ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СИЛОҲ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. .182; с. 2014, №7, к, 2, мод. 402)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ, ҷангӣ, ҳамчунин лавозимоти ҷангиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- силоҳ - васила ва ашёе, ки амалан барои зарба задан ба ҳадафи зинда ва ё нишони дигар, додани ишораҳо (сигналҳо) таъин шудаанд;
- силоҳи оташфишон - силоҳе, ки барои бо гулӯлаи аз ҳисоби кулоҳаки (заряди) борут ё кулоҳаки дигар ҳаракати самтнокгирифта ба тарзи механикӣ аз масофа ба ҳадаф зарба задан таъин шудааст;
- қисмҳои асосии силоҳи оташфишон - мил, кулангдон, тирдон, чаҳорчӯба, қуттии мил;
- силоҳи шикории оташфишони муштарак - силоҳи шикории оташфишоне, ки дорои ду ва ё зиёда аз он милҳои гуногун буда, яке аз онҳо ва ё ҳамаи онҳо рахпеч ва ивазшаванда мебошанд;
- силоҳи ҳаводиҳанда - силоҳе, ки барои бо гулӯлаи аз ҳисоби қувваи мушакҳои инсон ва ё василаи механикӣ ҳаракати самтнокгирифта аз масофа ба ҳадаф зарба задан таъин шудааст;
- силоҳи ишоракунанда - силоҳе, ки амалан барои додани ишораҳои (сигналҳои) чароғӣ, дудӣ ё овозӣ таъин шудааст;
- силоҳи пневматикӣ - силоҳе, ки барои бо гулӯлаи аз ҳисоби энергияи моддаи фишурдаи газмонанд ҳаракати самтнокгирифта ба ҳадаф зарба задан таъин шудааст;
- силоҳи газӣ - силоҳе, ки барои зарбазании муваққатӣ ба ҳадафи зинда бо истифодаи моддаҳои ашковар ё ғашовар таъин шудааст;
- силоҳи сард - силоҳе, ки барои зарба задан ба ҳадаф бо ёрии қувваи мушакҳои инсон ҳангоми бархӯрди бевосита бо объекти зарбазанӣ таъин шудааст;
- гардиши силоҳ ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон (минбаъдсилоҳ) - истеҳсол ва сохтани силоҳ, хариду фурӯши силоҳ, фурӯхтан, соҳиб шудан ба он, ба дигарон додан, коллексиякунӣ, банамоишгузорӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳ доштан, интиқол додан, бо худ гирифта гаштан, истифода бурдан, супоридан, гирифтан, мусодира кардан, нобуд кардан, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва қисмҳои асосии он;
- лавозимоти ҷангӣ - таҷҳизоти аслиҳа, ки барои зарба задан ба ҳадаф ва иҷрои вазифаҳое таъин гардидаанд, ки барои зарба задан ба он мадад мерасонанд ва дорои кулоҳаки тарканда, ҳаводиҳанда, тарфгарӣ (пиротехникӣ), зада баровардан ва ё кулоҳаки якҷояи онҳо мебошанд. Ба лавозимоти ҷангӣ патронҳои силоҳҳои оташфишон ва газӣ низ дохил мешаванд;
- патрон - василае, ки барои тирпарронӣ аз силоҳ таъин шудааст ва бо ёрии гилза гулӯла, кулоҳаки ҳаводиҳанда ва воситаи таҳриқдиҳандаро муттаҳид менамояд;
- патрони ҷароҳатрасон - василаест барои тирпарронӣ аз силоҳи оташфишони суфтамил ё силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд, ки бо ёрии гилза воситаҳои таҳриқдиҳанда, кулоҳаки ҳаводиҳанда ва таҷҳизоти ҳаводиҳандаи ҷароҳатрасонро муттаҳид менамояд ва барои қатли инсон пешбинӣ нашудааст;
- патрони газӣ - василаест барои тирпарронӣ аз силоҳи газӣ ё силоҳи оташфишони зарбааш маҳдуд, ки бо ёрии гилза воситаҳои таҳрикдиҳандаи дорои моддаҳои ашковар ва ғашоварро муттаҳид менамояд ва барои қатли инсон пешбинӣ нашудааст;
- патрони нурафкану садодиҳанда - василаест барои тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, силоҳи оташфишони зарбааш маҳдуд, силоҳи газӣ ё ишоракунанда, ки бо ёрии гилза воситаҳои таҳриқдиҳанда ва таҷҳизоти нурафкану садонокро муттаҳид менамояд ва барои зарба задан ба ҳадафи зинда ё нишони дигар пешбинӣ нашудааст;
- патрони ишоракунанда (сигналӣ) - василаест барои тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё силоҳи ишоракунанда, ки бо ёрии гилза воситаҳои таҳрикдиҳанда, кулоҳаки ҳаводиҳанда ва таҷҳизоти ҳаводиҳандаро барои додани ишораҳои (сигналҳои) чароғӣ, дудӣ ва овозӣ муттаҳид менамояд ва барои зарба задан ба ҳадафи зинда ё ягон ҳадафи дигар пешбинӣ нашудааст;
- зарбазанак - ҷузъи силоҳ, ки воситаи таҳрикдиҳандаи патронро ба кор медарорад;
- сараки зарбазанак - ҷузъи зарбазанак, ки ба воситаи таҳрикдиҳандаи патрон зарба мезанад;
- воҳиди энергетикии Ҷоул (минбаъд - Ҷоул) - воҳиди ченаки кор ва энергия дар соҳаи физика, ки барои муайян намудани қувваи зарбазании силоҳ истифода мешавад.
