×

Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ- хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ аз 2 майи соли 2013, № 210

Санаи амалкуни: 25.02.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 09.10.2021 №432 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 2 майи соли 2013, № 210

тасдиқ шудааст

Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрих-кодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрих-кодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электрониро муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

2. Барои мақсадҳои Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (минбаъд - МНХ) бо таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ - таҷҳизоти электронӣ бо блоки хотираи фискалӣ ва (ё) системаҳои компютерии дорои хотираи фискалӣ, ки барои сабти ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ҳангоми фурӯши мол ва хизматрасонӣ истифода бурда мешавад ва қайди бетасҳеҳи ҳарбастӣ ё нигоҳдории дарозмуддати маълумотро новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- Феҳристи давлатии мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ - ин номгӯи МНХ, ки истифодаи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд иҷозат дода шудааст;

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд - дафтари бақайдгирии гардиши маблағҳои нақдии ҳар як басти корӣ, чиптаҳои молӣ мебошад, ки шакли (намунаи) он тибқи замимаи 4 Тартиби мазкур тасдиқ шудааст;

- Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ - дафтар барои қайди расидҳо (квитансияҳо) дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ, ки шакли (намунаи) он тибқи замимаи 5 Тартиби мазкур тасдиқ шудааст;

- чиптаи (чеки) хазинавӣ - ҳуҷҷати аввалияи ҳисоботии бо тариқи электронӣ ташкилшуда ва (ё) тариқи хаттӣ чопшудаи МНХ, ки ҳисоббаробаркуниро бо пули нақд миёни фурӯшанда (ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ва харидор (мизоҷ) тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- ҷамъбасти рӯзи корӣ - ин интиҳои реҷаи кории андозсупоранда мебошад;

- ҳисоббаробаркуниҳо - ҳисоббаробаркуниҳое, ки бо истифода аз маблағҳои пулии нақдӣ, кортҳо ҳангоми хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ анҷом дода мешавад;

- тамғагузории мақомоти андоз - намуди муҳофизат аз кушодани нобаҳангоми сарпӯши МНХ;

- Дафтарчаи бақайдгирии МНХ - ҳуҷҷати баҳисобгирии тасдиқкунандаи ҳолати бақайдгирӣ ва ё аз қайдбарории МНХ дар мақомоти андоз;

- терминали худкори хизматрасонӣ (минбаъд - терминал) - таҷҳизоти барномавию техникии электронӣ, ки барои қабул ва нигоҳ доштани маблағҳои пулии нақди мизоҷон, истифодабарандагони хизматрасониҳо, аз ҷумла гузаронидани хизматрасониҳо ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ ба ташкилотҳои коммуналӣ, операторони алоқаи мобилӣ, интернет ва дигар пардохтҳо пешбинӣ шудааст. Ин терминалҳо бояд пеш аз насб намудан дар нуқтаҳои хизматрасонӣ бо МНХ, ки дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, муҷаҳҳаз бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- расид ва (ё) чиптаи молӣ-ҳуҷҷати аввалияи ҳисоботӣ дар шаклҳои "тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳангоми корношоям будани МНХ ё набудани қувваи барқ истифода мегардад ва воқеъияти ҳисоббаробаркунии пули нақдро миёни харидор ва фурӯшанда тасдиқ менамояд;

- автомати савдо - таҷҳизоти электронию механикӣ, ки фурӯши молҳоро бо роҳи қабули маблағи нақдӣ дар ҳолати автоматӣ амалӣ менамояд;

- хотираи ҳисоботӣ-ҳисобот оид ба тағйирёбии хотираи иттилоотии (фискалии)МНХ барои давраи муайян;

- хотираи иттилоотӣ (фискалӣ) - маҷмӯи воситаҳои барномавӣ дар таркиби МНХ, ки қайди бетасҳеҳи ҳарбаста ва нигоҳдории тӯлонии маълумотҳои ҷамъбастиро, новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ оид ба ҳисобаробаркуниҳои пулии амалишуда таъмин менамояд;

- аломати иттилоотӣ (фискалӣ) - рамзи махсуси дар чиптаҳои назоратӣ дарҷшаванда, ки хотираи фискалии МНХ-ро тасдиқ менамояд;

- РОS - система - блоки системавӣ, тугмачаҳои барномавӣ, бақайдгираки фискалӣ, монитор барои хазиначӣ, қуттии маблағгузорӣ, ҳисобкунаки маблағ, клавиатура, сканери штрих-кодҳо ва дисплей барои мизоҷро (харидорро) дар бар мегирад;

- тасмаи (лентаи) назоратӣ - нусхаҳои чиптаҳо (чекҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маблағҳои пули қабулшударо бояд андозсупорандагон нигоҳ доранд;

- корти пардохтӣ - воситаи пардохтие мебошад, ки ба дорандаи корт барои пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо, инчунин гирифтани маблағҳои пулии нақдиро дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ё бонкоматҳо имконият медиҳад;

- маълумоти фискалӣ - иттилоот оид ба ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд мебошад, ки дар тасмаи (лентаи) коғазии назоратӣ ва хотираи фискалӣ қайд мешавад;

- марказҳои хизматрасонии техникӣ (минбаъд - МХТ) - шахсони ҳуқуқие, ки МНХ-ро барои истифода омода менамоянд ва хизматрасонии техникию таъмириро дар асоси созишномаи дахлдор бо мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ), анҷом медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ (минбаъд - ТИЭ)таҷҳизот барои МНХ, ки бо мақсади интиқол додани маълумот доир ба ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ тавассути шабакаи телекоммуникатсионии алоқа ба маркази коркарди маълумоти мақоми ваколатдори давлатӣ истифода бурда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- сервери фискалӣ - таъминоти барномавие, ки мониторинги амалиёти молиявиро барои субъектҳои системаи мазкур амалӣ менамояд. Ба иштирокчиёни система агентҳои пардохтӣ, таҳвилгарони хизматрасониҳо ва мақомоти фискалӣ шомил мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

3. Муқаррароти Тартиби мазкур нисбати андозсупорандагони зерин татбиқ намегардад:

а) соҳибкорони инфиродӣ (ба истиснои фурӯшандагони молҳои зераксизӣ), ки:

- тибқи патент фаъолият мекунанд;

- агар аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ба сифати соҳибкори инфиродӣ (ба истиснои онҳое, ки тибқи патент фаъолият мекунанд), се моҳ нагузашта бошад.

б) андозсупорандагоне, ки дар қисмати хизматрасониашон ба аҳолӣ расидҳо (квитансияҳо), чиптаҳо, талонҳо, маркаҳо пардохти почтавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботи қатъиро тибқи шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд;

в) шахсони воқеие, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи худашро дар бозор ва дигар ҷойҳои махсуси ҷудошуда, берун аз биноҳо мефурӯшанд;

г) супорандагони андози ягона ҳангоми фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар маҳалли истеҳсол, берун аз биноҳо.

4. Шахсони ҳуқуқӣ (новобаста аз шакли моликият) ва соҳибкорони инфиродӣ МНХ-ро дар ҳолате истифода мебаранд, ки агар МНХ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102):

- то оғози истифодабарӣ дар МХТ ва мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда бошанд;

- аз ҷониби мақомоти андоз тамғабандӣ ва муҳргузорӣ шуда бошанд.

5. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки МНХ-ро истифода мебаранд, ӯҳдадоранд:

- барои хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ бо МХТ, ба истиснои МНХ, ки системаи компютерии дорои хотираи фискалӣ мебошад шартнома ба имзо расонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- истифодаи МНХ танҳо баъди қабули он, ҷиҳати расонидани хизматрасонии техникӣ дар МХТ ва бақайдгирӣ, тамғагузорӣ намудани он дар мақомоти андози ҷои фаъолият амалӣ шавад, ба истиснои МНХ, ки системаи компютерии дорои хотираи фискалӣ мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- бо мақсади хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ аз хизматрасонии техникии дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба истиснои МХТ, ки дар он МНХ мувофиқи шартнома дар хизматрасонии техникӣ қарор дорад, истифода набаранд;

- дар насб ва бакорандозӣ, инчунин барасмиятдарории санади баистифодадиҳии МНХ иштирок намоянд;

- пешбурди баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ-ро, тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намоянд;

- дастуру нишондодҳои кормандони мақомоти андоз ва мутахассисони МХТ-ро иҷро намоянд;

- дар ҳолати вайрон шудани тамға, ошкор намудани дигар нуқсонҳо дар МНХ, инчунин мавҷуд будани дастури хаттӣ аз тарафи мақомоти андоз ва МХТ оид ба истифода набурдани МНХ, истифодабарии МНХ-ро қатъ намоянд (дар ин ҳолат бар ивази чиптаҳои хазинавӣ расидҳо (квитансияҳо), билетҳо, талонҳо, тамғаҳои пардохти почтавӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ба чиптаҳо баробаркардашудаи ҳисоботи қатъӣ тибқи шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- дар бораи дастрасии иҷозатнашуда ба воситаҳои муҳофизати хотираи фискалӣ ва корношоям будани МНХ, аз ҷумла вайрон шудани тамға ва ҷилди (рӯйпӯши) МНХ ба мақомоти андоз дар муддати ду рӯз хабар диҳанд;

- ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд, МНХ-и коршоямӣ дар мақомоти андоз бақайдгирифташуда ва тамғазадашударо бо хотираи фискалӣ, ки баҳисобгирии маблағҳои пулиро ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо сабткунии амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ дар тасмаи (лентаи) назоратӣ таъмин менамояд, истифода намоянд;

- тасмаи (лентаи) назоратӣ, нусхаҳои чипта (чекҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маблағи пулҳои қабулшуда аст, ки бояд андозсупорандагон нигоҳ доранд;

- ба харидорон (мизоҷон) ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд дар лаҳзаи пардохт аз МНХ чипта (чек) ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи нишондодаи харидор интиқол диҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- пешбурд ва нигоҳдории ҳуҷҷатгузории вобаста ба харид, бақайдгирӣ, ба кор даровардан ва истифодабарии МНХ, инчунин дастрасии МНХ-ро ба шахсони масъули мақомоти андоз таъмин намуда, ба онҳо ҳуҷҷатгузории зикргардидаро пешниҳод намоянд;

- ҳангоми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии МНХ, ба хотираи фискалии МНХ ворид намудани иттилоот ва иваз кардани маълумотҳои ҷамъшудаи хотираи фискалиро бо иштироки намояндагони мақомоти андоз ва МХТ амалӣ намоянд.

6. МХТ ҳар моҳ то санаи 5-уми моҳи навбатӣ оид ба бақайдгирии аввалия, азнавбақайдгирй, азқайдбарорӣ ва таъмир намудани МНХ ба мақомоти андоз тибқи ҷадвал ҳисобот пешниҳод менамоянд (Замимаи 7).

2. БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ МНХ ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗ

7. Бақайдгирии МНХ дар мақомоти андоз тавассути гузоштани тамғаи махсус пас аз насби хотирагузории МНХ амалӣ мегардад.

8. Бақайдгирии МНХ дар мақомоти андоз дар муддати ду рӯзи корӣ, пас аз супоридани аризаи (хаттӣ ва (ё) электронӣ) андозсупоранда, тибқи Замимаи 1 ба Тартиби мазкур анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

9. Бақайдгирӣ дар мақомоти андоз дар маҳалли истифодабарии МНХ нисбати МНХ, ки аз ҷиҳати техникӣ коршояманд ва намуди онҳо дар Феҳристи давлатӣ дохил гардидааст, амалӣ мегардад.

10. Автомати савдо, терминал ва POS-система бояд бо МНХ муҷаҳҳаз карда шаванд, ки қобилияти интиқоли маълумот ба мақоми ваколатдори давлатиро дошта, дар мақоми ваколатдори давлатии маҳалли истифодабарии онҳо ба қайд гирифта шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

11. МНХ, ки дар нуқтаҳои фурӯши дукони сайёр ё хаймаҳо истифода бурда мешаванд, бояд дар мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии чунин андозсупорандагон ба қайд гирифта шаванд.

12. Ҳангоми бақайдгирии МНХ ба андозсупоранда рақами қайди МНХ аз рӯи Феҳрист доир ба ҷойгиршавӣ ва истифодаи МНХ дар ҳудуди шаҳр (ноҳия) (минбаъд - Феҳристи ҷойгиршавии МНХ) мутобиқи Замимаи 3 Тартиби мазкур ва Дафтарчаи бақайдгирии МНХ дорои хотираи фискалӣ (минбаъд - Дафтарчаи бақайдгирии МНХ) мутобиқи Замимаи 2 ба Тартиби мазкур дода мешавад. Рақами Дафтарчаи бақайдгирӣ ва рақами қайди МНХ дар Феҳристи ҷойгиршавии МНХ бояд як бошанд.

13. Барои қайди МНХ андозсупоранда вазифадор аст, ки ба мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- ариза хаттӣ ва ё электронӣ)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- МНХ;

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд мутобиқи намунаи Замимаи 4;

- Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ мутобиқи намунаи Замимаи 5;

- шиносномаи техникии корхонаи истеҳсолкунандаи МНХ.

14. Дар мақомоти андоз барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, ҷузъдони махсуси алоҳида кушода мешавад, ки дар он маълумотҳои марбут ба истифодабарии МНХ нигоҳ дошта мешавад.

15. Ҳуқуқ ва вазифаҳои корманди масъули мақомоти андоз дар мавриди бақайдгирии МНХ:

- санҷиши маълумотҳои дахлдор, ки дар ариза барои бақайдгирии МНХ нишон дода шудааст, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии МНХ пешниҳод гардидаанд;

- муқоисаи рақами МНХ, ки аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунанда гузошташуда бо рақами МНХ, ки дар шартномаи хизматрасонӣ бо МХТ нишон дода шудааст;

- дар ҳамкорӣ бо кормандони МХТ барқарор кардани реҷаи фискалии кори МНХ;

- тамғагузории ҳатмии мақомоти андоз;

- қайди маълумотҳо дар бораи андозсупоранда ва МНХ дар Феҳристи ҷойгиршавии МНХ;

- ба расмият даровардани Дафтарчаи бақайдгирии МНХ;

- таъмини мӯҳргузорӣ ва баимзорасонӣ дар Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ аз ҷониби сардори (муовини сардори) мақомоти ҳудудии андоз;

- ба андозсупоранда баргардонидани МНХ баъд аз тамғагузорӣ бо реҷаи фискалии барқароршуда, Дафтари сабти маблағҳои пули нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ, инчунин шиносномаи техникии истеҳсолкунандаи МНХ.

