Низомномаи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин

Санаи амалкуни: 02.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 89

Низомномаи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои истифодаи қаъри замин (минбаъд- Низомнома) вазифаҳо, тартиби ташаккул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, тартиби фаъолияти Комиссияи ҳуқуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро (минбаъд - Комиссияи ҳукуматӣ) муайян менамояд.

2. Комиссияи ҳукуматӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Комиссияи ҳукуматӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355).

4. Комиссияи ҳукуматӣ ҳамчун мақоми машваратӣ дар асоси даъват амал карда, бо мақсади интихоби ғолиби озмун (ва ё озмунҳо), таъмини муқоисаи воқеӣ ва арзёбии пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни Озмун, инчунин таъмини шаффофият, рақобатпазирӣ, шароити баробар ва роҳ надодан ба маҳдудкунии ҳуқуқ ҳангоми интихоби ғолиби озмун таъсис дода мешавад. Таъминоти моддию техникии фаъолияти Комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳамчун хироҷ барои иштирок дар Озмун пардохтнамудаи иштирокчиёни Озмун, ки дар суратҳисоби махсуси хазинадорӣ ҷамъ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

2. Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ

5. Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

6. Комиссияи ҳукуматӣ аз 18 аъзо, аз ҷумла Раиси Комиссияи ҳукуматӣ ва Муовини Раиси Комиссияи ҳукуматӣ иборат мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355).

3. Ваколатҳои Комиссияи хукуматӣ

7. Комиссияи ҳукуматӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бо пешниҳоди мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳӣ маъқул ва пешниҳод намудани Номгӯи қитъаҳои қаъри замине, ки ба озмун бароварда мешаванд ва шартҳои озмун барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайяи намудани регламенти озмун ва инчунин ҳаҷми хироҷ барои иштирок дар озмун;

- қабул ва бақайдгирии аризаҳо барои иштирок дар озмун;

- ба иштирокчиёни озмун додани ҳуҷҷатҳои асосӣ барои тартиб додани пешниҳоди озмунӣ;

- тафсири муқаррароти лоиҳа ва шартҳои асосии озмун;

- ҷамъбасти натиҷаҳои озмун;

- омодасозӣ, барасмиятдарорӣ ва тасдиқи хулосаи Комиссияи ҳукуматӣ аз рӯи натиҷаҳои озмун ва ирсоли он ба мақомоти дахлдор.

8. Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳоди озмунии иштирокчиёни озмунро дар мӯҳлати на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи кушодани лифофаҳои пешниҳодҳои озмунӣ баррасӣ, арзёбӣ ва муқоиса менамояд.

9. Комиссияи ҳукуматӣ ҳукуқ дорад барои арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ коршиносони мустақилро ҷалб намояд. Зери мафҳуми коршиносон ашхоси дорои дониши махсус дар соҳаи иқтисодиёт, кӯҳкорӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдори маълумоти касбӣ ва ё таҷрибаи кории коршинос тасдиқ карда шудааст, дар назар дошта мешавад.

10. Коршиносон наметавонанд ашхосе, ки шахсан ба натиҷаҳои озмун манфиатдор ҳастанд (аз ҷумла, ашхосе, ки воҳиди кории ташкилот ва корхонае бошанд, ки барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод намудаанд) ва ё шахсони воқеие, ки ба онҳо иштирокчиёни озмун имконияти таъсиррасонӣ доранд (аз ҷумла, шахсони ширкаткунанда (саҳом) ва ё молики ин ташкилотҳо, аъзои мақомоти идораи онҳо, қарздиҳандаи иштирокчии озмун) бошанд.

11. Коршиносон ба Комиссияи ҳукуматӣ хулосаи худро доир ба масъалаҳои аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ вогузоршуда дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи ба онҳо ворид шудани пешниҳодҳои озмунӣ пешкаш менамоянд. Ақидаи коршинос, ки дар хулосаи коршиносӣ баён карда мешавад, хусусияти тавсиявӣ дошта, барои Комиссияи ҳукуматӣ ҳатмӣ намебошад. Хулосаи коршиносӣ дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, ба Протоколҳои ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ замима мегардад.

