Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2013, № 20 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи азнавташкилдиҳии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил

Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина" табдил дода шавад.

2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи соҳаи тандурустӣ ва воҳидҳои кории амалкунанда масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина"-ро ҳал намояд.

3. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 тасдиқ шудааст:

- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина";

- сархати зерин хориҷ карда шавад:

"Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 12 январи соли 2013, № 20

ш. Душанбе