2. Маҳсулоте, ки ба сифати маҳсулоти хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ сертификатсия шудаанд, гулӯлаҳои варзишии таркибан силоҳмонанд (минбаъд - маҳсулоти таркибан силоҳмонанд) ба силоҳ мансуб нестанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Намудҳои силоҳ
Силоҳ аз рӯи таъиноти худ барои истифодабарӣ аз тарафи субъектҳои дахлдор, инчунин аз рӯи хусусият ва тавсифоти асосӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:
- силоҳи ҷангӣ;
- силоҳи хизматӣ;
- силоҳи ғайринизомӣ.
Моддаи 4. Силоҳи ҷангӣ
1. Ба силоҳи ҷангӣ силоҳе мансуб аст, ки барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва оперативии хизматӣ таъин гардида, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ (минбаъд -ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) ва бонкҳо мусаллаҳ гардонида шудаанд.
2. Ба шахсони воқеӣ соҳиби силоҳи ҷангӣ будан, ба истиснои силоҳи мукофотӣ, манъ аст.
3. Тартиби гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 5. Силоҳи хизматӣ
1. Ба силоҳи хизматӣ силоҳи оташфишони суфтамил, силоҳи рахпечи кӯҳтоҳмили дорои энергияи милаш на бештар аз сесад Ҷоул ва силоҳи оташфишони суфтамили дарозмил ва бемили худмуҳофизатӣ мансубанд, ки барои истифода аз ҷониби шахсони мансабдор ва кормандони мақомоти давлатӣ бо мақсади худмуҳофизаткунӣ ё иҷрои ӯҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист, захираҳои табиӣ, моликият, борҳои қиматбаҳо, хатарнок ва муросилоти махсус таъин гардида, гирифта гаштан ва нигоҳ доштани онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.
2. Ба шахсони воқеӣ соҳиби силоҳи хизматӣ будан, ба истиснои силоҳи мукофотӣ, манъ аст.
3. Силоҳи мукофотӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.
4. Тартиби гардиши силоҳи хизматӣ ва лавозимоти ҷангии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 6. Силоҳи ғайринизомӣ
1. Ба силоҳи ғайринизомӣ силоҳе мансуб аст, ки барои истифодаи шаҳрвандон бо мақсади худмуҳофизаткунӣ, машғулияти варзишӣ ва шикор таъин шудааст.
2. Силоҳи ғайринизомӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:
1) Силоҳи худмуҳофизатӣ:
- силоҳи оташфишони суфтамили дарозмил, аз ҷумла силоҳи дорои патрони ҷароҳатрасон;
- силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд - таппонча, револвер бо патронҳои ҷароҳатрасон, газӣ ва нурафкану садодиҳанда ;
- силоҳи газӣ - таппонча ва револверҳои газӣ бо патронҳояшон, пошдиҳандаи механикӣ, василаи дорои аэрозоли бо моддаҳои ашковар ё ғашовар муҷаҳҳаз, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи онҳо иҷозат додааст ;
- василаи мадҳушкунандаи электрикӣ, шарораи зарядгардон.
2) Силоҳи варзишӣ:
- силоҳи оташфишони милаш рахпеч;
- силоҳи оташфишони суфтамил;
- силоҳи сарди теғдор;
- силоҳи ҳаводиҳанда;
- силоҳи пневматикии воҳиди энергияи милаш зиёда аз се Ҷоул.
3) Силоҳи шикорӣ:
- силоҳи оташфишони милаш рахпеч;
- силоҳи оташфишони суфтамил, аз ҷумла силоҳи шакли милаш номудаввар бо дарозии қисмати рахпечаш на зиёда аз яксаду чил миллиметр;
- силоҳи оташфишони муштарак (суфтамил ва рахпеч), аз ҷумла бо милҳои рахпечи иловагии ивазшаванда;
- силоҳи пневматикии воҳиди энергияи милаш на зиёда аз бисту панҷ Ҷоул;
- силоҳи сарди теғдор.
4) Силоҳи ишоракунанда.
3. Аз силоҳи ғайринизомӣ набояд тирпарронии бефосила ба амал бароварда шавад ва ғунҷоиши тирдони он набояд аз даҳ патрон зиёд бошад. Тирҳои патронҳои силоҳи ғайринизомӣ набояд дилаи аз маводи сахт сохташуда дошта бошанд.
4. Тартиби гардиши силоҳи ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 7. Кадастри давлатии силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он
1. Кадастри давлатии силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъд-Кадастр) маҷмӯаи расмӣ мебошад, ки аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурд ва нашр карда шуда, маълумоти мураттабгардида дар бораи силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии гардишашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашударо дар бар мегирад.