12. Дар ҳолати зарурӣ Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ дорад барои самаранок анҷом додани озмун мушовирон ва ҳамчунин мушовирони хориҷиро ҷалб намояд.

13. Ба вазифаҳои мушовирон дохил мешаванд:

- омодасозии пешниҳод ва тавсияҳо ба Комиссияи ҳукуматӣ доир ба масъалаҳои самаранок анҷом додани озмун;

- омодасозии шаклҳои фосилавӣ ва ниҳоии ҳуҷҷатҳои озмунӣ;

- тафсири муқаррароти ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба аъзоёни Комиссияи ҳукуматӣ;

- иштирок дар вохӯриҳои аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ бо иштирокчиёни озмун гузарондашаванда ба ҳайси мушовири Комиссияи ҳукуматӣ;

- ба Комиссияи озмунӣ машварат додан доир ба тамоми ҷанбаҳои озмун баргузоршаванда;

14. Ба истиснои масъалаҳои дар банди 15 Низомнома пешбинишуда, тамоми қарорҳо доир ба ҳама ҷанбаҳои озмун аз тарафи худи аъзои Комиссияи хукуматӣ тибқи тартиби муаяйнгардидаи боби 6 Низомнома инчунин бо дарназардошти муқаррароти Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин қабул карда мешавад.

15. Қарорҳои Комиссияи ҳукуматӣ доир ба масъалаҳои дар зеровардашуда пешакӣ буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ карда шаванд:

- тасдиқи шакли ниҳоии ҳуҷҷатҳои озмунӣ ҷиҳати интишор барои иштирокчиёни озмун;

- тасдиқи ғолибони озмун;

- маъқул донистани лоиҳаи Созишнома оид ба истифодабарии қаъри замин ҷиҳати имзорасонӣ бо ғолиби озмун.

4. Ҳуқуқҳои Комиссияи ҳукуматӣ

16. Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ дорад:

- дар ҳолатҳои пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии озмунро дар тамоми марҳилаҳои гузариши озмун, аз иштирок бартараф намояд;

- аз иштирокчии озмун оид ба ҳуҷҷатҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда, инчунин вобаста ба пешниҳоди сармоягузорӣ, ки аз тарафи иштирокчии озмун ирсол гардидаааст, тавзеҳот талаб намояд;

- аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар бораи нисбати чунин иштирокчӣ гузаронидани маросими муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ, дар бораи мавҷудияти қарзи чунин иштирокчӣ аз андозу хароҷотҳои ҳисобшуда ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва (ё) ба буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ барои соли тақвимии гузашта, доир ба додани дархости шикоятӣ ҷиҳати мавҷудияти чунин қарзҳо ва оид ба натиҷаҳои баррасии шикоят маълумот дархост намояд;

17. Аъзои Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ доранд:

- бо тамоми ҳуҷҷатҳову маълумотҳо ва пешниҳодҳои озмунии барои баррасӣ пешниҳодгардида шинос шаванд;

- дар ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа баромад намоянд;

- ақидаи махсуси худро, ки ба Протоколҳои ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ замима карда мешавад, дар шакли хаттӣ пешниҳод намоянд.

5. ӯҳдадориҳои Комиссияи ҳукуматӣ

18. Комиссияи ҳукуматӣ ӯҳдадор аст:

- мутобиқати иштирокчиёни озмунро ба талаботҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои озмун ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин мавриди санҷиш қарор диҳад;

- эзоҳоти иштирокчиёни озмунро доир ба ҳуҷҷатҳои дар якҷоягӣ бо дархостҳои пешниҳодшуда барои иштирок дар озмун ва пешниҳодҳои озмунӣ дар протоколҳои ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ дарҷ намояд;

- баррасӣ, арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни озмунро тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, регламенти озмун ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин таъмин намояд;

- ҳамаи даъвоҳои хаттии довталабонро оид ба раванди озмун баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои гузошташуда қарор мебарорад ва дар муддати 10 рӯзи корӣ ба довталаб ҷавоби асоснок мефиристад;

- амалӣ намудани дигар чорабиниҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин.

