Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 аз 29 декабри исоли 2012, № 769

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 769

тасдиқ шудааст

Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015

1. Пешгуфгор

1. Хариди давлатӣ механизми қонеъ намудани талаботи давлат ба мол, кор ва хизматрасонӣ буда, ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт таъсири назаррас мерасонад ва қисми ҷудонашавандаи иқтисоди бозаргонӣ мебошад, азбаски харид барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар бозор ба амал меояд ва барои амалӣ гардидани он механизмҳои бозор истифода бурда мешаванд. Нишондиҳандаҳои асосии бомуваффақ амалӣ гардидани системаи хариди давлатӣ хароҷоти пурсамар ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ, шаффофият ва беғаразии расмиёти хариди давлатӣ, васеъ намудани доираи иштирокчиёни хариди давлатӣ, коҳиш ёфтани миқдори шикоятҳо ба амалҳои иштирокчиёни хариди давлатӣ мебошад.

Бо мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" дар моҳи марти соли 2006, ки дар асоси модели маъмулии ЮНСИТРАЛ таҳия гаштааст, хариди давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли наверо ба худ касб намудааст, ки ба талаботи замон оид ба амалӣ намудани расмиёти хариди давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.

Сарфи назар аз он, ки системаи хариди давлатӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ устувор буда, иштирокчиёни он, ҳам ташкилотҳои харидор ва ҳам бахши хусусӣ, нисбати он эродҳои зиёде нагирифтаанд, ҳолати ҷории соҳаи мазкур пурра қаноатбахш эътироф шуда наметавонад. Таҳлили муқоисавӣ бо системаҳои хариди давлатии мамлакатҳои дигар аз мавҷуд набудани стратегияи дарозмӯҳлати рушд, ки усулҳои нави расидан ба мақсадҳо оид ба хароҷоти самарабахши маблағҳои давлатиро дар бар мегирад, шаҳодат медиҳад.

2. Дар кишварҳои таракқиёфта, ҳамчунин дар аксари мамлакатҳои рӯ ба таракқӣ, хариди давлатӣ аллакай ба марҳилаи истифодаи технологияҳои итилоотии муосир ба ҷои анҷом додани расмиёти харид бо формати коғазӣ гузаштааст ва номи хариди ҳукуматии электрониро гирифтааст. Хариди электронӣ маънои амалӣ намудани расмиёти харид бо истифодаи технологияи иттилоотиро дошта, ҳалли муносиб ва самараноки бисёр мушкилоте мебошад, ки дар рафти амалӣ намудани харид бо тариқи анъанавӣ ба миён меояд.

Омилҳои асосие, ки таҳия ва татбиқи Барномаи мазкурро водор месозанд, зарурати ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ оид ба кулли хариди давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи шаффофияти хариди давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои он, сатҳи нокифояи рақобат, бахусус ҳузури ками молрасонони хориҷӣ дар соҳаи хариди давлатӣ, мавҷуд набудани ҳамоҳангсозии аниқи харид бо нақшаҳои солонаи харид, талабот оид ба баҳисобгирӣ ва ташаккули маълумоти омории марказонидашуда дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ, таҳкими назорати давлатӣ ва бунёди мониторинги ҷамъиятии хариди давлатӣ мебошанд. Барномаи мазкур механизми ҷории яке аз унсурҳои ҳукумати электронӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 "Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ шудааст, маҳсуб меёбад.

Бартарияти хариди электронӣ аз назаррас баланд бардоштани сатҳи шаффофияти расмиёти харид, пешниҳод намудани дастрасии баробар ва номаҳдуд барои иштирок, паст намудани нархҳои харид дар натиҷаи афзоиши рақобат, кам гардидани мӯҳлати расмиёти харид ва хароҷот барои амалӣ намудани он, пурзӯр намудани назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ, созмондиҳӣ ва пешниҳоди дастрасӣ ба маҳзанҳои электронии маълумот оид ба ташкилотҳои харидор, молрасонон (пудратчиён) ва қарордодҳои басташуда иборат мебошад.

2. Асосҳои қабул намудани Барнома

3. Барномаи ҷорӣ намудани хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2015 ҷиҳати иҷрои муқаррароти банди 9 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 бармеоянд ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 "Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардидааст.

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

4. Мақсади Барномаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини муҳити воқеии рақобат ва хароҷоти ҳаддалимкон самараноки маблағҳои давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ мебошад, ки амалҳои хусусияти коррупсионӣ доштаро, ки дар забон як кардани иштирокчиёни хариди давлатӣ, мудохилаи ғайриқонунӣ ба расмиёти харид, халалдор намудани иштироки молрасонони (пудратчиёни) дигар дар озмунҳо, мусоидати ғайриқонунӣ ба яке аз иштирокчиён барои ба даст овардани қарордод ифода мегарданд, пешгирт менамоянд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва анҷом додани хариди давлатӣ ба воситаи Портали ягонаи давлатии харид дар шабакаи Интернет имкон медиҳад, ки доираи иштирокчиёни расмиёти харид бо роҳи паст намудани нақши омили дахолат ба расмиёти харид васеъ гардида, ташкилоти харидор молҳои заруриро дар асоси тавъами муносиби нарх ва сифат харидорӣ намояд.