16. Ҳангоми бақайдгирии МНХ шахси ваколатдори мақомоти андоз дар МНХ рамзи махсус мегузорад.

17. Дафтарчаи бақайдгирии МНХ ба андозсупоранда дар вақти бақайдгирии МНХ дода шуда, дар давраи истифодабарии МНХ нигаҳдорӣ мешавад ва бо дархости мақомоти андоз пешниҳод мегардад.

18. Ҳангоми ворид намудани тағйирот дар Дафтарчаи бақайдгирии МНХ аз ҷониби андозсупоранда ба нозироти андози маҳалли бақайдгирии МНХ, тибқи тартиби муқарраргардида ариза оид ба ворид намудани тағйирот дар муддати 3 рӯзи корӣ пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

19. Дар ҳолати ворид намудани тағйирот дар маълумотҳои бақайдгирии МНХ, андозсупоранда ба нозироти андози маҳалли бақайдгирии МНХ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза "(хаттӣ ва ё электронӣ) оиди ворид намудани тағйирот дар бақайдгирии МНХ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- Дафтарчаи бақайдгирии МНХ.

20. Корманди масъули мақомоти андоз дар муддати 3 рӯзи корӣ аз санаи ворид гардидани ариза оиди ворид намудани тағйирот дар бақайдгирии МНХ, ба Феҳристи ҷойгиршавии МНХ тағйирот ворид намуда, Дафтарчаи бақайдгириро бо тағйиру иловаҳо ба андозсупоранда бармегардонад.

21. Аз қайд баровардани МНХ дар асоси аризаи андозсупоранда, дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- иваз шудани суроғаи истифодаи МНХ ва дигар ҳолатҳои ба миён омадани зарурияти бақайдгирии МНХ дар дигар мақомоти андоз, аз ҷумла ҳангоми истифодабарии МНХ дар автомати бозӣ ё терминал, ки боиси зарурати бақайдгирии МНХ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- ғайриимкон будани истифодабарии МНХ вобаста ба сабабҳои корношоямии техникӣ;

- қатъ гардидани фаъолияти андозсупоранда дар асоси ариза ё қарори суд;

- хориҷ намудани МНХ аз Феҳристи давлатӣ;

- иваз намудани МНХ.

22. Барои аз қайд баровардани МНХ дар мақомоти андоз (ба истиснои системаҳои компютерӣ) андозсупоранда ба мақомоти андоз ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунад:

- ариза (хаттӣ ва ё электронӣ) дар хусуси аз қайд баровардани МНХ аз руйхати бақайдгирӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- МНХ;

- шиносномаи техникии корхонаи истеҳсолкунандаи МНХ;

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд;

- Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ;

- Дафтарчаи бақайдгирии МНХ.

23. Корманди масъули мақомоти андоз МНХ-ро дар муддати 2 рӯзи корӣ аз рӯзи супоридани аризаи андозсупоранда аз қайд мебарорад. Барои ин, корманди масъули мақомоти андоз амалҳои зеринро ба анҷом мерасонад:

- гирифтани ҳисоботи фискалӣ аз давраи пешниҳоди охирини ҳисоботи фискалӣ то лаҳзаи аз қайдбарории МНХ;

- муқоисаи камералии маълумоти Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд, Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ бо нишондодҳои ҳисоботи фискалӣ;

- аз қайд баровардан бо даровардани сабт дар Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ;

- гирифтани тамғаи мақомоти андоз аз ҷилди(рӯйпуши) МНХ;

- дар Дафтарчаи бақайдгирии МНХ дарҷ намудани маълумот оиди азқайдбарории МНХ;

- гузаронидани таҳлили тартиби истифодабарии МНХ дар давраи фаъолияти МНХ ва пешниҳоди хулоса;

24. Корманди мақомоти андоз ба андозсупоранда бармегардонад:

- МНХ;

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақдӣ ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ;

- Дафтарчаи бақайдгирии МНХ.

3. ГИРИФТАНИ ҲИСОБОТ АЗ ХОТИРАИ ФИСКАЛӢ ВА ТАЛАБ НАМУДАНИ ЧИПТАИ НАЗОРАТӢ

25. Дар ҳолатҳои зерин ҳисоботи хотираи фискалӣ аз тарафи корманди масъули мақомоти андоз гирифта мешавад:

- ҳангоми пешниҳоди эъломия ба мақомоти андоз;

- ҳангоми гузаронидани ҳама намуди санҷишҳои андоз;

- иваз намудани блоки хотираи фискалӣ;

- ҳангоми аз қайд баровардани МНХ;

- ҳангоми талаби таъмири МНХ ва дар раванди таъмири ҷузъи МНХ;

- ҳангоми иваз намудани Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ, бинобар сабаби пурра истифода шудани онҳо;

- корношоям ва ё гум шудани Дафтари сабти маблағҳои пулии нақдии андозсупоранда ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ.

26. Барои гирифтани ҳисоботи хотираи фискалӣ аз МНХ чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешавад:

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ расидҳои рақамгузорӣ ва бо мӯҳри мақомоти ҳудудии андоз тасдиқшуда;

- ҳисоботҳои ҳамарӯза ва ҳисоботи охирини хотираи фискалии МНХ.

27. Дар чиптаи назоратии МНХ, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъор истифода мешаванд (ба истиснои тибқи патент фаъолияткунанда), қабули металлҳои ранга, зарфҳои шишагӣ, ломбардҳо иловатан бояд маълумотҳо оид ба фурӯш ва харидро дар бар гирад.

4. ИСТИФОДАБАРИИ МНХ

28. Истифодабарандагони МНХ ӯҳдадоранд:

- ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ МНХро истифода намоянд;

- дар мавриди мавҷуд набудани қувваи барқ ва (ё) корношоямии техникии МНХ ба харидорон ҳуҷҷатҳои ба чекҳо (расидҳо) баробаркардашуда диҳанд;

- Дафтари сабти маблағҳои пули нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъиро пеш баранд;

- бо ҷамъбасти рӯзи корӣ расмиёти "ҷамъбасти рӯзи корӣ"-ро иҷро карда, маълумотҳои ҳисоботии аз МНХ гирифташударо дар Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд дарҷ намоянд;

- ҳисобот оид ба "ҷамъбасти рӯзи корӣ", Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд, Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ ва чиптаҳои(чекҳои) нодуруст ба МНХ вориднамуда андозсупорандагон дар муддати 5 сол бояд нигоҳ доранд.

29. Барои МНХ, ки бо автомати савдо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, давомнокии басти корӣ аз ҷониби андозсупоранда муайян гардида, аз як моҳ зиёд буда наметавонад.

30. Барои аз эътибор соқит кардани маблағҳои иштибоҳан (нодуруст) дар вақти хариду фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасониҳо ба хотираи фискалии МНХ воридшуда, чиптаи (чеки) аслии нодуруст воридгардида дар Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд дарҷ шуда, дар охири моҳи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.

31. Маълумотҳои Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд бояд ба нишондоди МНХ дар рӯзи гирифтани маълумот мувофиқат кунад.

32. Дар вақти гирифтани ҳисобот аз МНХ, нишондоди ҳолати ҷории хазина бояд бо маблағи нақдии дар хазина мавҷудбуда мутобиқат кунад.

33. Дар ҳолати аз ҷиҳати техникӣ корношоям будани МНХ, ки таъмири он бе кушодани тамғаи мақомоти андоз номумкин аст, андозсупоранда дар муддати се рӯзи корӣ оид ба таъмирталаб будани МНХ ба мақомоти андоз пешниҳод менамояд:

- ариза бо нишон додани рақам, таърихи гирифтани Дафтарчаи қайди МНХ, нишондоди ҳисобкунаки МНХ дар оғози рӯзи кории МНХ, ки корношоям мебошад;

- шартнома бо МХТ, қи дар он мӯҳлати гузаронидани таъмир ва сабаби корношоямии МНХ дарҷ шудааст.

34. МНХ дар ҳолатҳои зерин аз нигоҳи техникӣ корношоям ба ҳисоб меравад;

- чоп накардани чипта (чек), чопи нофаҳмо ё дар чиптаи(чеки) назоратӣ нопурра дарҷ гардидани маълумоти дар банди 47 Тартиби мазкур пешбинишуда;

- мавҷуд набудани имконияти гирифтани нишондоди хотираи фискалӣ;

- набудан ва ё вайрон будани тамғаи гузоштаи мақомоти андоз;

- мавҷуд набудани шартнома бо МХТ.

35. МНХ бо системаи компютерӣ, дар он сурат аз ҷиҳати техникӣ корношоям мебошад, ки агар амалҳои дар банди 34 Тартиби пешбинишуда ҷой дошта бошанд.

36. Дар ҳолати то ба охир истифода шудан ё гум кардани (вайрон намудани) Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ, андозсупоранда барои иваз (барқарор) намудани онҳо дар муддати 3 рӯзи корӣ ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии МНХ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза;

- Дафтари нави сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ;

- МНХ, Дафтари истифодашудаи сабти маблағҳои пулии нақдӣ ва Дафтари истифодашудаи бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатьӣ, барои гирифтани хотираи фискалӣ.

37. Мақомоти андоз дар муддати на дертар аз 2 рӯзи корӣ, аз рӯзи бақайдгирии аризаи андозсупоранда, Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъиро иваз менамояд.

5. ТАЛАБОТҲОИ ТЕХНИКӢ БА МНХ

38. Талаботи техникии бо Тартиби мазкур муқарраршуда барои МНХ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, ҳатмӣ мебошад.

39. Мошинаҳои назоратӣ-хазинавие, ки ҷавобгӯй ба талаботи мазкур буда, ба Феҳристи давлатии МНХ дохил карда шудаанд, барои истифодаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

§ 1. Гурӯҳбандии МНХ

40. МНХ, ки барои амалисозии ҳисоббаробаркуниҳои пулии нақд бо аҳолӣ истифода бурда мешаванд, аз рӯи тавсифоти функсионалӣ ва имкониятҳои истифодабарӣ бояд ба талаботҳои яке аз гурӯҳҳои зерин мутобиқат намоянд:

- Гурӯҳи 1 - МНХ хурдҳаҷм (портативӣ), ки бо таври автономи истифода бурда мешавад;

- Гурӯҳи 2 - МНХ бо системаи камфаъол;

- Гурӯҳи 3 - МНХ фаъол бо системаи компютерии ҳисоб;

- Гурӯҳи 4 - сабткунандаи фискалӣ.

41. МНХ-и хурдҳаҷм (портативӣ), ки бо таври автономӣ истифода бурда мешавад, МНХ мебошанд, ки имкониятҳои фунсионалии он бо барномаи аз дохил тарҳрезишуда идора шуда, бо васл намудани воситаҳои иловагӣ метавонад васеъ карда шавад. Ба МНХ автономӣ, инчунин МНХ хурдҳаҷм, ки бе истифодаи қувваи барқ амал мекунанд дохил мешаванд.

42. Ба МНХ бо системаи камфаъол МНХ-е дохил мешаванд, ки дар системаҳои компютерӣ - хазинавӣ истифода гардида, аммо дорои имконияти идоракунии ин системаро надоранд. МНХ бо системаи камфаъол метавонанд монанди МНХ хурдҳаҷм бо таври автономӣ истифода гарданд.

43. МНХ-и фаъоли бо системаи ҳисоби компютерӣ, МНХ мебошанд, ки бо системаи ҳисоби компютерӣ - хазинавӣ фаъолияти системаро идора менамояд. Ин намуди МНХ ҳамчун МНХ бо системаи камфаъол ва МНХ автономӣ истифода мегарданд.

44. Сабткунаки фискалӣ, МНХ-е мебошад, ки дар таркиби системаи компютерӣ- хазинавӣ истифода шуда, бо воситаи хатҳои алоқа маълумотҳоро қабул менамояд.

45. Шартҳои истифодаи ҳар як гурӯҳи МНХ тибқи шарт ва талаботҳои барои истифодаи ҳар яки онҳо муқарраршуда, амалӣ мегардад.

§ 2. Талаботҳое, ки ба ҳама гурӯҳҳои МНХ ҳатмист

46. Талаботҳои зерин барои ҳамаи гурӯҳҳои МНХ ҳатмист:

- механизми чопкунӣ (принтер);

- МНХ бояд чоп кардани маълумоти ҳарфӣ - рақамиро таъмин карда тавонад.

- тасмаи чиптаи (чеки) хазинавӣ.

47. Дар чиптаи (чеки) хазинавӣ, ки ба мизоҷ дода мешавад бояд маълумотҳои зерин дарҷ шуда бошанд:

а) маълумот оид ба андозсупоранда:

- номи кӯтоҳи андозсупоранда, ки таҳвили молро (иҷрои кор ва хизматрасониро) анҷом медиҳад;

- рақами мушахасси андозсупорандае, ки дар хотираи фискалӣ ворид карда шудааст;

- рамз (код), номгӯй ва мавқеи ҷойгиршавии МНХ;

- дигар маълумотҳо, ки андозсупоранда дарҷи онҳоро зарур мешуморад (рақами телефон ва ғайра).

б) маълумот оид ба таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ):

- рамзи (коди) ва ё номгӯи мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ);

- миқдор ва ҳаҷми мол;

- арзиш ба воҳиди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ);

- маблағи андоз ба арзиши иловашуда, агар супорандаи чунин андоз бошад;

- маблағи умумӣ.

в) маълумоти умумӣ:

- рақами тартибии чиптаҳои (чекҳои) хазинавӣ;

- сана ва вақти додани чипта (чек);

- тамға ва рақами истеҳсолии МНХ;

- рамзи (кода) шӯъба ва хазиначӣ (ҳисобдор);

- нишонаи аломати реҷаи фискалӣ (нишона).

§ 3. Тасмаи (лентаи) назоратӣ

48. Дар МНХ тасмаи назоратӣ бояд дорои хусусиятҳои зерин бошад:

- маълумотҳо оид ба чиптаи(чеки) хазинавиро таҷассум намояд;

- дар мавриди бақайдгирии амалиётҳо, тасмаҳои назоратӣ ва чиптавӣ бояд дар як вақти корӣ тартиб дода шаванд ва (ё) чоп намудани тасмаи назоратӣ бояд дар низоми автономӣ(мустақилона) таъмин шавад.

Дар мавриди мавҷуд набудани тасмаи назоратӣ ва ё набудани имконияти мустақилона чоп намудани тасмаи назоратӣ ба истифодаи МНХ бояд роҳ дода нашавад.

