Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005, № 137
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 42 Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005, № 137 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар сархати чорум рақами "80" ба рақами "8" иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум рақами "40" ба рақами "6" иваз карда шавад;
- дар сархати шашум рақами "12" ба рақами "5" иваз карда шавад.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 марти соли 2013, № 162
ш. Душанбе
аз 30 марти соли 2013, № 162
ш. Душанбе
...