5. Амалҳо дар давраҳои гуногуни расмиёти хариди давлатӣ, аз тасдиқ, ҷойгиркунӣ ва ислоҳ намудани нақшаҳои солонаи харид то ба марҳилаи мониторинги иҷрои қарордодҳо, шаффоф ва дар Портали ягонаи давлатии харид инъикос мегарданд, ки иқтидори мақоми ваколатдор ва ташкилотҳои харидорро дар идораи маҷмӯии эхтиёҷот ба мол ва маблағҳои ҷудогардида ба таври назаррас баланд мебардорад.

6. Натиҷаи назарраси ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ аз рӯи хариди анҷомшаванда мегардад. Нақш ва имкониятҳои ҷомеа дар назорати хароҷоти маблағҳои давлатӣ меафзоянд ва ҳар шахси манфиатдор метавонад иттилооти ба харид тааллуқдошта дастрас намояд, барои мониторинги раванди харид дар марҳилаҳои гуногуни он шароит пайдо мегардад. Ба сохторҳои давлатӣ, ки вазифаҳои назоратиро амалӣ менамоянд, имконият фароҳам оварда мешавад, ки бо иттилооти марбут ба харид, аз ҷумла дар реҷаи онлайн шинос гарданд, ки ин коҳиши миқдори санҷишҳо дар ҷойҳо ва камшавии гаронии санҷишҳоро дар назар дорад.

7. Дар маҷмӯъ, татбиқи Барномаи мазкур бояд ба камшавии назарраси хавфҳои коррупсионӣ оварда, ҳамзамон барои анҷом додани харид дар асоси принсипҳои бовиҷдонӣ ва рақобати ошкоро фазои мусоид фароҳам меоварад. Дар назар дошта мешавад, ки татбиқи Барномаи мазкур дар баробари чораҳои дигар имконият медиҳад, ки ба ҷараёни ғайримарказонидани хариди давлатӣ суръат бахшида, фаъолияти Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдор тибқи стандартҳои байналмилалӣ нигаронида мешавад.

8. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми анҷом додани хариди давлатӣ аллакай дар соли 2012 пешбинӣ гардидааст, барои иҷрои вазифаҳо оид ба сари вакт ҷорӣ намудани хариди электронӣ амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои ба ташкил ва ҳамоҳангсозии марҳилаҳои ибтидоӣ ва минбаъда равонагардида бо ҷалби ҳамаи тарафҳои манфиатдор зарур мебошад.

9. Барои ноил гаштан ба хадафҳо амалӣ намудани вазифаҳои зерин зарур аст:

- бунёди заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба хариди электронӣ;

- табдил додани сомонаи амалкунандаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Портали ягонаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи платформаи техникии хариди электронӣ дар доираи талаботи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо унсурҳои ҳукумати электронии вазорату идораҳои дигар мутобиқ ва пайваста мебошад;

- ташкили ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- таъмини таҳия ва пешниҳод намудани нақшаҳои солонаи харид сари вақт ва дар асоси дурнамои ташкилоти харидор оид хароҷот;

- тайёр намудани кадрҳои махсус омӯзонидашуда аз ҳисоби мутахассисони оид ба хариди ташкилоту идораҳои давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ;

- рушди заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии мақоми ваколатдор дар соҳаи хариди давлатӣ.

10. Таҳия ва амалӣ намудани системаи автоматикунонидашудаи хариди электронӣ бояд дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода шавад:

-содда ва қуллай будан дар мавриди истифодабарӣ;

-автоматикунонидани ҳадалимкони раванди хариди давлатӣ;

-таъмини бехатарии иттилоотӣ, эътимоднокӣ, хамгироии система бо интерфейсҳои беруна;

-маҳдуд кардани имкониятҳо барои содир намудани амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ;

-таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳии хариди давлатӣ;

-такмилдиҳии раванди банақшагирии харид;

-муттаҳидсозии хариди давлатӣ дар Портали ягонаи давлатии харид;

-марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани хариди электронӣ;

-омодагии ҳамаҷонибаи ташкилотҳои харидор;

-таъмини такмилдиҳӣ ва тавсеаи функсияҳои системаи автоматикунонидашуда.

4. Ҳолати кунунии хариди давлатӣ

11. Ҳоло хариди давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман ғайримарказонида шудааст, азбаски танҳо 19 ташкилоти харидор, аз он ҷумла нӯҳ вазорат, як кумитаи давлатӣ, шаш мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ду муассиса ва як муассисаи таҳсилоти олӣ дорои мақоми "ташкилоти харидори соҳибихтисос" мебошанд. Харидҳои марказонидашуда аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои харидор дар доираи фаъолияти комиссияҳои муштараки тендерӣ амалӣ мегарданд, ки дар онҳо бештари ҷойҳо ба ташкилотҳои харидор дода мешавад. Харид аз ҳисоби қарзҳо ва грантҳои дар доираи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ пешниҳодгардида аз ҷониби марказҳои татбиқи лоиҳаҳо аз рӯи расмиёти хариди донорҳо, ба ғайр аз расмиёти кушодани дархостҳои тендерӣ, амалӣ мегардад. Чунин расмиёт аз ҷониби комиссияҳои тендерӣ амалӣ мегардад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, дар он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз баромад мекунад.

Дар соли 2011 тибқи расмиёти дар боло нишондодашуда ба маблағи 1 857 000 000 сомонӣ қарордодҳо баста шуданд, ки аз он 43 фоиз ба хариди марказонидашуда, 33 фоиз ба хариди аз ҳисоби маблағҳои қарз ва грантҳои дар доираи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ пешкашгардида ва 24 фоиз ба хариди ғайримарказонидашудаи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос рост меояд.