19. Аъзои Комиссияи ҳукуматӣ уҳдадоранд:

- дар ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ, ба истиснои мавҷуд будани сабабҳои узрноки муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан иштирок намоянд;

- ба ошкор кардани маълумоте, ки ба онҳо дар рафти омодасозӣ ва гузаронидани озмун дастрас мегардад, ба ғайр аз ҳолатҳои мустақиман пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ надиҳанд;

- ба протоколҳои ҷаласаҳо ва хулосаҳои Комиссияи ҳукуматӣ имзо намоянд;

- дар муҳокима ва овоздиҳӣ вобаста ба масъалаи муайян намудани ғолиби Озмун иштирок намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355).

20. Ҳар як узви Комиссияи ҳукуматӣ барои иштироки фаъолона дар гузаронидани расмиёти кушодан ва сабт кардани дархостҳо ҷиҳати иштирок дар Озмун масъул мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355).

6. Ташкили кор

21. Кори Комиссияи ҳукуматиро Раиси Комиссияи ҳукуматӣ ва ҳангоми набудани ӯ муовини Раиси Комиссия роҳбарӣ менамояд.

22. Раиси Комиссияи ҳукуматӣ (дар мавриди набуданаш муовини Раиси Комиссия):

- кори Комиссияи ҳукуматиро ташкил ва иҷрои Низомнома ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро таъмин менамояд;

- ба дархостҳое, ки ба вазорату идораҳо доир ба масъалаи гирифтани иттилооти зарурии вобаста ба озмун фиристонидашуда имзо менамояд;

- ба вазорату идораҳо доир ба масъалаҳои озмун супоришҳои дахлдор медиҳад;

- ҷаласаи Комиссияи ҳукуматиро салоҳиятнок эълон менамояд ва ё дар мавриди набудани кворум барои ба вақти дигар гузаронидани ҷаласа қарор қабул менамояд;

- ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматиро оғоз намуда, онро роҳбарӣ менамояд ва танаффус эълон мекунад;

- тартиби баррасии масъалаҳои муҳокимашавандаро муайян менамояд;

- дар ҳолати зарурӣ ба баррасии Комиссияи ҳукуматӣ масъалаи ба кори комиссия ҷалб намудани коршиносон ва мушовиронро пешниҳод менамояд;

- реҷаи озмунро тасдиқ менамояд;

- лифофаҳои пешниҳоди озмуниро мекушояд ва мундариҷаи онро қироат менамояд;

- натиҷаҳои овоздиҳӣ ва қарорҳои аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ қабулшударо эълон менамояд;

- якҷоя бо дигар аъзои Комиссияи ҳукуматӣ ва Котиби Комиссияи ҳукуматӣ ба протоколҳои ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ имзо мегузорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355);

- дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои иҷрошуда ҷиҳати анҷоми озмунҳо ҳисобот медиҳад.

23. Фаъолияти фаврии Комиссияи ҳукуматиро Котиби комиссия ташкил ва таъмин менамояд, аз ҷумла (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355):

- қабул ва қайди дархостҳоро ҷиҳати иштирок дар озмунҳо ба роҳ мемонад;

- оид ба қабул ва ё рад гардидани дархост иштирокчиёнро огоҳ менамояд;

- дархостҳоро барои ирсол намудан ба вазорату идораҳо омода менамояд;

- аз номи Раиси Комиссияи ҳукуматӣ аъзои Комиссияи ҳукуматиро оид ба баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ ва рӯзномаи ин ҷаласаҳо хабардор месозад;

- аъзои Комиссияи хукуматиро бо маводҳои зарурӣ доир ба масъалаҳои дар ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳукуматӣ баррасишаванда таъмин менамояд;

- протоколи ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматиро пеш бурда, онҳоро якҷоя бо Раис ва аъзоёни Комиссияи ҳукуматӣ имзо мекунад;

- коргузории фаъолияти Комиссияи ҳукуматиро таъмин менамояд;

- тамоми фаъолиятро ҷиҳати анҷоми озмун ташкил мекунад;

- нигоҳдорӣ ва тамомияти ҳамаи ҳуҷҷатгузории озмунро таъмин менамояд;

- бо супориши Раиси Комиссияи ҳукуматӣ дигар вазифаҳоеро, ки аз муқаррароти Низомномаи мазкур бармеоянд, мавриди амал қарор медиҳад.

