Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 89
Тартиби гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2014 № 185, аз 23.08.2016 № 355)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур (минбаъд - Тартиб) тартиб ва шартҳои баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро (минбаъд - Озмун) бо мақсади муайян намудани ғолиби озмун, ки ба талаботҳои озмун мутобиқ буда, дорои имкониятҳои зарурии молиявию техникӣ мебошад, муқаррар менамояд.
2. Озмун аз лиҳози шумораи иштирокчиён озод мебошад.
3. Ташкили баргузории Озмун аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани Озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин (минбаъд Комиссияи ҳукуматӣ) таъмин карда мешавад. Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ ва Низомномаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Номгӯи қитъаҳои қаъри замине, ки ба Озмун бароварда мешаванд, ва шартҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Комиссияи ҳукуматӣ тасдиқ карда мешаванд.
2. Корҳои омодагӣ барои баргузории озмун
5. Эълон оид ба гузаронидани Озмун дар воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ, бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ нашр карда мешавад.
6. Дар эълон оид ба гузаронидани Озмун бояд муқаррароти зерин зикр шавад:
- вақт ва ҷойи гузаронидани Озмун, инчунин мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо барои иштирок дар Озмун;
- шартҳои асосии Озмун;
- нишондод ба минтақаи ҷойгиршавӣ ва тавсифи мухтасари қитъаҳои қаъри замине, ки барои таъмини фаъолияти истифодабарии қаъри замин пешниҳод карда мешаванд;
- иттилоот оид ба андозаи хироҷ барои иштирок дар Озмун ва мушаххасоти бонкӣ барои пардохтани он ;
- андозаи ибтидоии бонуси обунавӣ;
- андозаи хароҷот барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтор ва омодасозии кадрҳои миллӣ;
7. Дар мавриди зарурат дар эълон оид ба гузаронидани Озмун барои ҳукуқи истифодаи қаъри замин метавонад талабот оид ба миқдори ҳадди ақалли маводи хоми маъдане, ки иштирокчии Озмун ӯҳдадор мешавад дар мӯҳлати муайян коркарди онро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд, зикр карда шавад .
8. Мӯҳлате, ки ба иштирокчиёни озмун барои пешниҳоди дархостҳо оид ба иштирок дар озмун дода мешавад, наметавонад зиёдтар аз се моҳ аз рӯзи интишори эълон дар бораи гузаронидани Озмун бошад.
3. Тартиби пешниҳоди дархост барои иштирок дар Озмун
9. Дархостҳо оид ба иштирок дар Озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин (минбаъд - Дархост) мутобиқи шакли замимаи 1 Тартиби мазкур дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурие, ки дар банди 12 Тартиби мазкур зикр шудаанд, дар суроғаи дар эълон оид ба Озмун нишондодашуда, дар доираи мӯҳлати дар эълон муқарраршуда аз ҷониби Котиби Комиссияи ҳукуматӣ қабул ва ба қайд гирифта мешаванд .
10. Дархостҳо дар дафтари махсуси қайди дархостҳо барои иштирок дар Озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин аз рӯйи шакли дар замимаи 2 Тартиби мазкур муқарраршуда ба қайд гирифта мешаванд.
11. Дархостҳое, ки баъд аз мӯҳлати муқарраршудаи қабули дархостҳо пешниҳод мегарданд, қабул ва ба қайд гирифта намешаванд.
12. Ба Дархост оид ба иштирок дар Озмун бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи мавҷудияти салоҳияти дархосткунанда, ваколатҳои роҳбар ва ё намояндаи дархосткунанда, ки Дархостро пешниҳод менамояд;
- ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи аз ҷониби дархосткунанда пардохт гардидани хироҷ барои иштирок дар Озмун.
13. Ҳангоми пешниҳод нагардидани ягон адад Дархост барои иштирок дар озмун, Комиссияи ҳукуматӣ дар бораи баргузор нагардидани Озмун қарор қабул менамояд ва такроран Озмун эълон менамояд.