Дар давраи соли 2011 дар натиҷаи анҷом додани расмиёти харид ба маблағи 1 247 974 345 сомонӣ ё ин ки 18,9 фоизи сатҳи хароҷоти Буҷети давлатӣ, ба истиснои маблағҳои лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва хизматрасонии қарзи давлатӣ, қарордодҳо баста шудаанд. Сарфаи маблағҳо 42 455 606 сомонӣ ё 3,3 фоизи маблағҳои ҷудогардидаро ташкил намуд. Нисбати 85,9 фоизи дархостҳои ташкилотҳои харидор усули асосии харид - "озмуни харид тариқи иштироки номаҳдуди довталабон" татбиқ карда шудааст. Ба ғайр аз ин, барои таъмини шаффофияти расмиёти харид аз моҳи июли соли 2011 дар сомонаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи Интернет www.goszakupki.tj ҷойгиркунии даъватномаҳои иштирок дар озмунҳо ва натиҷаҳои озмунҳои гузаронидашуда анҷом дода мешавад.

12. Барои фаъолияти харидорӣ тибки қоидаҳои хариди давлатӣ банақшагирии хароҷот шарти муҳиме мебошад. Сарфи назар аз батанзимдарории мураттаби расмиёти тартиб ва тасдиқи нақшаи солонаи харид, ҳуҷҷати мазкур, ки эҳтиёҷот барои мол, кор ва хизматрасонӣ, давраҳои банақшагирӣ ва усулҳои интихобнамудаи харидро инъикос менамояд, дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби ташкилоти харидор нопурра тартиб гардида, сари вақт пешниҳод намегардад. Дар ҷараёни гузариш ба хариди электронӣ тартиб додани нақшаи солонаи харид бояд сари вақт оғоз гардида, бо таҳияи сметаи хароҷоти ташкилот ҳангоми ташаккули буҷет барои соли оянда ҳамоҳанг карда шавад. Нақшаи солонаи харид бояд дар Портали ягонаи давлатӣ ҷойгир карда шуда, ҳангоми зурурат аз ҷониби шахси масъули ташкилоти харидор аз утоқи кори шахсии ӯ дар сайт таҳрир карда шавад.

13. Нишондиҳандаи дигаре, ки амали низоми хариди давлатиро тавсиф менамояд, далелҳои вайрон кардани расмиёти харид ва мавҷудияти имкониятҳои ҳуқуқӣ барои мавриди баҳс қарор додани амалу қарорҳои ғайриқонунии ташкилотҳои харидор ва дигар иштирокчиёни харид, ҳамчунин татбиқи амалии механизми баррасии шикоятҳо ва қабули қарори дахлдор оид ба онҳо мебошад. Миқдори шикоятҳо дар низоми хариди давлатӣ кам аст ва асосан онҳо ба даъвоҳои байниҳамдигарии ташкилотҳои харидор ва таҳвилгарон (пудратчиён) вобаста ба иҷрои шартҳои қарордодҳои басташуда тааллуқ доранд. Аммо нишондиҳандаи мазкур наметавонад аз он шаҳодат диҳад, ки воқеан расмиёти хариди давлатӣ доимо беғаразона ва бе зиён барои иштирокчиёни дигари озмунҳо анҷом дода мешавад.

14. Яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи харид паст будани сатҳи рақобат мебошад. Сарфи назар аз он, ки эълонҳо оид ба озмунҳо бо иштироки номаҳдуди довталабон дар воситаҳои ахбори омма ба табъ мерасанд, дар аксари харидҳо миқдори молрасонон (пудратчиён) аз 1 то 3 иштирокчӣ мерасад. Қисми бештари мол ба мамлакат ворид карда мешавад ва молрасонон рукни пайвасткунандаи таҳвили мол аз кишвари истеҳсолкунандаи мол ба кишвари таъинот ё аз шабакаҳои савдои чакана ва яклухти дохили кишвар то анбори ташкилотҳои харидор мебошанд.

Дар баъзе ҳолатҳо маблағи харид зиёд набуда, молрасонон ба чунин озмунҳо мароқ зоҳир намекунанд. Вазъи молиявии иштирокчиёни озмун аҳамияти муҳим дошта, он байни молрасонон вобаста ба сатҳи дастрасӣ ба захираҳои қарзии бонк ва ташкилотҳои қарздиҳанда, мавҷудияти маблағҳои худӣ, қарзи батаъхирмонда оид ба ӯҳдадориҳо дар назди буҷет якхела нест. Дар он озмунҳое, ки пардохт аз рӯи шартҳои қарордод баъд аз таҳвили мол ба амал бароварда мешавад, ё маблағи пешпардохт аз 50 фоизи маблағи қарордод зиёд нест, асосан молрасононе иштирок менамоянд ва ғолиб меоянд, ки маблағҳои кофии гардиш доранд. Ба ғайр аз ин, чунин ҳолате ба миён омадааст, ки ташкилотҳои харидор майли доштани сарукор бо молрасононе доранд. ки қаблан худро ҳамчун шарикони боэътимод дар қисмати иҷрои ӯҳдадориҳои қарордод нишон додаанд.