24. Натиҷаҳои кори Комиссияи ҳукуматӣ бо барасмиятдарории протоколи ниҳоӣ ва хулоса анҷом дода мешавад, ки аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ ба мақоми иҷозатномадиҳӣ дар давоми ду рӯз пас аз тасдиқи он барои қабули қарор оид ба ғолиби озмун ва интишори натиҷаҳо ва огоҳнамоии ғолиби озмун ирсол карда мешавад.

25. Барои гузаронидани ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ иштироки на камтар аз 9 аъзои он (кворум) зарур мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355).

26. Тамоми қарорҳо доир ба масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷ гардида, бояд дар худи ҳамон ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ қабул карда шаванд.

27. Дар вақти қабули қарор аъзои Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ надорад, ки аз овоздиҳӣ худдорӣ ва ё саркашӣ намоянд. Аъзои Комиссияи ҳукуматӣ, ки ҳангоми овоздиҳӣ шумораи ақаллиятро ташкил медиҳад, ӯҳдадор мебошад, ки дар протоколи ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ фикри махсуси худро, бо дарназардошти тасдиқ намудани он бо имзои худ ворид намояд.

28. Тамоми қарорҳои Комиссияи ҳукуматӣ тариқи овоздиҳии кушода қабул карда мешавад. Қарор дар он маврид қабулгардида ҳисобида мешавад, ки ба он аксарияти аъзои Комиссияи ҳукуматии дар ҷаласа иштирокдошта овоз диҳад.

29. Дар ҳолати набудани кворум ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ қатъ мегардад ва баргузории он ба таъхир гузошта шуда, ҷаласаи такрорӣ дар мӯҳлати на зиёда аз 3 рӯзи корӣ бояд таъмин карда шавад. Дар ҳолати набудани кворум дар ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии ба таъхир гузошташуда (такрорӣ), Комиссияи ҳукуматӣ ҳукуқ дорад, бо овоздиҳии аксарияти аъзои Комиссияи ҳукуматии дар ҷаласаи мазкур иштирокдошта қарор қабул намояд.

30. Мубодилаи маълумот байни Комисссияи ҳукуматӣ ва иштирокчиёни озмунӣ дар шакли хаттӣ амалӣ карда мешавад.

7. Тартиби ҳамкорӣ бо иштирокчиёни озмун

31. Ба аъзои Комиссияи ҳукуматӣ, инчунин дигар хизматчиёни давлатие, ки дар доираи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии худ ба таври мустақим ва ё ғайримустақим оид ба масъалаҳои озмун вобаста мебошанд, ба алоқа баромадан ба иштирокчиёни озмун ва ё намояндагони онҳо, ҷавоб додан ба онҳо дар робита ба озмун ба ғайр аз тартиби дар Низомнома ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин зикргардида, манъ мебошад.

32. Комиссияи ҳукуматӣ дар ҳолати зарурӣ аз ҳайати худ як гурӯҳро барои гузаронидани машварат бо иштирокчиёни озмун муайян менамояд.

33. Дар тамоми ҳолатҳо, Котиби Комиссияи ҳукуматӣ, якҷоя бо мушовирон (дар ҳолати ҷалби онҳо) дар мувофиқа бо Раиси Комиссияи ҳукуматӣ ба ҳайси воситаи робита байни Комиссияи ҳукуматӣ ва иштирокчиёни озмун баромад мекунад.

8. Қатъ гардидани фаъолияти Комиссияи ҳукуматӣ

34. Фаъолияти Комиссияи ҳукуматӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355).

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 89

НИЗОМНОМАИ Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои истифодаи қаъри замин (минбаъд- Низомнома) вазифаҳо, тартиби ташаккул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, тартиби фаъолияти Комиссияи ҳуқуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро (минбаъд - Комиссияи ҳукуматӣ) муайян менамояд.