§ 4. Хотираи фискалӣ

49. Ҳар як МНХ бояд дорои хотираи фискалӣ (минбаъд - ХФ) бошад, ки алоқаро бо қисмати (блоки) идоракунӣ таъмин менамояд.

50. ХФ аз истифодаи қувваи барқ вобастанабуда воситаи доимии хотира барои маҳфуздории иттилоот буда, маълумотҳои ҳамарӯза, даврӣ, ҷамъбастӣ ва умумии ҳисобдориро дар бар мегирад ва имконнопазирии воридоти тағйиру иловаҳо ба онро таъмин менамояд.

51. Ҳангоми мавҷуд набудани интиқоли маълумот оид ба ҳаҷми амалиётҳои ҳаррӯза дар охири рӯзи корӣ (гузариш аз як рӯз ба дигар рӯз) истифодаи МНХ дар оғози рӯзи кории оянда, аз ҷиҳати техникӣ бояд ғайриимкон бошад.

52. Кори ҷузъии хотираи фискалии дорои таҷҳизоти интиқолидиҳандаи электронии (минбаъд - ТИЭ) маълумот ва тасмаи электронӣ бояд имконпазир бошад.

53. Ба маълумотҳои аз ХФ чопшаванда ва дар он нигоҳдоришаванда инҳо дохил мешаванд:

- рақами корхонаи истеҳсолкунандаи МНХ;

- маълумот оид ба андозҳои ғайримустақими ҳисобшаванда (агар супоранда набошад "сифр" гузошта мешавад)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

54. Маълумоуи ҳисоботии ҳаррӯзаи ба ХФ интиқолёбанда ё аз ХФ чопшаванда дар шакли ҳисоботи фискалӣ (ҳисоботи "Z"):

- маблағи фурӯш (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки андозбандӣ мешавад;

- маблағи фурӯш (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки андозбандӣ намешавад;

- шумораи чиптаҳои (чекҳои) ба харидорон (мизоҷон) додашуда;

- санаи ҳисоботи ҳаррӯзаи ХФ.

55. Ҳаҷми ХФ бо шарти истифодаи МНХ на кам аз 300 рӯз дар сол бояд пешбурди ҳисоботи фискалиро дар мӯҳлати на зиёда аз 5 сол таъмин намояд.

56. МНХ бояд чоп намудани ХФ-ро барои давраи дилхоҳ таъмин карда тавонад, аз ҷумла маълумотҳо оид ба:

- ҷамъи маблағи амалиётҳо дар давра;

- ҷамъи маблағи андозҳо дар давра;

- рақами мушаххаси андозсупоранда;

- рамзи объект ва МХТ.

57. Маълумотҳои дар ХФ сабтшаванда пас аз пурра шудани ХФ бояд маҳфуз нигоҳ дошта шаванд.

58. Истифодаи МНХ дар ҳолатҳои зерин ғайриимкон мегардад:

- пур шудани ХФ;

- вайроншавии ХФ;

- ҳангоми кушодани ХФ;

- риоя нагардидани тартиби истифодаи МНХ;

- ҳангоми кӯшиши дахолати худсарона ба кори ХФ;

- ҳангоми кушодан, вайроншавии ТИЭ ва дар дигар ҳолатҳое, ки дар Талаботҳои техникӣ ба воситаҳои электронии интиқолдиҳандаи маълумотҳо дар МНХ истифодашаванда қайд гардидаанд;

- дар охири рӯзи корӣ ё тағйир додани санаи рӯз, ҳангоми интиқол надодани маълумотҳои ҳаррӯза ба ХФ.

§ 5. Дарҷи сана ва вақт

59. МНХ бояд дорои нишондоди сана ва вақти тақвимӣ бошад. Бе расонидани зарар ба тамғаи ҳифозатӣ ва корпуси МНХ ғайриимконии иваз намудани сана ва вақт бояд таъмин карда шавад.

§ 6. Нишондоди МНХ

60. МНХ бояд дорои 2 нишондод - барои харидорон (мизоҷон) ва хазиначӣ бошад, ки ҷамъи маблағро дар ҳар як чипта(чек) (на кам аз 8 сифр) дарҷ намояд.

61. МНХ хурдҳаҷм бояд дорои на кам аз 1 нишондод бошад, ки ҷамъи маблағи фурӯшро дар ҳар як чипта(чек) (на кам аз 7 сифр) дарҷ намояд.

§ 7. Рақами истеҳсолӣ ва калиди МНХ

62. МНХ бояд доро рақамии заводи истеҳсолкунанда (бо дарҷи рамзи ҳарфӣ ва рақамӣ, сол ва силсилаи барориш) ва калиди махсус (электронӣ), ки онро ба ҳолати корӣ медарорад, бошад.

§ 8. Ҷойи тамғагузорӣ

63. МНХ бояд дорои ҷойи махсуси тамғагузорӣ дар қисмати дастнораси он бошад. Ҷойи тамғагузорӣ инчунин метавонад дар дигар қисматҳо, ки комилии тамғаро мушоҳида кардан осонтар аст, ҷойгир карда шавад.

§ 9. Дуруст намудани доираи ҳудуди қайди маблағҳои пулӣ

64. МНХ бояд дорои имкониятҳои дуруст намудани қайди маблағҳои пулӣ, чӣ яклухт қайд намудани маблағ ва ё бо гузоштани аломати вергул "," ҷудо намудан ба воҳидҳои даҳиро дошта бошад.

§ 10. Тарҳрезии нишондодҳои (параметрҳои) барномасозӣ

65. МНХ бояд дорои нишондодҳои зерини барномасозӣ бо тугмачаҳоро дошта бошад:

- тарҳрезии молҳои (номгӯй ё рамз, шумора, арзиши мол) на кам аз 1000;

- тарҳрезии шӯъбаҳо (номгӯи шӯъбаҳо ё рамзҳои онҳо)барои гурӯҳҳои 2, 3 ва 4 на кам аз 8, барои гурӯҳи 1 на кам аз 4;

- тарҳрезии шакли пардохт - на кам аз 3;

- тарҳрезии тахфиф (каму зиёд) кардани арзиш на кам аз 3.

66. МНХ бояд функсияи гардиши молҳоро низ дошта бошад. Дар баробари имконияти барномасозии ҳисоби молҳои қабулшаванда дар давраи фурӯш, қобилияти ҳисоби камшавии мол ва дар мавриди ба итмом расидани он додани бонги махсусро дошта бошад.

§ 11. Шумораи хазиначиён

67. МНХ бояд фаъолияти якчанд хазиначиро таъмин карда тавонад. Дар гурӯҳҳои 2, 3 ва 4 бояд фаъолияти на кам аз 4 хазиначӣ дар як МНХ, дар гурӯҳи 1 бошад, як хазиначӣ бо як МНХ таъмин карда шавад.

§ 12. Қуттии нигоҳдории маблағ

68. МНХ гурӯҳҳои 2 ва 3 бояд дорои қуттии маблағнигоҳдории металлӣ, ки бо калиди алоҳида маҳкам карда мешавад, бошад. Барои МНХ гурӯҳи 1 доштани қуттии нигоҳдории маблағ талаб карда намешавад.

§ 13. Дигар имконот

69. МНХ бояд иҷрои функсияҳои зеринро низ дошта бошад:

- ислоҳи камбудиҳо;

- даст кашидан аз моли харидоришуда (иҷрои кор ва хизматрасонӣ);

- баргардонидани мол;

- иваз намудани мол;

- ҳисоби бақия;

- гузоштани пулҳои нақдӣ ба хазина (ба истиснои МНХ гурӯҳи 1);

- додани пулҳои нақдӣ аз хазина;

- назорати бақияи молҳо.

§ 14. Дараҷаи ҳимоявӣ

70. МНХ дорои якчанд дараҷаи ҳифозатии зерин мебошад:

- бояд чунон тамғаи ҳифозатӣ гузошта шавад, ки бе расонидани зарар ба тамға кушодани ҷузьҳои он ғайриимкон бошад;

- дар сурати ногаҳоӣ аз ҳолати корӣ баромадани МНХ, инчунин набудани қувваи барқ маҳфузияти маълумотҳои дар хотираи корӣ ва фискалӣ ҷойгирбуда бе зараррасонӣ ба тамға ва ҷузъҳои дигари он бояд нигоҳ дошта шавад.

- ҳангоми кушодани хотираи фискалии МНХ, корношоямӣ, ивазнамоӣ, нуқсон дар ҷузъҳои чопкунӣ ва ё кушодани он набудани тасмаи чиптавӣ ва назоратӣ, кушодани ТИЭ ва дигар чунин ҳолатҳо кори МНХ бояд ғайриимкон бошад.

§ 15. Талаботҳо оид ба МНХ хурдҳаҷми ба таври автономӣ истифодашаванда (гурӯҳи 1)

71. МНХ-и хурдҳаҷми ба таври автономӣ истифодашаванда барои истифода дар шароити мавҷуд набудани таъмини шабакаи барқи стандартии ивазшаванда, инчунин фаъолият дар дӯкончаҳо, мағозаҳои хурд, дӯконҳои сайёр ва дигар чунин объектҳо пешбинӣ шудааст. Чунин МНХ бояд дар мавриди набудани қувваи барқ бо истифода аз таҷҳизоти захиракунандаи энергия, ки дар дохил ва ё беруни он ҷойгир аст (ё ивазкунандаи он) имконияти амал намуданро дошта бошад.

§ 16. Талаботҳо ба МНХ бо системаи камфаъол (гурӯҳи 2)

72. МНХ бо системаи камфаъол бояд ба талаботҳое, ки дар бандҳои 46-70 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, ҷавобгӯй бошад.

§ 17. Талаботҳо ба МНХ фаъол бо системаи компютерии ҳисоб (гурӯҳи 3)

73. МНХ фаъол бо системаи компютерии ҳисоб бояд ба талаботҳое, ки дар бандҳои 47-70 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, ҷавобгӯй бошад. МНХ фаъол бо системаи ҳисоби компютерӣ барои ворид намудан ба Феҳристи давлатии МНХ якҷоя бо таъминоти барномавии дахлдор, ки фаъолияти онро идора менамояд, пешкаш карда мешавад.

74. Ба МНХ фаъол бо системаи компютерии ҳисоб инчунин МНХ -РОS-системаҳо, ки ба монанди компютерҳои фардӣ имконияти ворид намудан ва хондан, коркард ва дарҷи маълумотро доранд, дохил мегарданд.

75. Ба ғайр аз ҳисоби фурӯши мол, дар РОS-система, инчунин дигар маълумот барои таҳлили минбаъда ҷамъ оварда мешаванд. РОS система бо мақсади муайян намудани моли зарурӣ ва қабул намудани маълумот оид ба он (арзиш, мӯҳлати коршоям ва ғайра), омода намудани чиптаи фискалӣ, ҳисоби маблағи баргардонанда, тайёр намудани ҳисоботҳои гуногун дорои интерфейс (намуди барнома) барои алоқамандӣ бо истифодабарандагон бошад.

§ 18. Талаботҳо ба сабткунандаи фискалӣ (гурӯҳи 4)

76. Сабткунандаи фискалӣ - таҷҳизоти чопкунандае мебошад, ки дар таркиби РОS -система амал карда, дорои ХФ мебошад ва бояд ба талаботҳои фасли 3 ҳуҷҷати мазкур ҷавобгӯй бошад.

77. РОS -система, ҳамчун дастаи асбобҳо барои автоматикунонии фаъолияти хазиначӣ мебошад, ки асоси онро сабткунаки фискалӣ ташкил медиҳад. Ба таркиби РОS -система блоки системавӣ, тугмачаҳои барномавӣ, бақайдгираки фискалӣ, монитор барои хазиначӣ, қуттии маблағгузорӣ, ҳисобкунаки корт, сканер штрих-кодҳо ва дисплей барои харидор( мизоҷ) мебошад. 

78. Ҷойгиркунонии якҷояи қисмҳои таркибии таҷҳизот дар маҷмӯъ ҷойи кори хазиначиро ташкил менамояд.

§ 18(]). Талабот ба сервери фискалӣ

78(1). Сервери фискалӣ ин таъминоти барномавии марказии мақоми ваколатдори давлатӣ буда, барои дастрас намудани маълумот доир ба амалиёти дар терминалҳо анҷомёфта аз сервери системаи пардохтӣ ва дигар серверҳо истифода бурда мешавад. Ҳамаи амалиёти дар терминалҳо анҷомёфта мустақиман ба серверҳои системаи пардохтӣ ва дар як вақт ба сервери марказии мақоми ваколатдори давлатӣ интиқол мегарданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

78(2). Маълумоте, ки аз серверҳои системаи пардохтӣ ба сервери фискалӣ ворид мегарданд, инҳоро бояд дар бар гирад:

- рақами мушаххаси агентҳои системаи пардохтӣ ва танзимгарони мобилӣ;

- ташхисгари амалиёт;

- рақами телефон (ҳисоб);

- маблағи аз муштарӣ қабулшуда;

- маблағи ба рақами телефон (ҳисоб) гузаронидашуда;

- маҳалли ҷойгиршавии терминал;

- намуди амалиёт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

§ 19.Талаботҳои техникӣ ба таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронии маълумотҳо дар МНХ истифодашаванда

79. Тамоми ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ҳисоботҳои бастҳои кории хазиначиён, инчунин ҳисобот оид ба фаъолгардонии ТИЭ, бояд бо дарҷи рақами рамзи назоратии санҷишӣ анҷом ёбад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

80. Тамоми ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ҳисоботҳои бастҳои кории хазинадорон, инчунин ҳисобот оид ба фаъолгардонии ТИЭ бояд сатри иборат аз рақами баҳисобгирии ТИЭ-и фаъолшударо (шакли чопӣ: "рақами ҳисоби ТИЭ") чоп намоянд. Ҷойи чопи ин маълумот дар ҳуҷҷатҳои истифодабарии МНХ муайян карда мешаванд. Рақами баҳисобгирии ТИЭ бояд дар ХФ МНХ нигоҳ дошта шавад.

81. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси озмун аз байни корхонаҳо-танзимгарони алоқа танзимгари асосӣ ва танзимгари захиравии маълумоти фискалиро интихоб менамояд. Танзимгари маълумоти фискалӣ шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки барои мақсадҳои Тартиби мазкур маълумот оид ба ҳисоббаробаркуниҳои пулиро дар реҷаи оперативӣ бо шабакаи бехатари истифодабарӣ, каналҳои ҳифзшудаи дорои сертификати мутобиқат, тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ ба сервери марказии мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда, реҷаи зарурии бехатарии маълумотро таъмин менамояд. Ҷараён ва каналҳои интиқоли маълумот аз МНХ ба танзимгари маълумоти фискалӣ ва аз танзимгар ба сервери марказии мақоми ваколатдори давлатӣ интиқол дода шуда, коркарди барномаи компютерӣ ва нигаҳдории маълумот ба воситаи криптография ҳифз карда мешавад, ки ба стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мутобиқ бошад. ТИЭ-и фаъолшаванда бояд дорои сертификати мутобиқат тибқи талаботи амнияти иттилотӣ дошта бошад. Фаъол намудани ТИЭ танҳо баъд аз интиқол додани маълумот аз ҷониби корманди ваколатдори андоз оид ба ҳисоббаробаркунии назоратии пулӣ ба сервери марказии мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути танзимгари маълумоти фискалӣ ва чоп шудани чиптаи тасдиқкунанда аз МНХ амалӣ шуда метавонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

82. Анҷомёбии амалиётҳои хазинавӣ пас аз фаъолгардонии ТИЭ бояд бо тартиби дар бандҳои 79 - 98 пешбинигардидаи Тартиби мазкур қайд гардад.

83. Дар МНХ бояд барои додани ҳуқуқи иҷозат ба дастрасии маълумотҳои ТИЭ тибқи талаботи дар бандҳои 100-106 Тартиби мазкур пешбинишуда дода мешавад.

84. Дар ҷавоб ба дархости МНХ маълумотҳои аз ТИЭ гирифташуда бояд дар тасмаи назоратии МНХ тибқи ҳуҷҷати хусусиятҳои техники ин таҷҳизот чоп карда шавад.

85. Ҳангоми хомӯш намудани маҳзани маълумотҳои ТИЭ, бояд дархости маълумот дар ҳама реҷа, ба истиснои реҷаи фурӯш дар МНХ имконпазир бошад. Тартиби фаъол намудани ТИЭ, хомӯш намудани маҳзани маълумотҳо ва талаб намудани маълумотҳо аз ТИЭ бояд дар ҳуҷҷатҳои ба истифодадиҳии истеҳсолкунанда чоп карда шавад.

86. Ҳангоми амалиёти фаъол намудани ХФ-и МНХ азнавбақайдгирӣ ва дохил намудани ТИЭ ба МНХ-и фискализатсияшуда, мошина бояд имконияти фаъол намудани ТИЭ-ро диҳад.

87. Фаъолгардонии ТИЭ бояд танҳо пас аз анҷоми басти корӣ имконият дошта бошад.

88. Ҳангоми фаъолгардонии ТИЭ, МНХ бояд интиқоли маълумотҳои зеринро ба ТИЭ таъмин карда тавонад:

- санаи ҷории фаъолгардонӣ;

- вақти ҷории фаъолгардонӣ;

- рақами барориши МНХ;

- рақами мушаххаси андозсупоранда;

- рақами ҳисоботи ҷамъбастии охирин (ҳисоботи "Z");

- навъи МНХ;

- бақияи ҷамъбастии ХФ.

89. Дар ҳолати фаъол гардидани ТИЭ, МНХ бояд, ки ҳисоботҳои дар поён тартибдодашударо, ки бо тариқи дархост аз ТИЭ талаб карда шудааст, чоп намояд:

- навъи МНХ;

- рақами барориши МНХ;

- рақами мушаххаси андозсупоранда;

- рақами баҳисобгирии ТИЭ;

- маълумоти бақайдгирии МНХ;

- рақами қаблии ҳисоботи "Z" то фаъолгардонӣ;

- санаи фаъолгардонӣ;

- вақти фаъолгардонӣ;

- ҷамъбасти бақияи хотираи фискалӣ.

90. Дар анҷоми фаъолгардонии ТИЭ, дар хотираи фискалии МНХ бояд маълумотҳои зерин нигоҳ дошта шаванд:

- рақами баҳисобгирии ТИЭ;

- санаи фаъолгардонӣ;

- рақами ҳисоботи қаблии "Z" то фаъолгардонӣ;

91. Ҳангоми омода гардидани ҳуҷҷати пардохт, МНХ бояд расонидани маълумоти зеринро ба ТИЭ таъмин намояд:

- намуди амалиётҳои хазинавӣ (фурӯш, баргардонидани мол, баргардонидани фурӯш, фурӯш аз корти пардохтӣ) - аз ҳар як амалиёти зикргардида. Маълумот оид ба дигар намудҳои амалиётҳои хазинавӣ метавонад дар шакли матни алоҳида пешниҳод гардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- барои пеш бурдани ҳисобот дар ТИЭ вобаста ба шӯъбаҳо, аз рӯи рамзи ҳисоботӣ (оид ба фурӯш, харид, баргардонидани мол, баргардонидани фурӯш, амалиёт оид ба фурӯш аз корти пардохтӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102);

- миқдор (шумора) аз рӯи шӯъбаҳо;

- маблағ аз рӯи шӯъбаҳо;

- сана ва вақти чопи ҳуҷҷат ва рамзи хазиначӣ (рақам).

92. То додани ҳуҷҷати тасдиқи фурӯш (чипта) дар ТИЭ (то чоп кардани чиптаи хазинавӣ), МНХ бояд ба барҳамдиҳии он роҳ надиҳад.

93. Бе санҷиши комилнокии бойгонӣ, МНХ набояд қабули ҳисоботи "Z"-ро иҷозат диҳад.

94. Ҳангоми қабули ҳисоботи "Z" МНХ бояд сана, вақт ва рамзи хазиначиеро, ки ин ҳисоботро дар ТИЭ қабул намудааст, таҳвил диҳад. Ин сана ва вақт бояд бо сана вақти ҳисоботи чопшаванда як бошад.

95. Ҳангоми тартиб додани ҳисоботи "Z", МНХ маълумот оид ба ҳисоботи дар ТИЭ сабтшударо бо илова намудани сатри рамзи назоратии санҷишӣ таҳвил медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

96. Маҳкам кардани маҳзани маълумоти ТИЭ (ЕМQ) бе чоп намудани ҳисоботи навбатии "Z" бояд ғайриимкон бошад.

97. Ҳангоми вайрон шудани ХФ, МНХ имконияти маҳкам намудани маҳзани маълумоти ТИЭ-ро, бе чоп намудани ҳисоботи "Z", танҳо дар мавриде дода метавонад, ки маҳкам намудани маҳзан бо ин сабаб ғайриимкон бошад. Маҳкам кардани маҳзани маълумоти ТИЭ, ки истифодаи он дар таркиби МНХ боз дошта шудааст, танҳо дар мавриди аз кор баромадани ТИЭ имкон дорад.

98. Агар рамзи ҷавобии ТИЭ оиди ҷой доштани ягон нуқсон дар МНХ маълумот диҳад, бояд сатри огоҳикунанда иборат аз рамзи ҷавобии ТИЭ бо дарҷи нуқсони ҷойдошта дар ТИЭ (шакли чоп: "ЕРР _ТИЭ_ рамзи ҷавобӣ" ё "ЕРР_ТИЭ") чоп шавад.

99. Агар амалиёти технологии дилхоҳ бо МНХ анҷомдодашуда имконияти иваз шудани натиҷаҳои ҳисоботи "Z"-ро ба миён оварад, пас ҳангоми ба кор андохтани МНХ ва то қабули ҳисоботи "Z" дар асоси маълумотҳои дахлдор маълумотҳои фискалӣ бояд дар ТИЭ барқарор карда шаванд.

100. МНХ барои қабул намудани маҳзани маълумотҳо бояд имконияти иҷрои талаботҳои зеринро дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102):

- бо шӯъбаҳо барои давраи муайян;

- ҳисоботи "Z" , аз рӯи шуъбаҳо барои давраи муайян;

- ҳисоботи "Z" , аз рӯи давраи муайян;

- натиҷаи ҳисоботи "Z";

- натиҷаҳои фаъолнамоӣ (активизатсия);

- ҳуҷҷат аз рӯи рақами МНХ;

- тасмаи назоратӣ аз рӯи ҳисоботи "Z".

101. МНХ бояд имконияти чоп намудани ду намуди ҳисоботро дошта бошад:

- ҳисоботи мушаххас - танҳо дарҷи маблағи ҷамъбастӣ барои давраи (вақти) интихобшуда;

- ҳисоботи муфассал - тамоми маълумотҳо, аз ҷумла маблағи ҷамъбастӣ барои давраи (вақти) интихобшуда.

102. Ҳангоми дар таркиби МНХ набудани ТИЭ ва ҷойгир будани ТИЭ, ки қаблан дар дохили дигар МНХ фаъол гардида буд, бояд кори онро боз дорад.

103. Барқарор намудани кори МНХ, танҳо бо роҳи ҷойгир намудани ТИЭ- фаъолгардида дар дохили он имконпазир мегардад.

104. Ба истиснои ҳолатҳои алоқаманд ба санҷиши комилии маҳзани маълумотҳо, чоп намудани ҳисоботи "Z" ва маҳкам намудани маҳзани маълумотҳо кори МНХ дар ҳолатҳои корношоямии ТИЭ ё ба охир расидани мӯҳлати ба маҳзани асосӣ додани маълумотҳои ҷамъгардида бояд ғайриимкон гардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 102).

105. Ҳангоми ҷойгир намудани ТИЭ-и фаъолнагардида ба таркиби МНХ, ба истиснои амалиётҳои азнавбақайдгирӣ ё фаъолгардонии ТИЭ ворид намудани дигар маълумотҳо бояд ғайриимкон бошад.

§ 20. Дигар талаботҳо

106. Тавсифоти техникӣ ва истифодабарии МНХ, ки дар талаботи мазкур дарҷ нагардидааст бояд ба талаботи умумиэътирофшуда мутобиқат намояд.

107. Аломатҳои тугмачаҳо, маълумотҳои дар нишондиҳанда бароварда ва дар МНХ чопшаванда, ки барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат шудаанд, бояд бо рақам, аломатҳо ва алифбои тоҷикӣ бошанд.

108. МНХ мутобиқ ба хусусиятҳои ТИЭ бояд бо лавозимотҳои техники зарурӣ таъмин карда шавад.

109. Дар шиносномаи техникии МНХ, бояд саҳифаҳои алоҳида оиди пешбурди қайди махсус дар бораи насб ва ё иваз кардани ТИЭ ҷой дошта бошад.

6. Ташаккули Феҳристи давлатии МНХ-и дорои хотираи фискалӣ барои истифодабарӣ дар Ҷумҳурии Точикистон

110. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор), мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти дахлдори дигар Феҳристи давлатии МНХ-и дорои хотираи фискалиро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (минбаъд - Феҳристи давлатӣ), тасдиқ менамояд. Ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он тамғаҳои МНХ, ки ба Феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд, истифода бурда мешавад.

111. Барои хулосабарорӣ оид ба талаботи техникӣ ҷавобгӯй будан, ворид намудани тамғаҳои МНХ ба Феҳристи давлатӣ ё аз Феҳристи давлатӣ хориҷ намудани тамғаҳои МНХ, дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи экспертии байниидоравӣ бо ҷалби кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти дахлдори дигар ва коршиносон таъсис дода мешавад.

112. Дар ҳолати аз Феҳристи давлатӣ хориҷ намудани ин ё он тамғаи МНХ истифодабарии минбаъдаи он то ба охир расидани мӯҳлатҳои дар Феҳристи давлатӣ нишондодашуда иҷозат дода мешавад.

113. Баррасии масъалаҳо оид ба ворид намудани тамғаи нави МНХ ба Феҳристи давлатии МНХ дар асоси аризаи барои дохил ва ё хориҷ намудани тамғаи нави мошинаи назоратӣ-хазинавӣ ба (аз) Феҳристи давлатӣ мутобиқи замимаи 6 Тартиби мазкур амалӣ мешавад.

114. Ба ариза барои ворид намудани тамғаи МНХ ба Феҳристи давлатӣ чунин ҳуҷҷатҳо замима мегарданд:

- шиносномаи МНХ ва ҳуҷҷати техникии корхонаи истеҳсолкунанда;

- намунаи чиптаҳо (чекҳо) ва ҳисоботҳои ҷамъоваришуда, ки корхонаи истеҳсолкунандаи МНХ дар ҳолати ғайрифискалӣ будани МНХ чоп намудааст;

- дастур оид ба истифодабарии МНХ дар ҳомили коғазӣ ва электронӣ;

- дастур барои шахси ваколатдори мақомоти андоз дар ҳомили коғазӣ ва электронӣ, оид ба барқарор намудани реҷаи фискалӣ, азнавбақайдгирии МНХ, гирифтани ҳисоботи фискалӣ, ҳисобот оиди ҳолати ҷории хазина, инчунин барои дар чиптаи назоратӣ ворид намудани маълумоти дар банди 27 Тартиби мазкур пешбинишуда;

- санади кафолатии корхонаи истеҳсолкунанда оид ба хизматрасониҳои техникӣ вобаста ба тамғаи дахлдори МНХ;

- тавсифномаи техникии тамғаи МНХ, ки аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунанда дода шудааст;

- расми (сурати) рангаи МНХ дар ҳомили коғазӣ ва электронӣ.

115. Агар тамғаи МНХ барои насб намудан ба барномаҳои компютерӣ таъин шуда бошад, ба ариза иловатан барои пайвастшавии сабткунандаи фискалӣ ба барномаҳои компютерӣ хуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи мувофиқатии МНХ ба талаботи техникии системаи компютерӣ. Додани хулоса аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад;

- тасдиқи санади кафолатӣ аз ҷониби МХТ вобаста ба хизматрасонии техникии намуди МНХ, ки дорои системаҳои компютерӣ мебошад.

116. Ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ будани тамғаи МНХ барои ворид намудан ба Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Комиссияи экспертии байниидоравӣ бо роҳи гузаронидани озмоиши намунаи тамғаи МНХ дар ҳузури шахсе, ки барои ворид намудани МНХ ба Феҳристи давлатӣ муроҷиат намудааст, амалӣ мегардад. Барои муайян сохтани талаботи техникии тамғаи МНХ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҷалби дигар мутахассисон ва коршиносонро (ба истиснои шахсоне, ки барои ворид намудани тамғаи МНХ ба Феҳристи давлатӣ муроҷиат намудаанд ва шахсони ба онҳо алоқаманд) дорад.