Гарчанде барои шабакаҳои савдо имконияти бештаркунии фурӯш бо роҳи бевосита иштирок намудан дар расмиёти харид вуҷуд дошта бошад ҳам, на он қадар миқдори зиёди онҳо аз чунин имконот истифода мебаранд. Дар кишварҳои мутаррақӣ яке аз шаклҳои хариди электронӣ Е-шоппинг ба ҳисоб меравад, ки дар он харидор аз каталоги электронии фурӯшандаҳо молҳои заруриро ҷудо менамояд, пардохт низ дар реҷаи электронӣ гузаронида мешавад. Барои ҷорӣ намудани чунин шакли озмуни электронӣ шабакаҳои зиёди савдо бояд онлайн - мағозаҳоро созмон диҳанд, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда нашудааст.

15. Меъёри асосӣ ҳангоми муайян намудани ғолиб дар аксари ҳолатҳо нархи паст ба ҳисоб меравад, ки он саъю кӯшиши ташкилоти харидорро барои бештар сарфакорона хароҷот намудани маблағҳои ҷудогардида инъикос менамояд. Дар ихтиёри худ захираҳои маҳдуди молиявиро дошта, ташкилоти харидор маҷбур мешавад ба меъёри нархи паст такя намуда, то андозае аз сифати мол сарфи назар намояд.

Ҳангоми ҷорӣ намудани хариди электронӣ, дар ҳоле, ки сатҳи рақобат барои интихоб намудан аз миқдори зиёди дархостҳои тендерӣ шароит фароҳам меорад, баррасӣ намудани масъалаи коркарди муносибати ягона оид ба истифодаи самараноки маблағҳои ташкилотҳо дар асоси меъёр ва маҳақҳои аниқ зарур мегардад. Ҷойе, ки имконпазир аст, барои ноил гаштан ба самаранокии харид бояд на меъёри нархи пасттарин, балки арзиши он дар маҷмӯъ, бо дарназардошти хусусиятҳои функсионалӣ, мӯҳлати хизмат, кафолат ва шартҳои хизматрасониҳои баъдифурӯшии мол ба асос гирифта шавад.

16. Дар расмиёти хариди давлатӣ пешбинӣ гардидааст, ки ҳайати комиссияи озмун бояд аз мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи хариди моли муайян иборат бошад. Муқаррароти мазкур ҳангоми хариди таҷхизот ё техникаи мураккаб на ҳама вақт риоя мегардад, азбаски на дар ҳамаи ташкилотҳо мутахассисони баландихтисос аз рӯи чунин маҳсулот мавҷуданд. Ҳамчунин ҳолатҳое мушоҳида мегарданд, ки ҳангоми пешниҳод намудани дархости худ ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти харидор таҳлили пешакии бозор ва хусусиятҳои техникии моли харидоришавандаро намегузаронад, ки ин мувофиқаи иловагиро вобаста ба ҳуҷҷатҳои озмун талаб менамояд.

Ҳангоми омодагӣ ба хариди маҳсулот ва таҷҳизоти мураккаб ба ташкилотҳои харидор, дар ҳолати мавҷуд набудани мутахассисони худӣ, то пешниҳоди дархост ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин ҳангоми зарурат дар вақти арзёбии дархостҳо, даъват намудани мутахассисон ва коршиносони дигар ба мақсад мувофиқ аст.

17. То вақтҳои наздик яке аз мушкилот сатҳи пасти омодагии довталабон барои иштирок дар озмунҳо маҳсуб меёфт. Қисме аз молрасонон ва пудратчиёни дар расмиёти хариди давлатӣ иштироккунанда дар бораи қонунгузории харид маълумоти кофӣ надоштанд. Дархостҳои озмун, махсусан дар мавриди фошкунии хусусиятҳои функсионалӣ ва ғайраи молҳо, аз ҷониби як қатор молрасонон нопурра тартиб дода мешуданд.

Вақтҳои охир ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои комиссияҳои озмун ба молрасонон муқаррарот ва ҷузъиёти расмиёти харид фаҳмонида мешуд, норасоиҳо ҳангоми тартиб додани дархостҳои озмун нишон ва тавсияҳои мувофиқ дода мешуданд, аз онҳо пешниҳод ва тасдиқ намудани таснифоти техникӣ барои маҳсулоти таҳвилшаванда талаб карда мешуд, ки дар натиҷа сифати гузаронидани озмунҳоро рӯ ба беҳбудӣ овард.

Бо вуҷуди ин, сатҳи бохабарӣ аз тамоми расмиёти харид дар байни молрасонон ва пудратчиён беҳбудиро мехоҳад, ки вобаста ба он дар доираи грант барои тайёр намудани мутахассисон оид ба хариди давлатӣ, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ба Донишкадаи такмили ихтисоси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад, бозомӯзии чорсад намояндаи бахши хусусӣ пешбинӣ гардидааст.

18. Унсури муҳимтарини хариди давлатӣ иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавии ҳарду тараф мебошад. Ҳолатҳое ба миён меоянд, ки молрасон дар мӯҳлатҳои муайяншуда молро таҳвил дода наметавонад, ё кӯшиш менамояд молеро таҳвил диҳад, ки аз рӯи баъзе нишонаҳояш аз моли дар қарордод нишондодашуда фарқ мекунад. Аз тарафи дигар, ташкилоти харидор метавонад моли таҳвилдодашударо сари вақт пардохт накунад, ё ин ки дар доираи қарордоди басташуда моли тамғааш ё модификатсияаш дигарро талаб намояд.

Тарафҳо ба мақоми дахлдор барои ҳалли ҳамин масъалаҳо кам муроҷиат менамоянд, асосан ташкилоти харидор ва молрасон кӯшиш менамоянд ба мувофиқа оянд.

Барои назорати чунин равандҳо дар Низомномаи расмиёти хариди давлатӣ пешбинӣ намудани механизми назорати иҷрои қарордод, ки шаффофияти амалҳои тарафҳоро вобаста ба иҷрои қарордод таъмин менамояд, зарур аст.

5. Омодагии инфрасохтор барои ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи хариди давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19. Ҷорӣ намудани хариди электронӣ ва амали он рушд ва дастрасии технологияҳои муосири иттилоотиро дар кишвар дар назар дорад. Агар муассисаи ҳукуматӣ дастгирии заруриро аз ҷониби ҳокимият гирифта тавонад, пас ба бахши хусусӣ низ бояд ёрии ҳаматарафа дар шакли фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи хизматрасониҳои системаи электронии муассисаҳои ҳукуматӣ расонида шавад.

Шарти зарурӣ барои пайвастшавӣ ба низоми хариди электронӣ дастрасии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба хизматрасониҳо дар шабакаи интернет, мавҷуд будани компютери шахсӣ бо барномаҳои истифодабарӣ ва почтаи электронӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ, аз он ҷумла пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет, ба назар мерасад. Ҳоло чунин навъҳои пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет вуҷуд доранд: Бо сим: Dial-up, DSL/ADSL, FOCS (fiber-aptic communication system) Бе сим: GSM, CDMA, RadioEthernet, UMTS HSDPA, 3G, 4G, WiFi, WiMax.

20. Мавҷудияти компютери шахси бо барномаҳои истифодабарӣ, инчунин почтаи электронӣ на барои муассисаҳои давлатӣ ва на барои бахши хусусӣ монеа нест. Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидораи шаҳраку деҳот барои давраи солҳои 2012-2015 дар марҳилаи татбиқ қарор дошта, ҷиҳати харидории компютерҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд, барои аксари ташкилоту муассисаҳо таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шудааст. Барои бахши хусусӣ низ ин масъала ҳалнашаванда намебошад, зеро худи иштирок дар хариди давлатӣ мавҷудияти заминаи моддию техникиро тақозо менамояд.

21. Яке аз шартҳои асосии фаъолияти мӯътадили системаи хариди электронӣ зарурати ташхис ва муайян намудани аслияти истифодабарандагони система ба шумор меравад. Дар мамлакатҳое, ки хариди электронӣ ба роҳ монда шудааст, роҳҳои ҳалли гуногун истифода мешаванд, дар якеаш имзоҳои рақамии электронӣ истифода шавад, дар дигараш сертификати дар браузер насбгардидае, ки рақами ташхис, логин ва рамзро барои ворид шудан ба система ва амалӣ намудани амалиёти аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамиятнок медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи имзои рақамии электронӣ" соли 2007 қабул гардида, якчанд марказҳои тасдиқкунанда кушода шуданд ва амал мекунанд, ки барои додани сертфикатҳои калидҳои имзоҳои рақамии электронӣ ваколатдоранд.

Ҳангоми интихоби роҳҳои ҳалли техникии зикргардида аз сатҳи рушд ва малакаи истифодаи унсурҳои нишон додашуда аз ҷониби иштирокчиёни хариди давлатӣ, бехатарӣ ва қулай будан ба мақсад мувофиқ аст, то ки низоми мазкур, махсусан барои намояндагони бахши хусусӣ, мусоид ва дар истифода содда бошад.

22. Талаботи асосӣ ба низоми хариди электронӣ бехатарии иттилооти он, ҳамкорӣ бо системаҳои дигари автоматикунонидашуда, боэътимодӣ ҳангоми фаъолияти он мебошад.

23. Мавҷуд набудани таъминоти мунтазами қувваи барқ дар давоми тамоми сол дар марҳилаи кунунӣ то андозае мушкилотест, пеш аз ҳама барои фаъолияти мӯътадили системаи хариди электронӣ дар сатҳи маҳаллӣ. Зимнан дар пойтахт дар фасли зимистон баъзан хомӯш шудани таъмини қувваи барқ ба чашм мерасад. Барои ҳамин ҳам, ҳангоми таҳияи платформа мушкилоти мазкур бояд ҳалли ташкилӣ ва технологии худро пайдо намояд.

6. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар низоми хариди давлатӣ

24. Бо мақсади таъмин намудани шаффофияти расмиёти харид, дар сомонаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи Интернет www.goszakupki.tj ба табъ расондани даъватномаҳо барои иштирок дар озмунҳо ва натиҷаҳои озмунҳои гузаронидашуда амалӣ мегардад. Раванди мазкури фаъолияти Агентӣ ҳоло харидро, ки дар дастгоҳи марказии Агентӣ гузаронида мешавад, дар бар мегирад, ба ҳар ҳол чунин муносибат аллакай истифода бурда мешавад ва тамоюли дар бар гирифтани миқдори бештари харидро дорад. Барои шиносоӣ бо низоми миллии харид дар сомона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ", Низомнома дар бораи расмиёти хариди давлатӣ, дастурҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо доир ба масъалаҳои хариди давлатӣ дастрас аст.

Бояд қайд кард, ки ҳамин тариқ аз ҷиҳати техникӣ иҷрои ҷузъи яке аз се давраҳои хариди электронӣ, яъне қисмати иттилоотӣ таъмин гардидааст, ки аз унсурҳои зерин, ба монанди сиёсат дар соҳаи харид, санадҳои меъёрии ҳуқукӣ, огоҳиномаҳо дар бораи харидҳои пешбинигардида ва иттилоот дар бораи қарордодҳои басташуда иборат аст.