14. Андозаи хироҷ барои иштирок дар Озмун аз тарафи Комиссияи ҳуқуматӣ муайян карда мешавад. Хароҷоти иштироккунандагони Озмун, аз ҷумла маблағи хироҷ барои иштирок дар Озмун ҷуброн ва ё баргардонида намешаванд. Маблағи хироҷ дар суратҳисоби махсуси хазинадорӣ ҷамъ карда шуда, барои хароҷоти вобаста ба омодагӣ ва гузаронидани озмунҳо, аз ҷумла додани эълон, ҷалби коршиносон, таъмини маводи канселярӣ ва дигар хароҷоте, ки барои фаъолияти самараноки он зарур мебошад, истифода мегардад.
15. Ҳангоми ба пуррагӣ пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо, Дархост ба қайд гирифта шуда, ба иштирокчии Озмун бастаи ҳуҷҷатҳои Озмунии иборат аз маводҳои манбаи иттилоотии коне, ки доир ба он Озмун эълон гардидааст, дар ҳаҷми кифоя барои омодасозии пешниҳоди озмунӣ ва инчунин шартҳо ва меъёрҳои додани пешниҳодоти озмунӣ пешниҳод карда мешавад.
16. Бастаи ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ки ба дархосткунандагони озмун пешниҳод мешавад, бояд ҳаммонанди баробар бошанд.
4. Шартҳои пешниход гардидани пешниҳодоти озмунӣ
17. Талаботи зарурии иштирок дар Озмун ин дороии ҳуқуқӣ, молиявӣ ва техникии иштирокчии Озмун мебошад, ки салоҳияти ҳуқуқӣ ва имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, идоракунӣ ва ташкилии онро муайян месозанд.
18. Бастаи пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни Озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:
- шакли пешниҳоди молиявӣ, ки дар он пешниҳоди иштирокчии Озмун оид ба пардохти андозаи муайяни бонуси обунавӣ ва ӯҳдадориҳои он доир ба харҷи воситаҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтори он ва омодасозии мутахассисони миллӣ пешбинӣ шудааст ;
- нусхаҳои тасдиқшудаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатҳои иштирокчии Озмун, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор тасдиқ шудаанд;
- гувоҳнома оид ба қарздор набудан аз рӯи ӯҳдадориҳои андозбандӣ дар назди мақомоти андозе, ки дар салоҳияти он иштирокчии Озмун бақайдгирифта шудааст;
- рӯйхати аз ҷониби шахси ваколатдори иштирокчии Озмун тасдиқкардашудаи ҳамаи саҳмдорон ва ё иштирокчиёне, ки дорои зиёда аз 5% саҳмияҳо ва ё саҳми иштирокчии Озмун мебошанд. Дар ин рӯйхат бояд оид ба ҳар як Молик, номгӯи пурраи саҳмдор ё иштирокчӣ, теъдоди саҳмияҳо ва ё ҳиссаи онҳо дар ифодаи фоиз, инъикос карда шавад;
- нусхаҳои ҳисоботҳои молиявӣ барои 3 соли охири молиявӣ, аз ҷумла тавозуни муҳосибавӣ ва ҳисобот оид ба фоида ва зарар (нусхаҳои ҳисоботҳои молиявӣ бояд барои шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти андоз ва барои шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шаванд);
- ҳуҷҷати тасдиқкардашуда дар бораи устувории молиявии иштирокчии озмун, ки аз ҷониби бонки хизматгузори иштирокчии Озмун дода мешавад (ҳуҷҷати мазкур бояд дар мӯҳлати 6 моҳи охир то рӯзи пешниҳод намудани пешниҳодоти озмунӣ тасдиқ карда шавад);
- маълумот дар бораи таҷрибаи идоракунӣ ва ё таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ, тарҳҳои муҳандисӣ, амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ, истихроҷ, ба истифода додан ва коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок дар мӯҳлати 5 (панҷ) соли охир
- дигар маълумотҳо, ҳуҷҷатҳо ва талаботҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ дарҷ гардидаанд.
19. Агар дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, муҳлати баррасӣ ва таҳлили ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунии иштирокчии Озмун наметавонад аз 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи баохиррасии санаи пешниҳоди дархостҳо зиёд бошад .
