Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 ноябри соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 137 "д"
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба тасдиқи Дастурамали №197 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд"
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали №197 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011, №76 "Оид ба тасдиқ кардани Низомномаи №136 "Дар бораи ташкилотҳои қарзии хурд" дар таҳрири нав", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2011, №137 "г" ба қайд гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Иҷрои бандҳои 2 ва 3 Қарори мазкур ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.
аз "30" августи соли 2012 №194 ш. Душанбе
Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 ноябри соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 137 "д"
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз "30" августи соли 2012, №194
тасдиқ шудааст
Дастурамали №197
"Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд"
Дастурамал "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд" (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" таҳия шуда, тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурдро муқаррар менамояд.
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- қарз - маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии хурд ба қарзгир (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода шудааст;
- қарзи хурд - қарзе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии хурд ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба муҳлати муайян дода мешавад ва андозаи ниҳоии он барои шахсони воқеӣ аз 250 000 (дусаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ зиёд нест;
- фоизи қарз - ҳамаи маблағҳои бо фоиз ифодаёфта нисбат ба маблағи қарз, ки қарзгиранда барои истифодаи он дар давраи муайян (моҳ, семоҳа, сол) пардохт менамояд.
2. Барои ташкилотҳои қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 1 000 000 (як миллион) сомонӣ муқаррар карда мешавад.
2. ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗИИ ХУРД
3. Тартиби додан, бозхонд ва бекор кардани иҷозатнома ба ташкилоти қарзии хурд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" амалӣ карда мешавад.
4. То гирифтани иҷозатнома ташкилоти қарзии хурд уҳдадор аст 100 фоизи маблағи сармояи оинномавиро ба суратҳисоби дахлдори дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда пардохт намояд. Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзии хурд иттилоотро дар бораи мушаххасоти суратҳисоб дар муҳлати 3 рӯзи корӣ пас аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ирсол менамояд.
5. Ҳангоми аз ҷониби ташкилоти қарзии хурд гум кардани иҷозатнома ба вай нусхаи (дубликати) иҷозатнома дода мешавад.
6. Ташкилоти қарзии хурд вазифадор аст дар муҳлати 3 рӯз дар бораи гум кардани иҷозатномаи худ Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ намояд ва дар яке аз нашрияи расмӣ оид ба беэътибор донистани иҷозатномаи гумшуда эълон нашр намояд.
7. Барои гирифтани нусхаи (дубликати) иҷозатнома ташкилоти қарзии хурд ба Бонки миллии Тоҷикистон аризаро бо нусхаи эълон дар нашрияи расмӣ пешниҳод менамояд.
8. Нусхаи (дубликати) иҷозатнома ба ташкилоти қарзии хурд дар муҳлати 30 рӯз пас аз ворид гардидани ариза дар асоси фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода мешавад.
3. ПЕШНИҲОДИ ҚАРЗИ ХУРД
9. Тартиби пешниҳоди қарзи хурд ба муштариён аз ҷониби ташкилоти қарзии хурд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
10. Андозаи фоизи қарз дар шартнома бо муштарӣ муқаррар карда мешавад.
4. ҚОИДАҲОИ ҲИСОБДОРӢ, САНҶИШ ВА АУДИТ
11. Ташкилоти қарзии хурд бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобдории муҳосибавӣ пеш бурда, ҳисоботи молиявӣ тартиб медиҳад.
12. Феҳрист, шакл ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи муҳосибавӣ ва ҳисоботи дигар аз тарафи ташкилоти қарзии хурд, ҳамчунин масъулият барои вайрон кардани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
13. Бонки миллии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти ташкилоти қарзии хурдро дар маҳалли ҷойгиршавӣ ва берун аз маҳалли ҷойгиршавии он анҷом медиҳад.
14. Назорати дохилии ташкилоти қарзии хурд аз тарафи аудити дохилӣ гузаронида мешавад, ки бояд дараҷаи зарурии боэътимодиро, ки ба хусусият ва миқёси амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзии хурд гузаронидашаванда мутобиқ аст, таъмин намояд.
15. Фаъолияти ташкилоти қарзии хурд ҳар сол таҳти аудити берунӣ қарор дода мешавад.
5. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗИИ ХУРД
16. Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) ташкилоти қарзии хурд баъди гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
17. Ташкилоти қарзии хурд бо мақсади азнавташкилдиҳӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) дар бораи азнавташкилдиҳӣ;
- маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, ихтисос, таҳсилот ва собиқаи корӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии саҳмиядорони (иштирокчиёни) нав - барои шахсони ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба рақами мушаххаси андозсупоранда - барои шахсони воқеӣ (саҳмиядорони (иштирокчиёни) нав);
- нусхаи ҳисоботи молиявии саҳмиядорони (иштирокчиёни) нав - шахсони ҳуқуқӣ барои соли охир бо хулосаи аудиторӣ;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба иҷро кардани уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ барои соли охири фаъолияти саҳмиядорони (иштирокчиёни) нав;
- маълумотнома оид ба қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ пардохтшавандаи саҳмиядорони (иштирокчиёни) нав - барои шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;
- рӯйхати саҳмиядорон (иштирокчиён) ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо (ҳиссаҳо), бо зикри нишонӣ ва миқдори саҳмияҳои (ҳиссаҳои) онҳо;
- нақшаи корӣ бо дарназардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли фаъолияти минбаъда.
18. Бонки миллии Тоҷикистон дархости ташкилоти қарзии хурдро дар бораи азнавташкилдиҳӣ дар муҳлати 1 моҳ баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул менамояд.
19. Қарор дар бораи додани розигӣ барои азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзии хурд аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
20. Дар ҳолатҳои зерин барои азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзии хурд розигӣ дода намешавад:
- агар ташкилоти қарзии хурд дорои аломатҳои муфлисшавӣ бошад;
- агар нисбат ба ташкилоти қарзии хурд қарор дар бораи барҳамдиҳӣ қабул гардида бошад;
- агар азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзии хурд хавфҳоро ба миён орад.
21. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзии хурд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" амалӣ мегардад.