ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 436) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 48. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
1. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба андозаи 0,5 фоизи ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии дахлдор муқаррар гардида, ба таркиби хароҷоти он дохил карда мешавад.
2. Ба фонди захиравӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ихтиёрдорӣ менамояд.
3. Истифодаи маблағҳои фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 марти соли 2013, № 946
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 12 декабри соли 2012, № 1009
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2013, № 470
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННЫХ ФИНАНСАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Статья 1. Статью 48 Закона Республики Таджикистан от 28 июня 2011 года "О государственных финансах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №6, ст. 436) изложить в следующей редакции:
"Статья 48. Резервный фонд председателя Горно-Бадахшанской
автономной области, области, города Душанбе, города и района
1. Резервный фонд председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района устанавливается в размере 0,5 процента от объёма доходов соответствующего местного бюджета и включается в состав его расходов.
2. Резервным фондом распоряжается председатель Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района.
3. Использование средств резервного фонда председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района осуществляется в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 19 марта 2013 года, № 946
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "О государственных финансах Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "О государственных финансах Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.Зухуров
г. Душанбе, 12 декабря 2012 года, № 1009
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "О государственных финансах Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "О государственных финансах Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения в Закон Республики Таджикистан "О государственных финансах Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 28 февраля 2013 года, №470