2. Комиссияи ҳукуматӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Комиссияи ҳукуматӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Комиссияи ҳукуматӣ ҳамчун мақоми машваратӣ дар асоси даъват амал карда, бо мақсади интихоби ғолиби озмун (ва ё озмунҳо), таъмини муқоисаи воқеӣ ва арзёбии пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни Озмун, инчунин таъмини шаффофият, рақобатпазирӣ, шароити баробар ва роҳ надодан ба маҳдудкунии ҳуқуқ ҳангоми интихоби ғолиби озмун таъсис дода мешавад. Таъминоти моддию техникии фаъолияти Комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳамчун хироҷ барои иштирок дар Озмун пардохтнамудаи иштирокчиёни Озмун, ки дар суратҳисоби махсуси хазинадорӣ ҷамъ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

2. Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ

5. Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

6. Комиссияи ҳукуматӣ аз 13 аъзо, аз ҷумла Раиси Комиссияи ҳукуматӣ ва Муовини Раиси Комиссияи ҳукуматӣ иборат мебошад.

3. Ваколатҳои Комиссияи хукуматӣ

7. Комиссияи ҳукуматӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- бо пешниҳоди мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳӣ маъқул ва пешниҳод намудани Номгӯи қитъаҳои қаъри замине, ки ба озмун бароварда мешаванд ва шартҳои озмун барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайяи намудани регламенти озмун ва инчунин ҳаҷми хироҷ барои иштирок дар озмун;

- қабул ва бақайдгирии аризаҳо барои иштирок дар озмун;

- ба иштирокчиёни озмун додани ҳуҷҷатҳои асосӣ барои тартиб додани пешниҳоди озмунӣ;

- тафсири муқаррароти лоиҳа ва шартҳои асосии озмун;

- ҷамъбасти натиҷаҳои озмун;

- омодасозӣ, барасмиятдарорӣ ва тасдиқи хулосаи Комиссияи ҳукуматӣ аз рӯи натиҷаҳои озмун ва ирсоли он ба мақомоти дахлдор.

8. Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳоди озмунии иштирокчиёни озмунро дар мӯҳлати на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи кушодани лифофаҳои пешниҳодҳои озмунӣ баррасӣ, арзёбӣ ва муқоиса менамояд.

9. Комиссияи ҳукуматӣ ҳукуқ дорад барои арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ коршиносони мустақилро ҷалб намояд. Зери мафҳуми коршиносон ашхоси дорои дониши махсус дар соҳаи иқтисодиёт, кӯҳкорӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдори маълумоти касбӣ ва ё таҷрибаи кории коршинос тасдиқ карда шудааст, дар назар дошта мешавад.

10. Коршиносон наметавонанд ашхосе, ки шахсан ба натиҷаҳои озмун манфиатдор ҳастанд (аз ҷумла, ашхосе, ки воҳиди кории ташкилот ва корхонае бошанд, ки барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод намудаанд) ва ё шахсони воқеие, ки ба онҳо иштирокчиёни озмун имконияти таъсиррасонӣ доранд (аз ҷумла, шахсони ширкаткунанда (саҳом) ва ё молики ин ташкилотҳо, аъзои мақомоти идораи онҳо, қарздиҳандаи иштирокчии озмун) бошанд.

11. Коршиносон ба Комиссияи ҳукуматӣ хулосаи худро доир ба масъалаҳои аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ вогузоршуда дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи ба онҳо ворид шудани пешниҳодҳои озмунӣ пешкаш менамоянд. Ақидаи коршинос, ки дар хулосаи коршиносӣ баён карда мешавад, хусусияти тавсиявӣ дошта, барои Комиссияи ҳукуматӣ ҳатмӣ намебошад. Хулосаи коршиносӣ дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, ба Протоколҳои ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ замима мегардад.

12. Дар ҳолати зарурӣ Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ дорад барои самаранок анҷом додани озмун мушовирон ва ҳамчунин мушовирони хориҷиро ҷалб намояд.

