Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ аз 17 июни соли 2012, №10/6 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати

адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 июли соли 2012

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 651

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҒОНЧӢ

(ДАЪВАТИ IV)

Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ

Мутобиқи моддаҳои 8,9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии хуқуқӣ" бо мақсади иҷроиши қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Суғд (даъвати IV) аз 19 августи соли 2011, таҳти №82 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологӣ" Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ғончӣ (даъвати IV) қарор мекунад:

1. Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологии ноҳия тасдиқ карда мешавад (Замима мегардад).

2. Бахши ҳифзи муҳити зист, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", Корхонаи воҳиди давлатии фаръии об ва канализация ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати татбиқи Қоидаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Ба шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия супорида шавад, ки интишори расмии Қоидаҳои ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию экологиро таъмин намояд.

4. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

5. Назорати иҷроиши Қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия "Оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, вазъи эпидемиологӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ" гузошта шавад.

Раиси маҷлис                                         З. Исмоилов

аз 17 июни соли 2012 №10/6 ш. Ғончӣ

МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГАНЧИНСКОГО РАЙОНА (IV СОЗЫВА)

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Правил по благоустройству и улучшению санитарно - экологического состояния

В соответствии со статями 8, 9 конституционного Закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьи 23 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Маджлис народных депутатов Ганчинского района (IV созыва) постановляет:

1. Утвердить Правила по благоустройству и улучшению санитарно-экологического состояния (прилагается).

2. Обязать Управление охраны окружающей среды района, Центр государственного санитарно эпидемиологического надзора района и представительству государственно унитарного предприятия "Жилищно-коммунального хозяйства" по Ганчинскому району принять необходимые меры по выполнению данных Правил.

3. Информационно - аналитическому отделу аппарата Председателя района обеспечить официальное опубликование Правил по благоустройству и улучшению санитарно экологического состояния.

4. Данное постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

5. Поручить местным самоуправлениями джамоатов Ганчинского района, согласно установленному порядку подготовить и утвердить местные Правила по благоустройству и улучшению санитарноэкологического состояния.

6. Контроль над исполнением данного постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района "По вопросам социальной защиты, здравоохранения, охраны природы, семьи и женщин".

Председатель Маджлиса                         З.Исмоилов

п. Ганчи,

от 17 июня 2012 года № 10/6

*Зарегистрировано Мин.юст.РТ от 09.07.2012г. №651