2. Ба Кадастр маълумот дар бораи силоҳи сард ва силоҳи ҳаводиҳанда, ҳамчунин силоҳи ғайринизомии камшумори дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташаванда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда дохил карда намешаванд.
3. Тартиби пешбурд ва нашри Кадастрро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 8. Сертификатсияи силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он
1.Тамоми намудҳои силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, аз дигар давлатҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд.
2. Сертификатсияи силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи аризаҳои силоҳсозон, инчунин шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон силоҳ ворид мекунанд, гузаронида мешавад, агар дар бораи эътирофи тарафайни натиҷаҳои сертификатсияи силоҳ бо давлате, ки силоҳ дар он ҷо сохта шудааст, созишнома набошад.
3. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои сертификатсияи силоҳ дар бораи мансуб донистани он ба силоҳи хизматӣ ё ғайринизомӣ қарор қабул менамояд.
4. Тамоми намудҳои силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқи ҳатмии мутобиқат ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартониро дошта бошанд.
5. Сертификати мутобиқат ҳамчун асос барои гардиши силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ, лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад. Тасдиқи мутобиқати силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ, лавозимоти ҷангии он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ аз рӯи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 9. Маҳдудиятҳое, ки барои гардиши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он муқаррар карда мешаванд
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:
1) Гардиши силоҳи зерин ба сифати силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он:
- силоҳи оташфишони шикорӣ ва оташфишони суфтамил, дароз- мили худмуҳофизатии ғунҷоиши тирдонаш бештар аз даҳ патрон, дарозии милаш камтар аз панҷсад миллиметр ва дарозии умумии худи он камтар аз ҳаштсад миллиметр буда, сохти он имконият медиҳад, ки дарозиаш аз ҳаштсад миллиметр кам карда шавад ва дар баробари ин имконияти тирпарронӣ аз байн намеравад, ба истиснои силоҳи варзишӣ;
- силоҳи оташфишоне, ки шаклаш ба ашёи дигар монанд аст;
- шашпарҳо, кастетҳо ва дигар ашёи зарбазани поракунанда, силоҳи сард ва ҳаводиҳанда (сурикенҳо, бумерангҳо, арбалетҳо, камонҳо ва тирҳои онҳо), ба истиснои гулӯлаҳои варзишӣ;
- патронҳои дорои тирҳои зиреҳшикан, оташзананда ё тарконанда, инчунин патронҳои сочмадор барои таппончаҳо ва револверҳо;
- силоҳ ва дигар ашёе, ки зарбаи онҳо ба истифодаи шуоъҳои радиоактивӣ ва омилҳои биологӣ асос ёфтааст;
- силоҳи газӣ, ки дорои моддаҳои асабхаробкунанда, фалаҷкунанда, заҳролудкунанда ва дигар моддаҳои сахттаъсир буда, инчунин қодир аст аз ҳисоби таъсири моддаҳои ашковар ё ғашовар ба саломатии одами дар масофаи бештар аз як метр дуристода зарари миёна расонад;
- таппонча ва револверҳои газӣ ё ишоракунанда, ки сохташон имкони аз патронҳои ҷароҳатрасон, тирдор ва сочмадор тирпарронӣ карданро медиҳад (;
- силоҳи сарди теғдор ва кордҳо, ки теғ ва дами онҳо дар сурати зер кардани тугма ё фишанг пеш мебароянд ва сабт шуда, ба кор дароварда мешаванд ва ё аз ҳисоби қувваи вазн ё ҳаракати босуръат ба таври автоматӣ сабт шуда, омодаи истифода мегарданд ва дар ин ҳолат дарозии теғашон бештар аз ҳаштоду панҷ миллиметрро ташкил медиҳад.
2) Берун аз объекти варзишӣ нигоҳ доштан ё истифода бурдани силоҳи оташфишон ва пневматикии варзишии воҳиди энергияи милаш бештар аз ҳафтуним Ҷоул, силоҳи сарди теғдор ва силоҳи ҳаводиҳанда.
3) Фурӯхтан ё ба силоҳи ғайринизомӣ насб кардани асбоби тирпарронии беовоз ва нишонгираки шабона, ба истиснои нишонгиракҳои шикорӣ, ки тартиби истифодаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4) Фиристодани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ.
5) Дар вақти гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ силоҳ гирифта гаштани шаҳрвандон.
6) Бо мақсади худмуҳофизаткунӣ аз тарафи шаҳрвандон гирифта гаштани силоҳи оташфишони суфтамили дарозмил ва силоҳи сард, ба истиснои ҳолатҳои ҳамлу нақл ва интиқол додани силоҳҳои зикргардида.
Моддаи 10. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он
1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он бояд бо гирифтани иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шаванд, ба истиснои истеҳсол ва сохтани он аз ҷониби ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда.
2. Аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки бо мақсади коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ ҷамъоварӣ карда мешавад, барои ташаккули махзани давлатии тиру гилзаҳо бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпарронии санҷишӣ гузаронида мешавад.
3. Хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, боздоштан ва бекор кардани амали иҷозатнома мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОЕ, КИ БАРОИ СОҲИБ ШУДАН БА СИЛОҲ ҲУҚУҚ ДОРАНД ВА ТАРТИБИ ГИРИФТАНИ ОН
Моддаи 11. Субъектҳое, ки барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ доранд
Ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо доранд:
- ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда;
- Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ ва шикорчигӣ;
- муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ машғуланд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳрвандони хориҷӣ;
- бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист;
- Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал;
- Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ;
- Хадамоти алоқаи фелдегерӣ.
Моддаи 12. Ҳуқуқи ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда барои соҳиб шудан ба силоҳ ва тирпарронии санҷишӣ аз он
1. Ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуқуқ дорад ба силоҳи ҷангие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусаллаҳ кардани ҳамин ташкилот таъин гардидааст, инчунин силоҳи дигаре, ки ба Кадастр дохил карда шудааст, соҳиб шавад.
2. Аз силоҳи оташфишони милаш рахпечи дар ихтиёри ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда буда барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпарронии санҷишӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 13. Тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони ғайринизомии милаш рахпеч
1. Барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза ҳангоми дароз намудани мӯҳлати рухсатномаи нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ баъд аз таъмири қисмҳои асосии он, иваз ё коркарди механикии сараки зарбазанак, ҳамчунин ҳангоми ба соҳибияти шахси дигар додани силоҳ аз силоҳи оташфишони ғайринизомии милаш рахпеч тирпарронии санҷишӣ гузаронида мешавад.
2. Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони ғайринизомии милаш рахпеч ва талаботи баҳисобгирии тирҳо ва гилзаҳое, ки ба махзани давлатии тиру гилза супорида мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.
Моддаи 14. Ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳ аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро муайян кардааст
1. Корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва мақомоти давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, баъди аз мақомоти корҳои дохилӣ гирифтани рухсатнома ҳуқуқ доранд ба силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ соҳиб шаванд. Шакли рухсатномаро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
2. Силоҳи соҳибишуда бояд ба қайд гирифта шуда, ба Кадастр дохил карда шавад. Ҳангоми ба қайд гирифтан ба корхона, муассиса ва дигар ташкилот барои нигоҳ доштан ва истифода бурдани ин силоҳ дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани соҳибият ба силоҳро тасдиқ мекунанд, ба муддати панҷ сол рухсатнома дода мешавад.
3. Силоҳи соҳибишуда бояд дар мӯҳлати даҳ рӯз баъд аз соҳиб шудан ба он дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шавад, ҳамчунин ҳангоми дар ҳудуди давлати дигар ба силоҳ соҳиб шудан, баъд аз ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар ҳамон мӯҳлат ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми бақайдгирӣ ба корхона, муассиса ё дигар ташкилот барои нигоҳ доштан ва истифода бурдани ин силоҳ ба мӯҳлати се сол дар асоси санадҳои тасдиқкунандаи қонунӣ будани соҳибият ба он рухсатнома дода мешавад. Мӯҳлати амали рухсатнома тибқи тартибе, ки барои гирифтан ва соҳиб шудан ба силоҳ пешбинӣ шудааст, дароз карда мешавад.
4. Ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ё дигар ташкилотҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз рӯи қарори роҳбари ҳамин корхона, муассиса ё ташкилот баъди аз тайёрии дахлдор гузаштани корманд ва дар сурати набудани мамониат ба гирифтани рухсатномаи соҳиб шудан ба силоҳи ғайринизомӣ, силоҳ дода мешавад. Кормандони мазкур ӯҳдадоранд дар асоси тартиби муқарраршуда аз муоинаи тиббӣ ва тайёрии коршоямӣ дар шароити истифодаи силоҳи оташфишон гузаранд.
5. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ ва барномаи тайёриро мутобиқан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд (
Моддаи 15. Ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳ аз тарафи бонкҳо
1. Бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории маблағҳои пулӣ ва сарватҳо, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқ доранд дар асоси рухсатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳ соҳиб шаванд.
2. Номгӯи бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 16. Ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳ аз ҷониби Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба он вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории сарватҳои фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқ дорад дар асоси рухсатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳ соҳиб шавад.
Моддаи 17. Ҳуқуқи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба силоҳ
1. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо мақсади тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи намудҳои техникӣ ва ҳарбиву амалии варзиш, инчунин омодасозии аҳолӣ барои муҳофизати Ватан бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳи варзишию шикорӣ ва лавозимоти ҷангии он соҳиб шавад.
2. Афсарон ва хизматчиёни ҳарбии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ таъмин карда мешаванд.
Моддаи 18. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба силоҳи ғайринизомӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни бистуяксолагӣ расидаанд, баъди гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан ба намуди мушаххаси силоҳ дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи худмуҳофизатӣ, силоҳи варзишӣ, силоҳи шикорӣ ва силоҳи ишоракунандаро доранд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба силоҳи газии худмуҳофизатӣ, ғайр аз пошдиҳандаҳои механикӣ ва василаҳои дорои аэрозоли бо моддаҳои ашковар ва ғашовар муҷаҳҳаз дар асоси рухсатнома соҳиб шаванд. Рухсатномаро мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомати шаҳрванд медиҳад.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд пошдиҳандаҳои механикӣ, василаҳои дорои аэрозоли бо моддаҳои ашковар ва ғашовар муҷаҳҳаз, василаҳои мадҳушкунандаи электрикӣ, шарораи зарядгардон, силоҳҳои пневматикии воҳиди энергияи милашон на зиёда аз ҳафтуним Ҷоул ва калибрашон то чоруним миллиметрро, ба истиснои таппончаҳои пневматикӣ, бидуни гирифтани рухсатнома соҳиб шаванд.
