Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 124
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 124 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон" пас аз калимаҳои "фаьолияти худро" калимаҳои "аз соли 2013 то соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва солҳои минбаъда" илова карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 10 январи соли 2013, № 16
ш. Душанбе