13. Ба вазифаҳои мушовирон дохил мешаванд:

- омодасозии пешниҳод ва тавсияҳо ба Комиссияи ҳукуматӣ доир ба масъалаҳои самаранок анҷом додани озмун;

- омодасозии шаклҳои фосилавӣ ва ниҳоии ҳуҷҷатҳои озмунӣ;

- тафсири муқаррароти ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба аъзоёни Комиссияи ҳукуматӣ;

- иштирок дар вохӯриҳои аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ бо иштирокчиёни озмун гузарондашаванда ба ҳайси мушовири Комиссияи ҳукуматӣ;

- ба Комиссияи озмунӣ машварат додан доир ба тамоми ҷанбаҳои озмун баргузоршаванда;

14. Ба истиснои масъалаҳои дар банди 15 Низомнома пешбинишуда, тамоми қарорҳо доир ба ҳама ҷанбаҳои озмун аз тарафи худи аъзои Комиссияи хукуматӣ тибқи тартиби муаяйнгардидаи боби 6 Низомнома инчунин бо дарназардошти муқаррароти Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин қабул карда мешавад.

15. Қарорҳои Комиссияи ҳукуматӣ доир ба масъалаҳои дар зеровардашуда пешакӣ буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ карда шаванд:

- тасдиқи шакли ниҳоии ҳуҷҷатҳои озмунӣ ҷиҳати интишор барои иштирокчиёни озмун;

- тасдиқи ғолибони озмун;

- маъқул донистани лоиҳаи Созишнома оид ба истифодабарии қаъри замин ҷиҳати имзорасонӣ бо ғолиби озмун.

4. Ҳуқуқҳои Комиссияи ҳукуматӣ

16. Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ дорад:

- дар ҳолатҳои пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии озмунро дар тамоми марҳилаҳои гузариши озмун, аз иштирок бартараф намояд;

- аз иштирокчии озмун оид ба ҳуҷҷатҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда, инчунин вобаста ба пешниҳоди сармоягузорӣ, ки аз тарафи иштирокчии озмун ирсол гардидаааст, тавзеҳот талаб намояд;

- аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар бораи нисбати чунин иштирокчӣ гузаронидани маросими муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ, дар бораи мавҷудияти қарзи чунин иштирокчӣ аз андозу хароҷотҳои ҳисобшуда ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва (ё) ба буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ барои соли тақвимии гузашта, доир ба додани дархости шикоятӣ ҷиҳати мавҷудияти чунин қарзҳо ва оид ба натиҷаҳои баррасии шикоят маълумот дархост намояд;

17. Аъзои Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ доранд:

- бо тамоми ҳуҷҷатҳову маълумотҳо ва пешниҳодҳои озмунии барои баррасӣ пешниҳодгардида шинос шаванд;

- дар ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа баромад намоянд;

- ақидаи махсуси худро, ки ба Протоколҳои ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ замима карда мешавад, дар шакли хаттӣ пешниҳод намоянд.

5. ӯҳдадориҳои Комиссияи ҳукуматӣ

18. Комиссияи ҳукуматӣ ӯҳдадор аст:

- мутобиқати иштирокчиёни озмунро ба талаботҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои озмун ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин мавриди санҷиш қарор диҳад;

- эзоҳоти иштирокчиёни озмунро доир ба ҳуҷҷатҳои дар якҷоягӣ бо дархостҳои пешниҳодшуда барои иштирок дар озмун ва пешниҳодҳои озмунӣ дар протоколҳои ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ дарҷ намояд;

- баррасӣ, арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни озмунро тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, регламенти озмун ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин таъмин намояд;

- ҳамаи даъвоҳои хаттии довталабонро оид ба раванди озмун баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои гузошташуда қарор мебарорад ва дар муддати 10 рӯзи корӣ ба довталаб ҷавоби асоснок мефиристад;

- амалӣ намудани дигар чорабиниҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин.

19. Аъзои Комиссияи ҳукуматӣ ӯҳдадор ҳаст:

- дар ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ шахсан иштирок намояд.