4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд таппончаи пневматикӣ ва силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатиро бо мақсади худмуҳофизаткунӣ дар асоси рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ соҳиб шаванд.
5. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ барои шикори ҳаваскорона ва касбӣ тибқи рухсатнома соҳиб шаванд.
6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти касбии бо шикор алоқаманд машғуланд ё шикорчиёни ҳаваскоре, ки на кам аз панҷ сол силоҳи хусусии шикории оташфишони суфтамил доранд ва қоидаҳои шикор, соҳиб шудан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан, интиқол ва истифода бурдани силоҳро вайрон накардаанд, ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи шикории оташфишони муштарак ва силоҳи шикории оташфишони милаш рахпечро доранд. Тартиби соҳиб шудан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан, интиқол додан ва истифода бурдани силоҳи шикории оташфишони муштарак ва силоҳи шикории оташфишони милаш рахпеч аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
7. Шумораи умумии силоҳи шикории оташфишони милаш рахпеч ва силоҳи оташфишони суфтамили соҳибинамудаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз ду донагӣ зиёд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки силоҳҳои номбаршуда объекти коллексиякунӣ бошанд ё ҳамчун мукофот гирифта шуда бошанд.
8. Барои соҳиб шудан ба силоҳҳои дар қисми 7 моддаи мазкур номбаршуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки силоҳҳои мазкур объекти коллексиякунӣ бошанд ё ҳамчун мукофот гирифта шуда бошанд, рухсатнома дода мешавад.
9. Шахсоне, ки бори аввал силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатӣ, силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуди худмуҳофизатӣ, таппончаҳо ва револверҳои газӣ, силоҳи ишоракунандаро соҳиб мешаванд, ба истиснои шахсоне, ки рухсатнома барои нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳро доранд, ӯҳдадоранд дар маҳалли зисташон аз санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона бо силоҳ тибқи тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.
10. Шахсоне, ки бори аввал силоҳи оташфишони суфтамили варзишӣ ё шикориро соҳиб мешаванд, ҳангоми гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба шикор ӯҳдадоранд дар маҳалли зисташон дар ташкилотҳое, ки ба онҳо ин ҳуқуқро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, тибқи барномаи бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда аз санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона бо силоҳ гузаранд.
11. Ба силоҳи сарди шикории теғдор шаҳрвандоне соҳиб шуда метавонанд, ки барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи оташфишони шикорӣ рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро доранд.
12. Силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатӣ, силоҳи оташфишони шикории соҳибишуда бояд дар мӯҳлати даҳ рӯз баъди соҳиб шудан ба онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шаванд.
13. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми бақайдгирии силоҳи оташфишони суфтамили дарозмили худмуҳофизатӣ ва намудҳои дигари силоҳи шикории соҳибишуда ба шаҳрванд барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани соҳибшавӣ ба онҳоро тасдиқ мекунанд, ба муддати се сол рухсатнома медиҳанд.
Моддаи 19. Ситонидани пардохтҳо барои додани рухсатнома ва дароз намудани мӯҳлати амали он
1. Барои додани рухсатнома оид ба соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, дароз намудани мӯҳлати амали рухсатнома аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохти яквақта ситонида мешавад.
2. Ҳаҷми пардохти муқарраргардида аз хароҷоти ташкилӣ ва хароҷоти дигари марбут ба додани ҳуҷҷатҳо иборат буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 20. Шахсоне, ки барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ надоранд
1. Шахсони зерин барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ надоранд:
- шахсоне, ки ба синни бистуяксолагӣ нарасидаанд;
- шахсоне, ки бинобар майзадагӣ ва нашъамандӣ дар қайди мақомоти тандурустӣ қарор доранд;
- шахсоне, ки беморӣ ё нуқсонҳои ҷисмонӣ доранд ва ин ҳолатҳо ба муомилаи дуруст бо силоҳ монеъ мешаванд;
- шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои қасдона доғи судӣ доранд;
- шахсоне, ки ҷазои ҷиноятиро адо мекунанд;
- шахсоне, ки дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ ё ба тартиботи муқаррарнамудаи идоракунӣ таҳдид мекунад;
- шахсоне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи гузаштан аз санҷиши донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона бо силоҳро пешниҳод накардаанд;
- шахсоне, ки бо ҳукми суд аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти касбӣ ё соҳибкорӣ дар соҳаи гардиши силоҳ маҳрум шудаанд;
- шахсоне, ки ҷои доимии истиқомат ё шароити нигаҳдории силоҳро надоранд.
