Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 ноябри соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 665
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ РӯДАКӢ
РАИСИ НОҲИЯИ РӯДАКӢ
ҚАРОР
Дар бораи ташкил намудани ҳаракати яктарафаи роҳ аз даромадгоҳи кӯчаи марказии ноҳия И.Сомонӣ то якҷояшавии кӯчаи Ҷавонони шаҳраки Сомониён
Мувофиқи талаботи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ", моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" қарор мекунам:
1. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, ҳаракати озодонаи онҳо дар кучаю роҳҳо, самаранок интиқол додани мусофирон ва борҳо, инчунин ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кучаи марказии ноҳия И.Сомонӣ, аз даромадгоҳи кучаи И.Сомонӣ то якҷояшавии кучаи И.Сомонӣ бо кучаи Ҷавонон, воқеъ дар назди терминали мусофиркашонии ноҳия ҶДММ "ЛТД Анвар" ҳаракати яктарафаи роҳ муқаррар карда шавад. (Нақшаи ҳаракати яктарафаи роҳ замима мегардад.)
2. Бахши саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, идораи ба истифодабарии роҳҳо ва Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия вазифадор карда шаванд, ки роҳи мазкурро бо аломатҳои махсуси роҳ таъмин намоянд.
3. Кумитаи заминсозии ноҳия, бахши саноат, сохтмон ва коммуникатсия, бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Бозрасии давлатии автомобилии ШКД 1, Раёсати минтақавии хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ноҳия вазифадор карда шаванд, тамоми монеаҳои сунъиро, ки дар роҳи мазкур пайдо мешавад, бартараф намоянд.
4. Ба Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия супурда шавад, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ тавассути васоити ахбори омма ба таври доимӣ ба роҳ монад.
5. Қарори мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.
6. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
7. Назорати иҷроиши қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси ноҳия Исматов Ф.У. гузошта шавад.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ С. Тағоев
16 ноябри соли 2012, №1133
МЕСТНЫЙ ИСПОЛНИТЕЛЬНЫЙ ОРГАН ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ РАЙОНА РУДАКИ
ПРЕДСЕДАТЕЛЯ РАЙОНА РУДАКИ
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
ОТ 16 НОЯБРЯ 2012 ГОДА, № 1133
Об организации одностороннего движения от входа центральной улицы
района И. Сомони до слияния улицы Джавонон городка Сомониён
В соответствии c требованиями статей 19, 20 Конституционного закона Республики
Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьи 14 Закона
Республики Таджикистан "Об автомобильных дорогах и дорожной деятельности" и
статьи 24 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах"
ПОСТАНОВЛЯЮ:
1. В целях обеспечения безопасности движения транспортных средств и
пешеходов, их свободного движения, эффективной перевозки пассажиров и багажа, а
также регулирования движения транспортных средств на центральной улице района
И.Сомони, от входа улицы района И. Сомони до слияния улицы И. Сомони с улицей
Джавонон находящейся возле пассажирского терминала района ООО "ЛТД Анвар"
установить одностороннее движение дороги (План одностороннего движения дороги
прилагается).
2. Обязать сектор промышленности, строительства и коммуникации местного
исполнительного органа государственной власти района, конторы использования
дорог и государственную автомобильную инспекцию района обеспечить данную дорогу
специальными знаками дорог.
3. Обязать комитет землеустройства района, сектора промышленности,
строительства и коммуникации, сектора строительства и градостроительства
местного исполнительного органа государственной власти района, государственную
автомобильную инспекцию ОВД-1, Региональное управление государственной службы
надзора и регулирования в области транспорта района устранить все искусственные
препятствия, которые возникнут на данной дороге.
4. Поручить Государственной автомобильной инспекции района регулярно вести
разъяснительные работы с населением посредством средств массовой информации.
5. Настоящее постановление представить в Министерство юстиции Республики
Таджикистан для учета, государственной регистрации и внесения в Единый
государственный реестр нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
6. Настоящее постановление вести в действие после государственной регистрации
в Министерстве юстиции Республики Таджикистан и официального опубликования.
7. Контроль над исполнением настоящего постановления возложить на заместителя
Председателя района Исматова Ф.У.
Председатель
района Рудаки С.
Тагоев
г. Душанбе,
16 ноября 2012 года, №1133