20. Ҳуҷҷатҳои озмунӣ набояд мавриди нусхабардорӣ ва ё ошкорбаёнӣ қарор дода шаванд.
21. Пешниҳодоти Озмуние, ки ба Комиссияи ҳукуматӣ ворид мегардад, ба иштирокчиёни Озмун баргардонида намешавад. Дар пешниҳодоти озмунӣ бояд оид ба шинос гардидани иштирокчии Озмун бо Тартиби мазкур ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ, дар бобати шартҳои баргузории Озмун ва талаботҳои муайянгардида барои иштирокчиёни Озмун, қайд карда шавад.
22. Пешниҳоди ҳама гуна ҳуҷҷатҳо, дархостҳо ва ё дигар иттилоот аз ҷониби иштирокчиёни Озмун ба Комиссияи ҳукуматӣ ирсолшаванда бояд ба таври хаттӣ бо забони давлатӣ, инчунин забонҳои русӣ ё англисӣ, бо дарназардошти ҳатмии ирсоли нусхаи онҳо ба суроғаи почтаи электроние, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикр гардидааст, таъмин карда шавад. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо забонҳои дигар, ба ҳар кадоми онҳо ба таври ҳатмӣ тарҷумаи забони давлатӣ, инчунин забонҳои русӣ ё англисӣ, ки дар доираи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст, замима мегардад .
23. Пешниҳодоти озмунӣ аз ҷониби иштирокчиёни Озмун (ва намояндагони онҳо) ба суроға ва дар мӯҳлатҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқаррар шудаанд, дар лифофаҳои мӯҳрдор пешниҳод карда мешаванд.
24. Комиссияи ҳукуматӣ ҷаласаи худро дар шакли пӯшида мегузаронад. Дар ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ ба Раиси Комиссияи ҳукуматӣ, Котиби комиссия бастаи ҳуҷҷатҳои довталабонро дар шакли мӯҳркардашуда месупорад. Раиси Комиссияи ҳукуматӣ дар ҳузури аъзои Комиссияи ҳукуматӣ бастаҳои пешниҳодҳои озмуниро мекушояд. Пас аз кушодани бастаи ҳуҷҷатҳои озмунӣ Комиссияи ҳукуматӣ ба мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дар банди 18 Тартиби мазкур нишон додашуда, боварӣ ҳосил мекунад .
5. Ҷамъбасти натиҷаҳои Озмун ва эълон намудани ғолиби Озмун
25. Аз рӯи натиҷаҳои арзёбишудаи пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни Озмун оид ба мутобиқат ба талаботҳо барои иштирок дар озмун ва меъёрҳои арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, аз тарафи аъзоёни Комиссияи ҳукуматӣ шакли ҳисоботи арзёбӣ пур карда мешавад ва аз тарафи Котиби Комиссияи ҳукуматӣ Протоколи ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ тартиб дода мешавад. Протоколи мазкур қарори Комиссияи ҳукуматӣ оид ба интихоби ғолиби Озмун бо замимаи пешниҳоди озмунии ғолибро дар бар гирифта, аз тарафи аъзоёни Комиссияи ҳукуматӣ ва Раиси Комиссия имзо карда мешавад .
26. Ғолиби Озмун аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар асоси таъмини маҷмӯи талаботҳои зерин муайян карда мешавад:
- мутобиқати иштирокчии Озмун ба ҳама талаботҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва техникие, ки барои иштирок дар Озмун муқаррар шудааст;
- андозаи пешниҳодкардашудаи бонуси обунавие, ки иштирокчии Озмун ба фоидаи давлат пардохт менамояд ;
- андозаи хароҷотҳо барои рушди иҷтимоӣ - иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтори он ва омодасозии мутахассисони миллӣ .