117. Қарор оид ба ворид намудани (ё рад намудани воридкунии) тамғаи МНХ ба Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор баъди гирифтани хулосаи Комиссияи экспертии байниидоравӣ дар муддати 1 моҳ, аз рӯзи ворид шудани ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ба ариза ҳамроҳ мегарданд, қабул карда мешавад. Дар ҳолати рад намудани ариза барои ворид намудани намуди МНХ ба Феҳристи давлатӣ, ба аризадиҳанда мактуби дахлдор бо баёни ҳама сабабҳои радкунӣ фиристода мешавад.

118. Хориҷ намудани тамғаи МНХ аз Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар ҳолати ҷавобгӯ набудани он ба талаботи муқаррарнамудаи Тартиби мазкур тибқи хулосаи Комиссияи экспертии байниидоравӣ амалӣ мегардад.

119. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ андозсупорандагонро оид ба аз Феҳристи давлатӣ хориҷ намудани (ворид намудани) тамғаи МНХ дар муддати на камтар аз 2 моҳ тариқи интишори қарори мазкур дар воситаҳои ахбори омма огоҳ менамояд.

Ниг.Замимаи 1 - 7

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 2 майи соли 2013, № 210

тасдиқ шудааст

Тартиби истифодаи мошини назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ- хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электронӣ

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электрониро муайян менамояд.

2. Барои мақсадҳои Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (минбаъд - МНХ) - таҷҳизоти электронӣ бо блоки хотираи фискалӣ ва (ё) системаҳои компютерии дорои хотираи фискалӣ, ки барои сабти ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ҳангоми фурӯши мол ва хизматрасонӣ истифода бурда мешавад ва қайди бетасҳеҳи ҳарбастӣ ё нигоҳдории дарозмуддати маълумотро новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ таъмин менамояд;

- Феҳристи давлатии мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ - ин номгӯи МНХ, ки истифодаи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд иҷозат дода шудааст;

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд - дафтари бақайдгирии гардиши маблағҳои нақдии ҳар як басти корӣ, чиптаҳои молӣ мебошад, ки шакли (намунаи) он тибқи замимаи 4 Тартиби мазкур тасдиқ шудааст;

- Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ - дафтар барои қайди расидҳо (квитансияҳо) дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ, ки шакли (намунаи) он тибқи замимаи 5 Тартиби мазкур тасдиқ шудааст;

- чиптаи (чеки) хазинавӣ - ҳуҷҷати аввалияи ҳисоботии МНХ, ки ҳисоббаробаркуниро бо пули нақд миёни фурӯшанда (ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ва харидор (мизоҷ) тасдиқ менамояд;

- ҷамъбасти рӯзи корӣ - ин интиҳои реҷаи кории андозсупоранда мебошад;

- ҳисоббаробаркуниҳо - ҳисоббаробаркуниҳое, ки бо истифода аз маблағҳои пулии нақдӣ, кортҳо ҳангоми хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ анҷом дода мешавад;

- тамғагузории мақомоти андоз - намуди муҳофизат аз кушодани нобаҳангоми сарпӯши МНХ;

- Дафтарчаи бақайдгирии МНХ - ҳуҷҷати баҳисобгирии тасдиқкунандаи ҳолати бақайдгирӣ ва ё аз қайдбарории МНХ дар мақомоти андоз;

- терминали хизматрасонии худкор - таҷҳизоти барномавию техникии электронӣ, ки барои қабул ва нигоҳ доштани маблағҳои пулии нақди мизоҷон, истифодабарандагони хизматрасониҳо, аз ҷумла гузаронидани хизматрасониҳо ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ ба ташкилотҳои коммуналӣ, операторони алоқаи мобилӣ, интернет ва дигар пардохтҳо пешбинӣ шудааст. Ин терминалҳо бояд пеш аз насб намудан дар нуқтаҳои хизматрасонӣ бо МНХ, ки дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, муҷаҳҳаз бошад;

- расид ва (ё) чиптаи молӣ-ҳуҷҷати аввалияи ҳисоботӣ дар шаклҳои "тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳангоми корношоям будани МНХ ё набудани қувваи барқ истифода мегардад ва воқеъияти ҳисоббаробаркунии пули нақдро миёни харидор ва фурӯшанда тасдиқ менамояд;

- автомати савдо - таҷҳизоти электронию механикӣ, ки фурӯши молҳоро бо роҳи қабули маблағи нақдӣ дар ҳолати автоматӣ амалӣ менамояд;

- хотираи ҳисоботӣ-ҳисобот оид ба тағйирёбии хотираи иттилоотии (фискалии)МНХ барои давраи муайян;

- хотираи иттилоотӣ (фискалӣ) - маҷмӯи воситаҳои барномавӣ дар таркиби МНХ, ки қайди бетасҳеҳи ҳарбаста ва нигоҳдории тӯлонии маълумотҳои ҷамъбастиро, новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ оид ба ҳисобаробаркуниҳои пулии амалишуда таъмин менамояд;

- аломати иттилоотӣ (фискалӣ) - рамзи махсуси дар чиптаҳои назоратӣ дарҷшаванда, ки хотираи фискалии МНХ-ро тасдиқ менамояд;

- РОS - система - блоки системавӣ, тугмачаҳои барномавӣ, бақайдгираки фискалӣ, монитор барои хазиначӣ, қуттии маблағгузорӣ, ҳисобкунаки маблағ, клавиатура, сканери штрих-кодҳо ва дисплей барои мизоҷро (харидорро) дар бар мегирад;

- тасмаи (лентаи) назоратӣ - нусхаҳои чиптаҳо (чекҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маблағҳои пули қабулшударо бояд андозсупорандагон нигоҳ доранд;

- корти пардохтӣ - воситаи пардохтие мебошад, ки ба дорандаи корт барои пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо, инчунин гирифтани маблағҳои пулии нақдиро дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ё бонкоматҳо имконият медиҳад;

- маълумоти фискалӣ - иттилоот оид ба ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд мебошад, ки дар тасмаи (лентаи) коғазии назоратӣ ва хотираи фискалӣ қайд мешавад;

- марказҳои хизматрасонии техникӣ (минбаъд - МХТ) - шахсони ҳуқуқие, ки МНХ-ро барои истифода омода менамоянд ва хизматрасонии техникию таъмириро дар асоси созишномаи дахлдор бо мақоми ваколатдори давлатӣ, анҷом медиҳанд;

3. Муқаррароти Тартиби мазкур нисбати андозсупорандагони зерин татбиқ намегардад:

а) соҳибкорони инфиродӣ (ба истиснои фурӯшандагони молҳои зераксизӣ), ки:

- тибқи патент фаъолият мекунанд;

- агар аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ба сифати соҳибкори инфиродӣ (ба истиснои онҳое, ки тибқи патент фаъолият мекунанд), се моҳ нагузашта бошад.

б) андозсупорандагоне, ки дар қисмати хизматрасониашон ба аҳолӣ расидҳо (квитансияҳо), чиптаҳо, талонҳо, маркаҳо пардохти почтавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботи қатъиро тибқи шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд;

в) шахсони воқеие, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи худашро дар бозор ва дигар ҷойҳои махсуси ҷудошуда, берун аз биноҳо мефурӯшанд;

г) супорандагони андози ягона ҳангоми фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар маҳалли истеҳсол, берун аз биноҳо.

4. Шахсони ҳукуқӣ (новобаста аз шакли моликият) ва соҳибкорони инфиродӣ МНХ-ро дар ҳолате истифода мебаранд, ки агар онҳо:

- то оғози истифодабарӣ дар МХТ ва мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда бошанд;

- аз ҷониби мақомоти андоз тамғабандӣ ва муҳргузорӣ шуда бошанд.

5. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки МНХ-ро истифода мебаранд, ӯҳдадоранд:

- барои хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ бо МХТ, шартнома ба имзо расонанд;

- истифодаи МНХ танҳо баъди қабули он, ҷиҳати расонидани хизматрасонии техникӣ дар МХТ ва бақайдгирӣ, тамғагузорӣ намудани он дар мақомоти андози ҷои фаъолият амалӣ шавад;

- бо мақсади хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ аз хизматрасонии техникии дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба истиснои МХТ, ки дар он МНХ мувофиқи шартнома дар хизматрасонии техникӣ қарор дорад, истифода набаранд;

- дар насб ва бакорандозӣ, инчунин барасмиятдарории санади баистифодадиҳии МНХ иштирок намоянд;

- пешбурди баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои вобаста ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ-ро, тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намоянд;

- дастуру нишондодҳои кормандони мақомоти андоз ва мутахассисони МХТ-ро иҷро намоянд;

- дар ҳолати вайрон шудани тамға, ошкор намудани дигар нуқсонҳо дар МНХ, инчунин мавҷуд будани дастури хаттӣ аз тарафи мақомоти андоз ва МХТ оид ба истифода набурдани МНХ, истифодабарии МНХ-ро қатъ намоянд;

- дар бораи дастрасии иҷозатнашуда ба воситаҳои муҳофизати хотираи фискалӣ ва корношоям будани МНХ, аз ҷумла вайрон шудани тамға ва ҷилди (рӯйпӯши) МНХ ба мақомоти андоз дар муддати ду рӯз хабар диҳанд;

- ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд, МНХ-и коршоямӣ дар мақомоти андоз бақайдгирифташуда ва тамғазадашударо бо хотираи фискалӣ, ки баҳисобгирии маблағҳои пулиро ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо сабткунии амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ дар тасмаи (лентаи) назоратӣ таъмин менамояд, истифода намоянд;

- тасмаи (лентаи) назоратӣ, нусхаҳои чипта (чекҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маблағи пулҳои қабулшуда аст, ки бояд андозсупорандагон нигоҳ доранд;

- ба харидорон (мизоҷон) ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд дар лаҳзаи пардохт аз МНХ чипта (чек) диҳанд;

- пешбурд ва нигоҳдории ҳуҷҷатгузории вобаста ба харид, бақайдгирӣ, ба кор даровардан ва истифодабарии МНХ, инчунин дастрасии МНХ-ро ба шахсони масъули мақомоти андоз таъмин намуда, ба онҳо ҳуҷҷатгузории зикргардидаро пешниҳод намоянд;

- ҳангоми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии МНХ, ба хотираи фискалии МНХ ворид намудани иттилоот ва иваз кардани маълумотҳои ҷамъшудаи хотираи фискалиро бо иштироки намояндагони мақомоти андоз ва МХТ амалӣ намоянд.

6. МХТ ҳар моҳ то санаи 5-уми моҳи навбатӣ оид ба бақайдгирии аввалия, азнавбақайдгирй, азқайдбарорӣ ва таъмир намудани МНХ ба мақомоти андоз тибқи ҷадвал ҳисобот пешниҳод менамоянд (Замимаи 7).

2. БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ МНХ ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗ

7. Бақайдгирии МНХ дар мақомоти андоз тавассути гузоштани тамғаи махсус пас аз насби хотирагузории МНХ амалӣ мегардад.

8. Бақайдгирии МНХ дар мақомоти андоз дар муддати ду рӯзи корӣ, пас аз супоридани аризаи андозсупоранда, тибқи Замимаи 1 ба Тартиби мазкур анҷом дода мешавад.

9. Бақайдгирӣ дар мақомоти андоз дар маҳалли истифодабарии МНХ нисбати МНХ, ки аз ҷиҳати техникӣ коршояманд ва намуди онҳо дар Феҳристи давлатӣ дохил гардидааст, амалӣ мегардад.

10. МНХ, ки бо системаи компютерӣ муҷаҳҳазанд ва дар онҳо автомати савдо ва терминали хизматрасонии пулакӣ пайваст гардидаанд, дар мақомоти андози маҳалли истифодабарии ин автомати савдо ё терминали хизматрасонӣ ба қайд гирифта мешаванд. Терминалҳо, автомати савдо бояд пеш аз насб намудан дар нуқтаи фаъолият бо МНХ, ки дар Феҳристи давлатӣ ворид карда шудааст, муҷаҳҳаз бошанд.

11. МНХ, ки дар нуқтаҳои фурӯши дукони сайёр ё хаймаҳо истифода бурда мешаванд, бояд дар мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии чунин андозсупорандагон ба қайд гирифта шаванд.

12. Ҳангоми бақайдгирии МНХ ба андозсупоранда рақами қайди МНХ аз рӯи Феҳрист доир ба ҷойгиршавӣ ва истифодаи МНХ дар ҳудуди шаҳр (ноҳия) (минбаъд - Феҳристи ҷойгиршавии МНХ) мутобиқи Замимаи 3 Тартиби мазкур ва Дафтарчаи бақайдгирии МНХ дорои хотираи фискалӣ (минбаъд - Дафтарчаи бақайдгирии МНХ) мутобиқи Замимаи 2 ба Тартиби мазкур дода мешавад. Рақами Дафтарчаи бақайдгирӣ ва рақами қайди МНХ дар Феҳристи ҷойгиршавии МНХ бояд як бошанд.

13. Барои қайди МНХ андозсупоранда вазифадор аст, ки ба мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- ариза;

- МНХ;

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд мутобиқи намунаи Замимаи 4;

- Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ мутобиқи намунаи Замимаи 5;

- шиносномаи техникии корхонаи истеҳсолкунандаи МНХ.

14. Дар мақомоти андоз барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, ҷузъдони махсуси алоҳида кушода мешавад, ки дар он маълумотҳои марбут ба истифодабарии МНХ нигоҳ дошта мешавад.

15. Ҳуқуқ ва вазифаҳои корманди масъули мақомоти андоз дар мавриди бақайдгирии МНХ:

- санҷиши маълумотҳои дахлдор, ки дар ариза барои бақайдгирии МНХ нишон дода шудааст, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии МНХ пешниҳод гардидаанд;

- муқоисаи рақами МНХ, ки аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунанда гузошташуда бо рақами МНХ, ки дар шартномаи хизматрасонӣ бо МХТ нишон дода шудааст;

- дар ҳамкорӣ бо кормандони МХТ барқарор кардани реҷаи фискалии кори МНХ;

- тамғагузории ҳатмии мақомоти андоз;

- қайди маълумотҳо дар бораи андозсупоранда ва МНХ дар Феҳристи ҷойгиршавии МНХ;

- ба расмият даровардани Дафтарчаи бақайдгирии МНХ;

- таъмини мӯҳргузорӣ ва баимзорасонӣ дар Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ аз ҷониби сардори (муовини сардори) мақомоти ҳудудии андоз;

- ба андозсупоранда баргардонидани МНХ баъд аз тамғагузорӣ бо реҷаи фискалии барқароршуда, Дафтари сабти маблағҳои пули нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ, инчунин шиносномаи техникии истеҳсолкунандаи МНХ.

