Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013, № 34 "Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ"

Санаи амалкуни: 14.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2020 № 390 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.02.2015 № 62, аз 14.08.2018 № 409)

Мутобиқи моддаи 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.02.2015 № 62).

2. Низомнома, сохтор, ҳайати шӯрои нозирон ва нақшаи идоракунии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4)" (замимаи 4 замима мегардад) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.08.2018 № 409).

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи марказии муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро бо бинои алоҳида ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо филиалҳои онро бо утоқҳои корӣ таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.08.2018 № 409).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 феврали соли 2013, № 34

ш. Душанбе