Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2013, № 1399 "Дар бораи Тартиби нигоҳ доштани музди меҳнат, мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар ҳангоми таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Тартиби нигоҳ доштани музди меҳнат, мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар ҳангоми таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" фармон медиҳам:

1. Тартиби нигоҳ доштани музди меҳнат, мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар ҳангоми таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мешавад).

2. Роҳбарони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои талаботи Тартиби мазкурро таъмин намоянд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

23 январи соли 2013 № 1399

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Порядке сохранения заработной платы, занимаемой должности или равноценной должности при обучении и повышении квалификации государственных служащих

В соответствии со статьей 34 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" постановляю:

1. Утвердить Порядок сохранения заработной платы, занимаемой должности или равноценной должности при обучении и повышении квалификации государственных служащих (прилагается).

2. Руководителям центральных и местных исполнительных органов государственной власти обеспечить исполнение требований настоящего Порядка.

Президент

Республики Таджикистан                           Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 23 января 2013года, № 1399