Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 206 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт" дар заминаи Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт таъсис дода шавад.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии мазкурро бо стандартҳои давлатӣ ва нақшаю барномаҳои таълимии дахлдор таъмин намояд.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷуёнро ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои соли таҳсили 2013-2014 ва солҳои минбаъда муқаррар намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул ва супоридани бино ва амволи Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт комиссия таъсис дода, қабул ва супоридани бино ва амволи филиали мазкурро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ намояд.

5. Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт".

6. Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати зерин хориҷ карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт".

7). Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 501 "Дар бораи таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев дар ноҳияи Рашт" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 майи соли 2013, № 206

ш. Душанбе