ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИЛОҲ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 майи соли 2015, № 85
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июли соли 2015, № 86
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 "Дар бораи силоҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. .182; с. 2014, №7, к, 2, мод. 402) тағйироти зерин ворид карда шавад:
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ, ва лавозимоти ҷангии он, ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд - таппончаҳо ва револверҳоро бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо Қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.";
- қисми 4 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
8 августи соли 2015 № 1217
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРУЖИИ"
Принят постановлением МН МОРТ
от 20 мая 2015 года, № 85
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 21 июля 2015 года, № 86
Статья 1. Внести в статью 31 Закона Республики Таджикистан от 19 марта 2013 года "Об оружии" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №3, ст. 182; 2014 г., №7, ч. 2, ст. 402) следующие изменения:
- часть 3 изложить в следующей редакции:
"3. Порядок изъятия из оборота оружия и боеприпасов к нему, компенсации за изъятие из оборота огнестрельного бесствольного оружия ограниченного поражения - пистолетов и револьверов с травматическими патронами, находящихся у граждан до запрещения их оборота настоящим Законом, определяется Министерством внутренних дел Республики Таджикистан.";
- часть 4 исключить.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 8 августа 2015 года, № 1217