Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 215 "Дар бораи мутамарказонидани фаъолияти хадамоти хун"

Санаи амалкуни: 29.12.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи мутамарказонидани фаъолияти хадамоти хун

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2018 № 618)

Бо мақсади ҷорӣ намудани низоми босамари мутамаркази хадамоти хун ва мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо Корхонаи давлатии "Маркази хун"-и вилояти Суғд, Корхонаи воҳиди давлатии маркази хуни вилояти Хатлон ва Маркази вилоятии хуни №2 шаҳри Кӯлоб муттаҳид карда шуда, минбаъд Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" номгузорӣ карда шавад.

2. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ филиалҳои худро дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Рашт таъсис диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2018 № 618).

3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун"-ро ҳал намуда, фаъолияти онро дар доираи маблағҳо ва воҳидҳои кории амалкунандаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба роҳ монад.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида барои ба моликияти ҷумҳуриявӣ гузаронидани амволи корхонаҳо ва марказҳои хуни вилоятӣ чораҳои зарурӣ андешад.

5. Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №603 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 майи соли 2013, № 215

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи мутамарказонидани фаъолияти хадамоти хун

Бо мақсади ҷорӣ намудани низоми босамари мутамаркази хадамоти хун ва мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо Корхонаи давлатии "Маркази хун"-и вилояти Суғд, Корхонаи воҳиди давлатии маркази хуни вилояти Хатлон ва Маркази вилоятии хуни №2 шаҳри Кӯлоб муттаҳид карда шуда, минбаъд Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" номгузорӣ карда шавад.

2. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" филиалҳои худро дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб таъсис диҳад.