Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 171 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 205 "Дар бораи тасдиқи Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзҳо, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар муқаддимаи қарор рақами "238" ба рақами "193" иваз карда шавад;

- банди 3 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки номгӯи намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин тағйирот ба онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд.".

2. Ба Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзҳо, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, №205 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар банди 1 пас аз калимаҳои "аккредитатсия шудаанд" калимаҳои "(минбаъд-намояндагиҳо)" илова шуда, дар тамоми матни Тартиб калимаҳои "намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд" ба калимаҳои "намояндагиҳо" иваз карда шаванд; - банди 10 хориҷ карда шавад;

- дар банди 13 калимаи "баҳисобгирӣ" ба калимаҳои "ба ҳисоб (қайди андозӣ) гузоштан" иваз карда шавад;

- банди 14 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"14) Намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, вазифадоранд дар мақоми андоз, новобаста ба будан ё набудани шароитҳое, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадани ӯҳдадориҳоро оид ба пардохти андозҳо бо он вобаста мекунанд, дар мӯҳлати 30 рӯз аз лаҳзаи оғози фаъолият ба қайд гузошта шаванд. Тартиби дар мақомоти андоз ба қайд гузоштан, аз қайд баровардан ва дигар ҳолатҳои вобаста ба рақами мушаххаси андозсупоранда бавуҷудомада тибқи талаботи моддаҳои 25 ва 26 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан" дар мақомоти андоз ба танзим дароварда мешавад.";

-дар банди 16 рақами "76" ба рақами "56" иваз карда шавад;

- бандҳои 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 хориҷ карда шаванд;

- дар бандҳои 28, 30 ва 31 калимаҳои "Идораи андози шаҳри Душанбе" ба калимаҳои "Раёсатҳои андоз дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе" иваз карда шаванд;

- замимаҳои 1, 2, 3, 4, 5 ва 6 Тартиби мазкур аз эътибор соқит карда шаванд.

3. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, № 463 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд" рақами "211" ба рақами "169" иваз карда шавад.

4. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2006, №573 "Дар бораи Номгӯи маҳсулоти коркарди молҳо дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо" рақамҳои "347 ва 348" ба рақамҳои "257 ва 259" иваз карда шавад.

5. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 261 "Дар бораи тасдики Номгӯи намудҳои асосии ашёи хом, мавод ва таҷҳизоти воридкунандаи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озодшаванда" калимаҳои "банди 8) қисми 4, моддаи 211" ба калимаҳои "моддаи 169" иваз карда шавад.

6. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 549 аз эътибор соқит дониста шуд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 марти соли 2013, № 171

ш. Душанбе