Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи табдилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ" ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ"
Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ" ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ" табдил дода шавад.
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ" - ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳал намуда, гузаронидани таҷдиди муассисаҳои ҷумҳуриявиеро, ки дар ҳайати онҳо сохторҳои такроркунанда мавҷуданд, амалӣ намояд.
3. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 тасдик шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ";
- калимаҳои "Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедӣ ва осебшиносӣ" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 январи соли 2013, № 19
ш. Душанбе