Низомномаи Кумитаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1996, № 311

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1996, № 311

тасдиқ шудааст

НИ30МН0МАИ Кумитаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рудакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2001 № 402, аз 02.11.2007 № 549, аз 30.04.2011 № 233, аз 03.12.2012 № 713, аз 30.07.2020 № 438, аз 26.02.2022 № 73)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2001 № 402, аз 02.11.2007 № 549, аз 30.04.2011 № 233, аз 03.12.2012 № 713, аз 30.07.2020 № 438, аз 26.02.2022 № 73)

1. Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи ходимони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои эҷоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2001 № 402, аз 03.12.2012 № 713).

Ба кори Кумита Раёсати аз ҷониби Кумита интихобгардида таҳти сарварии Раиси Кумита роҳбарӣ мекунад.

Рӯйхати ҳайати Кумита ва маълумот дар бораи тағьйироти дохили он дар матбуот чоп мешавад.

Раёсати Кумита аз ҷумлаи ходимони адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика ва муҳаққиқони ин соҳаҳо бахшҳои кории Кумитаро оид ба соҳаҳои эҷодиёти бадеӣ таъсис медиҳад. Миқдор ва ҳайати бахшҳои кориро Раёсати Кумита муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2001 № 402).

2. Ба зиммаи Кумита вазифаи додани Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713).

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1996, № 311

тасдиқ шудааст

НИ30МН0МАИ Кумитаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рудакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2001 № 402, аз 02.11.2007 № 549, аз 30.04.2011 № 233, аз 03.12.2012 № 713, аз 30.07.2020 № 438)

1. Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи ходимони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои эҷоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2001 № 402, аз 03.12.2012 № 713).

Ба кори Кумита Раёсати аз ҷониби Кумита интихобгардида таҳти сарварии Раиси Кумита роҳбарӣ мекунад.

Рӯйхати ҳайати Кумита ва маълумот дар бораи тағьйироти дохили он дар матбуот чоп мешавад.

Раёсати Кумита аз ҷумлаи ходимони адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика ва муҳаққиқони ин соҳаҳо бахшҳои кории Кумитаро оид ба соҳаҳои эҷодиёти бадеӣ таъсис медиҳад. Миқдор ва ҳайати бахшҳои кориро Раёсати Кумита муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2001 № 402).

2. Ба зиммаи Кумита вазифаи додани Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713).

3. Кумита дар асоси мақсадҳои фаъолияти худ мутобиқи Низомномаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика корҳоеро, ки ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, қабул ва мавриди баррасии пешакӣ қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713):

а) корҳои нисбатан беҳтарро барои иштирок дар конкурс интихоб намуда руйхати онҳоро бо зикри муаллифон ва ташкилотҳои пешбаринамудаи онҳо дар матбуот ба табъ мерасонад;

б) дар ташкил намудани муҳокимаи васеъ ва ошкорои корҳое, ки ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешбарӣ шудаанд, иштирок намуда, барои васеъгардонии ошкорбаёнӣ ҳангоми маълум кардани афкор ва баҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

г) корҳои ба коркурс қабулшударо дар асоси муҳокимаи васеи онҳо аз тарафи аҳли ҷамоат иштироки фаъолонаи аъзоёни Кумита дар мубоҳисаҳо дида баромада, дар бораи додани Мукофот қарор қабул мекунад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мекунад;

д) дипломҳо, шаҳодатномаҳо ва нишонҳои фахрии Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллло Рӯдакиро тартиб дода, супоридани онҳоро ташкил менамояд;

е) ба Лауреатҳо супоридани қисми пулии Мукофотро ба ӯҳда дорад.