27. Ғолиби Озмун аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ бобати ғолиб баромаданаш дар Озмун ба таври расмӣ иттилоотонидашуда, натиҷаи Озмун дар нашрияҳои расмии чопии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мешавад. Замони тасдиқи протокол дар бораи муайян намудани ғолиби Озмун, ҳамчун замони ба вуҷуд омадани ӯҳдадории ғолиби Озмун барои ба имзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ, бо шартҳои на камтар манфиатовар барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шартҳое, ки дар муқоиса дар пешниҳодоти озмунӣ дарҷ шудааст, ба ҳисоб меравад.
28. Дар ҳолате, ки як пешниҳоди озмунӣ пешниҳод карда мешавад, Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ дорад, ки такроран Озмун эълон намояд ва ё оид ба додани ҳуқуқ барои истифодаи қаъри замин тавассути гуфтушунид ба иштирокчии Озмун қарор қабул намояд. Гуфтушунид бо иштирокчии Озмун аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ бурда мешавад.
29. Қарори Комиссияи ҳукуматӣ барои аз ҷониби мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғолиби Озмун додани иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин асос буда, дар мавриди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қарор нисбати ба ғолиби Озмун додан ё надодани иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин характери тавсиявӣ дорад.
Шакли 1
ба Тартиби баргузории озмунҳо
барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
ДАРХОСТ
оид ба иштирок дар озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
"___"__________ 20___ г.
Бо шартҳои иштирок дар озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замини
___________________________________________________________________________
(номгӯи кон)

шинос гардида, ҳамаи талаботҳо ва шартҳои муқарраргардидаи ташкилу
баргузории озмунро қабул медонем ва мо_____________________________________
__________________________________________________________________________
(Номгӯи пурра ва минтақаи ҷойгиршавии истифодабарандаи қаъри замин,
_________________________________________________________________________
ки довталаби ҳуқуқи коркарди кон мебошад)

барои иштирок дар озмун омадагии худро изҳор менамоем ва ҳангоми ғолиб
омадан дар озмун, баимзорасонии Созишномаи сармоягузориро ба ӯҳда мегирем.
Ҳамзамон, баён менамоем, ки ширкати мо:
- аз ҷониби мақомотҳои судӣ муфлис эълон нагардидааст ва айни замон дар
ягон марҳилаи баррасии судӣ оид ба муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ ва ё таҷдиди
сохтори ширкат қарор надорад;
- дорои қобилияти маблағсупорӣ буда, аз лиҳози молиявӣ устувор мебошад;
- дар мӯҳлати се соли охир аз ҷониби мақомотҳои судӣ оид ба
қонуншиканиҳои самти фаъолияти иқтисодӣ маҳкум нагаштааст.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда:
1. ____________________________________________________________________
2. ____________________________________________________________________
3. ____________________________________________________________________
4. ____________________________________________________________________
5. ____________________________________________________________________
6. ____________________________________________________________________
Замима дар ______ с.
__________________________ _________ ____________________
(шахси ваколатдор) (имзо) (Ному фамилия)
Ҷ.М.
Шакли 2
ба Тартиби баргузории озмунҳо
барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
Дафтари қайди дархостҳо оид ба иштирок дар озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
+--+--------+---------------+---------+-----------+------------+-----ҷ
| №| Номгӯи |Номгӯи |Санаи |Ҳуҷҷатҳои | Нишони |Эзоҳ |
| | озмун |иштирокчии |қабули |замимагашта| бақайдгирии| |
| | |дархосткунанда |Дархост, | | Дархост | |
| | |ва минтақаи |рақами | | | |
| | |ҷойгиршавии он |воридотии| | | |
| | | |Дархост | | | |
+--+--------+---------------+---------+-----------+------------+-----+
| | | | | | | |

Шахси масъул барои ______________ ______________
қайд кардан дар дафтар (имзо) (ному фамилия)
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 89
Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2014 № 185, аз 23.08.2016 № 355)
- муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Комиссияи ҳукуматӣ;
- Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссияи ҳукуматӣ.
Аъзои Комиссия:
- муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Котиби Комиссияи ҳукуматӣ қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 355).