25. Раванди дигари истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ки барои тарҳрезии он Агентӣ дар соли 2011 сар карда, аз моҳи марти соли 2012 татбиқи он оғоз гардидааст, ин системаи электронии баҳисобгирӣ ва коркарди маълумоти марбут ба хариди давлатӣ мебошад. Системаи мазкур дар асоси Веб-замиман "мизоҷ-хизматрасонӣ" ва забонҳои барномасозии РНР, Java script, бо истифода аз маҳзани маълумотии MYSQL-и дорои системаи ҷустуҷӯӣ таҳия гардида, имкон медиҳад, ки ҳама гуна маълумоти зарурии вобаста ба хариди давлатӣ зуд пайдо карда шавад. Агентӣ ҳамгироии системаи мазкурро дар Портали ягонаи миллӣ бо пешниҳоди дастрасӣ ба системаи мазкур дар реҷаи онлайн пешбинӣ менамояд.

7. Давраҳои пешбинигардидаи ҷорӣ намудани хариди электронӣ

26. Хариди давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз шаш усули харид вобаста ба дастрасӣ ба бозори мол, кор ва хизматрасонӣ, мавҷудият ва хусусиятҳои мол, кор ва хизматрасонии муайяншуда, доираи иштирокчиёни эҳтимолӣ, зарурати сари вақт амалӣ намудани харид ва дигар омилҳо амалӣ мегардад.

Дар кишварҳое, ки хариди электрониро ҷорӣ намудаанд, стратегияҳои гуногуни гузариши давра ба давра истифода шуда, бо дарназардошти дониш ва таҷрибаи ҷамънамуда баъд аз ҷорӣ намудани хариди электронӣ дар асоси яке аз усулҳои харид, гузаштан ба хариди электронӣ дар асоси усули дигари харид амалӣ мегардид. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар марҳилаи аввал хариди электронӣ бо истифодаи усули дархости нархнома гузаронида мешуд, ҳоло бошад, гузаштан ба музоядаҳои кушод дар шакли электронӣ амалӣ мегардад. Дар Федератсияи Россия ҳоло танҳо музоядаҳои кушод дар шакли электронӣ гузаронида мешавад.

Арзёбии дархостҳои тендерӣ баррасии меъёрҳои гуногуни ҳам барои мол ва ҳам барои иштирокчии озмун муқарраргардидаро, ба монанди нарх ва сифати мол, хусусиятҳои техникӣ ва функсионалӣ, мӯҳлати таҳвил ва пардохт, қобилияти молрасон барои сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро кардани ӯҳдадориҳои қарордодӣ пешбинӣ менамояд. Дар навбати худ чунин меъёрҳо аз як қатор рукнҳое иборатанд, ки баррасии онҳо ҳангоми хариди электронӣ бояд бо роҳи стандартикунонии онҳо дар давраи тайёр намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ осон карда шавад.

27. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани давра ба давра аз шакли нисбатан оддӣ ба шакли мураккабтари хариди электронӣ вобаста ба хусусиятҳои молҳои харидоришаванда ба мақсад мувофиқ мебошад. Интихоби хариди электронӣ дар шакли дархости нархнома дар давраи аввал ба мақсад мувофиқ аст, зеро он имконият медиҳад, ки ғолиб дар асоси меъёри камтар баҳсшавандаи нархи паст, ба шарте, ки дигар талабот стандартӣ кунонида шуда, шарҳдиҳии гуногунро ба миён намеорад, муайяи карда шавад.

Ҷиҳати муҳим он аст, ки ҳангоми истифодаи усули мазкур, ки дар муқоиса бо усули асосии харид шаффофияти камтар дорад, огоҳиномаҳо дар бораи гузаронидани харид, дар муқоиса бо ҳолати мавҷудаи ирсоли даъватномаҳои суроғавӣ ба иштирокчиёни қаблан интихобгардида, бидуни истисно барои ҳамаи иштирокчиёни имконпазир дастрас мебошанд. Ҳамин тариқ, таҷрибаи гузаронидани дархости нархнома бо иштироки се иштирокчии қаблан муайяншуда аз байн меравад, ки боиси рақобати номаҳдуд мегардад.

Ҳангоми имтифодаи усули мазкур бояд Номгӯи молҳое, ки хариди онҳо бо усули дархости нархнома дар шакли электронӣ гузаронида мешавад, таҳия ва тасдиқ карда шавад. Дар оянда Номгӯи мазкур бояд давра ба давра васеъ гардад.

28. Чунин системаҳои мураккаби автоматикунонидашуда тайёрии ҳаматарафаи тамоми иштирокчиёни хариди давлатиро талаб мекунанд. Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар воҳидҳои хариди ташкилоти харидори дорои малакаи хуби корӣ дар барномаҳои таъминотии таҳиягардида зарур аст. Чорабиниҳо вобаста ба омӯзиш ва тайёрии чунин кадрҳо дар маҷмӯи чораҳои Барнома мавқеи муҳим дошта, дар ҷараёни тамоми давраи Барнома амалӣ мегарданд.

