Низомнома дар бораи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба Созишнома дар бораи таъсис

додани Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии

давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

аз 5 декабри соли 2012

Замима

ба Созишнома дар бораи таъсис

додани Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии

давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

аз 5 декабри соли 2012

Низомнома дар бораи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

(Протокол аз 10.10.2014)

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - Шӯро) мақоми ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд ИДМ) буда, барои таъмини ташкил ва ҳамоҳангии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешбинӣ шудааст.

1.2. Шӯрои роҳбарон дар фаъолияти худ Оинномаи ИДМ, шартномаю қарорҳои дар доираи ИДМ қабулшуда ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

1.3. Шӯро фаъолияташро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, дигар мақомоти ИДМ ва ҳангоми зарурат бо мақомоти кории (иҷроияи) созмонҳои байналмилалӣ, Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза ба расмикунонии маблағ (минбаъд - ФАТФ) ва гурӯҳҳои минтақавии амсоли ФАТФ, инчунин мақомоти ҳоқимияти давлатии давлатҳои иштирокчии ИДМ амалӣ менамояд.

1.4. Шӯро дар фаъолияти худ ба Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ тобеъ мебошад.

1.5. Шӯро фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои таҳия ва тасдиқкардааш ба роҳ мемонад.

Шӯро ҳар сол оид ба фаъолияти худ ба Кумитаи иҷроияи ИДМ маълумот пешниҳод мекунад.

...

Замима

ба Созишнома дар бораи таъсис

додани Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии

давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

аз 5 декабри соли 2012

Низомнома дар бораи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - Шӯро) мақоми ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд ИДМ) буда, барои таъмини ташкил ва ҳамоҳангии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешбинӣ шудааст.

1.2. Шӯрои роҳбарон дар фаъолияти худ Оинномаи ИДМ, шартномаю қарорҳои дар доираи ИДМ қабулшуда ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

1.3. Шӯро фаъолияташро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, дигар мақомоти ИДМ ва ҳангоми зарурат бо мақомоти кории (иҷроияи) созмонҳои байналмилалӣ, Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза ба расмикунонии маблағ (минбаъд - ФАТФ) ва гурӯҳҳои минтақавии амсоли ФАТФ, инчунин мақомоти ҳоқимияти давлатии давлатҳои иштирокчии ИДМ амалӣ менамояд.

1.4. Шӯро дар фаъолияти худ ба Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ тобеъ мебошад.

1.5. Шӯро фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои таҳия ва тасдиқкардааш ба роҳ мемонад.

Шӯро ҳар сол оид ба фаъолияти худ ба Кумитаи иҷроияи ИДМ маълумот пешниҳод мекунад.

2. Самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои Шӯро

2.1. Самтҳои асосии фаъолияти Шӯро инҳоянд:

- ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи воҳидҳои иктишофи молиявӣ ва дигар мақомоти манфиатдори давлатҳои иштирокчии ИДМ, инчунин мақомоти ИДМ, ки муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба соҳаи фаъолияти онҳо дохил мешавад;

- муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва андешидани чораҳои муштараки самарабахш;

- мусоидат ба муносибати ягонаи амал бо мақсади наздик ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ;

- омода намудани пешниҳодҳо дар бораи такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ;

- таъмини амалӣ намудани ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи ИДМ қабул шудаанд.

2.2. Вазифаҳои асосии Шӯро инҳо мебошанд:

- омода намудани пешниҳодҳо дар бораи таҳияи барномаҳои мақсаднок, инчунин пешниҳодҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

- мусоидат ба ҷорӣ кардани тавсияҳои ФАТФ аз тарафи давлатҳои аъзои ИДМ;

- мусоидат ба мубодилаи маълумот байни воҳидҳои иктишофи молиявӣ;

- омода намудани пешниҳодҳо доир ба ташаккули стандартҳои ягонаи мубодилаи иттилоот байни воҳидҳои иктишофи молиявӣ;

- якҷоя бо мақомоти манфиатдори давлатҳои аъзои ИДМ таҳия намудани тавсияҳо барои ошкор намудан ва роҳ надодани шаклу усулҳое, ки барои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм истифода мешаванд;