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 89
ТАРТИБИ баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур (минбаъд Тартиб) тартиб ва шартҳои баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро (минбаъд - Озмун) бо мақсади муайян намудани ғолиби озмун, ки ба талаботҳои озмун мутобиқ буда, дорои имкониятҳои зарурии молиявию техникӣ мебошад, муқаррар менамояд.
2. Озмун аз лиҳози шумораи иштирокчиён озод мебошад.
3. Ташкили баргузории Озмун аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани Озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин (минбаъд Комиссияи ҳукуматӣ) таъмин карда мешавад. Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ ва Низомномаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Номгӯи қитъаҳои қаъри замине, ки ба Озмун бароварда мешаванд, ва шартҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Комиссияи ҳукуматӣ тасдиқ карда мешаванд.
2. Корҳои омодагӣ барои баргузории озмун
5. Эълон оид ба гузаронидани Озмун дар воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ, бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ нашр карда мешавад.
6. Дар эълон оид ба гузаронидани Озмун бояд муқаррароти зерин зикр шавад:
- вақт ва ҷойи гузаронидани Озмун, инчунин мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо барои иштирок дар Озмун;
- шартҳои асосии Озмун;
- нишондод ба минтақаи ҷойгиршавӣ ва тавсифи мухтасари қитъаҳои қаъри замине, ки барои таъмини фаъолияти истифодабарии қаъри замин пешниҳод карда мешаванд;
- иттилоот оид ба андозаи пардохт барои иштирок дар Озмун ва мушаххасоти бонкӣ барои пардохтани он;
- андозаи ибтидоии бонуси обунавӣ;
- андозаи хароҷот барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтор ва омодасозии кадрҳои миллӣ;
7. Дар мавриди зарурат дар хабарнома оид ба гузаронидани Озмун барои ҳукуқи истифодаи қаъри замин метавонад талабот оид ба миқдори ҳадди ақалли маводи хоми маъдане, ки иштирокчии Озмун ӯҳдадор мешавад дар мӯҳлати муайян коркарди онро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд, зикр карда шавад.
8. Мӯҳлате, ки ба иштирокчиёни озмун барои пешниҳоди дархостҳо оид ба иштирок дар озмун дода мешавад, наметавонад зиёдтар аз се моҳ аз рӯзи интишори эълон дар бораи гузаронидани Озмун бошад.
3. Тартиби пешниҳоди дархост барои иштирок дар Озмун
9. Дархостҳо оид ба иштирок дар Озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин (минбаъд - Дархост) мутобиқи шакли замимаи 1 Тартиби мазкур дар якҷоягӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурие, ки дар банди 12 Тартиби мазкур зикр шудаанд, дар суроғаи дар эълон оид ба Озмун нишондодашуда, дар доираи мӯҳлати дар эълон муқарраршуда аз ҷониби Котиботи Комиссияи ҳукуматӣ қабул ва ба қайд гирифта мешаванд.
10. Дархостҳо дар дафтари махсуси қайди дархостҳо барои иштирок дар Озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин аз рӯйи шакли дар замимаи 2 Тартиби мазкур муқарраршуда ба қайд гирифта мешаванд.
11. Дархостҳое, ки баъд аз мӯҳлати муқарраршудаи қабули дархостҳо пешниҳод мегарданд, қабул ва ба қайд гирифта намешаванд.
12. Ба Дархост оид ба иштирок дар Озмун бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи мавҷудияти салоҳияти дархосткунанда, ваколатҳои роҳбар ва ё намояндаи дархосткунанда, ки Дархостро пешниҳод менамояд;
- ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи аз ҷониби дархосткунанда пардохт гардидани хироҷ барои иштирок дар Озмун.
13. Ҳангоми пешниҳод нагардидани ягон адад Дархост барои иштирок дар озмун, Комиссияи ҳукуматӣ дар бораи баргузор нагардидани Озмун қарор қабул менамояд ва такроран Озмун эълон менамояд.