20. Иштирок нанамудан дар ҷаласа танҳо бо сабабҳои узрнок ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад;

- ба ошкор кардани маълумоте, ки ба онҳо дар рафти омодасозӣ ва гузаронидани озмун дастрас мегарданд, роҳ надиҳад, ба ғайр аз ҳолатҳои мустақиман пешбинигардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба протоколҳои ҷаласаҳо ва хулосаҳои Комиссияи ҳукуматӣ имзо намояд;

- дар муҳокима ва овоздиҳӣ вобаста ба масъалаи муайян намудани ғолиби озмун иштирок намояд;

- ҳар як узви Комиссияи ҳукуматӣ оид ба иштироки фаъолона дар анҷомрасонии расмиёти кушодан ва сабт кардани дархостҳо барои иштирок дар озмун масъул мебошад.

6. Ташкили кор

21. Кори Комиссияи ҳукуматиро Раиси Комиссияи ҳукуматӣ ва ҳангоми набудани ӯ муовини Раиси Комиссия роҳбарӣ менамояд.

22. Раиси Комиссияи ҳукуматӣ (дар мавриди набуданаш муовини Раиси Комиссия):

- кори Комиссияи ҳукуматиро ташкил ва иҷрои Низомнома ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро таъмин менамояд;

- ба дархостҳое, ки ба вазорату идораҳо доир ба масъалаи гирифтани иттилооти зарурии вобаста ба озмун фиристонидашуда имзо менамояд;

- ба вазорату идораҳо доир ба масъалаҳои озмун супоришҳои дахлдор медиҳад;

- ҷаласаи Комиссияи ҳукуматиро салоҳиятнок эълон менамояд ва ё дар мавриди набудани кворум барои ба вақти дигар гузаронидани ҷаласа қарор қабул менамояд;

- ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматиро оғоз намуда, онро роҳбарӣ менамояд ва танаффус эълон мекунад;

- тартиби баррасии масъалаҳои муҳокимашавандаро муайян менамояд;

- дар ҳолати зарурӣ ба баррасии Комиссияи ҳукуматӣ масъалаи ба кори комиссия ҷалб намудани коршиносон ва мушовиронро пешниҳод менамояд;

- реҷаи озмунро тасдиқ менамояд;

- лифофаҳои пешниҳоди озмуниро мекушояд ва мундариҷаи онро қироат менамояд;

- натиҷаҳои овоздиҳӣ ва қарорҳои аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ қабулшударо эълон менамояд;

- якҷоя бо дигар аъзои Комиссияи ҳукуматӣ ва Котиби масъули Комиссияи ҳукуматӣ ба протоколҳои ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ имзо мегузорад;

- дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои иҷрошуда ҷиҳати анҷоми озмунҳо ҳисобот медиҳад.

23. Фаъолияти фаврии Комиссияи ҳукуматиро Котиботи Комиссия таҳти роҳбарии Котиби масъул, ки аз тарафи Раиси Комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби кормандони воҳиди сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад, ташкил ва таъмин менамояд, аз ҷумла Котиби масъул;

- қабул ва қайди дархостҳоро ҷиҳати иштирок дар озмунҳо ба роҳ мемонад;

- оид ба қабул ва ё рад гардидани дархост иштирокчиёнро огоҳ менамояд;

- дархостҳоро барои ирсол намудан ба вазорату идораҳо омода менамояд;

- аз номи Раиси Комиссияи ҳукуматӣ аъзои Комиссияи ҳукуматиро оид ба баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ ва рӯзномаи ин ҷаласаҳо хабардор месозад;

- аъзои Комиссияи хукуматиро бо маводҳои зарурӣ доир ба масъалаҳои дар ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳукуматӣ баррасишаванда таъмин менамояд;

- протоколи ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматиро пеш бурда, онҳоро якҷоя бо Раис ва аъзоёни Комиссияи ҳукуматӣ имзо мекунад;

- коргузории фаъолияти Комиссияи ҳукуматиро таъмин менамояд;

- тамоми фаъолиятро ҷиҳати анҷоми озмун ташкил мекунад;

- нигоҳдорӣ ва тамомияти ҳамаи ҳуҷҷатгузории озмунро таъмин менамояд;

- бо супориши Раиси Комиссияи ҳукуматӣ дигар вазифаҳоеро, ки аз муқаррароти Низомномаи мазкур бармеоянд, мавриди амал қарор медиҳад.

