Фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2012, № 12-ф "Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал "Дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози низоми соддакардашуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2024 № 14-Ф аз эътибор соқит дониста шуд

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 декабри соли 2012

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

рақами бақайдгирӣ 239 "а

КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал "Дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози низоми соддакардашуда"


Мутобиқи муқаррароти қисми 10 моддаи 297 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ф А Р М О И Ш       М Е Д И Ҳ А М:

1. Дастурамал "Дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози низоми соддакардашуда" бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Дастурамали мазкур бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Раёсати молиявию хоҷагидорӣ барои дар рӯзномаҳои "Боҷу хироҷ" ва "Ҷумҳурият" нашр намудани Дастурамали мазкур, инчунин ба мақомоти ҳудудии андоз ва андозсупорандагон дастрас намудани он чораҷӯӣ намояд.

4. Фармоиши мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ аз санаи 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

5. Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2007, №1-Ф "Дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал "Дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2007 сол,№239 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Назорати иҷрои Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раис Юсупов П.С. вогузор карда шавад.

Раис                                            Н. Давлатов

7 декабри соли 2012 №12-ф

НАЛОГОВЫЙ КОМИТЕТ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Р А С П О Р Я Ж Е Н И Е

"Об утверждении Инструкции "По исчислению и уплате налога по упрощенному режиму"

В соответствии с частью 10 статьи 297 Налогового кодекса Республики Таджикистан,

Р А С П О Р Я Ж А Ю С Ь:

1. Утвердить Инструкцию "По исчислению и уплате налога по упрощенному режиму" на государственном и русском языках (прилагается).

2. Настоящую инструкцию согласовать с Министерством финансов Республики Таджикистан и представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

3. Финансово - хозяйственному управлению опубликовать данную Инструкцию в газетах "Боджу хиродж" и "Джумхурият", а также принять меры по доведению настоящей Инструкции до территориальных налоговых органов и налогоплательщиков.

4. Настоящее Распоряжение вступает в силу после государственной регистрации и официального опубликования с 1 января 2013 года.

5.Признать утратившим силу Распоряжение Председателя Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан от 07.02.2007, за №1-Ф "Об утверждении Инструкции "О порядке исчисления и уплаты налога по упрощенной системе", зарегистрированного в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 08.02.2007 года, №239.

6. Контроль над исполнением настоящего Распоряжения возложить на заместителя Председателя Юсупова П.С.

Председатель                               Н. Давлатов

от 7 декабря 2012 года, №12-ф

г. Душанбе