14. Андозаи хироҷ барои иштирок дар Озмун аз тарафи Комиссияи ҳуқуматӣ муайян карда мешавад. Хароҷоти иштироккунандагони Озмун, аз ҷумла маблағи хироҷ барои иштирок дар Озмун ҷуброн ва ё баргардонида намешаванд. Маблағи хироҷ дар суратҳисоби махсуси хазинадорӣ ҷамъ карда шуда, барои хароҷоти вобаста ба омодагӣ ва гузаронидани озмунҳо, аз ҷумла додани эълон, ҷалби коршиносон, таъмини маводи канселярӣ ва дигар хароҷоте, ки барои фаъолияти самараноки он зарур мебошад, истифода мегардад.
15. Ҳангоми ба пуррагӣ пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо, Дархост ба қайд гирифта шуда, ба иштирокчии Озмун бастаи ҳуҷҷатҳои Озмунии иборат аз маводҳои манбаи иттилоотии коне, ки доир ба он Озмун эълон гардидааст, дар ҳаҷми кифоя барои омодасозии пешниҳоди озмунӣ ва инчунин шартҳо ва меъёрҳои додани пешниҳодоти озмунӣ пешниҳод карда мешавад.
16. Бастаи ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ки ба дархосткунандагони озмун пешниҳод мешавад, бояд ҳаммонанди баробар бошанд.
4. Шартҳои пешниход гардидани пешниҳодоти озмунӣ
17. Талаботи зарурии иштирок дар Озмун ин дороии ҳуқуқӣ, молиявӣ ва техникии иштирокчии Озмун мебошад, ки салоҳияти ҳуқуқӣ ва имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, идоракунӣ ва ташкилии онро муайян месозанд.
18. Бастаи пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни Озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:
- шакли пешниҳоди молиявӣ, ки дар он пешниҳоди иштирокчии Озмун оид ба пардохти ҳаҷми муайяни бонуси обунавӣ ва ӯҳдадориҳои он доир ба харҷи воситаҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтори он ва омодасозии мутахассисони миллӣ пешбинӣ шудааст;
- нусхаҳои тасдиқшудаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатҳои иштирокчии Озмун, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор тасдиқ шудаанд;
- гувоҳнома оид ба қарздор набудан аз рӯи ӯҳдадориҳои андозбандӣ дар назди мақомоти андозе, ки дар салоҳияти он иштирокчии Озмун бақайдгирифта шудааст;
- рӯйхати аз ҷониби шахси ваколатдори иштирокчии Озмун тасдиқкардашудаи ҳамаи саҳмдорон ва ё иштирокчиёне, ки дорои зиёда аз 5% саҳмияҳо ва ё саҳми иштирокчии Озмун мебошанд. Дар ин рӯйхат бояд оид ба ҳар як Молик, номгӯи пурраи саҳмдор ё иштирокчӣ, теъдоди саҳмияҳо ва ё ҳиссаи онҳо дар ифодаи фоиз, инъикос карда шавад;
- нусхаҳои ҳисоботҳои молиявӣ барои 3 соли охири молиявӣ, аз ҷумла тавозуни муҳосибавӣ ва ҳисобот оид ба фоида ва зарар (нусхаҳои ҳисоботҳои молиявӣ бояд барои шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти андоз ва барои шахси ҳуқуқии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шаванд);
- ҳуҷҷати тасдиқкардашуда дар бораи устувории молиявии иштирокчии озмун, ки аз ҷониби бонки хизматгузори иштирокчии Озмун дода мешавад (ҳуҷҷати мазкур бояд дар мӯҳлати 6 моҳи охир то рӯзи пешниҳод намудани пешниҳодоти озмунӣ тасдиқ карда шавад);
- маълумот дар бораи таҷрибаи идоракунӣ ва ё таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ, тарҳҳои муҳандисӣ, амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ, истихроҷ, ба истифода додан ва коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок дар мӯҳлати 5 (панҷ) соли охир;
- дигар маълумотҳо, ҳуҷҷатҳо ва талаботҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ дарҷ гардидаанд.
19. Мӯҳлати баррасӣ ва таҳлили ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва пешниҳоди пешниҳодҳои озмунии иштирокчии Озмун наметавонад, аз 90 рузӣ тақвимӣ аз рӯзи ба анҷомрасии санаи пешниҳоди дархостҳо зиёд бошад, дар ҳолате, ки агар дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ дигар чиз пешбинӣ нашуда бошад.