- таҳия ва татбиқи чораҳои муштараке, ки барои мубориза ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона шудаанд;

- ҳамкорӣ бо мақомоти манфиатдори ИДМ, инчунин мақомоти кории (иҷроияи) созмонҳои байналмилалӣ, ФАТФ ва гурӯҳҳои минтақавии амсоли ФАТФ дар доираи масъалаҳое, ки ба салоҳияти он дохил мешаванд;

- ташкил ва ҳамоҳанг сохтани иҷрои ҳуҷҷатҳои дар доираи ИДМ қабулшуда тибқи салоҳияти Шӯро ва қарорҳои худ;

- таҳлили тамоюлҳо (типологияҳо) дар соҳаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

- мусоидат ба мубодилаи таҷриба байни воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла расонидани кӯмаки методӣ;

- баррасии масъалаҳои ташкил, омодагӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва ташкили созмонҳои асосии давлатҳои иштирокчии ИДМ доир ба тарбия ва бозомӯзии кадрҳо;

- баррасии масъалаҳои гузаронидани корҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ доир ба проблемаҳои ифодакунандаи манфиати ҷонибҳо;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки ба салоҳияти Шӯро дохил мешаванд.

3. Ҳуқуқҳои Шӯро Шӯро ҳуқуқ дорад:

- дар доираи салоҳияти худ қарору тавсияҳои барои рушди ҳамкориҳо ва ҳамкории мутақобили воҳидҳои иктишофи молиявӣ равонагардида қабул намояд;

- бо тартиби муқарраршуда ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои иқтисодии ИДМ лоиҳаи ҳуҷҷатҳои омодакардаи Шӯро, инчунин маълумотро дар бораи иҷрои қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои иқтисодии ИДМ оид ба фаъолияти Шӯро пешниҳод намояд;

- бо дигар мақомоти манфиатдори ҳамкории соҳавии ИДМ ҳамкорӣ намояд;

- дар мавриди зарурат барои иҷрои вазифаҳои дар назди Шӯро гузошташуда гурӯҳҳои кориро аз рӯи самтҳои фаъолият ташкил ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ намояд;

- ба баррасии мақомоти ИДМ маълумоти таҳлилӣ ва дигар маълумотро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯро дохил мешаванд, пешниҳод кунад;

- дигар масъалаҳоро дар доираи салоҳияти худ ҳал намояд.

4. Ташкили фаъолияти Шӯро

4.1. Ба ҳайати Шӯро роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур (минбаъд- аъзои Шӯро) дохил мешаванд.

Ҳар як давлат дар Шӯро як овоз дорад.

Он узви Шӯро, ки ба ҷаласа омада наметавонад, ҳуқуқ дорад намояндаашро, ки барои қабули қарор дар ҷаласаи Шӯро ваколатдор шудааст, фиристад.

Ба ҳайати Шӯро роҳбари Котиботи Шӯро, инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ бо ҳуқуқи овози машваратӣ дохил мешаванд.

Дар ҷаласаҳои Шӯро бо розигии пешакии ҳамаи аъзои он имкон дорад намояндагони воҳидҳои иктишофи молиявии дигар давлатҳо, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба сифати нозир даъват карда шаванд.

4.2. Дар Шӯро одатан дар давоми як сол бо навбат ҳар як давлати иштирокчии Созишномаи мазкур дар симои намояндаи вай бо тартиби номи давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур аз рӯи алифбои русӣ раисӣ мекунад, агар бо қарори Шӯро тартиби дигар муқаррар карда нашавад. Раисони пештара ва минбаъдаи Шӯро ҳамраисони он ба ҳисоб мераванд.

Дар ҳолати муваққатан набудани раиси Шӯро ӯҳдадориҳои вай ба зиммаи яке аз ҳамраисон гузошта мешавад.

4.3. Ҷаласаҳои Шӯро одатан дар давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур бо навбат, аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.

4.4. Тартиби даъвати ҷаласаҳои Шӯро, баргузории онҳо, кворум, тартиби қабули қарорҳо, инчунин дигар масъалаҳои корӣ мувофиқи дастури (регламенти) тасдиқкардаи Шӯро муайян карда мешаванд.

