Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 790 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1815 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 1755 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 60 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад, аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 185 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 165 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 20 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита маблағгузорӣ карда мешавад.".

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷотро барои нигоҳдории воҳидҳои иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2012, № 790

ш. Душанбе