20. Ҳуҷҷатҳои озмунӣ набояд мавриди нусхабардорӣ ва ё ошкорбаёнӣ қарор дода шаванд.
21. Пешниҳодоти Озмуние, ки ба Комиссияи ҳукуматӣ ворид мегардад, ба иштирокчиёни Озмун баргардонида намешавад. Дар пешниҳодоти озмунӣ бояд оид ба шинос гардидани иштирокчии Озмун бо Тартиби мазкур ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ, дар бобати шартҳои баргузории Озмун ва талаботҳои муайянгардида барои иштирокчиёни Озмун, қайд карда шавад.
22. Пешниҳоди ҳама гуна ҳуҷҷатҳо, дархостҳо ва ё дигар иттилоот аз ҷониби иштирокчиёни Озмун ба Комиссияи ҳукуматӣ ирсолшаванда бояд ба таври хаттӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва/ё англисӣ, бо дарназардошти ҳатмии ирсоли нусхаи онҳо ба суроғаи почтаи электроние, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикр гардидааст, таъмин карда шавад. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо забонҳои дигар, ба ҳар кадоми онҳо ба таври ҳатмӣ тарҷумаи забони русӣ ва/ё англисӣ, ки дар доираи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст, замима мегардад.
23. Пешниҳодоти озмунӣ аз ҷониби иштирокчиёни Озмун (ва намояндагони онҳо) ба суроға ва дар мӯҳлатҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқаррар шудаанд, дар лифофаҳои мӯҳрдор пешниҳод карда мешаванд.
24. Ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ пӯшида мебошанд. Дар ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ ба Раиси Комиссияи ҳукуматӣ, Котиби масъули комиссия бастаи ҳуҷҷатҳои довталабонро дар шакли мӯҳркардашуда месупорад. Раиси Комиссияи ҳукуматӣ дар ҳузури аъзои Комиссияи ҳукуматӣ бастаҳои пешниҳодҳои озмуниро мекушояд. Пас аз кушодани бастаи ҳуҷҷатҳои озмунӣ Комиссияи ҳукуматӣ ба мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дар банди 18 Тартиби мазкур нишон додашуда, боварӣ ҳосил мекунад.
5. Ҷамъбасти натиҷаҳои Озмун ва эълон намудани ғолиби Озмун
25. Аз рӯи натиҷаҳои арзёбишудаи пешниҳодҳои озмунии иштирокчиёни Озмун оид ба мутобиқат ба талаботҳо барои иштирок дар озмун ва меъёрҳои арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, аз тарафи аъзоёни Комиссияи ҳукуматӣ шакли ҳисоботи арзёбӣ пур карда мешавад ва аз тарафи Котиби масъули Комиссияи ҳукуматӣ Протоколи ҷаласаи Комиссияи ҳукуматӣ тартиб дода мешавад. Протоколи мазкур қарори Комиссияи ҳукуматӣ оид ба интихоби ғолиби Озмун бо замимаи пешниҳоди озмунии ғолибро дар бар гирифта, аз тарафи аъзоёни Комиссияи ҳукуматӣ ва Раиси Комиссия имзо карда мешавад.
26. Ғолиби Озмун аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар асоси таъмини маҷмӯи талаботҳои зерин муайян карда мешавад:
- мутобиқати иштирокчии Озмун ба ҳама талаботҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва техникие, ки барои иштирок дар Озмун муқаррар шудааст;
- ҳаҷми пешниҳодкардашудаи бонуси обунавие, ки иштирокчии Озмун ба фоидаи давлат пардохт менамояд;
- ҳаҷми хароҷотҳо барои рушди иҷтимоӣ - иқтисодии минтақа, рушди инфрасохтори он ва омодасозии мутахассисони миллӣ.
