Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 207 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ" таъсис дода шавад.

2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи соҳаи тандурустӣ ва воҳидҳои кории амалкунанда масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ" - ро ҳал намояд.

3. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл ворид карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ"".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 майи соли 2013, № 207

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственном учреждении "Национальная лаборатория общественного здравоохранения"

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Национальная лаборатория общественного здравоохранения".

2. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан в пределах предусмотренных финансовых средств сферы здравоохранения и действующих штатных единиц решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения "Национальная лаборатория общественного здравоохранения".

3. Перечень учреждений и организаций системы Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №603 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"Государственное учреждение "Национальная лаборатория общественного здравоохранения".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 2 мая 2013 года, № 207