4. Кумита дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

а) ташкил кардани секцияҳо ва комиссияҳои экспертӣ оид ба соҳаҳои алоҳидаи адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика, назария ва таърихи эҷодиёти бадеӣ ва публитсистӣ барои пешакӣ дида баромадани корҳои ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳодшуда, тайёр намудани тақризҳо дар бораи дараҷаи ин корҳо ва додани ҳидоятҳои лозима аз рӯи онҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713);

б) барои баррасии экспертӣ ба ташкилотҳои эҷодӣ ва давлатӣ равон кардани корҳои барои дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешбаришуда ва дар мавриди зарурӣ дар доираи сметаи худ пардохтани хароҷоти командировкаҳои онҳо;

в) фиристодани аъзоёни Кумита, экспертҳо ва ё комиссияҳои экспертӣ барои бевосита шинос шудан бо намоишномаҳои театрӣ, асарҳои санъати монументалӣ, меъморӣ ва бо корҳои дигар, инчунин бо саҳми эҷодии иштироккунандагони конкурс;

г) ҷалб кардани мутахассисони соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика, назария ва таърихи эҷодиёти бадеӣ ва публитсистӣ барои тақриз кардани корҳое, ки ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳод шудаанд. Музди кори онҳо аз рӯи ставкаҳои бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда, дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713).

Ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо аъзоёни Кумита машғули кори доимӣ мебошанд, вазифадоранд, ки барои иштироки онҳо дар маҷлисҳои Кумита шароити зарурӣ фароҳам оранд;

д) назорат ба риояи тартиби пешниҳод ва дида баромадани корҳое,ки барои дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешбарӣ шудаанд. Муроҷиат намудан ба мақомоти матбуот, муассисаҳои эҷодӣ, илмӣ ва ғайра барои муҳокима ва баҳо додани корҳои мазкур.

5. Маҷлиси Кумита вақте салоҳиятдор ҳисоб мешавад, ки 50 фоизи ҳайати он ҳозир бошад. Қарорҳои Кумита барои интихоби корҳои шоиста ҷиҳати баррасии минбаъда бо роҳи овоздиҳии махфӣ бароварда шуда, дар натиҷаи он дар рӯйхати корҳои ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳодгардида корҳое боқӣ мемонанд, ки овозҳои бештари ҳозиронро гирифтаанд. Қарор дар бораи додани Мукофот тавре, ки Низомномаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ муқаррар намудааст, аз тарафи Кумита бо роҳи овоздиҳии махфӣ, бо аксарияти на камтар аз 3/4 ҳиссаи ҳозирон бароварда мешавад.

Агар ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ асари яке аз аъзоёни Кумита пешниҳод шуда бошад, муаллифи он дар кори маҷлисҳои секцияҳо ва Кумита ҳангоми баррасии асарҳои ба дарьёфти мукофоти соли ҷорӣ пешбаришуда набояд иштирок кунад.

Қарорҳои Кумита дар бораи додани мукофот баъд аз тасдиқ шудани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлате, ки Низомномаи Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ муқаррар намудааст, дар матбуот чоп мешавад.

6. Кумита мӯҳр ва дар бонки марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобнома дорад.

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2001 № 402 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1996, № 311

тасдиқ шудааст

ҲАЙАТИ Кумитаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шарифов Холмурод - ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқҳои нависандагон, журналистон, ходимони театрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа, доцент, раиси Кумита.

2. Абдуманнонов - муовини аввали раиси Иттифоқи Абдураҳмон нависандагони Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунаққид, Котиби илмии Кумита.

3. Абдуллоев Нурулло - ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Иттифоқи арбобони театрии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Бахти Меҳмон - шоир ва драматург, вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Бобокалонова Ҷонон - доктори фанҳои филологӣ, профессори кафедраи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе

6. Дустмуҳаммадов Дамир - раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон

7. Ёдгоров Шоҳмузаффар - узви Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият"

8. Зуҳуриддинов Баҳоваддин- президенти Академияи меъморӣ Абдулсаидович ва бинокории Тоҷикистон, бинокори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Заневский Анатолий - раиси Иттифоқи дизайнерони Николаевич Тоҷикистон

10. Исмоилов Ҷамшед - муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

11. Келдиев Гулназар - шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ

12. Қурбонов Сӯҳроб - Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон

13. Мирзоев Кароматулло - ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ, директори Нашриёти "Адиб"

14. Маниёзов Абдуқодир - директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

15. Нурҷонов Н.Х. - доктори фанҳои санъатшиносӣ, профессор, ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон

16. Раҳмонов Абдумалик - шоири халқии Тоҷикистон (Баҳорӣ)

17. Раҳимов Сайфулло - узви Иттифоқи нависандагони Абдуевич Тоҷикистон, раиси иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии "Тоҷиккино"