16. Ҳангоми бақайдгирии МНХ шахси ваколатдори мақомоти андоз дар МНХ рамзи махсус мегузорад.

17. Дафтарчаи бақайдгирии МНХ ба андозсупоранда дар вақти бақайдгирии МНХ дода шуда, дар давраи истифодабарии МНХ нигаҳдорӣ мешавад ва бо дархости мақомоти андоз пешниҳод мегардад.

18. Ҳангоми ворид намудани тағйирот дар Дафтарчаи бақайдгирии МНХ аз ҷониби андозсупоранда ба нозироти андози маҳалли бақайдгирии МНХ, ариза оид ба ворид намудани тағйирот дар муддати 3 рӯзи корӣ пешниҳод карда мешавад.

19. Дар ҳолати ворид намудани тағйирот дар маълумотҳои бақайдгирии МНХ, андозсупоранда ба нозироти андози маҳалли бақайдгирии МНХ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза оиди ворид намудани тағйирот дар бақайдгирии МНХ;

- Дафтарчаи бақайдгирии МНХ.

20. Корманди масъули мақомоти андоз дар муддати 3 рӯзи корӣ аз санаи ворид гардидани ариза оиди ворид намудани тағйирот дар бақайдгирии МНХ, ба Феҳристи ҷойгиршавии МНХ тағйирот ворид намуда, Дафтарчаи бақайдгириро бо тағйиру иловаҳо ба андозсупоранда бармегардонад.

21. Аз қайд баровардани МНХ дар асоси аризаи андозсупоранда, дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- иваз шудани суроғаи истифодаи МНХ ва дигар ҳолатҳои ба миён омадани зарурияти бақайдгирии МНХ дар дигар мақомоти андоз, аз ҷумла ҳангоми истифодабарии МНХ дар автомати бозӣ ё терминали хизматрасонӣ, ки боиси зарурати бақайдгирии МНХ мегардад;

- ғайриимкон будани истифодабарии МНХ вобаста ба сабабҳои корношоямии техникӣ;

- қатъ гардидани фаъолияти андозсупоранда дар асоси ариза ё қарори суд;

- хориҷ намудани МНХ аз Феҳристи давлатӣ;

- иваз намудани МНХ.

22. Барои аз қайд баровардани МНХ дар мақомоти андоз (ба истиснои системаҳои компютерӣ) андозсупоранда ба мақомоти андоз ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунад:

- ариза дар хусуси аз қайд баровардани МНХ аз руйхати бақайдгирӣ;

- МНХ;

- шиносномаи техникии корхонаи истеҳсолкунандаи МНХ;

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд;

- Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ;

- Дафтарчаи бақайдгирии МНХ.

23. Корманди масъули мақомоти андоз МНХ-ро дар муддати 2 рӯзи корӣ аз рӯзи супоридани аризаи андозсупоранда аз қайд мебарорад. Барои ин, корманди масъули мақомоти андоз амалҳои зеринро ба анҷом мерасонад:

- гирифтани ҳисоботи фискалӣ аз давраи пешниҳоди охирини ҳисоботи фискалӣ то лаҳзаи аз қайдбарории МНХ;

- муқоисаи камералии маълумоти Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд, Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ бо нишондодҳои ҳисоботи фискалӣ;

- аз қайд баровардан бо даровардани сабт дар Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ;

- гирифтани тамғаи мақомоти андоз аз ҷилди(рӯйпуши) МНХ;

- дар Дафтарчаи бақайдгирии МНХ дарҷ намудани маълумот оиди азқайдбарории МНХ;

- гузаронидани таҳлили тартиби истифодабарии МНХ дар давраи фаъолияти МНХ ва пешниҳоди хулоса;

24. Корманди мақомоти андоз ба андозсупоранда бармегардонад:

- МНХ;

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақдӣ ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ;

- Дафтарчаи бақайдгирии МНХ.

3. ГИРИФТАНИ ҲИСОБОТ АЗ ХОТИРАИ ФИСКАЛӢ ВА ТАЛАБ НАМУДАНИ ЧИПТАИ НАЗОРАТӢ

25. Дар ҳолатҳои зерин ҳисоботи хотираи фискалӣ аз тарафи корманди масъули мақомоти андоз гирифта мешавад:

- ҳангоми пешниҳоди эъломия ба мақомоти андоз;

- ҳангоми гузаронидани ҳама намуди санҷишҳои андоз;

- иваз намудани блоки хотираи фискалӣ;

- ҳангоми аз қайд баровардани МНХ;

- ҳангоми талаби таъмири МНХ ва дар раванди таъмири ҷузъи МНХ;

- ҳангоми иваз намудани Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ, бинобар сабаби пурра истифода шудани онҳо;

- корношоям ва ё гум шудани Дафтари сабти маблағҳои пулии нақдии андозсупоранда ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ.

26. Барои гирифтани ҳисоботи хотираи фискалӣ аз МНХ чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешавад:

- Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ расидҳои рақамгузорӣ ва бо мӯҳри мақомоти ҳудудии андоз тасдиқшуда;

- ҳисоботҳои ҳамарӯза ва ҳисоботи охирини хотираи фискалии МНХ.

27. Дар чиптаи назоратии МНХ, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъор истифода мешаванд (ба истиснои тибқи патент фаъолияткунанда), қабули металлҳои ранга, зарфҳои шишагӣ, ломбардҳо иловатан бояд маълумотҳо оид ба фурӯш ва харидро дар бар гирад.

4. ИСТИФОДАБАРИИ МНХ

28. Истифодабарандагони МНХ ӯҳдадоранд:

- ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ МНХро истифода намоянд;

- дар мавриди мавҷуд набудани қувваи барқ ва (ё) корношоямии техникии МНХ ба харидорон ҳуҷҷатҳои ба чекҳо (расидҳо) баробаркардашуда диҳанд;

- Дафтари сабти маблағҳои пули нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъиро пеш баранд;

- бо ҷамъбасти рӯзи корӣ расмиёти "ҷамъбасти рӯзи корӣ"-ро иҷро карда, маълумотҳои ҳисоботии аз МНХ гирифташударо дар Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд дарҷ намоянд;

- ҳисобот оид ба "ҷамъбасти рӯзи корӣ", Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд, Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ ва чиптаҳои(чекҳои) нодуруст ба МНХ вориднамуда андозсупорандагон дар муддати 5 сол бояд нигоҳ доранд.

29. Барои МНХ, ки бо автомати савдо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, давомнокии басти корӣ аз ҷониби андозсупоранда муайян гардида, аз як моҳ зиёд буда наметавонад.

30. Барои аз эътибор соқит кардани маблағҳои иштибоҳан (нодуруст) дар вақти хариду фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасониҳо ба хотираи фискалии МНХ воридшуда, чиптаи (чеки) аслии нодуруст воридгардида дар Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд дарҷ шуда, дар охири моҳи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.

31. Маълумотҳои Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд бояд ба нишондоди МНХ дар рӯзи гирифтани маълумот мувофиқат кунад.

32. Дар вақти гирифтани ҳисобот аз МНХ, нишондоди ҳолати ҷории хазина бояд бо маблағи нақдии дар хазина мавҷудбуда мутобиқат кунад.

33. Дар ҳолати аз ҷиҳати техникӣ корношоям будани МНХ, ки таъмири он бе кушодани тамғаи мақомоти андоз номумкин аст, андозсупоранда дар муддати се рӯзи корӣ оид ба таъмирталаб будани МНХ ба мақомоти андоз пешниҳод менамояд:

- ариза бо нишон додани рақам, таърихи гирифтани Дафтарчаи қайди МНХ, нишондоди ҳисобкунаки МНХ дар оғози рӯзи кории МНХ, ки корношоям мебошад;

- шартнома бо МХТ, қи дар он мӯҳлати гузаронидани таъмир ва сабаби корношоямии МНХ дарҷ шудааст.

34. МНХ дар ҳолатҳои зерин аз нигоҳи техникӣ корношоям ба ҳисоб меравад;

- чоп накардани чипта (чек), чопи нофаҳмо ё дар чиптаи(чеки) назоратӣ нопурра дарҷ гардидани маълумоти дар банди 47 Тартиби мазкур пешбинишуда;

- мавҷуд набудани имконияти гирифтани нишондоди хотираи фискалӣ;

- набудан ва ё вайрон будани тамғаи гузоштаи мақомоти андоз;

- мавҷуд набудани шартнома бо МХТ.

35. МНХ бо системаи компютерӣ, дар он сурат аз ҷиҳати техникӣ корношоям мебошад, ки агар амалҳои дар банди 34 Тартиби пешбинишуда ҷой дошта бошанд.

36. Дар ҳолати то ба охир истифода шудан ё гум кардани (вайрон намудани) Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ, андозсупоранда барои иваз (барқарор) намудани онҳо дар муддати 3 рӯзи корӣ ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии МНХ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза;

- Дафтари нави сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ;

- МНХ, Дафтари истифодашудаи сабти маблағҳои пулии нақдӣ ва Дафтари истифодашудаи бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатьӣ, барои гирифтани хотираи фискалӣ.

37. Мақомоти андоз дар муддати на дертар аз 2 рӯзи корӣ, аз рӯзи бақайдгирии аризаи андозсупоранда, Дафтари сабти маблағҳои пулии нақд ва Дафтари бақайдгирии расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъиро иваз менамояд.

5. ТАЛАБОТҲОИ ТЕХНИКӢ БА МНХ

38. Талаботи техникии бо Тартиби мазкур муқарраршуда барои МНХ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, ҳатмӣ мебошад.

39. Мошинаҳои назоратӣ-хазинавие, ки ҷавобгӯй ба талаботи мазкур буда, ба Феҳристи давлатии МНХ дохил карда шудаанд, барои истифодаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

§ 1. Гурӯҳбандии МНХ

40. МНХ, ки барои амалисозии ҳисоббаробаркуниҳои пулии нақд бо аҳолӣ истифода бурда мешаванд, аз рӯи тавсифоти функсионалӣ ва имкониятҳои истифодабарӣ бояд ба талаботҳои яке аз гурӯҳҳои зерин мутобиқат намоянд:

- Гурӯҳи 1 - МНХ хурдҳаҷм (портативӣ), ки бо таври автономи истифода бурда мешавад;

- Гурӯҳи 2 - МНХ бо системаи камфаъол;

- Гурӯҳи 3 - МНХ фаъол бо системаи компютерии ҳисоб;

- Гурӯҳи 4 - сабткунандаи фискалӣ.

41. МНХ-и хурдҳаҷм (портативӣ), ки бо таври автономӣ истифода бурда мешавад, МНХ мебошанд, ки имкониятҳои фунсионалии он бо барномаи аз дохил тарҳрезишуда идора шуда, бо васл намудани воситаҳои иловагӣ метавонад васеъ карда шавад. Ба МНХ автономӣ, инчунин МНХ хурдҳаҷм, ки бе истифодаи қувваи барқ амал мекунанд дохил мешаванд.

42. Ба МНХ бо системаи камфаъол МНХ-е дохил мешаванд, ки дар системаҳои компютерӣ - хазинавӣ истифода гардида, аммо дорои имконияти идоракунии ин системаро надоранд. МНХ бо системаи камфаъол метавонанд монанди МНХ хурдҳаҷм бо таври автономӣ истифода гарданд.

43. МНХ-и фаъоли бо системаи ҳисоби компютерӣ, МНХ мебошанд, ки бо системаи ҳисоби компютерӣ - хазинавӣ фаъолияти системаро идора менамояд. Ин намуди МНХ ҳамчун МНХ бо системаи камфаъол ва МНХ автономӣ истифода мегарданд.

44. Сабткунаки фискалӣ, МНХ-е мебошад, ки дар таркиби системаи компютерӣ- хазинавӣ истифода шуда, бо воситаи хатҳои алоқа маълумотҳоро қабул менамояд.

45. Шартҳои истифодаи ҳар як гурӯҳи МНХ тибқи шарт ва талаботҳои барои истифодаи ҳар яки онҳо муқарраршуда, амалӣ мегардад.

§ 2. Талаботҳое, ки ба ҳама гурӯҳҳои МНХ ҳатмист

46. Талаботҳои зерин барои ҳамаи гурӯҳҳои МНХ ҳатмист:

- механизми чопкунӣ (принтер);

- МНХ бояд чоп кардани маълумоти ҳарфӣ - рақамиро таъмин карда тавонад.

- тасмаи чиптаи (чеки) хазинавӣ.

47. Дар чиптаи (чеки) хазинавӣ, ки ба мизоҷ дода мешавад бояд маълумотҳои зерин дарҷ шуда бошанд:

а) маълумот оид ба андозсупоранда:

- номи кӯтоҳи андозсупоранда, ки таҳвили молро (иҷрои кор ва хизматрасониро) анҷом медиҳад;

- рақами мушахасси андозсупорандае, ки дар хотираи фискалӣ ворид карда шудааст;

- рамз (код), номгӯй ва мавқеи ҷойгиршавии МНХ;

- дигар маълумотҳо, ки андозсупоранда дарҷи онҳоро зарур мешуморад (рақами телефон ва ғайра).

б) маълумот оид ба таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ):

- рамзи (коди) ва ё номгӯи мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ);

- миқдор ва ҳаҷми мол;

- арзиш ба воҳиди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ);

- маблағи андоз ба арзиши иловашуда, агар супорандаи чунин андоз бошад;

- маблағи умумӣ.

в) маълумоти умумӣ:

- рақами тартибии чиптаҳои (чекҳои) хазинавӣ;

- сана ва вақти додани чипта (чек);

- тамға ва рақами истеҳсолии МНХ;

- рамзи (кода) шӯъба ва хазиначӣ (ҳисобдор);

- нишонаи аломати реҷаи фискалӣ (нишона).

§ 3. Тасмаи (лентаи) назоратӣ

48. Дар МНХ тасмаи назоратӣ бояд дорои хусусиятҳои зерин бошад:

- маълумотҳо оид ба чиптаи(чеки) хазинавиро таҷассум намояд;

- дар мавриди бақайдгирии амалиётҳо, тасмаҳои назоратӣ ва чиптавӣ бояд дар як вақти корӣ тартиб дода шаванд ва (ё) чоп намудани тасмаи назоратӣ бояд дар низоми автономӣ(мустақилона) таъмин шавад.

Дар мавриди мавҷуд набудани тасмаи назоратӣ ва ё набудани имконияти мустақилона чоп намудани тасмаи назоратӣ ба истифодаи МНХ бояд роҳ дода нашавад.

§ 4. Хотираи фискалӣ

49. Ҳар як МНХ бояд дорои хотираи фискалӣ (минбаъд - ХФ) бошад, ки алоқаро бо қисмати (блоки) идоракунӣ таъмин менамояд.

50. ХФ аз истифодаи қувваи барқ вобастанабуда воситаи доимии хотира барои маҳфуздории иттилоот буда, маълумотҳои ҳамарӯза, даврӣ, ҷамъбастӣ ва умумии ҳисобдориро дар бар мегирад ва имконнопазирии воридоти тағйиру иловаҳо ба онро таъмин менамояд.

51. Ҳангоми мавҷуд набудани интиқоли маълумот оид ба ҳаҷми амалиётҳои ҳаррӯза дар охири рӯзи корӣ (гузариш аз як рӯз ба дигар рӯз) истифодаи МНХ дар оғози рӯзи кории оянда, аз ҷиҳати техникӣ бояд ғайриимкон бошад.

52. Кори ҷузъии хотираи фискалии дорои таҷҳизоти интиқолидиҳандаи электронии (минбаъд - ТИЭ) маълумот ва тасмаи электронӣ бояд имконпазир бошад.

53. Ба маълумотҳои аз ХФ чопшаванда ва дар он нигоҳдоришаванда инҳо дохил мешаванд:

- рақами корхонаи истеҳсолкунандаи МНХ;

- маълумот оид ба андозҳои ғайримустақими ҳисобшаванда (агар супоранда набошад "сифр" гузошта мешавад);

- рақами бақайдгирии ТИЭ;

- санаи фаъолгардонии ТИЭ.

54. Маълумоуи ҳисоботии ҳаррӯзаи ба ХФ интиқолёбанда ё аз ХФ чопшаванда дар шакли ҳисоботи фискалӣ (ҳисоботи "Z"):

- маблағи фурӯш (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки андозбандӣ мешавад;

- маблағи фурӯш (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки андозбандӣ намешавад;

- шумораи чиптаҳои (чекҳои) ба харидорон (мизоҷон) додашуда;

- санаи ҳисоботи ҳаррӯзаи ХФ.

55. Ҳаҷми ХФ бо шарти истифодаи МНХ на кам аз 300 рӯз дар сол бояд пешбурди ҳисоботи фискалиро дар мӯҳлати на зиёда аз 5 сол таъмин намояд.

56. МНХ бояд чоп намудани ХФ-ро барои давраи дилхоҳ таъмин карда тавонад, аз ҷумла маълумотҳо оид ба:

- ҷамъи маблағи амалиётҳо дар давра;

- ҷамъи маблағи андозҳо дар давра;

- рақами мушаххаси андозсупоранда;

- рамзи объект ва МХТ.

57. Маълумотҳои дар ХФ сабтшаванда пас аз пурра шудани ХФ бояд маҳфуз нигоҳ дошта шаванд.

58. Истифодаи МНХ дар ҳолатҳои зерин ғайриимкон мегардад:

- пур шудани ХФ;

- вайроншавии ХФ;

- ҳангоми кушодани ХФ;

- риоя нагардидани тартиби истифодаи МНХ;

- ҳангоми кӯшиши дахолати худсарона ба кори ХФ;

- ҳангоми кушодан, вайроншавии ТИЭ ва дар дигар ҳолатҳое, ки дар Талаботҳои техникӣ ба воситаҳои электронии интиқолдиҳандаи маълумотҳо дар МНХ истифодашаванда қайд гардидаанд;

- дар охири рӯзи корӣ ё тағйир додани санаи рӯз, ҳангоми интиқол надодани маълумотҳои ҳаррӯза ба ХФ.

§ 5. Дарҷи сана ва вақт

59. МНХ бояд дорои нишондоди сана ва вақти тақвимӣ бошад. Бе расонидани зарар ба тамғаи ҳифозатӣ ва корпуси МНХ ғайриимконии иваз намудани сана ва вақт бояд таъмин карда шавад.

§ 6. Нишондоди МНХ

60. МНХ бояд дорои 2 нишондод - барои харидорон (мизоҷон) ва хазиначӣ бошад, ки ҷамъи маблағро дар ҳар як чипта(чек) (на кам аз 8 сифр) дарҷ намояд.

61. МНХ хурдҳаҷм бояд дорои на кам аз 1 нишондод бошад, ки ҷамъи маблағи фурӯшро дар ҳар як чипта(чек) (на кам аз 7 сифр) дарҷ намояд.

§ 7. Рақами истеҳсолӣ ва калиди МНХ

62. МНХ бояд доро рақамии заводи истеҳсолкунанда (бо дарҷи рамзи ҳарфӣ ва рақамӣ, сол ва силсилаи барориш) ва калиди махсус (электронӣ), ки онро ба ҳолати корӣ медарорад, бошад.

§ 8. Ҷойи тамғагузорӣ

63. МНХ бояд дорои ҷойи махсуси тамғагузорӣ дар қисмати дастнораси он бошад. Ҷойи тамғагузорӣ инчунин метавонад дар дигар қисматҳо, ки комилии тамғаро мушоҳида кардан осонтар аст, ҷойгир карда шавад.

§ 9. Дуруст намудани доираи ҳудуди қайди маблағҳои пулӣ

64. МНХ бояд дорои имкониятҳои дуруст намудани қайди маблағҳои пулӣ, чӣ яклухт қайд намудани маблағ ва ё бо гузоштани аломати вергул "," ҷудо намудан ба воҳидҳои даҳиро дошта бошад.

§ 10. Тарҳрезии нишондодҳои (параметрҳои) барномасозӣ

65. МНХ бояд дорои нишондодҳои зерини барномасозӣ бо тугмачаҳоро дошта бошад:

- тарҳрезии молҳои (номгӯй ё рамз, шумора, арзиши мол) на кам аз 1000;

- тарҳрезии шӯъбаҳо (номгӯи шӯъбаҳо ё рамзҳои онҳо)барои гурӯҳҳои 2, 3 ва 4 на кам аз 8, барои гурӯҳи 1 на кам аз 4;

- тарҳрезии шакли пардохт - на кам аз 3;

- тарҳрезии тахфиф (каму зиёд) кардани арзиш на кам аз 3.

66. МНХ бояд функсияи гардиши молҳоро низ дошта бошад. Дар баробари имконияти барномасозии ҳисоби молҳои қабулшаванда дар давраи фурӯш, қобилияти ҳисоби камшавии мол ва дар мавриди ба итмом расидани он додани бонги махсусро дошта бошад.

§ 11. Шумораи хазиначиён

67. МНХ бояд фаъолияти якчанд хазиначиро таъмин карда тавонад. Дар гурӯҳҳои 2, 3 ва 4 бояд фаъолияти на кам аз 4 хазиначӣ дар як МНХ, дар гурӯҳи 1 бошад, як хазиначӣ бо як МНХ таъмин карда шавад.

§ 12. Қуттии нигоҳдории маблағ

68. МНХ гурӯҳҳои 2 ва 3 бояд дорои қуттии маблағнигоҳдории металлӣ, ки бо калиди алоҳида маҳкам карда мешавад, бошад. Барои МНХ гурӯҳи 1 доштани қуттии нигоҳдории маблағ талаб карда намешавад.

§ 13. Дигар имконот

69. МНХ бояд иҷрои функсияҳои зеринро низ дошта бошад:

- ислоҳи камбудиҳо;

- даст кашидан аз моли харидоришуда (иҷрои кор ва хизматрасонӣ);

- баргардонидани мол;

- иваз намудани мол;

- ҳисоби бақия;

- гузоштани пулҳои нақдӣ ба хазина (ба истиснои МНХ гурӯҳи 1);

- додани пулҳои нақдӣ аз хазина;

- назорати бақияи молҳо.

§ 14. Дараҷаи ҳимоявӣ

70. МНХ дорои якчанд дараҷаи ҳифозатии зерин мебошад:

- бояд чунон тамғаи ҳифозатӣ гузошта шавад, ки бе расонидани зарар ба тамға кушодани ҷузьҳои он ғайриимкон бошад;

- дар сурати ногаҳоӣ аз ҳолати корӣ баромадани МНХ, инчунин набудани қувваи барқ маҳфузияти маълумотҳои дар хотираи корӣ ва фискалӣ ҷойгирбуда бе зараррасонӣ ба тамға ва ҷузъҳои дигари он бояд нигоҳ дошта шавад.

- ҳангоми кушодани хотираи фискалии МНХ, корношоямӣ, ивазнамоӣ, нуқсон дар ҷузъҳои чопкунӣ ва ё кушодани он набудани тасмаи чиптавӣ ва назоратӣ, кушодани ТИЭ ва дигар чунин ҳолатҳо кори МНХ бояд ғайриимкон бошад.

§ 15. Талаботҳо оид ба МНХ хурдҳаҷми ба таври автономӣ истифодашаванда (гурӯҳи 1)

71. МНХ-и хурдҳаҷми ба таври автономӣ истифодашаванда барои истифода дар шароити мавҷуд набудани таъмини шабакаи барқи стандартии ивазшаванда, инчунин фаъолият дар дӯкончаҳо, мағозаҳои хурд, дӯконҳои сайёр ва дигар чунин объектҳо пешбинӣ шудааст. Чунин МНХ бояд дар мавриди набудани қувваи барқ бо истифода аз таҷҳизоти захиракунандаи энергия, ки дар дохил ва ё беруни он ҷойгир аст (ё ивазкунандаи он) имконияти амал намуданро дошта бошад.

§ 16. Талаботҳо ба МНХ бо системаи камфаъол (гурӯҳи 2)

72. МНХ бо системаи камфаъол бояд ба талаботҳое, ки дар бандҳои 46-70 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, ҷавобгӯй бошад.

§ 17. Талаботҳо ба МНХ фаъол бо системаи компютерии ҳисоб (гурӯҳи 3)

73. МНХ фаъол бо системаи компютерии ҳисоб бояд ба талаботҳое, ки дар бандҳои 47-70 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст, ҷавобгӯй бошад. МНХ фаъол бо системаи ҳисоби компютерӣ барои ворид намудан ба Феҳристи давлатии МНХ якҷоя бо таъминоти барномавии дахлдор, ки фаъолияти онро идора менамояд, пешкаш карда мешавад.

74. Ба МНХ фаъол бо системаи компютерии ҳисоб инчунин МНХ -РОS-системаҳо, ки ба монанди компютерҳои фардӣ имконияти ворид намудан ва хондан, коркард ва дарҷи маълумотро доранд, дохил мегарданд.

75. Ба ғайр аз ҳисоби фурӯши мол, дар РОS-система, инчунин дигар маълумот барои таҳлили минбаъда ҷамъ оварда мешаванд. РОS система бо мақсади муайян намудани моли зарурӣ ва қабул намудани маълумот оид ба он (арзиш, мӯҳлати коршоям ва ғайра), омода намудани чиптаи фискалӣ, ҳисоби маблағи баргардонанда, тайёр намудани ҳисоботҳои гуногун дорои интерфейс (намуди барнома) барои алоқамандӣ бо истифодабарандагон бошад.

§ 18. Талаботҳо ба сабткунандаи фискалӣ (гурӯҳи 4)

76. Сабткунандаи фискалӣ - таҷҳизоти чопкунандае мебошад, ки дар таркиби РОS -система амал карда, дорои ХФ мебошад ва бояд ба талаботҳои фасли 3 ҳуҷҷати мазкур ҷавобгӯй бошад.

77. РОS -система, ҳамчун дастаи асбобҳо барои автоматикунонии фаъолияти хазиначӣ мебошад, ки асоси онро сабткунаки фискалӣ ташкил медиҳад. Ба таркиби РОS -система блоки системавӣ, тугмачаҳои барномавӣ, бақайдгираки фискалӣ, монитор барои хазиначӣ, қуттии маблағгузорӣ, ҳисобкунаки корт, сканер штрих-кодҳо ва дисплей барои харидор( мизоҷ) мебошад.

78. Ҷойгиркунонии якҷояи қисмҳои таркибии таҷҳизот дар маҷмӯъ ҷойи кори хазиначиро ташкил менамояд.

§ 19.Талаботҳои техникӣ ба таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронии маълумотҳо дар МНХ истифодашаванда

79. Тамоми ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ҳисоботҳои бастҳои кории хазиначиён, инчунин ҳисобот оид ба фаъолгардонии ТИЭ, бояд бо дарҷи рақами рамзи криптографии санҷишӣ (минбаад-РКС) анҷом ёбад.

80. Тамоми ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ҳисоботҳои бастҳои кории хазинадорон, инчунин ҳисобот оид ба фаъолгардонии ТИЭ бояд сатри иборат аз рақами баҳисобгирии ТИЭ-и фаъолшударо (шакли чопӣ: "рақами ҳисоби ТИЭ") чоп намоянд. Ҷойи чопи ин маълумот дар ҳуҷҷатҳои истифодабарии МНХ муайян карда мешаванд. Рақами баҳисобгирии ТИЭ бояд дар ХФ МНХ нигоҳ дошта шавад.

81. Фаъол намудани интиқолдиҳандаи электронии масофавӣ танҳо баъд аз интиқол додани маълумотҳои аввалия тавассути танзимгари алоқаи интихобнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба маркази маълумотҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чоп намудани маълумоти тасдиқкунанда аз МНХ амалӣ мегардад.

82. Анҷомёбии амалиётҳои хазинавӣ пас аз фаъолгардонии ТИЭ бояд бо тартиби дар бандҳои 79 - 98 пешбинигардидаи Тартиби мазкур қайд гардад.

83. Дар МНХ бояд барои додани ҳуқуқи иҷозат ба дастрасии маълумотҳои ТИЭ тибқи талаботи дар бандҳои 100-106 Тартиби мазкур пешбинишуда дода мешавад.

84. Дар ҷавоб ба дархости МНХ маълумотҳои аз ТИЭ гирифташуда бояд дар тасмаи назоратии МНХ тибқи ҳуҷҷати хусусиятҳои техники ин таҷҳизот чоп карда шавад.