4.5. Раиси Шӯро:

- ба фаъолияти Шӯро роҳбарии умумӣ мекунад; - ҷаласаҳои Шӯроро мегузаронад;

- ҳуҷҷатҳоро аз номи Шӯро имзо ва ирсол менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда Шӯроро дар мақомоти ИДМ намояндагӣ мекунад;

- бо супориши Шӯро бо мақомоти ИДМ, мақомоти кории (иҷроияи) дигар созмонҳои байналмилалӣ, ФАТФ ва гурӯҳҳои минтақавии амсоли ФАТФ дар доираи салоҳияти худ робита барқарор карда, онро тавсеа медиҳад;

- ба ҳамкории мутақобилаи байни воҳидҳои иктишофи молиявӣ мусоидат менамояд;

- дигар амалҳоеро, ки бо таъмини фаъолияти Шӯро алоқаманданд, анҷом медиҳад.

5. Котиботи Шӯро

5.1. Котибот таъмини масъалаҳои ташкилию техникӣ ва иттилоотии фаъолияти Шӯроро амалӣ менамояд.

Воҳиди иктишофи молиявӣ, ки роҳбари он дар Шӯро раисӣ мекунад, якҷоя бо воҳиди сохтории дахлдори Кумитаи иҷроияи ИДМ вазифаҳои Котиботро иҷро менамояд.

Намояндаи воҳиди иктишофи молиявие, ки роҳбари он дар Шӯро раисӣ мекунад, роҳбари Котибот ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ бошад, муовини роҳбари Котибот мебошанд.

5.2. Котиботи Шӯро:

- баргузории ҷаласаҳои Шӯроро бо тартиби пешбиникардаи Низомномаи мазкур ва дастур ташкил ва таъмин мекунад. Ҷаласаҳои сайёр якҷоя бо воҳиди иктишофи молиявии Тарафи мизбон (пазиранда) гузаронида мешаванд;

- маводи воридшударо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯро омода мекунад;

- рӯзномаи пешакӣ ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои баррасӣ ба ҷаласаҳои Шӯро пешниҳод мешаванд, бо тартиби муқарраршуда ирсол мекунад;

- ҳуҷҷатҳои қабулкардаи Шӯроро сари вақт ирсол менамояд;

- ҷаласаи коршиносонро оид ба баррасии масъалаи таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои ба ҷаласаҳои Шӯро пешниҳодшаванда ташкил мекунад;

- протоколҳои ҷаласаҳои коршиносонро тартиб медиҳад;

- бо воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур барои сари вақт муайян кардани иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи аз ин пештар баргузоргардидаи коршиносон дар муҳокимаи масъалаҳое, ки ба баррасии ҷаласаи навбатии Шӯро гузошта мешаванд, ҳамкорӣ менамояд;

- ба иҷро гардидани қарорҳои қабулкардаи Шӯро назорат карда, аз натиҷааш ба раис ва аъзои Шӯро хабар медиҳад;

- дар доираи салоҳияти худ барои мувофиқа ва омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳо бо мақомоти дигари ИДМ, инчунин бо воҳиди дахлдори Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳамкорӣ мекунад.

5.3. Роҳбари Котибот аз тарафи раиси Шӯро таъин карда мешавад. Роҳбари Котибот:

- ба фаъолияти Котиботи Шӯро роҳбарӣ мекунад;

- дар ҳамкорӣ бо воҳиди сохтории Кумитаи иҷроияи ИДМ масъалаҳои ташкилӣ ва иттилотии фаъолияти Шӯроро таъмин менамояд.

5.4. Воҳиди сохтории Кумитаи иҷроияи ИДМ, ки намояндаи вай ба ҳайати Котибот дохил аст, ҳуҷҷатҳои Шӯроро ба ҳисоб гирифта, нигоҳ медорад.

6. Маблағгузорӣ

Хароҷоти марбут ба маблағгузории ҷаласаи Шӯро аз ҳисоби мақомоти дахлдори давлатии Тарафи қабулкунанда - иштирокчии Созишномаи мазкур сурат мегирад.

Хароҷоти сафари аъзо ва иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро аз ҳисоби мақомоти давлатии давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур, ки онҳоро фиристодаанд, сурат мегирад.