2. Номгӯи бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмониро, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо рухсатнома барои соҳиб шудан ба силоҳ ба шаҳрванд дода намешавад ва тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 3. ТАРТИБИ ГАРДИШИ СИЛОҲ ВА ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГИИ ОН
Моддаи 21. Сохтани силоҳ
Сохтани силоҳ васл намудани қисмҳои он, аз нав сохтан ё таъмир кардани силоҳ бо мақсади ба он баргардонидани хусусиятҳои зарбазанӣ, инчунин тайёр кардани лавозимоти ҷангиро дар бар мегирад, ки он бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 22. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он
1. Ворид намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Ворид намудани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ бо назардошти талаботи Қонуни мазкур амалӣ карда мешаванд.
3. Силоҳ ва лавозимоти ҷангии воридшаванда ва содиршаванда бояд тамға ё нишони мутобиқати стандартро дошта бошанд.
Моддаи 23. Соҳиб шудан, ворид ва содир намудани силоҳи ғайринизомӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ
1. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тибқи рухсатномаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси дархости намояндагиҳои давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо мебошанд, ба силоҳи ғайринизомӣ соҳиб шаванд, ба шарте ки онҳо ин силоҳро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз даҳ рӯзи соҳиб шудан ба он содир намоянд.
2. Силоҳи шикорӣ ва варзиширо шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд, агар қарордод барои шикор ё таклиф барои иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ва рухсатномаи дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошад. Силоҳ бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қарордод ё таклифи зикргардида содир карда шавад.
3. Ворид намудани тамоми намудҳо, навъҳо ва намунаҳои силоҳ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи онҳо аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади таъмини амнияти шахсӣ, ҳимояи ҳаёт ва саломатии дигар шахсон, муҳофизати моликияти онҳо, ҳамлу нақли борҳо ва бо дигар мақсадҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр нагардидаанд, манъ аст, агар бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
4. Аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ вайрон кардани мӯҳлати содир намудани силоҳ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби ворид намудани он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи он боиси гирифтан ва мусодираи силоҳ мегардад.
Моддаи 24. Хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он
1. Хариду фурӯши силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқие, ки иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд, амалӣ мекунанд.
2. Шахсони ҳуқуқие, ки ҳуқуқи хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро доранд, ӯҳдадоранд:
- ҳуҷҷатҳои дахлдори таъсис ва бақайдгирӣ, иҷозатнома барои истеҳсолу сохтани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ё хариду фурӯши онро дошта бошанд;
- сертификати мутобиқати силоҳи фурӯхташавандаи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин рухсатномаи мақомоти корҳои дохилиро барои нигоҳ доштани чунин силоҳ дошта бошанд;
- аз харидор пешниҳоди рухсатнома барои харидории чунин намуди силоҳро талаб намоянд, ба истиснои силоҳе, ки барои харидориаш рухсатнома лозим нест;
- баҳисобгирии силоҳи харидашуда ва фурӯхташуда, ҳамчунин нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро ба мӯҳлати даҳ сол таъмин намоянд;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз дар бораи силоҳи фурӯхташудаи хизматӣ ва ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, дар бораи харидорони он тибқи намунае, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, маълумот пешниҳод намоянд;
- дар рухсатномаи харидор силоҳи ба ӯ фурӯхташударо қайд намоянд;
- риояи қоидаҳои нигоҳдории силоҳро таъмин намоянд.
3. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки рухсатномаро оид ба соҳиб шудан ба силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ бе тамғаи мутобиқати стандарт, инчунин рухсатномаро барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани чунин силоҳ пешниҳод накардаанд, фурӯши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он манъ аст.
4. Ба шахсони ҳуқуқие, ки барои хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он иҷозатнома доранд, иҷозат дода намешавад, ки дар толори фурӯши силоҳ навъҳои дигари молҳоро, ба истиснои таҷҳизоти варзишӣ, шикорӣ, моҳигирӣ ва қисмҳои эҳтиётии силоҳ, ҷойгир кунанд.
5. Мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд ҳар семоҳа мавҷудияти силоҳро дар ташкилотҳои дорои иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳ санҷанд.
Моддаи 25. Фурӯш ё додани силоҳ аз тарафи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда
Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ҳуқуқ доранд силоҳи дар ихтиёрашон бударо бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшанд ё ройгон диҳанд.
Моддаи 26. Мукофотонидан, фурӯхтан, тӯҳфа кардан ва ба мерос гузоштани силоҳ аз тарафи шаҳрвандон
1. Силоҳи мукофотӣ силоҳе мебошад, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои мукофотии роҳбарони давлатҳо ё ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин дар асоси фармонҳои роҳбарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.
2. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад силоҳеро, ки моликияти шахсии ӯ мебошад, ба истиснои силоҳи ҷангии мукофотӣ, бо қаблан огоҳ кардани мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба вай барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он рухсатнома додаст, фурӯшад.
3. Тӯҳфа кардан ва ба мерос гузоштани силоҳ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, агар меросхӯр ё шахсе, ки ба вай силоҳ тӯҳфа карда мешавад, барои соҳиб шудан ба ҳамин намуди силоҳ рухсатнома дошта бошад.
4. Дар сурати вафот кардани соҳиби силоҳи ғайринизомӣ он дарҳол аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ то ҳал шудани масъалаи ба мерос гузоштани молу мулк ва гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан ба ин намуди силоҳ гирифта мешавад.
