Дар Вазорати адлияи Ғумӣурии Тоғикистон
14 феврали соли 2012 баќайди давлатҷ гирифта шудааст,
Раќами баќайдгирҷ 587 “б”
Дар Вазорати адлияи Ғумӣурии Тоғикистон
14 феврали соли 2012 баќайди давлатҷ гирифта шудааст,
Раќами баќайдгирҷ 587 “б”
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои ҳисобдории муҳосибавӣ барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва ташкилотҳои маблағгузории хурд
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Қоидаҳои ҳисобдории муҳосибавӣ барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2010, №181 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд (замима мегардад).
2. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Иҷрои банди 2) Қарори мазкур ба зиммаи Департаменти назорати бонкӣ (Давлатов И.Ҳ.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
4. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2011, №241 аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Неъматов А.Ҳ. гузошта шавад.
Раиси Раёсат А. Ширинов
...