27. Ғолиби Озмун аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ бобати ғолиб баромаданаш дар Озмун ба таври расмӣ иттилоотонидашуда, натиҷаи Озмун дар нашрияҳои расмии чопии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мешавад. Замони тасдиқи протокол дар бораи муайян намудани ғолиби Озмун, ҳамчун замони ба вуҷуд омадани ӯҳдадории ғолиби Озмун барои ба имзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ, бо шартҳои на камтар манфиатовар барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шартҳое, ки дар муқоиса дар пешниҳодоти озмунӣ дарҷ шудааст, ба ҳисоб меравад.
28. Дар ҳолате, ки як пешниҳоди озмунӣ пешниҳод карда мешавад, Комиссияи ҳукуматӣ ҳуқуқ дорад, ки такроран Озмун эълон намояд ва ё оид ба додани ҳуқуқ барои истифодаи қаъри замин тавассути гуфтушунид ба иштирокчии Озмун қарор қабул намояд. Гуфтушунид бо иштирокчии Озмун аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ бурда мешавад.
29. Қарори Комиссияи ҳукуматӣ барои аз ҷониби мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғолиби Озмун додани иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин асос буда, дар мавриди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қарор нисбати ба ғолиби Озмун додан ё надодани иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин характери тавсиявӣ дорад.
Шакли 1
ба Тартиби баргузории озмунҳо
барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
ДАРХОСТ
оид ба иштирок дар озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
"___"__________ 20___ г.
Бо шартҳои иштирок дар озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замини
___________________________________________________________________________
(номгӯи кон)
___________________________________________________________________________
шинос гардида, ҳамаи талаботҳо ва шартҳои муқарраргардидаи ташкилу
баргузории озмунро қабул медонем ва мо_____________________________________
__________________________________________________________________________
(Номгӯи пурра ва минтақаи ҷойгиршавии истифодабарандаи қаъри замин,
_________________________________________________________________________
ки довталаби ҳуқуқи коркарди кон мебошад)
__________________________________________________________________________
__________________________________________________________________________
барои иштирок дар озмун омадагии худро изҳор менамоем ва ҳангоми ғолиб
омадан дар озмун, баимзорасонии Созишномаи сармоягузориро ба ӯҳда мегирем.
Ҳамзамон, баён менамоем, ки ширкати мо:
- аз ҷониби мақомотҳои судӣ муфлис эълон нагардидааст ва айни замон дар
ягон марҳилаи баррасии судӣ оид ба муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ ва ё таҷдиди
сохтори ширкат қарор надорад;
- дорои қобилияти маблағсупорӣ буда, аз лиҳози молиявӣ устувор мебошад;
- дар мӯҳлати се соли охир аз ҷониби мақомотҳои судӣ оид ба
қонуншиканиҳои самти фаъолияти иқтисодӣ маҳкум нагаштааст.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда:
1. ____________________________________________________________________
2. ____________________________________________________________________
3. ____________________________________________________________________
4. ____________________________________________________________________
5. ____________________________________________________________________
6. ____________________________________________________________________
Замима дар ______ с.
__________________________ _________ ____________________
(шахси ваколатдор) (имзо) (Ному фамилия)
Ҷ.М.
Шакли 2
ба Тартиби баргузории озмунҳо
барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
Дафтари қайди дархостҳо оид ба иштирок дар озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
+--+--------+---------------+---------+-----------+------------+-----ҷ
| №| Номгӯи |Номгӯи |Санаи |Ҳуҷҷатҳои | Нишони |Эзоҳ |
| | озмун |иштирокчии |қабули |замимагашта| бақайдгирии| |
| | |дархосткунанда |Дархост, | | Дархост | |
| | |ва минтақаи |рақами | | | |
| | |ҷойгиршавии он |воридотии| | | |
| | | |Дархост | | | |
+--+--------+---------------+---------+-----------+------------+-----+
| | | | | | | |
+--+--------+---------------+---------+-----------+------------+-----+
Шахси масъул барои ______________ ______________
қайд кардан дар дафтар (имзо) (ному фамилия)
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 89
Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Комиссияи ҳукуматӣ;
- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссияи ҳукуматӣ;
Аъзои Комиссия:
- Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини якуми Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мудири Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Мудири Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мудири Шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.