18. Тӯраев Анвар - раиси Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон

19. ӯлмас Ҷамол - шоир, аъзои Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

20. Шукуров Муҳаммадҷон - академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

21. Ширинбунёд - шоир, узви Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

22. Шарифов Сабзалӣ - рассом, корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

23. Шералӣ Лоиқ - шоири халқии Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2007 № № 549 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 августи соли 2001 № 402

тасдиқ шудааст

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаропова Н.М. -муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита

Қаноатов М. -Шоири халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҷонишини раиси Кумита - котиби илмӣ

Абдуллоев Н. -муовини раиси Иттифоқи ходимони театри Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуманнонов А. -адабиётшинос, мудири шӯъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон

Баҳорӣ А. -Нависандаи халқии Тоҷикистон

Бахтӣ Меҳмон -драмтург, арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон

Додхудоева Л. -арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Зуҳурдинов Б. -президенти Академияи меъморони Тоҷикистон

Келдиев Г. -Шоири халқии Тоҷикистон

Қурбонов С.У. -раиси Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарипов X. -доктори илми филология, профессор

Мирзоев К. -нависанда, директори нашриёти "Адиб"

Муҳаббатова Г. -директори киностудияи "Тоҷикфилм" -и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҷабов А. -мудири шӯъбаи таърихи фарҳанг ва санъати Институти таърих, археология ва этнографияи АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Самадов А. -муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Сатторов Т. -раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон

Собиров Т. -раиси Иттифоқи кинематографистони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Султонзода М. -муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳакимов Х. -и.в. профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 233 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2007 № 549

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рудакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Хайринисо Юсуфӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита.

2. Мӯъмин Қаноат - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҷонишини Раиси Кумита.

3. Раҳмат Назрӣ - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, кобити масъули Кумита.

4. Абдураҳмон Абдуманнонов - Номзади илми филология, муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Барзу Абдураззоқов - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, коргардони театри "Падида".

6. Меҳмон Бахтӣ - барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

7. Миралӣ Достиев - Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8. Лариса Додхудоева - Доктори илми таърих, корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон.

9. Рустам Каримов -Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон.

10. Сӯҳроб Қурбонов - Рассоми халции Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон.

11. Сафаралӣ Қурбонов - Арбоби ҳунари Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12. Мирзоватан Миров - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон.

13. Камол Насрулло - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, муоини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

14. Сайфиддин Назарзода - Доктори илми филология, директори Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ.

15. Икромҷон Неъматов - Номзади илмҳои техникӣ, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.

16. Саъдулло Раҳимов - Доктори илмхои фалсафа, санъатшинос, корманди Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.

17. Юсуфҷон Сангов - Рассоми халкии Тоҷикистон, муовини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон.

18. Худоӣ Шарифов - Доктори илми филология, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

19. Толиб Шаҳидӣ - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

 

Дар таҳрири нав бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 438

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2020, №438

 

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Исматуллозода Ширин - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита

2. Низом Қосим - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муовини раиси Кумита

аъзои Кумита

3. Абдураҳмон Абдуманнон - мунаққид ва адабиётшинос, номзади илми филология, муовини сармуҳаррири Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

4. Билолов Саидқул -  ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

5. Ваҳҳобзода Рустам -шоир ва адабиётшинос, номзади илми филология, сармуҳаррири маҷаллаи "Садои Шарқ"

6. Ғанизода Ҷамшед - ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

7. Муҳаммад Ғоиб -   шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

8. Достизода Миралӣ - ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов

9. Машраб Ибодулло -  ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

10. Мирзоев Суҳроб - театршинос, директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон

11. Муртазоев Бахтиёр - публитсист, Корманди шоистаи Тоҷикистон, раиси Шӯрои очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

12. Амирбеки Мӯсо - раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

13. Саидов Носир -  корманди шоистаи Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"

14. Муҳаммадулло Табарӣ - театршинос, номзади илми таърих, мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи "Ҷумҳурият"

15. Хочаева Иноят (Фарзона) -  шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

16. Ҳақдодов Сафар -  раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон

17. Ҳамидова Наргис -  раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон