в пункте 6 Положения о межведомственной комиссии по использованию воздушного пространства Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 сентября 2002 года, №358, слова "Командующим Военновоздушными силами" заменить словами "Командующим Военновоздушными силами и противовоздушной обороны Вооружённых Сил".

2. Состав межведомственной комиссии по использованию воздушного пространства Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 сентября 2002 года, №358, утвердить в новой редакции согласно приложению.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 июня 2013 года, № 261

Утвержден

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от 3 июня 2013 года, № 261

СОСТАВ МЕЖВЕДОМСТВЕННОЙ КОМИССИИ ПО ИСПОЛЬЗОВАНИЮ ВОЗДУШНОГО ПРОСТРАНСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Командующий Военно-воздушными силами и противовоздушной оборонной Вооружённых Сил Республики Таджикистан (председатель комиссии);

заместитель Министра транспорта Республики Таджикистан (наблюдатель гражданской авиации) (заместитель председателя комиссии);

первый заместитель Командующего Военно-воздушными силами и противовоздушной оборонной Вооружённых Сил Республики Таджикистанначальник Главного штаба (заместитель председателя комиссии);

начальник Управления гражданской авиации Министерства транспорта Республики Таджикистан (член комиссии);

генеральный директор Государственного унитарного предприятия "Таджикаэронавигация" (член комиссии);

заместитель Министра иностранных дел Республики Таджикистан (член комиссии);

заместитель Министра внутренних дел Республики Таджикистан (член комиссии);

заместитель Председателя Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан (член комиссии);

директор Государственного учреждения по гидрометеорологии Республики Таджикистан (член комиссии);

начальник Управления связи и информационной технологии Генерального штаба Вооружённых Сил Республики Таджикистан (член комиссии).