Моддаи 27. Нигоҳ доштани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он
1. Асос барои нигоҳ доштани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ ба ҳисоб меравад.
2. Барои аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ доштани силоҳи ғайринизомии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибишуда дар асоси рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ барои соҳиб шудан ба он ба мӯҳлати даҳ рӯз иҷозат дода мешавад.
3. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигоҳ доштан ва истифода бурдани силоҳи ёфтшуда ё ба онҳо додашуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст. Чунин силоҳ бетаъхир бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шавад.
4. Силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он бояд дар шароите нигоҳдорӣ шаванд, ки ҳифзи онҳо, бехатарии нигоҳдорӣ ва дастнорасии онҳо ба шахсони бегона таъмин карда шаванд.
5. Талабот оид ба шароити нигоҳдории намудҳои гуногуни силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 28. Истифодаи силоҳ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд силоҳи дар асоси қонунӣ доштаашонро барои ҳимояи ҳаёт, саломатӣ ва моликияташон дар ҳолати мудофиаи зарурӣ ё зарурати ниҳоӣ истифода баранд. Пеш аз истифодаи силоҳ шахсе, ки аз тарафи ӯ хатар таҳдид мекунад, бояд дақиқан огоҳ карда шавад, ба истиснои мавридҳое, ки таъхир дар истифодаи силоҳ ба ҳаёти одамон хавфи бевоситаро ба миён меорад ё метавонад боиси дигар оқибатҳои вазнин гардад. Ҳамзамон истифодаи силоҳ дар ҳолати мудофиаи зарурӣ набояд ба шахсони сеюм зарар расонад.
2. Истифодаи силоҳи оташфишон нисбат ба занон, шахсони дорои нишонаҳои баръалои маъюбӣ, ноболиғон, ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт, ки мусофир доранд, шахсоне, ки ғайриқонунӣ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузашта истодаанд ё нияти гузаштани онро доранд, агар ин ҳаракатҳо қасдона набошанд ё дар натиҷаи фалокат ва садама ва ё дар зери таъсири бевоситаи омилҳои табиӣ содир шуда бошанд, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои содир шудани ҳуҷум, муқовимати мусаллаҳона, ҳуҷуми гурӯҳӣ ё мусаллаҳона, ки ба ҳаёти одамон таҳдид мекунанд.
3. Дар мавридҳое, ки аз истифодаи силоҳ зарар расонида мешавад, соҳиби он ӯҳдадор аст бетаъхир, на дертар аз як шабонарӯз аз лаҳзаи содиршавии ҳодиса, ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳад. Шахсоне, ки дар асоси қонунӣ силоҳ доранд, дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бо силоҳ иштирок карданашон манъ аст, ба истиснои шахсоне, ки аз тарафи давлат ваколатдор шудаанд.
4. Қоидаҳои шикор бо истифодаи силоҳи оташфишони шикорӣ, ҳамчунин қоидаҳои истифодаи силоҳро ҳангоми машғулияти варзишӣ ва бо мақсадҳои таълимӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 29. Баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст
1. Силоҳи коллексияшуда силоҳе мебошад, ки он мувофиқи хулосаи комиссияи экспертии мақомоти ваколатдори давлатӣ аҳамияти илмӣ, таърихӣ, бадеӣ дошта, мувофиқи ҳамин Қонун барои маҳфуз доштани он аз ҷониби шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо иҷозат дода шудааст ва он барои ташкили коллексия ва намоиш додан таъин гардидааст.
2. Қоидаҳои баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳеро, ки барои коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ таъин шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Ба коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне машғул шуда метавонанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дошта бошанд.
4. Қоидаҳои коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ, ҳамчунин маҳсулоти таркибан силоҳмонанд, тартиби истеҳсол, хариду фурӯш, соҳиб шудан ба онҳо, банамоишгузорӣ, нигоҳ доштан ва интиқоли онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 30. Бекор кардан ва бозпас гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он
1. Рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳро мақомоти рухсатномадода дар ҳолати аз тарафи шахс риоя ва ё иҷро накардани талаботи Қонуни мазкур ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи гардиши силоҳ, бекор менамоянд.
2. Пеш аз қабули қарор дар бораи бекор кардани рухсатнома, соҳиби он ба таврӣ хаттӣ огоҳ карда мешавад. Дар огоҳинома меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳое, ки вайрон карда шудаанд ва ё иҷро нашудаанд, зикр мегарданд, ҳамчунин мӯҳлати ислоҳи онҳо муайян карда мешавад.
3. Рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он аз тарафи мақомоти рухсатномадода ё иҷозатномадода дар мавридҳои зерин бекор карда мешаванд:
- ихтиёрӣ даст кашидан аз рухсатнома ё иҷозатнома ва ё барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ ё вафоти соҳиби силоҳ;
- қабули қарори суд дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсуси дахлдор дар бораи бекор кардани рухсатнома ва ё иҷозатнома;
- ба миён омадани ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ки имкони гирифтани рухсатнома ва ё иҷозатномаро намедиҳанд;
- бекор кардани билети шикорчигӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Дар ҳолатҳои аз тарафи шаҳрванд вайрон кардани қоидаҳои соҳиб шудан, нигоҳдорӣ, гирифта гаштан, нобуд кардан, сохтан, хариду фурӯш, ба каси дигар додан, интиқол додан, ҳамлу нақл ё истифодаи силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ҳамчунин аз тарафи шаҳрванд фиристонидани силоҳ, ки дар Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, рухсатнома ва ё иҷозатнома аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ то қабули қарори ниҳоӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан гирифта мешаванд.
