Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ аз 29 декабри соли 2012, № 776

Санаи амалкуни: 20.10.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2017 № 597 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 776

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400, аз 9.09.2014 № 600, аз 20.10.2016 № 432)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми ваколатдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, назорати давлатии фаъолияти тиббиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

2. Хадамот ба Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад.

4. Заминаи ҳуқуқии фаъолияти Хадамот Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои байналмилалии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур мебошанд.

2. Ваколатҳо

5. Хадамот тибқи фаъолияти муқарраршуда чунин ваколатҳо дорад:

- ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро ба гирифтани кӯмакҳои тиббию беҳдоштӣ ва ва иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва сифатҳои аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- назорати ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро бобати таъмини сифати дахлдори хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд, таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- қоидаҳои санҷишҳои фарогири нақшавӣ ва ғайринақшавӣ, аккредитатсияи муассисаҳои тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ), таҳия менамояд ва бо мақсади арзёбии мутобиқати онҳо ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои мазкурро анҷом медиҳад;

- таҳияи стандартҳоро ҷиҳати расонидани кӯмакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- дар доираи фаъолияти худ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ҳамкорӣ менамояд;

- ба сифати хизматрасониҳои аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки расонидани кӯмаки тиббию беҳдоштиро ба шаҳрвандон амалӣ месозанд, новобаста аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва самти фаъолият назорат менамояд;

- сифати хизматрасониҳои ташхисиро (озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхиси вазифавӣ, томографи компютерӣ, томографи магнитии резонансӣ, ташхиси фаросавтӣ, рентгенӣ ва ғайра) назорат менамояд;

- ҷиҳати бартараф намудани номутобиқатиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, ки ҳангоми санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсия ошкор карда шудаанд, тавсия ва амрнома пешниҳод менамояд;

- татбиқи назорати тафтишотиро ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва амрномаҳои Хадамот аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ ҳамоҳанг месозад;

- тайёр намудани хулосаҳои кӯтоҳмуддат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати татбиқи меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи пешниҳод намудани кӯмакҳои тиббию беҳдоштӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҳамчунин талаботҳои стандартҳои дар ҷумҳурӣ қабулгардидаро таъмин менамояд;

- барои баррасӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббии ба шаҳрвандон расонидашаванда таклифҳо пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- назоратро аз болои фаъолияти шӯроҳои тиббии муассисаҳои тандурустӣ, комиссияҳои машваратию тиббӣ, кумитаҳо оид ба сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва комиссияҳои таҳлили марганҷомӣ ба роҳ мемонад;

- феҳристи муассисаҳои аккредитатсияшудаи тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ) пеш мебарад;

- феҳристи муассисаҳои ҳуқуқи гузаронидани тадқиқоти клиникидоштаро пеш мебарад;

- шахсони манфиатдор ва истифодабарандагони эҳтимолии хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бевосита ё тавассути васоити ахбори умум дар бораи хизматрасониҳои хатарноки тиббӣ ва иҷтимоӣ ва маҳсулоти фармасевтӣ хабардор менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- назорати дурустии таъин ва пардохти саривақтии кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва кӯмакпулиҳои иҷтимоии унвониро ба оилаҳои камбиозат, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағтузорӣ мешаванд, инчунин назорати фаьолияти марбутаи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- назорати фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро, ки ба расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (маъобон, шахсони яккаю танҳо ва бепарастор) машғуланд, ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

6. Хадамот ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бе ягон мамоният ва дар ҳар маврид дар тамоми корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва мансубияти идоравиашон, ки бо фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоӣ машғуланд, назорати тиббӣ ва иҷтимоиро анҷом медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- барои баррасӣ намудани масъалаҳои дар салоҳияти худ дошта шӯроҳоро (комиссияҳоро, гурӯҳҳои кориро), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;

- аз таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ пешниҳод намудани шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳои тиббиро талаб намояд;

- оид ба манъ намудани таъмини хизматрасониҳои хатарноки тиббӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;

- оид ба пурра ва ё қисман манъ намудани (қатъ намудани) равандҳои расонидани кӯмакҳои тиббӣ, инчунин бозпас хондани иҷозатномаҳо барои фаъолияти тиббӣ чораҳо андешад;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкориҳои байналмилалиро амалӣ намояд;

- нисбат ба муассисаҳои тандурустӣ "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, ҳамчунин сари вақт иҷро накардани амрномаҳои Хадамот, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ татбиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- бо тартиби муқарраргардида аз вазоратҳо, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳо маълумоти барои иҷрои вазифаҳои худ заруриро гирад;

- фаъолиятҳои машваратӣ, таълимӣ ва дигар шаклҳои фаъолиятро, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нестанд, анҷом диҳад;

- семинарҳо, маҷлисҳо, конфронсҳоро оид ба масъалаҳое, ки ба ваколатҳои Хадамот дохил мешаванд, гузаронад;

- дар асоси шартнома коршиносону машваратчиёни берунаро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои идоравиро қабул намояд.

7. Хадамот ӯҳдадор аст:

- дар рафти чорабиниҳо оид ба назорат ба таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ ҷиҳати риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои хизматрасониҳои тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳад;

- тартиби гузаронидан ва ба расмият даровардани чорабиниҳои назорати давлатии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо риоя намояд;

- оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои назорати давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои вайрон намудани талаботҳо чораҳо андешад;

- назорати иҷрои муқаррароти санадҳои ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ амалӣ созад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- бевосита ё бо супориши роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза ва муроҷиати шаҳрвандонро, ки аз рафтори дағалонаи кормандони тандурустӣ ва норозигӣ аз сифати хизматрасониҳои тиббӣ бармеоянд, мавриди санҷиш қарор диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

3. Ташкили фаъолият

8. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

9. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

10. Сардор дорои як муовин мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

11. Сардори Хадамот:

- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом медиҳад;

- ӯҳдадориҳои муовинро муайян менамояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамот пешбинишуда ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супоришҳое, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад, барои кормандони Хадамот ва муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- тибқи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басти вазифаҳои Хадамот ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Хадамотро дар доираи маблағгузории дахлдор, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;

- кормандони дастгоҳи марказӣ ва сардорони воҳидҳои сохтории Хадамотро бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи буҷети ҷумҳуриявӣ дар бобати таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳои системаи Хадамот дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин менамояд ва ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;

- аз мақомот ва муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилотҳо маълумотҳои лозимаро дар бораи фаъолияти тиббӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

- дигар ваколатҳоро барои Хадамот тибқи талаботи намунавӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400);

12. Хадамот дар фаъолияти худ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

13. Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

14. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 октябри соли 2016, № 432

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.10.2016 № 432)

Раёсати назорати давлатӣ оид ба фаъолияти тиббӣ

Шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бахши банақшагирӣ ва муҳосибавӣ

Бахши ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус

Бахши умумӣ ва коргузорӣ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 776

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400)

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣдар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400)

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400)

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400)

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400)

Намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400)

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 9 сентябри соли 2014, № 600

тасдиқ шудааст

Номгӯи муассисаҳои системаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазоратл тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.09.2014 № 600)

уассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ"

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 776

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400, аз 9.09.2014 № 600)

Роҳбарият

Раёсати назорати давлатӣ

Шӯъбаи назорати давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400)

Бахши молия ва хоҷагӣ

Бахши ҳуқуқ

Бахши кадрҳо ва корҳои махсус

Бахши умумӣ