Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ барои солҳои 2013-2017
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ барои солҳои 2013-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ ва ҷалби грантҳои хориҷӣ ҷиҳатӣ амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва назоратро ҷиҳати тасдиқ ва ба амал ҷорӣ намудани нақшаҳои дахлдори омодагии садамавӣ ва эътино дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин намояд.
4. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Барномаи омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ барои солҳои 2013-2017- ро зери назорат қарор дода, ҳар сол ду маротиба оид ба рафти татбиқи қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 декабри соли 2012, № 770
ш. Душанбе