Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасонӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашудаи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайатҳои давлатҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматдошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Тартиби хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
а) дар банди 4 калимаҳои "Вазорати амнияти" ба "Кумитаи давлатии амнияти миллии" иваз карда шавад;
б) дар бандҳои 4 ва 5 калимаҳои "Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" иваз карда шаванд;
в) дар банди 5 баъд аз калимаи "Идораи" калимаи "молиявию" хориҷ карда шавад.
2. Номгӯи мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).
3. Ба Рӯйхати мансабдороне, ки аз онҳо барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ситонида намешавад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2001, № 72 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
а) дар сархати ҳаштум калимаҳои "Сафирони давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд" ба калимаҳои "Сафирони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаи онҳо дар асоси принсипи мутақобила, инчунин сафирон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ. Татбиқи принсипи мутақобилаи хизматрасонӣ ба сафирони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаи онҳо дар асоси дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисхон амалӣ мегардад" иваз карда шавад;
б) дар сархати ёздаҳум калимаҳои "бо дархостҳои Роҳбарони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "бо дархости Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 марти соли 2013, № 105
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 105
тасдиқ шудааст
Номгӯи мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.
Мушовирони давлатӣ, мудири Котибот, котиби матбуот, мушовирони калон ва мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роҳбари Дастгоҳ, муовинони ӯ, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роҳбари Дасттоҳ, муовинони ӯ, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сардорони идораҳо, мудирони шӯъбаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сафирон, намояндагони ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки мутобиқан аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд, бо аъзои оилаашон.
Сафирон ва мушовирон-фиристодагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва аъзои оилаи онҳо дар асоси принсипи мутақобила, намояндаи Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Сарвари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Сарвари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон.
Вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони онҳо, раисони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони (директорони) саридораҳо, идораҳо, агентиҳо ва марказҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ширкатҳо, ассотсиатсияю корпоратсияҳо ва иттиҳодияҳои давлатӣ ва муовинони онҳо, сардори идораи протоколи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, раиси шаҳри Душанбе ва муовинони онҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
Президент ва ноибони Президенти Академияи илмҳом Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайатҳои ҳукуматӣ, меҳмонони Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси онҳоро мушоиаткунанда (бо дархости Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суда Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дигар шахсони мансабдоре, ки мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд (бо пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор).
Эзоҳ:
1. Барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмӣ (ба истиснои Рӯйхати мансабдороне, ки аз онҳо барои хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ситонида намешавад) маблағе ситонида мешавад, ки андозаи онро, бо дарназардошти хароҷоти воқеӣ барои нигоҳдории толор ва хизматҳои расонидашуда, ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" бо мувофиқаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
Ба аъзои оилаҳои шахсони дар Номгӯи мансабдороне, ки дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад, дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳо танҳо дар сурати якҷоя бо мансабдорони зикршуда парвоз карданашон хизмат расонида мешавад. Ин қоида ба аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, инчунин Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл надорад ва ба онҳо дар ҳар ҳолат дар толорҳои ҳайатҳои расмӣ бидуна пардохти маблағ хизмат расонида мешавад.
Ба таври ройгон воридшавии воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваққуфгоҳи муваққатии назди толори ҳайатҳои расмии
ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" бо усули мутақобила иҷозат дода мешавад.
2. Ворид шудан ба перрон ба автомашинаҳои Президент, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
3. Ба толор ва ҳудуди толори ҳайатҳои расмӣ ворид шудани гуселкунандагон ва пешвозгирандагоне, ки рухсатномаи махсус надоранд, манъ аст.
4. Ворид шудани муҳофизони шахсони мансабдор ба толори ҳайатҳои расмӣ ва ба ҳудуди он тибқи пешниҳод намудани шаҳодатномаи шахсияти корманди Раёсати муҳофизони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
5. Ба перрон ва ба ҳудуди майдони нишасти фурудгоҳҳо баромадани шахсони ҳамроҳикунанда ва муҳофизони шахсони мансабдор, ба истиснои муҳофизони шахсии Президент, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъиян манъ аст.