24. Натиҷаҳои кори Комиссияи ҳукуматӣ бо барасмиятдарории протоколи ниҳоӣ ва хулоса анҷом дода мешавад, ки аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ ба мақоми иҷозатномадиҳӣ дар давоми ду рӯз пас аз тасдиқи он барои қабули қарор оид ба ғолиби озмун ва интишори натиҷаҳо ва огоҳнамоии ғолиби озмун ирсол карда мешавад.

25. Барои гузаронидани ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ иштироки на камтар аз 7 аъзои он (кворум) зарур мебошад.

26. Тамоми қарорҳо доир ба масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷ гардида, бояд дар худи ҳамон ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ қабул карда шаванд.

27. Дар вақти қабули қарор аъзои Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ надорад, ки аз овоздиҳӣ худдорӣ ва ё саркашӣ намоянд. Аъзои Комиссияи ҳукуматӣ, ки ҳангоми овоздиҳӣ шумораи ақаллиятро ташкил медиҳад, ӯҳдадор мебошад, ки дар протоколи ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ фикри махсуси худро, бо дарназардошти тасдиқ намудани он бо имзои худ ворид намояд.

28. Тамоми қарорҳои Комиссияи ҳукуматӣ тариқи овоздиҳии кушода қабул карда мешавад. Қарор дар он маврид қабулгардида ҳисобида мешавад, ки ба он аксарияти аъзои Комиссияи ҳукуматии дар ҷаласа иштирокдошта овоз диҳад.

29. Дар ҳолати набудани кворум ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ қатъ мегардад ва баргузории он ба таъхир гузошта шуда, ҷаласаи такрорӣ дар мӯҳлати на зиёда аз 3 рӯзи корӣ бояд таъмин карда шавад. Дар ҳолати набудани кворум дар ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии ба таъхир гузошташуда (такрорӣ), Комиссияи ҳукуматӣ ҳукуқ дорад, бо овоздиҳии аксарияти аъзои Комиссияи ҳукуматии дар ҷаласаи мазкур иштирокдошта қарор қабул намояд.

30. Мубодилаи маълумот байни Комисссияи ҳукуматӣ ва иштирокчиёни озмунӣ дар шакли хаттӣ амалӣ карда мешавад.

7. Тартиби ҳамкорӣ бо иштирокчиёни озмун

31. Ба аъзои Комиссияи ҳукуматӣ, инчунин дигар хизматчиёни давлатие, ки дар доираи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии худ ба таври мустақим ва ё ғайримустақим оид ба масъалаҳои озмун вобаста мебошанд, ба алоқа баромадан ба иштирокчиёни озмун ва ё намояндагони онҳо, ҷавоб додан ба онҳо дар робита ба озмун ба ғайр аз тартиби дар Низомнома ва Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин зикргардида, манъ мебошад.

32. Комиссияи ҳукуматӣ дар ҳолати зарурӣ аз ҳайати худ як гурӯҳро барои гузаронидани машварат бо иштирокчиёни озмун муайян менамояд.

33. Дар тамоми ҳолатҳо, Котиби Комиссияи ҳукуматӣ, якҷоя бо мушовирон (дар ҳолати ҷалби онҳо) дар мувофиқа бо Раиси Комиссияи ҳукуматӣ ба ҳайси воситаи робита байни Комиссияи ҳукуматӣ ва иштирокчиёни озмун баромад мекунад.

34. Тамоми дархостҳо аз тарафи иштирокчиёни озмун ва дигар иттилоот, ки ба унвонии Комиссияи ҳукуматӣ ирсол карда мешаванд, бояд дар шакли хаттӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ё англисӣ бо ирсоли ҳатмии нусхаи онҳо ба почтаи электронӣ ба нишонии Комиссияи ҳукуматӣ амалӣ карда шаванд.

8. Қатъ гардидани фаъолияти Комиссияи ҳукуматӣ

35. Фаъолияти Комиссияи ҳукуматӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.