29. Хариди электронӣ тавассути дархости нархнома дар марҳилаи аввал бояд дар реҷаи пилотӣ барои санҷидани система ва ошкор намудани мушкилоти имконпазир, бо мақсади бартараф намудани онҳо то пурра дар амал ҷорӣ намудани система, амалӣ карда шавад. Дар давраи аввал ташкилотҳои харидори дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, инчунин баъзе ташкилотҳои аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда ҷалб карда мешавад.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 468 Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шабакаи ягонаи табодули маълумот миёни мақомоти андоз, молия, гумрук ва бонкҳо гузаронида мешавад. Азбаски дар оянда тарҳи ба худ хоси идоракунии табодули иттилооти марбут ба бахши молиявӣ бунёд карда шуда, ба он ҳамчунин пайвастшавии системаи хариди электронӣ мувофиқи мақсад аст, зарур мебуд, ки дар қатори дигарон Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук ба сифати ташкилотҳои пилотӣ, муайян гарданд. Ин имкон медиҳад, ки аллакай дар давраи аввали титбиқи Барнома кор оид ба таҳияи унсурҳои низоми хариди электронӣ ҳамоҳанг гардонида шавад, ки барои табодули иттилооти гуногун дар байни идораҳои номбаршуда имконият фароҳам меорад.

Амали низоми хариди электронӣ дар реҷаи пилотӣ аз 1 январ то 1 июли соли 2013 дар назар дошта шудааст. Баъд аз ба охир расидани қисмати пилотии Барнома то охири соли 2013 ба хариди электронӣ гузаронидани тамоми тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ зарур аст.

Аз 1 январи соли 2014 гузариши тамоми ташкилоти муассисаҳои дигар ба хариди электронӣ ба нақша гирифта шудааст.

30. Хариди электронӣ системаи мураккаби рукнҳои аз ҳамдигар вобастаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад, бинобар ин татбиқи Барнома муносибати ӯҳдабароёнаи идораи иҷрокунанда ва дигар тарафҳои ҷалбгардидаро талаб менамояд.

Дар тамоми давраи амали Барнома механизми назорати амали системаро созмон додан зарур аст, ки барои мукаммал гардонидани унсурҳои гуногуни низом ва тайёр намудани замина барои ҷорӣ намудани хариди электронӣ тавассути дигар усулҳои харид имконият медиҳад. Такмили низом маънои бартараф намудани мушкилоти имконпазир ҳангоми фаъолияти онро, асосан дар сатҳи техникӣ, иваз намудан ва пурра намудани он бо қисматҳои нав, мувофиқгардонӣ ба системаҳои электронии такмилёфтаи дигар вазорату идораҳо дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфт ва татбиқи роҳҳои автоматикунонии амалиёти дигари марбут ба хариди давлатӣ дорад.

8. Маблағгузории Барнома

31. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷорӣ намудани хариди электронӣ хароҷоти молиявиро дар ҳаҷми аз 1 то 15 миллион доллари ШМА-ро талаб менамояд.

Бо дарназардошти маҳдудияти захираҳои буҷетӣ, дар баробари маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҷалб намудани грантҳо аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, маблағҳои махсуси Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад.

Маблағгузории Барнома хароҷоти вобаста ба таҳияи супориши техникӣ барои коркарди системаи автоматикунонидашудаи хариди электронӣ, омӯзонидан ва тайёр намудани мутахассисони ташкилотҳои харидор, гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо барои намояндагони бахши хусусӣ, харидорӣ ва насб намудани таҷҳизот, мусоидати техникӣ ва хизматрасонии система, пардохти ҳаққи хизматгузориҳои машваратӣ ва сафарҳои хизматӣ, инчунин дигар хароҷотеро, ки дар ҷараёни татбиқи Барнома пайдо мешаванд, дар бар мегирад.

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 769

Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015

+--+--------------------------------------+---------------+----------ҷ
| №|        Номгӯи чорабиниҳо             |   Масъулин    | Мӯҳлати  |
+--+--------------------------------------+---------------+----------+
|1 | Ба итмом расидани ҷараёни ташаккули  | Агентии хариди| Семоҳаи  |
|  | қисми иттилоотии веб-портали хариди  | давлатии мол, | якуми    |
|  | давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он  | кор ва хизмат-| соли     |
|  | ҷумла маҳзанҳои мухталифи маълумот   | расонӣ бо     | 2013     |
|  | доир ба иштирокчиёни хариди давлатӣ, | мусоидати Ва- |          |
|  | нақшаҳои солонаи харид               | зорати молия, |          |
|  |                                      | Кумитаи андоз |          |

|2 | Мавриди истифода қарор додани веб-   | Агентии хариди| Семоҳаи  |
|  | портали хариди давлатии Ҷумҳурии     | давлатии мол, | якуми    |
|  | Тоҷикистон бо низоми автоматикунони- | кор ва        | соли     |
|  | дашудаи хариди давлатии электронӣ ва | хизматрасонӣ  | 2013     |
|  | гузаронидани санҷишҳои озмоишӣ       |               |          |

|3 | Тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ    | Ҳукумати Ҷум- | Нимсолаи |
|  | намудани Рӯйхати ташкилоту муассиса- | ҳурии Тоҷи-   | якуми    |
|  | ҳои озмоишӣ, ки ӯҳдадоранд хариди    | кистон,       | соли     |
|  | давлатиро тавассути усули дархости   | Агентии хариди| 2013     |
|  | нархнома бо истифода аз низоми       | давлатии мол, |          |
|  | автоматикунонидашудаи веб-портал     | кор ва        |          |
|  | анҷом диҳанд                         | хизматрасонӣ  |          |

