Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 декабри соли 2012, № 769
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе электронных закупок в Республике Таджикистан на 2013-2015 годы
В соответствии со статей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу электронных закупок в Республике Таджикистан на 2013-2015 годы (прилагается).
2. Агентству по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан принять необходимые меры по реализации данной Программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 29 декабря 2012 года, № 769