Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.02.2015 № 62, аз 14.08.2018 № 409)
Мутобиқи моддаи 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шавад .
2. Низомнома, сохтор, ҳайати шӯрои нозирон ва нақшаи идоракунии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4)" (замимаи 4 замима мегардад) .
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи марказии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро бо бинои алоҳида ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо филиалҳои онро бо утоқҳои корӣ таъмин намоянд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 феврали соли 2013, № 34
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ"
Мутобиқи моддаи 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" таъсис дода шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.
3. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 феврали соли 2013, № 34
ш. Душанбе