5. Соҳибони рухсатнома ё иҷозатнома метавонанд аз болои қарор дар бораи бекор кардани он ба суд шикоят намоянд.
6. Рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ки ба шахси ҳуқуқӣ дода шудаанд, дар асоси аризаи мақомоте, ки рухсатнома ва ё иҷозатномаи мазкурро додаанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд бекор карда мешаванд.
7. Дар мавриди бекор кардани рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд баъд аз бартараф намудани ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, ки ба гирифтани чунин иҷозатнома ва ё рухсатнома имкон медиҳанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такроран гирифтани онҳо муроҷиат намоянд.
8. Дар ҳолати аз рухсатнома ва ё иҷозатнома ихтиёран даст кашидан, мӯҳлати муроҷиати такрорӣ барои аз нав гирифтани онҳо муқаррар карда намешавад.
Моддаи 31. Аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он
1. Аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад:
- вайрон намудани қоидаҳои гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он;
- бо тартиби муқарраргардида бекор карда шудани иҷозатнома барои хариду фурӯш ё сохтани силоҳ ва ё рухсатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани он;
- аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ вайрон карда шудани қоидаҳои муқарраршудаи соҳиб шудан, ба қайд гирифтан, нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифодаи силоҳ то қабули қарор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси воқеӣ;
- вафот кардани шаҳрванде, ки соҳиби силоҳи ғайринизомӣ буд, то аз тарафи меросхӯрон ҳал намудани масъалаи мероси молу мулк, инчунин вафоти шаҳрванде, ки дар асосҳои қонунӣ силоҳи ҷангӣ ё хизматӣ дошт;
- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
2. Силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, ки аз гардиш гирифта шуда, аз ҷиҳати техникӣ барои истифода коршоям мебошанд, бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.
3. Тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ, ва лавозимоти ҷангии он, ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд - таппончаҳо ва револверҳоро бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо Қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
4. Хориҷ карда шуд
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 32. Назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он
1. Назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоте амалӣ мегардад, ки барои додани иҷозатнома барои сохтани силоҳ ваколат доранд.
2. Шахсони мансабдоре, ки барои амалӣ намудани назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ваколатдор шудаанд, ҳуқуқ доранд:
- силоҳро дар ҷойҳои сохтан, хариду фурӯш, нигоҳдорӣ ва нобудсозии он аз назар гузаронанд;
- аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва маълумоти хаттиро, ки барои иҷро намудани вазифаҳои назоратӣ заруранд, талаб намоянд;
- дар сурати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои муқарраршуда ба шаҳрвандон ва шахсони мансабдор барои бартараф намудани он дастур диҳанд;
- чораҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешанд.
3. Шахсони мансабдори мақомоте, ки ба амалӣ намудани назорати гардиши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он ваколатдор шудаанд, ҳуқуқ доранд:
- силоҳи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардишаш манъкардашударо тибқи қоидаҳои муқарраршуда ройгон гирифта, нобуд созанд, ба истиснои силоҳе, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур расман ба даст оварда шудааст ва дар ихтиёри соҳибонаш қарор дорад;
- ба суд бо ариза дар бораи беэътибор донистани иҷозатнома барои хариду фурӯши силоҳ ва ё рухсатнома бораи нигоҳ доштан ё нигоҳдорию гирифта гаштани он, гирифтани иҷозатнома ва ё рухсатномаи зикргардида, силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, маҷбуран бегона кардани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он муроҷиат намоянд, ҳамчунин чораҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешанд.
4. Назорати гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангие, ки дар ихтиёри субъектҳои дар моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда қарор доранд, тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он амалӣ менамояд.
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 4, мод. 57; с. 2001, №4, мод. 152; с. 2003, №4, мод. 143; с. 2004, №12, қ. 1, мод. 695; с. 2005, №3, мод. 115; №12, мод. 645; с. 2006, №7, мод. 338; с. 2007, №5, мод. 360; с. 2009, №7-8, мод. 492; с. 2011, №12, мод. 841; с. 2012, №4, мод. 257) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 марти соли 2013, № 939
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 4, мод. 58), қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2001, №4, мод. 153; с. 2003, №2, мод. 36; с. 2004, №11, мод. 607; с. 2005, №11, мод. 582; №12, мод. 740; с. 2006, №6, мод. 287; с. 2007, №4, мод. 265; с. 2009, №5, мод. 380; с. 2011, №11, мод. 799; с. 2012, №2, мод. 66) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 12 декабри соли 2012, № 1017
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 463
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СИЛОҲ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №3, мод. 182)
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1105)

3. Тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Тартиби ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбаашон маҳдуд - таппончаҳо ва револверҳоро бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо Қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (