Низомномаи Кумитаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1996, № 311

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1996, № 311

тасдиқ шудааст

НИ30МН0МАИ Кумитаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рудакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2001 № 402, аз 02.11.2007 № 549, аз 30.04.2011 № 233, аз 03.12.2012 № 713, аз 30.07.2020 № 438, аз 26.02.2022 № 73)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2001 № 402, аз 02.11.2007 № 549, аз 30.04.2011 № 233, аз 03.12.2012 № 713, аз 30.07.2020 № 438, аз 26.02.2022 № 73)

1. Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи ходимони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои эҷоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2001 № 402, аз 03.12.2012 № 713).

Ба кори Кумита Раёсати аз ҷониби Кумита интихобгардида таҳти сарварии Раиси Кумита роҳбарӣ мекунад.

Рӯйхати ҳайати Кумита ва маълумот дар бораи тағьйироти дохили он дар матбуот чоп мешавад.

Раёсати Кумита аз ҷумлаи ходимони адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика ва муҳаққиқони ин соҳаҳо бахшҳои кории Кумитаро оид ба соҳаҳои эҷодиёти бадеӣ таъсис медиҳад. Миқдор ва ҳайати бахшҳои кориро Раёсати Кумита муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.08.2001 № 402).

2. Ба зиммаи Кумита вазифаи додани Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713).

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1996, № 311

тасдиқ шудааст

НИ30МН0МАИ Кумитаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64)

1. Ҳайат, раис, муовин - котиби илмии Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи ходимони намоёни фарҳангадибон, санъаткорон, меъморон, адабиётшиносон, санъатшиносон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64).

2. Ба зиммаи Кумита вазифаи додани Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ гузошта мешавад.

3. Кумита дар асоси мақсадҳои фаъолияти худ мутобиқи Низомномаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ корҳоеро, ки ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, қабул ва мавриди баррасии пешакӣ қарор медиҳад:

а) корҳои нисбатан беҳтарро барои иштирок дар конкурс интихоб намуда руйхати онҳоро бо зикри муаллифон ва ташкилотҳои пешбаринамудаи онҳо дар матбуот ба табъ мерасонад;

б) дар ташкил намудани муҳокимаи васеъ ва ошкорои корҳое, ки ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешбарӣ шудаанд, иштирок намуда, барои васеъгардонии ошкорбаёнӣ ҳангоми маълум кардани афкор ва баҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

г) корҳои ба коркурс қабулшударо дар асоси муҳокимаи васеи онҳо аз тарафи аҳли ҷамоат иштироки фаъолонаи аъзоёни Кумита дар мубоҳисаҳо дида баромада, дар бораи додани Мукофот қарор қабул мекунад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мекунад;

д) дипломҳо, шаҳодатномаҳо ва нишонҳои фахрии Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллло Рӯдакиро тартиб дода, супоридани онҳоро ташкил менамояд;

е) ба Лауреатҳо супоридани қисми пулии Мукофотро ба ӯҳда дорад.

4. Кумита дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

а) ташкил кардани секцияҳо ва комиссияҳои экспертӣ оид ба соҳаҳои алоҳидаи адабиёт, санъат, меъморӣ, назария ва таърихи эҷодиёти бадеӣ барои пешакӣ дида баромадани корҳои ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳодшуда, тайёр намудани тақризҳо дар бораи дараҷаи ин корҳо ва додани ҳидоятҳои лозима аз рӯи онҳо;

б) барои баррасии экспертӣ ба ташкилотҳои эҷодӣ ва давлатӣ равон кардани корҳои барои дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешбаришуда ва дар мавриди зарурӣ дар доираи сметаи худ пардохтани хароҷоти командировкаҳои онҳо;

в) фиристодани аъзоёни Кумита, экспертҳо ва ё комиссияҳои экспертӣ барои бевосита шинос шудан бо намоишномаҳои театрӣ, асарҳои санъати монументалӣ, меъморӣ ва бо корҳои дигар, инчунин бо саҳми эҷодии иштироккунандагони конкурс;

г) ҷалб кардани мутахассисони соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, назария ва таърихи эҷодиёти бадеӣ барои тақриз кардани корҳое, ки ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳод шудаанд. Музди кори онҳо аз рӯи ставкаҳои бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда, дода мешавад.

Ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо аъзоёни Кумита машғули кори доимӣ мебошанд, вазифадоранд, ки барои иштироки онҳо дар маҷлисҳои Кумита шароити зарурӣ фароҳам оранд;

д) назорат ба риояи тартиби пешниҳод ва дида баромадани корҳое,ки барои дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешбарӣ шудаанд. Муроҷиат намудан ба мақомоти матбуот, муассисаҳои эҷодӣ, илмӣ ва ғайра барои муҳокима ва баҳо додани корҳои мазкур.

5. Маҷлиси Кумита вақте салоҳиятдор ҳисоб мешавад, ки 50 фоизи ҳайати он ҳозир бошад. Қарорҳои Кумита барои интихоби корҳои шоиста ҷиҳати баррасии минбаъда бо роҳи овоздиҳии кушод бароварда шуда, дар натиҷаи он дар рӯйхати корҳои ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳодгардида корҳое боқӣ мемонанд, ки овозҳои бештари ҳозиронро гирифтаанд. Қарор дар бораи додани Мукофот тавре, ки Низомномаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ муқаррар намудааст, аз тарафи Кумита бо роҳи овоздиҳии махфӣ, бо аксарияти на камтар аз 3/4 ҳиссаи ҳозирон бароварда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64).

Агар ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ асари яке аз аъзоёни Кумита пешниҳод шуда бошад, муаллифи он дар кори маҷлисҳои секцияҳо ва Кумита ҳангоми баррасии асарҳои ба дарьёфти мукофоти соли ҷорӣ пешбаришуда набояд иштирок кунад.

Қарорҳои Кумита дар бораи додани мукофот баъд аз тасдиқ шудани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлате, ки Низомномаи Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ муқаррар намудааст, дар матбуот чоп мешавад.

6. Кумита мӯҳр ва дар бонки марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобнома дорад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1996, № 311

тасдиқ шудааст

ҲАЙАТИ Кумитаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Аз рӯи вазифа - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фарҳанг, илм ва маориф, раиси Кумита (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64).

2. Шарифов Холмурод - ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқҳои нависандагон, журналистон, ходимони театрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа, доцент, муовини раиси Кумита - котиби илмӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64).

3. Абдуманнонов - муовини аввали раиси Иттифоқи Абдураҳмон нависандагони Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунаққид (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64).

4. Абдуллоев Нурулло - ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Иттифоқи арбобони театрии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Бахти Меҳмон - шоир ва драматург, вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Бобокалонова Ҷонон - доктори фанҳои филологӣ, профессори кафедраи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе

7. Дустмуҳаммадов Дамир - раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон

8. Ёдгоров Шоҳмузаффар - узви Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият"

9. Зуҳуриддинов Баҳоваддин- президенти Академияи меъморӣ Абдулсаидович ва бинокории Тоҷикистон, бинокори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

10. Заневский Анатолий - раиси Иттифоқи дизайнерони Николаевич Тоҷикистон

11. Исмоилов Ҷамшед - муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

12. Келдиев Гулназар - шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ

13. Қурбонов Сӯҳроб - Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон

14. Мирзоев Кароматулло - ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ, директори Нашриёти "Адиб"

15. Маниёзов Абдуқодир - директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

16. Нурҷонов Н.Х. - доктори фанҳои санъатшиносӣ, профессор, ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон

17. Раҳмонов Абдумалик - шоири халқии Тоҷикистон (Баҳорӣ)

18. Раҳимов Сайфулло - узви Иттифоқи нависандагони Абдуевич Тоҷикистон, раиси иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии "Тоҷиккино"

19. Собиров Тоҳир Мухторович - Раиси Иттифоқи кинемаграфистони Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64);

20. ӯлмас Ҷамол - шоир, аъзои Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

21. Шукуров Муҳаммадҷон - академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

22. Ширинбунёд - шоир, узви Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

23. Шарифов Сабзалӣ - рассом, корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

24. Шералӣ Лоиқ - шоири халқии Тоҷикистон

25. Самадов Абдулҳамид - Нависандаи халқии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64).