Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 776 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ"

Санаи амалкуни: 20.10.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2017 № 597 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400, аз 9.09.2014 № 600, аз 20.10.2016 № 432)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳои системаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4) (қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 9.09.2014 № 600).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миқдори 62 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 23 воҳид ва сохторҳои тобеи он 39 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400, аз 20.10.2016 № 432).

3. Ба Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки як муовин дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 6 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

4. Маблағгузории дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ зикргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2014 № 400).

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 № 484 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2012, № 776

ш. Душанбе