85.Ҳангоми хомӯш намудани маҳзани маълумотҳои ТИЭ, бояд дархости маълумот дар ҳама реҷа, ба истиснои реҷаи фурӯш дар МНХ имконпазир бошад. Тартиби фаъол намудани ТИЭ, хомӯш намудани маҳзани маълумотҳо ва талаб намудани маълумотҳо аз ТИЭ бояд дар ҳуҷҷатҳои ба истифодадиҳии истеҳсолкунанда чоп карда шавад.

86. Ҳангоми амалиёти фаъол намудани ХФ-и МНХ азнавбақайдгирӣ ва дохил намудани ТИЭ ба МНХ-и фискализатсияшуда, мошина бояд имконияти фаъол намудани ТИЭ-ро диҳад.

87. Фаъолгардонии ТИЭ бояд танҳо пас аз анҷоми басти корӣ имконият дошта бошад.

88. Ҳангоми фаъолгардонии ТИЭ, МНХ бояд интиқоли маълумотҳои зеринро ба ТИЭ таъмин карда тавонад:

- санаи ҷории фаъолгардонӣ;

- вақти ҷории фаъолгардонӣ;

- рақами барориши МНХ;

- рақами мушаххаси андозсупоранда;

- рақами ҳисоботи ҷамъбастии охирин (ҳисоботи "Z");

- навъи МНХ;

- бақияи ҷамъбастии ХФ.

89. Дар ҳолати фаъол гардидани ТИЭ, МНХ бояд, ки ҳисоботҳои дар поён тартибдодашударо, ки бо тариқи дархост аз ТИЭ талаб карда шудааст, чоп намояд:

- навъи МНХ;

- рақами барориши МНХ;

- рақами мушаххаси андозсупоранда;

- рақами баҳисобгирии ТИЭ;

- маълумоти бақайдгирии МНХ;

- рақами қаблии ҳисоботи "Z" то фаъолгардонӣ;

- санаи фаъолгардонӣ;

- вақти фаъолгардонӣ;

- ҷамъбасти бақияи хотираи фискалӣ.

90. Дар анҷоми фаъолгардонии ТИЭ, дар хотираи фискалии МНХ бояд маълумотҳои зерин нигоҳ дошта шаванд:

- рақами баҳисобгирии ТИЭ;

- санаи фаъолгардонӣ;

- рақами ҳисоботи қаблии "Z" то фаъолгардонӣ;

91. Ҳангоми омода гардидани ҳуҷҷати пардохт, МНХ бояд расонидани маълумоти зеринро ба ТИЭ таъмин намояд:

- намуди амалиётҳои хазинавӣ (фурӯш, баргардонидани мол, баргардонидани фурӯш, барҳамдиҳӣ, тахфиф, изофа, фурӯш аз корти пардохтӣ) - аз ҳар як амалиёти зикргардида. Маълумот оид ба дигар намудҳои амалиётҳои хазинавӣ метавонад дар шакли матни алоҳида пешниҳод гардад;

- барои пеш бурдани ҳисобот дар ТИЭ вобаста ба шӯъбаҳо, бахшҳо, молҳо, хизматрасонҳо ва ғайра аз рӯи рамзи ҳисоботӣ (оид ба фурӯш, харид, баргардонидани мол, баргардонидани фурӯш, барҳамдиҳӣ, амалиёт оид ба фурӯш аз корти пардохтӣ);

- миқдор (шумора) аз рӯи шӯъбаҳо;

- маблағ аз рӯи шӯъбаҳо;

- сана ва вақти чопи ҳуҷҷат ва рамзи хазиначӣ (рақам).

92. То додани ҳуҷҷати тасдиқи фурӯш (чипта) дар ТИЭ (то чоп кардани чиптаи хазинавӣ), МНХ бояд ба барҳамдиҳии он роҳ надиҳад.

93. Бе санҷиши комилнокии бойгонӣ, МНХ набояд қабули ҳисоботи "Z"-ро иҷозат диҳад.

94. Ҳангоми қабули ҳисоботи "Z" МНХ бояд сана, вақт ва рамзи хазиначиеро, ки ин ҳисоботро дар ТИЭ қабул намудааст, таҳвил диҳад. Ин сана ва вақт бояд бо сана вақти ҳисоботи чопшаванда як бошад.

95. Ҳангоми тартиб додани ҳисоботи "Z", МНХ маълумот оид ба ҳисоботи дар ТИЭ сабтшударо бо илова намудани сатри РКС (рамзи криптографии санҷишӣ) таҳвил медиҳад.

96. Маҳкам кардани маҳзани маълумоти ТИЭ (ЕМQ) бе чоп намудани ҳисоботи навбатии "Z" бояд ғайриимкон бошад.

97. Ҳангоми вайрон шудани ХФ, МНХ имконияти маҳкам намудани маҳзани маълумоти ТИЭ-ро, бе чоп намудани ҳисоботи "Z", танҳо дар мавриде дода метавонад, ки маҳкам намудани маҳзан бо ин сабаб ғайриимкон бошад. Маҳкам кардани маҳзани маълумоти ТИЭ, ки истифодаи он дар таркиби МНХ боз дошта шудааст, танҳо дар мавриди аз кор баромадани ТИЭ имкон дорад.

98. Агар рамзи ҷавобии ТИЭ оиди ҷой доштани ягон нуқсон дар МНХ маълумот диҳад, бояд сатри огоҳикунанда иборат аз рамзи ҷавобии ТИЭ бо дарҷи нуқсони ҷойдошта дар ТИЭ (шакли чоп: "ЕРР _ТИЭ_ рамзи ҷавобӣ" ё "ЕРР_ТИЭ") чоп шавад.

99. Агар амалиёти технологии дилхоҳ бо МНХ анҷомдодашуда имконияти иваз шудани натиҷаҳои ҳисоботи "Z"-ро ба миён оварад, пас ҳангоми ба кор андохтани МНХ ва то қабули ҳисоботи "Z" дар асоси маълумотҳои дахлдор маълумотҳои фискалӣ бояд дар ТИЭ барқарор карда шаванд.

100. МНХ барои қабул намудани маҳзани маълумотҳо аз ТИЭ бояд имконияти иҷрои талаботҳои зеринро дошта бошад:

- бо шӯъбаҳо барои давраи муайян;

- ҳисоботи "Z" , аз рӯи шуъбаҳо барои давраи муайян;

- ҳисоботи "Z" , аз рӯи давраи муайян;

- натиҷаи ҳисоботи "Z";

- натиҷаҳои фаъолнамоӣ (активизатсия);

- ҳуҷҷат аз рӯи рақами МНХ;

- тасмаи назоратӣ аз рӯи ҳисоботи "Z".

101. МНХ бояд имконияти чоп намудани ду намуди ҳисоботро дошта бошад:

- ҳисоботи мушаххас - танҳо дарҷи маблағи ҷамъбастӣ барои давраи (вақти) интихобшуда;

- ҳисоботи муфассал - тамоми маълумотҳо, аз ҷумла маблағи ҷамъбастӣ барои давраи (вақти) интихобшуда.

102. Тартиби чоп намудани маълумоти аз ТИЭ гирифташуда дар МНХ бояд дар ҳуҷҷатҳои истифодабарии МНХ дарҷ шуда бошад.

103. Ҳангоми дар таркиби МНХ набудани ТИЭ ва ҷойгир будани ТИЭ, ки қаблан дар дохили дигар МНХ фаъол гардида буд, бояд кори онро боз дорад.

104. Барқарор намудани кори МНХ, танҳо бо роҳи ҷойгир намудани ТИЭ- фаъолгардида дар дохили он имконпазир мегардад.

105. Ба истиснои ҳолатҳои алоқаманд ба санҷиши комилии маҳзани маълумотҳо, чоп намудани ҳисоботи "Z" ва маҳкам намудани маҳзани маълумотҳо кори МНХ ҳангоми наздик омадан ба пур шудани хотираи ТИЭ, дар ҳолатҳои корношоямӣ ё ба охир расидани мӯҳлати ба маҳзани асосӣ додани маълумотҳои ҷамъгардида бояд ғайриимкон гардад.

106. Ҳангоми ҷойгир намудани ТИЭ-и фаъолнагардида ба таркиби МНХ, ба истиснои амалиётҳои азнавбақайдгирӣ ё фаъолгардонии ТИЭ ворид намудани дигар маълумотҳо бояд ғайриимкон бошад.

§ 20. Дигар талаботҳо

107. Тавсифоти техникӣ ва истифодабарии МНХ, ки дар талаботи мазкур дарҷ нагардидааст бояд ба талаботи умумиэътирофшуда мутобиқат намояд.

108. Аломатҳои тугмачаҳо, маълумотҳои дар нишондиҳанда бароварда ва дар МНХ чопшаванда, ки барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат шудаанд, бояд бо рақам, аломатҳо ва алифбои тоҷикӣ бошанд.

109. МНХ мутобиқ ба хусусиятҳои ТИЭ бояд бо лавозимотҳои техники зарурӣ таъмин карда шавад.

110. Дар шиносномаи техникии МНХ, бояд саҳифаҳои алоҳида оиди пешбурди қайди махсус дар бораи насб ва ё иваз кардани ТИЭ ҷой дошта бошад.

6. Ташаккули Феҳристи давлатии МНХ-и дорои хотираи фискалӣ барои истифодабарӣ дар Ҷумҳурии Точикистон

111. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор), мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти дахлдори дигар Феҳристи давлатии МНХ-и дорои хотираи фискалиро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (минбаъд - Феҳристи давлатӣ), тасдиқ менамояд. Ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он тамғаҳои МНХ, ки ба Феҳристи давлатӣ ворид карда шудаанд, истифода бурда мешавад.

112. Барои хулосабарорӣ оид ба талаботи техникӣ ҷавобгӯй будан, ворид намудани тамғаҳои МНХ ба Феҳристи давлатӣ ё аз Феҳристи давлатӣ хориҷ намудани тамғаҳои МНХ, дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи экспертии байниидоравӣ бо ҷалби кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти дахлдори дигар ва коршиносон таъсис дода мешавад.

113. Дар ҳолати аз Феҳристи давлатӣ хориҷ намудани ин ё он тамғаи МНХ истифодабарии минбаъдаи он то ба охир расидани мӯҳлатҳои дар Феҳристи давлатӣ нишондодашуда иҷозат дода мешавад.

114. Баррасии масъалаҳо оид ба ворид намудани тамғаи нави МНХ ба Феҳристи давлатии МНХ дар асоси аризаи барои дохил ва ё хориҷ намудани тамғаи нави мошинаи назоратӣ-хазинавӣ ба (аз) Феҳристи давлатӣ мутобиқи замимаи 6 Тартиби мазкур амалӣ мешавад.

115. Ба ариза барои ворид намудани тамғаи МНХ ба Феҳристи давлатӣ чунин ҳуҷҷатҳо замима мегарданд:

- шиносномаи МНХ ва ҳуҷҷати техникии корхонаи истеҳсолкунанда;

- намунаи чиптаҳо (чекҳо) ва ҳисоботҳои ҷамъоваришуда, ки корхонаи истеҳсолкунандаи МНХ дар ҳолати ғайрифискалӣ будани МНХ чоп намудааст;

- дастур оид ба истифодабарии МНХ дар ҳомили коғазӣ ва электронӣ;

- дастур барои шахси ваколатдори мақомоти андоз дар ҳомили коғазӣ ва электронӣ, оид ба барқарор намудани реҷаи фискалӣ, азнавбақайдгирии МНХ, гирифтани ҳисоботи фискалӣ, ҳисобот оиди ҳолати ҷории хазина, инчунин барои дар чиптаи назоратӣ ворид намудани маълумоти дар банди 27 Тартиби мазкур пешбинишуда;

- санади кафолатии корхонаи истеҳсолкунанда оид ба хизматрасониҳои техникӣ вобаста ба тамғаи дахлдори МНХ;

- тавсифномаи техникии тамғаи МНХ, ки аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунанда дода шудааст;

- расми (сурати) рангаи МНХ дар ҳомили коғазӣ ва электронӣ.

116. Агар тамғаи МНХ барои насб намудан ба барномаҳои компютерӣ таъин шуда бошад, ба ариза иловатан барои пайвастшавии сабткунандаи фискалӣ ба барномаҳои компютерӣ хуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи мувофиқатии МНХ ба талаботи техникии системаи компютерӣ. Додани хулоса аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад;

- тасдиқи санади кафолатӣ аз ҷониби МХТ вобаста ба хизматрасонии техникии намуди МНХ, ки дорои системаҳои компютерӣ мебошад.

117. Ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ будани тамғаи МНХ барои ворид намудан ба Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Комиссияи экспертии байниидоравӣ бо роҳи гузаронидани озмоиши намунаи тамғаи МНХ дар ҳузури шахсе, ки барои ворид намудани МНХ ба Феҳристи давлатӣ муроҷиат намудааст, амалӣ мегардад. Барои муайян сохтани талаботи техникии тамғаи МНХ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҷалби дигар мутахассисон ва коршиносонро (ба истиснои шахсоне, ки барои ворид намудани тамғаи МНХ ба Феҳристи давлатӣ муроҷиат намудаанд ва шахсони ба онҳо алоқаманд) дорад.

118. Қарор оид ба ворид намудани (ё рад намудани воридкунии) тамғаи МНХ ба Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор баъди гирифтани хулосаи Комиссияи экспертии байниидоравӣ дар муддати 1 моҳ, аз рӯзи ворид шудани ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ба ариза ҳамроҳ мегарданд, қабул карда мешавад. Дар ҳолати рад намудани ариза барои ворид намудани намуди МНХ ба Феҳристи давлатӣ, ба аризадиҳанда мактуби дахлдор бо баёни ҳама сабабҳои радкунӣ фиристода мешавад.

119. Хориҷ намудани тамғаи МНХ аз Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар ҳолати ҷавобгӯ набудани он ба талаботи муқаррарнамудаи Тартиби мазкур тибқи хулосаи Комиссияи экспертии байниидоравӣ амалӣ мегардад.

120. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ андозсупорандагонро оид ба аз Феҳристи давлатӣ хориҷ намудани (ворид намудани) тамғаи МНХ дар муддати на камтар аз 2 моҳ тариқи интишори қарори мазкур дар воситаҳои ахбори омма огоҳ менамояд.

Ниг.Замимаи 1 - 7