|4 | Таҳия ва тасдик намудани санадҳои    | Агентии хариди| Нимсолаи |
|  | меъёрии ҳуқуқии марбут ба масъалаҳои | давлатии мол, | якуми    |
|  | хариди давлатии электронӣ тавассути  | кор ва        | соли     |
|  | усули дархости нархнома бо истифода  | хизматрасонӣ  | 2013     |
|  | аз низоми автоматикунонидашуда       |               |          |

|5 | Таҳия, тасдиқ ва минбаъд васеъ наму -| Агентии хариди| Солҳои   |
|  | дани Рӯйхати молҳое, ки бояд тавассу-| давлатии мол, | 2013-2015|
|  | ти усули дархости нархнома бо исти-  | кор ва хизмат-|          |
|  | фода аз низоми автоматикунонидашуда  | расонӣ        |          |
|  | харид карда шаванд                   |               |          |

|6 | Ҷорӣ намудани хариди электронӣ бо    | Агентии хариди| Нимсолаи |
|  | усули дархости нархнома дар ташкилоту| давлатии мол, | якуми    |
|  | муассисаҳои озмоишӣ                  | кор ва хизмат-| соли     |
|  |                                      | расонӣ, ташки-| 2013     |
|  |                                      | лоту муассиса-|          |
|  |                                      | ҳои озмоишӣ   |          |

|7 | Таҳия ва нашри роҳнамою дастурҳо     | Агентии хариди| Соли     |
|  | барои истифодакунандагони низоми     | давлатии мол, | 2013 ва  |
|  | автоматикунонидашудаи хариди давлатӣ | кор ва хизмат-| солҳои   |
|  |                                      | расонӣ        | минбаъдаи|
|  |                                      |               | татбиқи  |
|  |                                      |               | Барнома  |

|8 | Татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини    | Агентии хариди| Мунтазам |
|  | иштирокчиёни хариди давлатӣ бо имзо- | давлатии мол, |          |
|  | ҳои электронии рақамӣ                | кор ва хизмат-|          |
|  |                                      | расонӣ якҷоя  |          |
|  |                                      | бо  марказҳои |          |
|  |                                      | тасдиқкунанда |          |
|  |                                      | оид ба додани |          |
|  |                                      | имзоҳои элек- |          |
|  |                                      | тронии рақамӣ |          |

|9 | Омӯзонидани иштирокчиёни хариди      | Агентии хариди| Мунтазам |
|  | давлатӣ оид ба истифодаи низоми      | давлатии мол, |          |
|  | автоматикунонидашудаи хариди давлатӣ,| кор ва хизмат-|          |
|  | аз ҷумла дар курсҳои омӯзишӣ ва      | расонӣ, Раёса-|          |
|  | бозомӯзии мутахассисони харид,       | ти хизмати    |          |
|  | инчунин дар доираи гранти Бонки      | давлатии назди|          |
|  | Умумиҷаҳонӣ барои ғайримутамарказ    | Президенти    |          |
|  | гардонидани хариди давлатӣ           | Ҷумҳурии      |          |
|  |                                      | Тоҷикистон    |          |

|10| Интишори чорабиниҳои оид ба ҷорӣ     | Агентии хариди| Солҳои   |
|  | намудани хариди давлатии электронӣ   | давлатии мол, | 2013-2014|
|  | дар воситаҳои ахбори омма            | кор ва хизмат-|          |
|  |                                      | расонӣ        |          |

|11| Муаррифии низоми автоматикунонида-   | Агентии хариди| Нимсолаи |
|  | шудаи хариди давлатӣ ба ташкилоту    | давлатии мол, | дуюми    |
|  | муассисаҳо, намояндагони бахши хусусӣ| кор ва хизмат-| соли 2013|
|  | ва иттиҳоди донорҳо                  | расонӣ, Раёса-|          |
|  |                                      | ти хизмати    |          |
|  |                                      | давлатии назди|          |
|  |                                      | Президенти    |          |
|  |                                      | Ҷумҳурии Тоҷи-|          |
|  |                                      | кистон        |          |

|12| Мониторинги амали низоми автоматику- | Агентии хариди| Солҳои   |
|  | нонидашудаи хариди давлатӣ ва тартиб | давлатии мол, | 2013-2015|
|  | додани Нақшаи амалиёт оид ба навсозии| кор ва хизмат-|          |
|  | он                                   | расонӣ        |          |

|13| Гузариши ихтиёрдорандагони асосии    | Агентии хариди| Нимсолаи |
|  | маблағҳои буҷетӣ,  ташкилотҳои хари- | давлатии мол, | дуюми    |
|  | дори дигар ба хариди электронӣ тибқи | кор ва хизмат-| соли 2013|
|  | санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба   | расонӣ, ихти- |          |
|  | масъалаҳои хариди давлатии электронӣ | ёрдорандагони |          |
|  | тавассути усули дархости нархнома бо | асосии маблағ-|          |
|  | истифода аз низоми автоматикунонида  | ҳои буҷетӣ,   |          |
|  | шуда                                 | ташкилотҳои   |          |
|  |                                      | харидори дигар|          |

|14| Гузариши ҳамаи иштирокчиёни хариди   | Агентии хариди| Солҳои   |
|  | давлатӣ ба хариди электронӣ тибқи    | давлатии мол, | 2014-2015|
|  | санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба   | кор ва хизмат-|          |
|  | масоили хариди давлатии электронӣ    | расонӣ,       |          |
|  | тавассути усули дархости нархнома бо | ташкилотҳои   |          |
|  | истифода аз низоми автоматикунонида- | харидор       |          |
|  | шуда                                 |               |          |